ОБУ ҲАВО22-06-2020, 10:10
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз ҳарорат дар шаҳри Душанбе 39+41 дараҷа гарм мешавад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.