Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

НИЁИШ

23-04-2020, 09:37
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
НИЁИШ
Дар сарзамини ишқ зистан, нафас кашидан, пар овардан… хоси Фарзона аст. Шеъри ӯ пайғоми дили саршор аз муҳаббати ӯст. Диле, ки дардҳоро дар худ меғунҷонад, аммо шодиҳоро чун мисраҳои шеъри хуршед ба рӯи бому дари дили мо мерезад.
Шеъри Фарзона мисли парастуҳо пайғоме аз баҳор меоранд, баҳори боронӣ, сабз, гулафшон… Аммо ин баҳор чодари дард курраи Заминро пӯшидааст. Одамон аз саломатии худу дигарон дар ташвишанд, вале умед ва имон ба фардои рӯшан дар хонаи дилҳо мисли ситорае чашмак мезанад.
Ниёиш нури осмонҳову замин аст, хоса ниёиши шоире чун Фарзона. Шеъри ӯ имрӯз дуоест, ки бо кафи кушода чун боли кабӯтари имон ба умеди иҷобат дар кайҳони ишқ паровар гаштааст. Шоир рӯ ба даргоҳи боазамати офаридгор овардаву бо дили шикаста аз ӯ саломативу амнияти пиру барноро мехоҳад. Замин, ки чун гавҳаре дар кафи офариниши худованд аст, бояд ҳамеша чун лӯълӯи лоло дурахшон бимонад. Орзуи шоир он аст, ки фарзанди одам дар ин курраи хокӣ рӯз бинад.
Зиндагӣ пур аз ҳикмат аст. Махлуқе ноаён оромишро барҳам зад, бинои зиндагиро ба ларза овард. Маълум гашт фарқе миёни шоҳу дарвеш нест. Инсонҳое, ки аз ҳам фосила мегирифтанд ва дар ғафлати сарду бетараҳуми хеш зиндагӣ мекарданд, боз ба ҳамдигар рӯ оварданд, ба фармудаи шоир: «Бани Одам якаъзо мешавад боз».
Зиндагӣ он қадар ширин аст, ки вақте эҳсос карданд, онро метавонанд аз даст бидиҳанд, «Худо гӯянд акнун бехудоён, ки ё раб, тоқи миноро нигаҳ дор»!
Фарзона ниёиш дорад, аз Ҳазрати Дӯст салоҳи кори дунёро мехоҳад. Беҳтар он аст, ки ин ниёишро бихонему кафи кушодаи дастонамонро ба сӯи осмон бардорем.



Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Балорову ваборо дур андоз,
Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.
Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,
Навонав насли фардоро нигаҳ дор.
Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,
Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.
Замин чун гавҳаре рӯи кафи туст,
Ту ин лӯълӯи лолоро нигаҳ дор.
Худо гӯянд акнун бехудоён,
Ки, ё Раб, тоқи миноро нигаҳ дор.
Ба Наврӯзи нав овардӣ ҷаҳонро,
Баҳори тозаэҳёро нигаҳ дор.
Бани Одам якаъзо мешавад боз,
Ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор.
Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,
Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор.
Суман нуру чаман нуру ватан нур,
Ту ин нури Таъолоро нигаҳ дор!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: