Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУТТАҲИДӢ ВА ХАМДИГАРФАҲМӢ ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ COVID-19

МУТТАҲИДӢ ВА ХАМДИГАРФАҲМӢ ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ COVID-19

22-05-2020, 08:53
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
МУТТАҲИДӢ ВА ХАМДИГАРФАҲМӢ ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ COVID-19
Имрӯзҳо зуҳур ва авҷгирии бемории сироятии даҳшатнок бо номи коронавирус кулли кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ҳар рӯз ҷони ҳазорон нафарро меситонад ва сабаби торафт заиф гардидани иқтисодиёти ҷаҳонӣ мегардад.
Ин «бемории фарогир» дар Тоҷикистони азизи мо низ зуҳур кардааст, ки имрӯзҳо боиси нигаронии Ҳукумати мамлакат ва тамоми мардуми кишвар гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани чораҳои қатъӣ тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда тавонист муддате пеши роҳи паҳншавии бошитоби ин вирусро бигирад. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ҳеҷ як роҳи самараноки пешгирии паҳншавии ин вирус, ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вуҷуд надорад. Ҳамагон шоҳиди ҳол ҳастанд, ки эпедимияи короновируси марговар охири моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Хитой оғоз шуд ва ҳатто кишварҳои абарқудрати Амрико, Аврупо ва Осиё пеши роҳи паҳншавии онро гирифта натавонистанд.
Бояд зикр намуд, ки вирус ва бактерияҳои касалиовар дар кураи Замин қабл аз пайдоиши инсон арзи ҳастӣ намуда, бидуни организмҳои дигар ҳаёт ба сар бурда наметавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният тӯли ҳастии худ борҳо ба пандемияи бемориҳои хавфноки сирояткунанда мувоҷеҳ гардидааст. Аз ин рӯ, дар замони муосир инсоният сар задани пандемияро ҳамчун раванди ногузир қабул намуда, барои пешгирии он бояд ҳамеша омода бошад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар натиҷаи нобасомониҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ вазъи эпидемиологӣ дар кишварамон мураккаб гардида, як қатор бемориҳои сироятӣ, аз қабили вараҷа, домана, лейшманиоз, таби хунини Конго-Қримӣ ва ғайраҳо авҷ гирифта буд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассири мубориза бар зидди ин бемориҳо таҳия ва амалӣ карда шуданд ва вазъи эпидемиологии кишвар ба эътидол оварда шуд.
Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки манбаи асосии бемории СOVID-19 ва ҳомили ин беморӣ шахси бемор, ки ҳанӯз нишонаҳои клиникӣ дар он зоҳир наёфтааст, ба шумор меравад. Коронавирус бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, гардӣ-ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёҳои сироятнок ва ғ.) паҳн гардида, бештар роҳҳои нафасро сироят менамояд.
Истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ, поккории манзили зист ва гирду атрофи он, риояи фосилаи 1,5-2 метр ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурат аз хона набаромадан, махсусан шахсони аз 60-сола боло, канораҷӯӣ намудан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бо даст салом накардан ва худдорӣ намудан аз бӯсобӯсӣ ва оғӯш гирифтан тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошанд.
Мутахассисон ва коршиносони тамоми дунё ба ин назаранд, ки шарти муҳими пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19, ин роҳ надодан ба тарсу ваҳм ва таҳлука аст. Ба ақидаи онҳо 85 дарсади мардум бе ягон мушкилӣ дар шароити хона, ҳатто нафаҳмида, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, онро паси сар мекунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистонро дар ин рӯзҳои мушкил зарур аст, ки тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд, ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи ин беморӣ бовар накунанд, зеро таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рӯҳию равонӣ дорад, масунияти организмро заиф мегардонад ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегардад.
Мо дар ин давраи барои кишвар хеле ҳассос бояд якҷо бошем, оромию ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум, ба таҳаммулпазирии он бовар дошт ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод, муттаҳид бошем. Фақат бо ҳамин роҳ ва албатта кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибони ҳозиқамон - ворисони Абуалӣ ибни Сино метавонем аз ин вабои аср наҷот ёбем.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз табибон, ҳамшираҳои шафқат ва ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзҳои сахт дар беморхонаҳо барои наҷоти ҳар як инсони сироятшуда мубориза мебаранд, изҳори сипос менамояд. Дар ин рӯзҳои барои ҷомеаи мо сахт ва мушкил табибони мо вазифаи муқаддаси касбии худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд ва ҷони худро ба гарав гузошта, ҳамарӯза садҳо нафар ҳамватанони моро аз марг наҷот медиҳанд. Хизмати содиқонаи табибон ва қаҳрамонии ҳамарӯзаи онҳоро ҳар як фарди тоҷикистонӣ қадр менамояд ва арҷ мегузорад.
Мубориза бо пандемия мисли мубориза бо дигар хатарҳои глобалӣ азму кӯшиши ҳамагониро талаб мекунад. Дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи COVID-19 идома доранд. Аз ҷумла, олимони Академияи миллии илмҳо истеҳсоли маҳлулҳои безараркунандаро ба роҳ монда, ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахши кишвар, ки хосиятҳои зидимикробӣ ва зиддивирусӣ доранд, машғуланд.
Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо аъзои Ассотсиатсияи академияҳои байналмилалии илмҳо ва қариб ҳамаи академияҳои илмҳои ҷаҳон ҳамкории ҳамарӯзаро дар самти мубориза бар зидии бемории COVID-19 ба роҳ мондааст. Айни замон, дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Белорус ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин Шӯрои вирусологиро таъсис дода, ҳамарӯза табодули иттилоот ва корҳои илмию таҳқиқотиро дар ин самт ба роҳ мондаем, ки аз натиҷаи он мунтазам ба мардуми кишвар иттилоъ хоҳем дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки паҳншавии ин бемории хатарноки сироятиро пешгирӣ намуда, муолиҷаи мубталоёнро самаранок ба роҳ монад. Бо ин мақсад, аз таҷрибаи муфиди дигар кишварҳо васеъ истифода шуда истодааст, беморхонаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории зарурӣ таъмин карда мешаванд, биноҳои нави муҷаҳҳаз барои қабули мубталоёни эҳтимолӣ ба ин беморӣ омода шуда истодаанд. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро якдилона дастгирӣ менамоянд ва аз сокинони кишвар даъват ба амал меоранд, ки дар роҳи амалӣ намудани онҳо саҳмгузор бошанд.
Халқи тоҷик дар тӯли асрҳо на як бору ду бор ба ин гуна хатарҳо рӯ ба рӯ шудааст, эпидемияҳои ваҳшатнокеро таҷриба намудааст. Мо бовар дорем, ки ин рӯзҳои душворро мо бо якдигарфаҳмию сабру тоқат, эҳтиром ва кумаки якдигарӣ, эҳсоси раҳму шафқат нисбат ба мубталоёни ин беморӣ ва шахсони ба ёрии тиббӣ ниёзманд пушти сар хоҳем кард.
Сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат нисбати наздикон, пиронсолон, барҷомондагон ва ниёзмандон суннати деринаи мардуми мост.
Маҳз муттаҳидӣ, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирӣ ва кумаки якдигарӣ, ба таҳлука дода нашудан, ки хоси мардуми мост, имконият фароҳам меорад, ки аҳолии кишвар ҳар чи зудтар аз ин беморӣ раҳо ёбад.
Мо бояд дастаҷамъона, бо азму рӯҳияи қавӣ, боварӣ ба ояндаи нек бо ин бемории сироятии нав мубориза кунем ва барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштани сокинони кишварамон кумак расонем.
Фарҳод Раҳимӣ
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: