Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад

Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад

5-07-2018, 08:53
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад
Мусоҳибаи навбатии Кабирӣ бо хабаргузории эронӣ-«Тасним» ахиран дар расонаҳои хабарӣ интишор ёфт. Мусоҳиба дурудароз аст ва ҳамоно, дар он воқеиятҳои таҳрифшуда ба унвони асли матлаб пазируфта шудаанд. Кабирӣ аз суоли ибтидоӣ ба сафед кардани худ ва созмонаш мепардозад ва тамоми айбу нуқсро бар гардани Ҳукумат мезанад, гӯиё аз тахрибкориҳо, найрангу дасисаҳо, фиребу фитнаҳо, дуруғпароканию дуруғсозиҳо хабар надорад ва муҳимтар аз ин, дар пиндори раҳбари фирории наҳзат як созмони отифӣ ва маъсум асту бас. Мо, ки аз фузулию донотарошиҳои Кабирӣ зиёд шунидаю дидаем, ҳарфҳои ӯро тавтеаи навбатӣ мепиндорем ва бо назардошти назароти Кабирӣ чанд эътирози худро ихтисоран баён месозем:
1. Нуқтаи ҳамеша баҳсангези посухҳои Кабирӣ, ки ба масъалаи созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ихтисос ёфтааст, ин аст, ки ӯ, дақи- қан фаромӯш месозад, ки муҳлати санади ваҳдатсози миллӣ ибтидои солҳои дуҳазорум – марҳилаи пойдор гардидани сулҳу ризоияти миллӣ поён ёфта буд ва дигар онро ба сифати доми найрангу тақаллуби наҳзатӣ истифода ва сӯйистифода кардан фоида надорад. Аз ҷониби дигар, Кабирӣ созишномаи мазкурро минҳайси васила ё приёми сиёсӣ дар бозиҳои ифлоси наҳзатӣ фаъол месозад ва ҷомеаи ҷаҳониро ба сӯйи ҳимояти созмони террористиаш даъват мекунад. Илова бар ин, иддае аз созмонҳои байналмилалӣ, ки мунҳасир ба манофеи иқтисодию молианд, ба хотири ҳифзи мақому мартаба дар минтақа ва муҳимтар аз ҳама, ҷойгоҳи сиёсӣ аз ташкилотҳои террористие назири ТТЭ ҲНИ ҷонибдорӣ мекунанд. Аз ин навъи ҷонибдорӣ ҳангома-сенсатсия сохтани наҳзат ва наҳзатмаобон ба манфиати худи онҳост ва ин тарзи рекламасозиро то ба охир идома медиҳанд.
2. Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ саҳми кишварҳои дигарро дар раванди сулҳ ва истиқрори миллӣ нодида нагирифтааст ва ба ин масъалаи муҳим бетаваҷҷуҳӣ накардааст, аммо баъзан кишварҳои шарику ҳамфарҳанги мо бозии дугонаро роҳандозӣ менамоянд ва дар пушти парда бозиҳои ноҷуре рӯйи кор меоваранд, ки ин, ногузир норозигии давлат ва ҳукуматро тавлид мекунад. Фаразан, агар давлати мо барои Эрон ҳамин тур вазъиятро дуруст мекард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи он тасмимоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирифт ва ин навъ «ибтикорот»-ро беҷавоб намегузошт. Бинобар ин, сарфи назар кардани воқеиятҳо ба манфиати миллӣ ва давлатӣ набуду нест.
3. Кабирӣ дар посух ба суоли навбатии «Тасним» мегӯяд, ки қабл аз содир шудани ҳалномаи додгоҳ дар робита бо баста шудани наҳзат унвонии раёсати кишварҳои зомини сулҳ ва оштии миллӣ нома ирсол доштааст, аммо он расидагӣ нашудааст. Акнун таваҷҷуҳ мекунем: вақте ки нома расидагӣ намешавад ва ваъдаи баррасии он ба баъд вогузор мегардад, дигар чӣ ҷойи гилаву шикоят аст?! Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои муҳлати мушаххас ба тасвиб расида буд ва дар он «нағмаю нағомот»-и ҳамешагии шумо – муддаиёни салтанат ва маишат инъикос наёфта буд. Ин аст, ки давлатҳои кафилу зомин ва созмонҳои марбута дар ҳалли қазияи шумо, наҳзатиён қудратталаб истиҳола карданд. Аммо, чуноне ки мебинем, шумо, наҳзатиёни фурсатталаб ва салтанатхоҳ барои расидан ба мақсади ниҳоӣ ҳама чизро баҳона мекунед, чӣ расад ба ин санади муҳим?!
4. Кабирӣ ончунон чарбзабонӣ мекунад, ки гӯйӣ миллатпарасттарин ва ватандӯсттарин инсон аст, аммо дар пушти ҳар ҳарфи ӯ бизнеси қудрату сарвату салтанат аст ва ҳар кӣ ӯро мешиносад ва аъмолашро дуруст рақам мезанад, ба натиҷае мерасад, ки вай тоҷири тамомайёр асту вассалом. Ба хотири расидан ба ҳадаф аз ҳар василаи дастрас истифода мебарад, аз мафҳумҳои маъмули муосир – демокросӣ, озодихоҳӣ, миллатпарастӣ, ватанхоҳӣ, меҳандӯстӣ, истиқлолияти сиёсӣ, дигарандешӣ, озодандешӣ ва амсоли инҳо сӯйистифода мекунад ва дар корзори сиёсӣ беамон тару хушкро месӯзонад. Дар пушти ин иддаоҳо исломи сиёсӣ ва қудратхоҳии беҳудуди Кабирӣ ва наздикони ӯ меистад. Дигар ҳеҷ.
5. Давлати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ худро ҳокими муталақи сулҳ нахондааст. Агар ба суханрониҳои дар ин замина ироадоштаи раҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳ намоем, дармеёбем, ки халқи шарифи Тоҷикистон ба унвони оварандаи сулҳ ва оштии миллӣ эътироф шудааст. Наҳзат ва наҳзатиён, ки муҷриёни ҷанги мусибатбори шаҳрвандӣ шинохта мешаванд, ҳатто нашармида, дар хусуси созишномаи сулҳ суҳбат мекунанд ва риояти бандҳои онро тақозо менамоянд. Агар ба ҷойи наҳзат ва раҳбарияти фирории он мебудем, ҳатман муҳр бар даҳан мезадем ва аз шарми беобрӯйӣ лаб намекушудем. Ин кори наҳзат, бегумон, ҳамон масали машҳури мардумӣ «ғарию пешхезӣ»-ро ба ёд меоварад.
6. Кабирӣ дар мавриди ояндаи Тоҷикистон чунон бо ғурур ва такаббур ҳарф мезанад ва худро як лидери минтақавӣ ва бонуфуз ба намоиш мегузорад, дар ҳоле ки ӯ ҳатто дар миёни хешу ақрабояш нуфуз надорад, чӣ расад ба сатҳи ҷумҳурӣ ва фаротар аз он?! Аммо ин дар нохунак «лидери миллӣ» ният дорад дар садри ҷомеаи маданӣ ва сиёсии кишвар қарор бигирад ва ба истилоҳ, анҷумане доир намуда, худро ба унвони ҳамоҳангсози масоили минтақа ва Тоҷикистон муаррифӣ созад. Аҷабо, ӯ фикр мекунад, ки ҷомеаи мадании тоҷикӣ дуруст намешиносадаш? Аз тарафи дигар, ҷумҳурӣ чӣ мушкиле дорад, ки Кабирӣ ва «анҷуманаш» ба он расидагӣ мекунанд? Мушкил дар дохил ва решаи наҳзат аст, ки бо фиреби назар мехоҳад мазҳабзадагӣ, хурофапарастӣ ва кӯтоҳандешӣ дар минтақа ҷорӣ намояд ва аз ин ҳисоб мардуми гумроҳро таҳти назар қарор бидиҳад ва мутаносибан, бар зеҳну равони ҷомеа тасаллут пайдо намояд. Ин аст, тамоми орзую ормон ва нияти ТТЭ ҲНИ ва раҳбари фирории он. Барои расидан ба ин ормон дурӯғ бояд гуфт, фиреб кард, иттиҳом зад ва найрангбозона нолаву шеван кард…
7. Кабирӣ, вақте ки даҳонро пур карда, «миллат» мегӯяд, яқин худашро дар назар дорад ва қабза кардани қудрат хобу хаёли он касро парондааст. Аз ин лиҳоз, барои гул задани ба истилоҳ, ҷомеа аз мафҳуми «нухбагони миллӣ» кор мегирад ва тарҳҳои «солиме»-ро манзур месозад, вале дар маркази таваҷҷуҳ шахси ӯ қарор дорад. Ба ҷомеа худро бо зеҳнияти миллӣ мешиносонад, дар ҳоле ки одитарин махсусияти миллӣ дар вуҷуди ӯ нест. Вуҷуд ва сиришташ аз як мушт ғурур, такаббури нобаҷо ва афкори муғризона таркиб ёфтааст ва билохира бо ин навъ афкори бегона чӣ гуна метавон ба миллат ва давлат хидмат кард?!
8. Кабирӣ дар бораи нафароне суҳбат мекунад, ки дар сохторҳои гуногуни давлати Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва андешаи миллӣ доранд. Мо яқин мекунем, ки Кабирӣ он нафаронеро дар назар дорад, ки дар ботин ба наҳзат содиқанд ва хидмати наҳзат ва Кабириро анҷом дода, ба умеди пирӯзии ӯ дар ду самт ё ба истилоҳ, ду сангар хиёнаткорона кор мекунанд. Ин гурӯҳҳои ба назари Кабирӣ «андешаи миллидошта» то рӯзи даркорӣ ба наҳзат хидмат мекунанд. Ин тоифаро таърих зиёд дар ёд дорад ва худи Кабирӣ ҳам, замони дар парламент пайи ҷойи по доштанаш, ба интиқоди Ҳукумат намепардохт, зеро ки бизнес ва дороиҳои зиёд дошт ва маҳз ба хотири онҳо дам фурӯ мебаст ва «ҳақталошӣ» намекард. Имрӯз, ки сарвату дороӣ ва султаи ҳизбиро аз даст дод, забон ба интиқод кушод ва муҳимтар аз ин, ба таҳқиру тавҳини чеҳраҳои давлатӣ мепардозад ва аз худ тимсоли миллӣ ва ватанӣ метарошад. Ҷавоби Кабирӣ ва кабириҳоро ҳанӯз дар замони худаш Хайёми Нишопурӣ дода буд: «Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад».
9. Дурӯғи дигари шохдори Кабирӣ дар посух ба суоли хабарнигори «Тасним» дар он зоҳир мегардад, ки ӯ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро шаҳид номида, таъкид менамояд, ки онҳо мавриди террори биологӣ қарор гирифтаанд. Нуктаи аҷиб ин аст, ки қабл аз марг Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар мусоҳибаи матбуотӣ гуфта буд, ки дар масмум (заҳролуд) шуданаш на дасти ҳукуматиҳо, балки дасти дохил (наҳзатиҳо)-ро мебинад. Агар ба он мусоҳиба таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки Нурӣ аз худиҳо гилагузорӣ мекунад ва бемориашро ҳам, ки бар асари масмумсозӣ хуруҷ карда буд, ба кори «даст»-и худиҳо—ҳамҳизбиҳо марбут медонад. Шояд дар ин кор дасти кабириҳо ҳам дароз бошад ва ин бешарм, дидаву дониста гуноҳи наҳзатиҳоро бар гардани дигарон таҳмил кардан мехоҳад ва пайи пойи «худиҳо»-ро дар қазияи мазкур васат мекашад.
10. Сафар кардан аз ҷумлаи фаъолиятҳои асосии раҳбари фирории наҳзатӣ дар умри кутаҳи сиёсӣ ва ҳизбиаш маҳсуб меёбад, яъне ин марди фазлфурӯш нисфи умри худро дар сафар гузаронида, сайру саёҳат меҳвари кори сиёсӣ, тиҷорӣ ва ҳизбии ӯ будааст ва имрӯз ҳам, чуноне ки мебинем, дар сафар ба умеди дарёфти сармоя ва пуштибонии молию пулӣ ва сиёсӣ аст. Он қадар сафар кард, ки давлат ва кишваре намондааст, ки ӯ нарафта ва шахси худ ва ҳизби наҳзатро реклама накарда бошад. Афзун бар ин, Кабирӣ муфтахирона мегӯяд, ки натоиҷи сафарҳои қаблиаш будааст, ки дар Аврупо ҷонибдор дорад ва созмони сиёсиашро террористӣ намехонанд. Кабирӣ нағз медонад, ки сиёсиюни аврупоиҳо, махсусан намояндагони элитаи сиёсӣ бе фоида ба касе салом намекунанд, чӣ расад ба минбар додану шароит муҳайё сохтан? Онҳо ба хотири манофеи сиёсӣ ва геосиёсӣ аз наҳзат барин созмонҳои ифротию ифротгаро зиёд ҳимоят мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ ин гуна созмонҳои террористӣ таъсис медиҳанд. Мисоли равшанаш, роҳандозии барнома ва сенарияҳои сиёсии гурӯҳҳои Ихвон-ул-муслимин, Толибон, ДИИШ, ал-Қоида ва амсоли инҳо дар минтақаҳои мавриди назар.
11. Кабирӣ ҳадафмандона аз Эрон гилагузорӣ мекунад, ки бо созмони наҳзатӣ кам иртибот дорад, дар ҳоле ки сад дар сад медонад, ки наҳзат дар симои Кабирӣ бо тамоми кишварҳои исломие, ки сармоя доранд, чи суннӣ, чи шиӣ ва чи такфирӣ ба таври ошкоро ва ниҳонӣ робита доштааст ва имрӯз дар он сӯйи марзи исломӣ бо давлатҳои аврупоӣ ҳам, ба хотири дароз кардани умри муҳоҷират ва тиҷорати худу хешовандонаш иртибот барқарор мекунад. Ва фарзи мисол, агар сармоягузориҳои исломӣ кам шаванд, аз онҳо рӯ мегардонад ва дари дигар кишварҳои сармоягузорро ҳатман мекӯбед. Дар зимн, аз онҳо шадидан интиқод мекунад. Мо ин намунаи ҳамкории наҳзатиро бо Туркия ва баъзе кишварҳои исломӣ дар ёд дорем. Аз сӯйи дигар, ӯ рӯйирост иқрор мешавад, ки бо Эрон ҳамкорӣ доштааст ва ин иқдомро идома медиҳад, зеро ки талаботи ҳизбӣ, решаӣ ва мафкуравии созмони наҳзатӣ ҳамин аст.
12. Худситоии Кабирӣ ҳадду каноре надорад, ончунон ғурурманд аст, ки ба ҷуз худ дигар касеро дидан намехоҳад. Ширкаташро дар як конфронси исломӣ ва ё ҳамоиши сиёсӣ ба гунае ҷилва медиҳад, ки нафаре бар пояи ӯ нест ва гуфтугӯйи ӯ сатҳи баланди суҳбат маҳсуб меёбад. Аввал ин ки суҳбати Кабирӣ дар ин ё он ҳамоиши рӯзмарра далели бузургӣ ва сиёсатмадории ӯ нест ва дигар ин ки ончунон манзалати сиёсие надорад, ки ҳамагонро таҳти ҷазобати каломию сиёсӣ бигирад. Мисли Кабирӣ дар ҳар кӯчаю тангкӯчаи Аврупо садҳо ва ҳатто ҳазорон танро пайдо карда метавонем. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ мисли Кабирӣ худнамоӣ намекунанд ва худро дар маърази тамошо намегузоранд.
13. ТТЭ ҲНИ бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳад аз нав ИНОТ-ро дар хориҷ таъсис бидиҳад ва тамоми неруҳоро зери қаноташ бигирад ва даъвии бузургманишиашро ба маърази тамошо бигузорад. Ба сухани равшантар, ТТЭ ҲНИ ИНОТ-и дувумро ташкил кардан ва худро дар раъси он дидан мехоҳад. Ин аст, ки дунболи фирефтану гул задани иддае аз муҳоҷирони тоҷик мегардад ва бо ҳарфҳои болохонадор домани онҳоро бо ҳарфҳои пуч пур мекунад. Аз ин ҳисоб мехоҳад сафи эътирозгарон ва норозиёнро афзуда, созмонҳои байналмилалиро фишор оварад, то ТТЭ ҲНИ-ро ба унвони созмони мардумсолор ва гуманист шиносанду эътироф намоянд. Ин ягона роҳест, ки ТТЭ ҲНИ худро аз маҳв шудан дар хориҷ ҳифз карда метавонад. Маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ бо истифода аз гурӯҳҳои дигар дар хориҷ, аз ҷумла бо истифода аз қувваҳои берун ва неруи найрангбозию ҳангомасозии созмони ба ном «Анҷумани озодандешони тоҷик» мехоҳад аз нав ИНОТ-ро ташкил ва раҳбарӣ намояд. Муҳимтар аз ин, Кабирӣ хостори ҷамъоварии тамоми неруҳои муҳоҷир ва таҳти назар қарор додани онҳо мебошад ва аз ин тариқ барои созмонҳои марбутаи аврупоӣ даъвии калон мефурӯшад, ки мо ташкилаи бузурги сиёсием ва бояд мавриди шинохт ва эҳтироми элитаи сиёсию давлатии ғарбӣ қарор бигирем. Бо ин роҳ онҳо бизнеси худро дар хориҷ гардон мекунанд ва то охири умр худ ва хешовандонашонро аз хатари фақр эмин медоранд. Бо ҳолу ҷони дигарҳо (манзур гумроҳону фиребхӯрдагони муҳоҷир) бозӣ мекунанд ва барои худ пулу мол ва ҷойгоҳ дармеёбанд. Агар хулоса кунем, ТТЭ ҲНИ, ки гурӯҳҳои дигар, минҷумла Гурӯҳи 24 ва созмони ба ном «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро таги пари худ гирифта, ба ин васила ИНОТ-и навро ташкил кардан ва худро дар раҳбарии он дидан мехоҳад.
14. Ниҳоятан, ТТЭ ҲНИ ва пуштибонону ҳаводоронаш ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллӣ ва мардумӣ коре намекунанд ва карда ҳам наметавонанд. Аммо ҷомеаи маданӣ ва фаъолони иҷтимоиро зарур аст, ки дар чунин вазъи ҳассоси геосиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар шинохти дақиқи вазъият, ҳолат, миллият, халқият, инсоният аз ғараз ва аҳдофи субъективӣ даст кашида, ба хотири пойдории низоми сиёсии дунявӣ қадам биниҳанд ва ҳар рӯйдоду ҳаводисро, чи дохилӣ ва чи хориҷӣ, дар мизони виҷдону инсоф андозагирӣ намуда, дар роҳи мубориза алайҳи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки ба таври пардапӯшона аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва сармоягузоронаш дар сатҳи расонаҳо ва дигар васоити иттилоотӣ, сиёсӣ ва техникӣ матраҳ мегарданд, қадамҳои стувор бардоранд.
Фаридун Ориёӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: