Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид

21-09-2020, 10:38
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали МуттаҳидАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи видеоконференсия дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ ташаккул ефта, тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Фаъолияти он вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии коронавирус бори дигар аз он шаҳодат дод, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ниёз дошта, дар ин ҷода Созмони Миллали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ мо бояд барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем ва дар ҳалли тамоми мушкилоти глобалии сайёра пайваста бо ҳам ҳамкории густурда намоем.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд ва инсоният танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир муваффақ бошад.

Тоҷикистон ният дорад, ки саъю талошҳоро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созанда дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ, барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити хатару таҳдидҳои шиддатёбанда вокунишҳои бетаъхир бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судмандро даъват намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: