Фелдмаршал Паулюс: «Душман омадам, ҳамчун дӯст меравам»30-04-2020, 11:13
Хабарро хонданд: 418 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳоле, ки кишварҳои Ҷомеаи Мустақили Ҳамсуд барои ҷашни 75-солагии ба поён расидани Ҷанги дуввуми ҷаҳон ва пирӯзии Артиши Шӯравӣ дар он омодагӣ мегиранд, воқеаҳои ҷолиб ва хотирмоне аз саҳифаҳои таърихи ин рӯйдоди даҳшатноки асри 20 рӯнамо мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки раҳбарони кишварҳои аъзои СПАД аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар намоиши васеи ҳарбӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар ҶангиБузурги Ватанӣ, ки 9 май дар Майдони Сурхи шаҳри Москва бояд баргузор мешуд, даъват шуда буданд. Бино ба хабарҳо, дар ин паради ҳарбӣҳайати муштараки сарбозон ва афсарони тоҷик, намояндагони қувваҳои хушкигард, қувваҳои мобилӣ, ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бояд иштирок мекарданд. Аммо бемории коронавирус, ки ҳоло тамоми дар баробари кишварҳои дунё Русия ва аз ҷумла шаҳри Москваро ба коми худ кашидааст, доираи баргузории маросимҳои ҷашниро маҳдуд кард. Сарнавишти Фридрих Паулюс, фармондеҳи асирафтодаи артиши Олмони Фашистӣ, ки яке аз чеҳраҳои барҷастаи он ҷанг буд, барои ҳамзамонони мо ҳам ҷолиб аст. Дар таърихи Олмон аввалин генерал-фелдмаршале, ки ба душман таслим шуд, фармондеҳи артиши 6-уми дар Сталинград муҳосирашудаи ин кишвар, Фридрих Паулюс мебошад. Дар пайи ба иҳотаи артиши Шӯравӣ афтодан 29 январи соли 1943 Паулюс ба Гитлер радиограмма фиристода хабар дод, ки дар вазъияти душвор қарор дорад, аммо то охирин нафас меистад. Шаби 31 январ, дар лаҳзаи ниҳоии муҳорибаи Сталинград, ба ӯ рутбаи болотари генерал-фелдмаршал (маршали саҳроӣ) дода шуд. Ин ба таври ғайримустақим ҳидояте барои худкушӣ кардан буд. Аз пахши хабари додани рутбаи навбатӣ ба воситаи радио вақти зиёде нагузашта, маршали саҳроӣ якҷо бо ситодаш аз сӯи неруҳои артиши 64-уми Шӯравӣ таҳти фармондеҳии генерал-лейтенант М. С. Шумилов асир гирифта шуд. Тавре шоҳидон гуфтаанд, вақте ки лейтенанти калонФ.М. Илченко ба ситоди немисҳо, ки дар таҳхонаи мағозаи марказии шаҳриСталинград воқеъ буду онро олмониҳо «Майдони Сурх» меномиданд, ворид шуд, ӯ фармондеҳи калони артиши 6-уми Олмонро дид, ки бекител болои кати оҳаниаш якпаҳлу дароз кашида буд. Фармондеҳи шикастхӯрда бе ягон эътироз тақозои таслимшавиро пазируфта, бо ишораи сар ҷавоб дод. Якҷо бо Паулюс 91000 аскарони олмонӣ, 2,500 афсар ва 23 генерал ба аскарони Шӯравӣ таслим шуданд. Гитлер аз он метарсид, ки Паулюс дар зиндони Лубянкаи Москва бар зидди фюрер сухан мегӯяд, аммо фелдмаршал чунин накард. Аён аст, ки сабаби хомӯш мондани фармондеҳи олмонӣ рафтори дурустнисбаташбуд. Гузашта аз ин, ӯро дар он ҷо ҳамроҳи дигар асирон нигоҳнамедоштанд. Маршали саҳроӣ дар шароити нисбатан бароҳат нигоҳубин мешуд, бо ғизои хуб ва ёрии хуби тиббӣтаъмин буд. Пас аз асорат дар Сталинград, маршали саҳроӣ дар лагери асирони ҷанг дар Красногорск дар наздикии Москва буд ва аз апрели соли 1943 ба маҳале дар Суздал кӯчонида шуд. Дар ин лагерҳо, баъдтар дар бӯстонсароҳои Дуброво ва Томилино дар наздикии Москва, «маъруфтарин маҳбуси ҷанг дар СССР» таҳти назорати доимии афсарони сарраёсати маҳбасҳо ва асирони Вазорати корҳои дохилии СССР қарор дошт. Дар моҳҳои аввали асирӣ, маршали саҳроӣ суҳбатҳои оммавии зидди Гитлерро рад мекард. ӯ аз узвияти худ дар созмонҳои зиддифашистӣ – «Кумитаи Миллӣ»-и Олмони озод ва «Иттифоқи афсарони Олмон» (SSS)-ро ҳам мункир мешуд. Сукути оқилонаи Фелдмаршал аз ҷониби Берлин ба зудӣ қадр гардид. Майи соли 1943, ӯ ғоибона бо нишони ҷангии «Баргҳои булутӣ» дараҷаи якум сарфароз гашт. Аммо пас аз кӯшиши бемуваффақияти сӯиқасд ба Гитлер дар 20 июли соли 1944, ки дар он генералҳои олмонӣ - дӯстон ва ҳамкорони Паулюс фаъолона ширкат варзиданд, фелдмаршал рафтори худро тағйир дод. 8 августи соли 1944, дар рӯзе, ки фелдмаршал фон Витслебен дар Берлин бо фармони Гитлер ба қатл расид, Паулюс ба Радиои Олмони озод зидди Гитлер баромад кард. Изҳороти Паулюс ба роҳбарияти фашистӣ чунон таассуроти сахт гузошт, ки ба роҳбари Идораи разведкаи хориҷӣ RSHA В.Шелленберг дастур дода шуд, ки дурустии изҳороти Паулюс дар мавриди пайвастанаш ба Ҳаракати Олмони озодро бисанҷад. Санҷиш ҳақиқат доштани ин суханон ва тағйири мавзеъ кардани Паулюсро собит кард. Пас аз он,дар Олмон аз оилаи Паулюс хостанд, ки ошкоро амалҳои шавҳар ва падари фарзандонро рад кунад, аз ӯ даст кашад ва насабашро иваз намояд. Вақте ки зан ва фарзандонаш қатъиян аз иҷрои ин тақозо сарпечӣ карданд, зери фишорқарор гирифтанд. Зани фелдмаршал Елена-Констансия Паулюс, як бонуи зодаи Руминия бо номи Розетти-Солеску, дар лагери конслагерии Дахау зиндонӣ шуд. 14 августи соли 1944 Паулюс ба Ҳаракати Олмони озод пайваст. Ҳамин тавр, барои ӯ фурсати кори фаъол бар зидди фашизм оғоз ёфта, бо ин раҳбарони Кремл, аз ҷумла Сталинро хушнуд кард. Бо ташаббуси Паулюс 8 декабри соли 1944 пешнависи муроҷиатномаи 50 генерали асир ба мардуми Олмон ва Вермахт қабул шуд. Дар ҳоле ки қӯшунҳои шӯравӣ дар соҳили Висла ва неруҳои Англия-Америка дар соҳилҳои Рейн меҷангиданд, Паулюс пешгӯӣ кард, ки Гитлер дар ҷанг мағлуб мешавад ва мардуми Олмонро даъват кард, ки ба ҷанг хотима бахшанд. Шаш ҳафта пас аз пайвастан ба ҲОО, Паулюс ба Сталин номаи шахсӣ фиристод. Дар он "ҳамчун маршал ба Маршал" муроҷиат намуда, андешаҳояшро дар мавриди ояндаи ҷанг баён дошт. Ҳамзамон аз Сталин хоҳиш кард, ки ӯро қабул кунад. Сталин, ки боре ҳам ин асири баландрутбаро надида буд, ин пешниҳодро напазируфт. Паулюс пас аз поён ёфтани ҷанг дар мурофиаи Нюрнберг на ҳамчун айбдоршаванда, балки чун шоҳиди ҷиноятҳои Гитлер иштирок намуд. Пеш аз сафар ба Нюрнберг, 9 январи соли 1946 изҳорот дода, ба ҳукумати ИҶШС арзи сипос кард,аз нақши Олмони фашистӣ дар тайёр ва амлаӣ кардани нақшаи ҷанг муфассал маълумот додва иқрор шуд: "Ман ҳам дар амалӣ гардидани ин тарҳ масъулияти вазнин дорам, зеро дар Сталинград фармонҳои сарварони ҳарбиро ихтиёран итоат намудам... Ҳамчун як наҷотёфта аз муҳорибаҳои назди Сталинград, худро пеши мардуми советӣ қарздор медонам». Баромади Паулюс дар Нюрнберг на танҳо барои айбдоршавандаҳо, ҳимояткунандагони онҳо, матбуот, балки барои олмониҳои маҳбуси наздик ба Паулюс ғайриинтизор буд. Паулюс дар Нюрнберг умед дошт, бо ҳамсараш, ки аз соли 1942 инҷониб ӯро надида буд, вомехӯрад, аммо на он рӯзва наба вақти дигар тақдир онҳоро ба ҳам рӯбарӯ накард. Пас аз поёни муҳокима дар маҷлиси суд, фелдмаршал ба зудӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуд. Елена-Констанс Паулюс соли 1949 дар Баден-Баден вафот кард ва дигар ҳеҷ гоҳ шавҳарашро надид. Пас аз бозгашт аз Нюрнберг, Паулюс аз писараш мактуб гирифт ва фаҳмид, ки занаш дар лагери маҳбусон дар зиндон аст. Пас аз хондани нома ӯ гуфт: «Агар ман инро пештар медонистам, дар вақти муҳокимаи судӣ дақиқтар гап мезадам. Магар ман ҳақ надоштам, ки бо он хукҳо муқобилат кунам?». Баъди бозгашт аз Нюрнберг ӯ дар канораи Москва дар бӯстонсарои ВКД Шӯравӣ маскун шуд, мудири хоҷагӣ, дастёр ва ошпази шахсиаш низ бо вай буданд. Паулюс пас аз ҷанг ба таҳқику омӯзиши рӯйдодҳои ҷангӣ машғул шуд, вақте соли1949 филми машҳури «Муҳорибаи Сталинград» аз сӯи коргардон Владимир Петров таҳия мегардид, Паулюс машваратчии ӯ буд. Бо супориши Раёсати корҳои ҳарбӣ-таърихии Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР Паулюс ва Зейдлитс (генерали дигари ҳамроҳаш асирафтода) мустақилона дар бораи ҷанги Олмону Шӯравӣ ёддоштҳо навиштаанд. Баъдтар бисёр мехост, кидавлати Шӯравӣ ӯро барои кор ба яке азкишварҳои азасорати Олмон озод шуда бифиристад. Аммо ин пешниҳодаш аз сӯи ҳукумати Шӯравӣ қабул нагардид. Танҳо пас аз марги Сталин (5 марти соли 1953) , Паулюс тавонист СССР-ро абадан тарк кунад. ӯ пеш аз он ки аз хоки кишвар берун равад, 24 октябри соли соли 1953 ба унвони ҳукумати Шӯравӣ номаи сипос навишта дар он иқрор шуд: «Ман мехоҳам ба одамони шӯравӣ бигӯям, ки замоне ба ин кишварҳамчун душман, фармонбардори нобино омада будам, аммо ҳоло ин кишварро ҳамчун дӯсти он тарк мекунам»... Ф. Паулюс 1 феврали соли 1957 замоне, ки синнаш ба 67 расида буд, дар шаҳри Дрездени Ҷумҳурии Демократии Олмон аз ҷаҳон даргузашт. Санаи маргаш ба ҳамон рӯзе рост омад, ки 14 сол пеш артиши худро дар Сталинград ба неруҳои Шӯравӣ таслим кард. Қуттӣ бо хокистари Паулюсро ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон бурда, дар шаҳри Баден-Баден паҳлуи гӯри ҳамсараш дафн карданд. Дар хабарҳо омадааст, ки писараш Эрнст-Александр, ки низ афсар ва иштирокчии муҳорибаҳои назди Сталинград буд, соли 1970 бо сабаби афсурдагии рӯҳӣ (депрессия) худро ба қатл расонд, аммо духтараш Олга умри дароз дида, чанде пеш,соли 2003 даргузашт. Дар хотираҳои вобаста ба Паулюс омадааст, ки яке аз одатҳояш дарохирҳои умр кушодану тоза кардани таппончаи хидматиаш буд. Вай ин корро чунон зуд-зуд мекард, ки яке аз агентҳои олмонӣ, ки ӯро назорат дошт, бонигаронӣ ба Берлин гузориш дод: «Мабодо маршал худашро накушад?». Аммо аз Вазорати амнияти давлатии ҶДО ҷавоб омад: «Агар ӯ дар Сталинград худро напаронд, чаро бояд ин корро акнун кунад?». Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.