Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ ОВОЗАҲОИ БАРДУРӮҒ БА ТАҲЛУКА НААФТЕД!

АЗ ОВОЗАҲОИ БАРДУРӮҒ БА ТАҲЛУКА НААФТЕД!

23-04-2020, 09:49
Хабарро хонданд: 452 нафар
Назарҳо: 0
АЗ ОВОЗАҲОИ БАРДУРӮҒ БА ТАҲЛУКА НААФТЕД!
Тайи чанд рӯзи ахир фавт ва гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания), миёни мардум ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳоеро дар робита ба он, ки гӯё ин нафарон гирифтори сирояти коронавирус мебошанд, ба миён овардааст. Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин овозаҳоро беасос хонда, мегӯянд, гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт. Инчунин, масъулини ниҳоди мазкур аз сокинони мамлакат даъват ба амал овардаанд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ба ҳаргуна хабару овозаҳои бардуруғ бовар накарда, ба таҳлука наафтанд.
Галина Перфилева, Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни як суҳбати худ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма аз вазъи таъминот ва омодагии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи сирояти коронавирус ҳарф зада, иброз дошт, ки ҳеҷ як кишвари олам барои мубориза ва пешгирии ин вирус омода набуд.

Рӯзҳои 17-18 апрели соли равон бо ташаббуси маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои коронавирус миёни рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ баргузор гардид, ки ҳадафи он ба баланд бардоштани савияи дониши хабарнигорон вобаста ба пешгирии коронавирус ва чӣ гуна амал намудани онҳо дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида буд.
Дар қисмати ҷамъбастии семинари дурӯза роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева иштирок намуда, оид ба вазъи сирояти коронавирус дар ҷаҳон суханронӣ намуд. ӯ, аз ҷумла, дар бораи ҳамкориҳои ТУТ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ташхису таъминоти муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо лавозимоти зарурии тиббӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ибрози назар намуд.
Галина Перфилева зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораҳои зиёди пешгирикунандаро дар ин самт амалӣ намуда истодаанд.
Дар идомаи суҳбат Галина Перфилева ба саволҳои бешумори иштирокчиёни семинар-намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар, ки аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, посух гуфт.
Номбурда таъкид намуд, ки онҳо ҳамарӯза бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич буда, ҳамзамон, пайваста дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дигар кишварҳо телеконфронсҳо баргузор менамоянд.
ӯ, ҳамчунин, дар бораи сатҳ ва сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси сирояти коронавирус машғул аст, савияи дониши мутахассисони дар он фаъолияткунанда ва сифати ташхиси ин беморӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, иброз дошт, ки воқеан озмоишгоҳ ва дониши мутахассисони он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, зеро ин мутахассисон курсҳои махсуси омӯзиширо берун аз кишвар азхуд намуда, ҳар як ташхиси анҷомдодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ТУТ пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла, то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440-тои он такрорӣ мебошанд.
Ҳамзамон, Галина Перфилева таъкид намуд, ки ТУТ дар Тоҷикистон ба дақиқии ин ташхисҳо итминон дорад, зеро тестҳое, ки барои ин ташхис истифода мешаванд, дар аксар кишварҳо низ мавриди амал қарор дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки тестҳо барои ташхиси коронавирус танҳо барои он нафароне гузаронида мешаванд, ки дар онҳо ягон нишонаи ин беморӣ, ба монанди таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина, дарди гулӯ ва ғайра ба мушоҳида бирасад.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ баромад.
Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева дар идомаи суҳбат аз вазъи таъминот ва омодагии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати эҳтимолии хурӯҷи сирояти коронавирус ҳарф зада, иброз дошт, ки ҳеҷ як кишвари олам барои мубориза ва пешгирии ин вирус омода набуд.
Мавсуф ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди он ки дар ҳолати ба қайд гирифтани Covid-19 дар Тоҷикистон фаъолияти онҳо чӣ гуна сурат хоҳад гирифт, Галина Перфилева посух дод, ки дар ин ҳолат ТУТ ва шарикони рушд кумакҳои бештареро ба Тоҷикистон расонида, барои мубориза ва табобати ин беморӣ тадбирҳои дигареро амалӣ хоҳанд намуд.
Галина Перфилева, Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки дар ин давраи ҳассос танҳо маводҳоеро омода созанд, ки факту далелҳои воқеӣ дошта бошанд ва мардумро барои пешгирии сирояти коронавирус ҳидоят созанд.

Охирин омори гирифторони Covid-19 дар ҷаҳон


Бино ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳолати субҳи 21 апрели соли равон дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 647 ҳазору 744 кас ва фавтидагон 170 ҳазору 439 тан мебошад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 792 ҳазору 913 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 42 ҳазору 517 нафар ва шумораи шифоёфтагон 72 ҳазору 389 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 200 ҳазору 210 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 1 536 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 20 ҳазору 852 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 80 ҳазору 587 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 181 ҳазору 228 нафар ва теъдоди фавтидагон 24 ҳазору 114 нафар мебошад. Дар Фаронса 155 ҳазору 383 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 20 265 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Олмон теъдоди мубталоён 147 ҳазору 65 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 862 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 124 ҳазору 743 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 16 ҳазору 509 нафар мебошад.
Туркия ва Эрон низ аз рӯи шумораи гирифторон аз Чин пеш гузаштанд. Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 90 ҳазору 980 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 140 ва 13 430 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 83 ҳазору 505 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 209 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 758 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.
Баъд аз Чин Россия қарор дорад, ки дар он шумораи умумии мубталоён ба 47 ҳазору 121 нафар расид. Дар он теъдоди фавтидагон 405 нафар ва шифоёфтагон 3 446 касро ташкил медиҳад.
Шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар Бразилия 40 ҳазору 743, Белгия — 39 ҳазору 983, Канада — 36 ҳазору 829 ва Нидерланд — 33 ҳазору 405 мебошад.
Теъдоди мубталоён дар Арабистони Саудӣ 10 484 нафар буда, дар он 103 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 7 265 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 43 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 6 015 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 9 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 250 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 3 333 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 574 нафар ва шумораи фавтидагон 82 нафар мебошад. Дар Кувайт 9 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 1 995 нафар сироят ёфтаанд. Дар Сурия 39 ҳолати сироятёбӣ ва 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 20 апрели соли равон 8212 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора, то санаи зикргардида 7129 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон, 1083 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.
Хушбахтона, то имрӯз дар нафарони ба карантин фаро гирифташуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шуъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1) илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар он ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.
Номбурда 15 апрели соли равон нахуст дар Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (воқеъ дар назди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”) бистарӣ гардида, сипас, бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатияш санаи 16 апрел ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон) интиқол дода шуд. Дар беморхонаи мазкур ба Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми А ва фарбеҳии дараҷаи 3 гузошта шуд.
Мутаассифона, кӯшишу талоши табибон бо назардошти истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дигар чораҳои иловагӣ натиҷа надода, номбурда нимаи аввали рӯзи 19 апрел фавтид.
Бояд гуфт, ки дар дараҷаи аввал аз Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси коронавирус гирифта шуда, натиҷаи он манфӣ баромад.
Ба хотири чораҳои эҳтиётӣ айни замон, тамоми пайвандони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ба карантин фаро гирифта шуда, вазъи саломатии онҳо хуб мебошад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки фавти шаҳрвандон аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дар дигар кишварҳо низ зиёд ба назар мерасад. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб, бемории илтиҳоби шуш (пневнамия) аз инсон ба инсон намегузарад.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ баромад. Мутаассифона, ҳамаи ин беморони фавтида дар ҳолатҳои вазнин ба беморхонаҳо оварда шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки дар ҳолати мушоҳида гардидани аломатҳои таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина ва ғайра дар ҷисми хеш фаврӣ ба табиби оилавӣ ё минтақавии маҳалли зисти хеш занг зананд ва онҳоро ба хонаашон даъват намоянд. Ва ё дар ҳолати ташриф овардани табибони оилавӣ дарди худро пинҳон надошта, ба онҳо аз вазъи саломатии худ ва аҳли оилаашон ошкоро ҳарф зананд, зеро пинҳон доштани беморӣ ба ҳолатҳои фавт оварда мерасонад.
Ёдрас мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки вируси мазкур асосан тавассути қатраҳои ҳавоӣ гузашта, метавонад ҳангоми сулфидан ва атса задан, инчунин, тавассути қатраҳои оби даҳон ё бинӣ паҳн шавад. Ғайр аз он, имкони сироят ёфтан тавассути тамос низ вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, ин вируси марговар аз як шахс ба шахси дигар тавассути қатраҳои ҳавоӣ интиқол ёфта, аломатҳои он таби баланд, дарди гулӯ, сулфа, нафастангӣ ва дарунравӣ мебошанд. Баъдан бар асари он илтиҳоби шуш ва заъфи гурда ривоҷ меёбанд, ки сабаби марг мегарданд.

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: