Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧАНД СУХАН АЗ РӮЗГОРИ КУРУШИ КАБИР

ЧАНД СУХАН АЗ РӮЗГОРИ КУРУШИ КАБИР

16-04-2020, 15:17
Хабарро хонданд: 509 нафар
Назарҳо: 0
 ЧАНД СУХАН АЗ РӮЗГОРИ КУРУШИ КАБИР
Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон


Аз давраи Ҳахоманишӣ чанд санади мустақим барҷой монда, ки дар ҳукм доварии нахуст ва дасти аввал ҳастанд: Китоби якуми Ҳиродот, “Курушнома”-и Ксенофонт, лавҳаи Набонид ва Аҳди атиқ аз Китоби муқаддас (Таврот). Гуфтори Китоби муқаддас дар бораи вай чунин аст: “Акнун низ Курушро барангехтаам, то ба ҳадафи додгаронаи ман ҷомаи амал пӯшонад. Ман тамоми роҳҳояшро рост хоҳам сохт. Ў бе онки интизор подош дошта бошад, шаҳри ман Уршалимро бозсозӣ хоҳад кард ва қавми асири манро озод хоҳад сохт. Ин аст каломи Худованди тавонои баландмартаба» (Аҳди атиқ;Ашъиё ;боби 45;ояи 13).
Густариши нирумандии Куруш аз суқути Остиёг оғоз мешавад. Шоёни ёдоварӣ аст, ки муаррихони юнонӣ моҷароро бо ихтилофоте овардаанд; Чунонки бархе ҷангро кӯтоҳ ва бархе тӯлонӣ (се сол) ёд кардаанд. Солномаи Набонид танҳо гузориш мекунад, ки Остиёг ба Куруш ҳамла кард ва сипоҳи Остиёг аз вай рӯй гардонд ва модҳо ӯро таслими Куруш карданд. Вил Дуронт - муаррихи номдори ҷаҳон симои Оситёгро чунин ба ќалам додааст: «Ин шоҳ, Остиёг- ба роҳатӣ бар тахти салтанате, ки ба мерос бурда буд, нишаст ва ба айшу нӯшу лаззат бурдан аз ончи насиб вай шуда буд, пардохт… Нахустин шоҳони Мод ба додгустарии хеш меболиданд, вале Иштивигӯ (Остиёг), ки рӯзе нисбат ба Ҳорпог-вазири хеш- хашмнок шуда буд, дастур дод аз тани бесар ва дасти фарзанди ӯ хӯроке фароҳам оваранд ва падарро маҷбӯр карданд гӯшти тани фарзандашро бихӯрад… Ҳорпог кинаро дар дил нигаҳ дошт ва баъдҳо ба кумаки Куруш бархост то Иштвугӯро сарнагун кунад» (Вил Дуронт:397).
Вай аз ҳамроҳии модҳо бо Куруш мегӯяд ва ин, ки пирӯзии Куруш бар шоҳи зансифат ва ситамгари Мод бо хушнудии комили модҳо ҳамроҳ буд ва дар идома монанди муаррихини пешин овардааст, ки Куруш ҳеч шаҳреро ғорат намекард ва парастишгоҳҳоро вайрон нанамуд (Вил Дуронт: 398-397). Бештар аснод овардаанд, ки ҷанг ба дасти Остиёг ва аз бими қудрати рӯзафзуни Куруш оғоз шуд ва бо шикасти вай поён ёфт ва пас аз он Куруш дар Ҳагматона тоҷгузорӣ кард. Калимон Ҳавор дар ин бора овардааст, ки ҷо ба ҷои подшоҳӣ чунон ором ва хирадмандона анҷом шуд, ки дар нигоҳ тӯдаҳои беруни марз, фармонравоии Порс ҳамон шоҳаншоҳии Мод менамуд (Ковиёнӣ:1392). Ин нуктаро аз навиштори муаррихини пасин метавон дарёфт, ки гоҳ шоҳони Ҳахоманиширо «мод» меномиданд.
Ба гуфтаи профессор Ричард Нелсон Фрай, муаррихи бузург ва устоди донишгоҳи Ҳарва рд, Куруш на танҳо модҳоро бо порсҳо оштӣ дод, балки онҳоро бо якдигар муттаҳид сохт (Фрай: 1995). Куруш пас аз ин меросдори марзҳои модҳо шуд ва ба гуфтаи профессор Фрай, қудрати хешро бар тираҳои эронӣ ва саросари фалот устувор сохт пеш аз он, ки густараи марзҳояш ба Бохтар расад (Фрай:1995). Набояд аз ёд барем, ки пеш аз ин ва дар замони Модҳо марзҳои Эрон якпорча шуда буд ва ончи Куруш дар идома анҷом дод, пайрезии як шоҳаншоҳии ҷаҳонӣ буд.
Доктор Кова Фаррух, муаррихи номдор ва устоди донишгоҳи Британияи Колумбия (ИМА) ба паштвонаи 30 санад ва навиштори муаррихи бузурги бостон то садаи ахир дар посух ба гуфтори бесанади эронситезон чунин мегӯяд: «Карзус (Крез) подшоҳи Лидия, юриши худ ба Каппадокияро дар 547 пеш аз мелод барои нобудии имперотурии тозатаъсиси Ҳахоманишӣ оғоз кард (Китоби якуми Ҳеродот: 77-76). Карзус шикаст хӯрд ва Сорд – пойтахти Лидия ба тасарруфи Куруш даромад… Куруш бо Карзус бо эҳтиром бархурд кард ва Карзус бо вай ба Ҳагматона бозгашт ва ҷойгоҳе боло дар давлати Куруш ёфт (Китоби якуми Ҳеродот: 153-151; Дяконов: 88-36; Молувон: 419-39 ;Кургил: 116-97)… ҷанги аслӣбо Бобилиҳо дар Аупис дар моҳи сентябри 543 то милод даргирифт, ки Куруш ба дасти сардораш Губору пуштибонӣ мешуд (Берн:56-54)… Сипор дар октябри 543п.м. бидуни ҷанг таслим шуд (Ёмоъучи:86).
Вуруди Куруш ба Бобул бо ҷашн гирифтани сокинони шањрҳамроҳ буд (Ксенофонт: 15-5-7 ; Ҳеродот:19). Солномаи Набонид низ ҳаминро баён мекунад: дар рӯзи севум аз моҳи ароҳшомну Куруш ба Бобул даромаду онҳо-мардуми Бобул- шохаҳои сабзро пешопеши ӯ гирифтанд. Куруш сипас беҳтарин орзуҳоро барои сокинонаш кард ва Губоруро ба унвони фармонравои Бобулиён мансуб кард (солномаи Набонид; Шумораи 3 :22-12). Вуруди оштиҷӯёнаи Куруш ба Бобул тавассути муаррихини бузурге чун Корфтор, Гароф, Ҳираш, Галисун, Ёмоъучи ёд шуда аст... Парастишгоҳҳо дар Миёнрудон ва Миср. парастишгоҳҳои Инунмоҳ дар Аур, Инно ва… дар Миёнрудон ва парастишгоҳи яҳудиён дар Илфонтин дар замони Куруш ва бо ҳазинаи давлати Куруш бозсозӣ шуд.
Ҳамчунин парастишгоҳҳои Сояис ва Омун дар Миср бо кумаки Камбуҷия ва Дориюш дар Миср бозсозӣ шуд (Крулинг:107 ; Гурднар:367-366 ; Ҳил ва Чопли Ҳил: 70)… Санади муҳими дигар аз ғарби Анатолия ва марзи Юнони урупоӣ аст, ки ба дасти бостоншиносони фаронсавӣ дар шаҳри бостонии Лекиё дар соли 1978 мелодӣ ба даст омадааст. Ин санад ба се забон, юнонӣ, лекён ва оромӣ буда ва фармони даруни он наздик ба матни маншури Куруш аст. Дар ин санад ошкоро аз ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ сухан гуфта ва талош карда, то ниёзҳои зиндагии моддии мардумро пуштибонӣ кунад. Ин санад дар пайванд бо соли 358 то милод ва дуруст ду даҳа пеш аз юриши Искандар ба Эрон буда ва ба рӯшанӣ нишон медиҳад, ки сиёсати мудорои Куруш то охирин рӯзҳои имперотурии вай идома дошт (Бароис:127-115 ; Матзгар:1979 ; Тиксидур:186-181)
Як тарҷумаи нодурусти ба сони мадрак; муаррихине, ки аз Куруш интиқод мекунанд, матнеро, ки тарҷумаи Гароисун аз лавҳаи Набонид дар соли 1966 мелодӣ бударо истинод меоранд. Дар тарҷумаи Гароисун аз пирӯзии Куруш дар набарди Аупис, ба дурӯғ вожаҳои куштор(slaughter) ва мардум (people) ҷойгузин шудааст. Пас аз интишори он ва бо эътирози бисёре аз пажӯҳишгарон, доктор Шоҳрух Размҷӯ матнро барои профессор Вилфард Ламберт, устоди донишгоҳи Бирмингем ва номдортарин коршиноси ҷаҳон дар заминаи хати мехӣ фиристод. Вай ёдоварӣ кард, ки тарҷумаи Гароисун иштибоҳ буда ва тарҷумаи дуруст чунин аст: Дар моҳи Тишрӣ, ҳангоме ки Куруш бо лашкари Акид дар Аупис набард кард, дар каронаи рӯди Даҷла, сарбозони Акид ақибнишинӣ карданд. Ў сарбозони (soldiers) Акидро мунҳазим ва шикаст дод… бояд ёдоварӣ кард, ки Гароисун шогирди профессор Ламберт будааст! … Танҳо ҷое, ки дар лавҳаи Набонид вожаи куштор (slaughter) омадааст онҷост, ки Набонид мегӯяд: дар моҳи тошриту, ҳангоме, ки Куруш дар ҳоли набард бо сарбозони Акид дар Аупис буд, мардум бар зидди ӯ-Набонид- шӯриш карданд, аммо Набонид ононро бо куштори бузург пароканда сохт… – пас чандон бедалел набуд, ки мардуми Бобул ба пешвози Куруш рафтанд» (Фаррух: 13-5).
Аммо барои касоне, ки бо матнњои асноди бостонӣ ошно нестанд, шояд шигифтовар бошад, ки чи тур мешавад, ки ҳокими Бобул инчунин ошкор аз куштор ва таваҳҳуши хеш сухан гуфта бошад. Бояд донист, ки то пеш аз замони Куруш дар миёни фармонравоёни Миёнрудон (Байнаннањрайн), куштори ғайринизомиён ва вайрон кардани шаҳрҳо на танҳо эроде надошт, балки маъмурияти муқаддас шумурда мешуд. Катибаҳои Саргони 2, Санохриб (Сеннахериб) ва Ашурбанипал намунаҳои бориз аз фарҳанги хунрезонаи он замон аст. Маншури Саргони 2 гӯяд: «Бидуни шикебоӣ ва барои гирдоварданиҳамаи нируҳояш, Саргон ба сӯи Ашудуд юриш бурд. Бо огоҳӣ аз омаданаш, Яманӣ –фармонравои Ашудуд- ба марзҳои ҷануби Миср гурехт ва дигар зоҳир нашуд. Ашудуд, Гот ва Ашудудем муҳосира ва тасарруф шуд ва худоёни Яманӣ, ҳамсараш, писаронаш, духтаронаш, ганҷҳо ва мардумонаш ба тороҷи пирӯзмандон даромаданд. Саргон бегонагонро дар шаҳр сокин кард» (Аҳмадӣ: 5)
Сангнигораи Санохриб дар бораи тасарруфи Уршалим (Иерусалим) ва Бобул мегӯяд: «Ман ба тундӣ онҳоро куштор кардам. Ман гулӯи онҳоро монанди гӯсфанд буридам. Ман зиндагии онҳоро монанди ресмон буридам. Ман хунашонро бар паҳнои замин ҷараён додам. Ман лабҳояшонро дўхтам ва ғурурашонро вайрон кардам… пас аз он, ки Бобулро вайрон кардам, худоёнаш, худоёне, ки ман хурд кардам, ман мардумашро дар ҳам шикастам… тарс ва ваҳшат аз Ошур бар онҳо фуруд омад…» (Аҳмадӣ:6). Эҳтимолан аз шарҳи катибаи Ашурбанипал дар юриш ба Элом огоҳӣ доред; Вай дар катибаи юриш ба Миср низ мегӯяд: «Ман ҳама шоҳонро дастгир кардам, дастон ва поҳояшонро бо ғулу занҷир бастам… ва ҳама мардуми Соъис, Пиндидӣ, Сил ва ҳама онҳое, ки дар шаҳрҳо боқӣ монда буданд… ҳеч марде нагурехт, баданҳояшонро ба сутунҳои чӯбӣ бастам. Пӯсти баданашонро кандам ва деворҳои шаҳрро бо онҳо музайян кардам» (Аҳмадӣ:6)
Инҳо намунаҳоест аз шева, маниш ва коркардиҳокимони Ховари Миёна дар рӯзгори тарсноки бостон. Пас бадеҳӣ буд, ки бархе аз фармонравоёни Миёнрудон ба содагӣ аз куштори ҳамагонии мухолифонаш сухан гӯянд. Ҳамчунин фаромӯш накунем, ки на танҳо дар даврони бостон, балки дар ҷангҳои мазҳабии садаҳои миёна ва ҳатто дар миёни гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва бунёдгаройи имрӯзӣ куштани «куффор» ва мухолифин фикри шомили савоб ва мағфират низ ҳаст.
Дар идома ва барои расидан ба дидгоҳи муносиб аз авзоъ, андеша ва фармонравоии эрониён дар он рӯзгор ба идома воковии асноди муҳимм мепардозем. Доктор Линт Митчелл, устод ва мудири маркази мутолиъоти Медитаронаи донишгоҳи Акстар дар посух ба гузораи машҳури Ксенофонт мабнӣ бар ин, ки мардумон ба гунае худхоста хоҳони фармонравоии Куруш буданд; Шарҳи ҷолибе аз дидгоҳи муаррихин ва нависандагон бузурги юнониро барои мо бозмегӯяд: «Ксенофонт нахустин касе набуд, ки шахсияти Куруш, подшоҳи садаи шашум пеш аз мелоди Порс ва Модро, ки импературиро аз каронаҳои Онотулӣ то Ҳинд поя гузорид ба гунае ормонӣ баён кард. Аз аввали садаи панҷуми пеш аз милод Куруш дар пиндори юнониҳо ба сони пешвои идеалї ва фармонравои қонунмадор таҷассум ёфта буд. Дар намоишномаи “Порсиён”-и Оисхулус, ки дар 472п.м дар Офино нигошта шуд… Куруш хушбахт ва меҳрубон тарсим шудааст. Дар торихи Ҳеродот ва китоби «Сиёсат»-и Арасту, Куруш оварандаи озодӣ барои эрониён аст.
Ҳамчунин дар китоби “Қавонин”-и Афлотун, Куруш шоҳе нек аст, ки тавозуни миёни бандагӣ ва озодиро бо эҷоди озодӣ ва сарварӣ ба дасти эрониён нисбат ба дигарон нигоҳ медорад. Афзун бар он ӯ–Куруш- иҷоза медод, ки эрониён андозае аз озодӣ ва баробариро дошта бошанд ва аз инрӯ,эрониён дар ҳангоми хатар эҳсоси эҳтиром ва вафодорӣ нисбат ба фармондеҳонашон доштанд… Куруши Афлотун демократ нест, аммо арзишҳои демократї, монанди озодӣ ва додгариро пуштибонӣ мекунад» (Митчел: 12). Доктор Митчел аз забони юнониён, яъне бузургтарин душманони Эрон дар он замон сухан мегӯяд ва бад-ин сон муҳри таъйидро бар ончи дар устувона ва дигар аснод омадааст, кӯбида ва ба некӣ нишон медиҳад, ки бузургтарин мардони Юнон дар он рӯзгор чи гуна дар ҳасрати доштани марде чун Куруш буданд. Ксенофонти юнонӣ нигариш ба ин мардро дар миён мардумони он рӯзгор чунин овардааст: «Куруш, ҳатто имрӯза бинобар сурудҳо ва достонҳое, ки то кунун дар Ховарзамин мондааст, табиаташ сохта шуда буд аз чеҳрае зебо ва қалбе аз ишқ ба мардум, дониш ва меҳрубонӣ» (Ксенофонт:3).
Матни китоби «Куруши бузург» , ки ба дасти Ҷокуб Обут дар соли 1878-и мелодӣ нигошта шуд (яксол пеш аз пайдо шудани устувонаи Куруш ба дасти Ҳумузи Расом) нукоте ҷолиб дар пай дорад, ки нишонгари биниши торихии суннатӣ ба Куруш аст: «Куруш ба сӯи шаҳр (Бобул) пеш рафт. Дастае бузургро дар баробари девори шаҳр гузорид ва дастаи кӯчактарро маъмур кард, ки аз бистари рӯди Даҷла вориди шаҳр шавнд… Вай (Куруш) сипас шуморагони зиёде аз коргаронро ба кор гирифт то бистари ҷадидро барои рӯд ҳафр кунанд. Ҳангоме, ки ин коноли ҷадид омода шуд дар як шаб обро ба самти коноли ҷадид ҳидоят кард ва ҷараёни рӯд ба самти шаҳр мутаваққиф шуд.
Сарбозон аз бистари рӯд вориди шаҳр шуданд ва девори кӯтоҳи канор рӯдро низ тасарруф карданд ва дар ҳоле, ки фармонраво машғули меҳмонӣ ва айёшӣ буд, ба гунае гиҷкунанда дарёфт, ки шаҳр ба таври комил ба дасти эрониён афтодааст» (Абут: 52). Ин ҳамонҷоест, ки Куруш бо таъкид мегӯяд, ки сарбозонаш ба оромӣ вориди Бобул шуданд. Тезҳӯшии Куруш ва фармондаҳонаш аз яксӯ, ва айёшиву беурзагии душманонаш, шаванди муҳимме дар пирӯзиҳои барқосои вай буд. Абут дар идома ишора мекунад, ки ҳадафи Куруш аз бозгардондан банӣ Исроил ба сарзаминашон он буд, ки монеае дар баробари мисриҳо эҷод кунад, зеро то пеш аз ин миёни мисриҳо бо Колдуниён душмании жарфе доштанд ва акнун, ки Куруш фармонравои Колдуниён шуда буд, мебоист ба дифоъ аз онон дар баробари душманонашон бипардозад (Абут:56)
Абут ҳушмандона парда аз розе бармедорад, ки барои дарки шароити он рӯз муҳим аст ва он ин аст, ки фармонравои ҷадид мерос дори тамоми дӯстиҳо ва душманиҳои фармонравои пешин мешуд ва хоста ё нохоста ба ҷангҳои паёпай кашонда мешуд. Шояд битавон чунин гуфт, ки Куруш аз оғоз дар андешаи падидории чунин шоҳаншоҳии бузурге набуд, аммо вай меросхори набардҳое шуд, ки аз муддатҳо пеш миёни сокинони фалоти Эрон бо мардумони Миёнрудон ва Осиёи кӯчак пайдо шуда буд. Агар ба торихи он замон бозгардем, силсилае паёпай аз набардҳои хунинро мебинем.
Аз сӯе набояд аз ёд бибарем, ки давлатҳои нируманд дар дарозои торих ҳамонанди якдигар рафтор кардаанд. Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ низ аз ин қоида ҷудо набуд. Куруш ва ҷонишинонаш барои таъмини амнияти марзҳои даруни фалот ногузир аз назорати сарзаминҳои перомун буданд, зеро садаҳои тӯлонӣ аз юришҳои паёпайи давлатҳои Бобул ва Ошур ба Элом, Порс ва Мод аз Бохтар ва сакоиҳо аз Шимол гузашта буд. Ин кор пештар бо дарҳам шикастани ошуриён ва сакоиҳои Қафқоз ба дасти Ҳухштра(Каёксор) оғоз шуда буд ва бо шикаст додани Боби-ул, Лидия ва сакоиҳои Фарорӯдон ба дасти артиши ҳахоманишӣ ба садҳо сол тозиш ва ғоратҳои хунини фармонравоёни Миёнрудон поён дода шуд ва то тозиши аъроб ба Эрон, ҳеч неруе аз миёни ақвоми cомӣ дар Бохтар ва зардҳо дар Ховар натавонист ба даруни сарзаминҳои эронӣ даст ёбад (ба ҷуз Искандар, ки аз фаросуи Осиё ба вайронии Эрон пардохт). Дар инҷо арзиши кори Куруш ва ҷонишинонашро беҳтар дармеёбем.
Ҳахоманишиён бо бахшбанди сотропӣ ва додани озодии мазҳабӣ ва барқарории тавозун дар мудирияти калон ва маҳаллӣ дар сарзаминҳои пайрави хеш ва посдорӣ аз марзҳои муштараки ҳама тираҳои шоҳаншоҳӣ, амният, оромиш ва оштиро бисёр бештар аз фармонравоиҳои кӯчаки пешин барқарор карданд ва ба мизони зиёде аз задухӯрдҳои қавмӣ ва қабилаӣ костанд. Сангнигораи Дориюш дар Нақши Рустам дар ин бора мегӯяд: «… бадиҳояшонро ба некӯӣ бозгардондам, мардумони сарзаминҳое, ки якдигарро мекуштанд, дигар якдигарро намекушанд, ба ёрии Аҳуромаздо ман ҳар касро дар ҷойи худ нишондам ва фаромини ман бар онон ҷорист то зӯрмандон аз нотавонон надузданд…» (Варстондик:12). Шояд касе бигӯяд, ки гуфтумони ин гунаи Њахоманишиён дар сангнигоштаҳояшон танҳо иддао бошад. Дар посух бояд таваҷҷуҳ шавад, ки онҳо ниёзе надоштанд чунин меҳрубон ва инсондӯстона сухан гӯянд, зеро дар даврони посухгӯӣ ба афкори умумӣ намезистанд, балки фармонравоёни пешинро низ ба ёд доштанд, ки чӣба мизони хашин сухан гуфта буданд ва касеро ёрои баробарӣ бо онон набуд. Дар ин бора ва дар идома ба решаи фарҳангӣ ва рафтори Ҳахоманишиён пардохта хоҳад шуд.
Ва инак поёни зиндагии Куруш: ба ҷуз Ҳеродот бештари муаррихони бостон бар марги табиии Куруш таъкид доштаанд. Ҳеродот ривоёти гуногунеро баён мекунад, аммо бештар бар ривояте такя мекунад, ки дар он омадааст, Куруш дар набард бо фармонравоии массагетҳо ба номи Таҳмряш(Тамарис-гӯиши юнонӣ) кушта шуд ва пайкари вай ба Посоргод бурда шуд ва Катсиёс гуфтааст, ки Куруш дар ҷанг бо сакоиҳо захм бардошт ва дар Посоргод даргузашт (Пирниё:83).
Дар мавриди ононе, ки гуфтаанд, ки Куруш дар набард бо сакоиҳо кушта шуд, чанд нуктаи муҳимм вуҷуд дорад: аввал ин, ки ҳар хирадманде медонад, ки ҳамли пайкари мурда дар масофаи наздик ба се ҳазор километр дар он рӯзгор ва дар дунёи пеш мумкин нест. Дуввум; профессор Фрай мегӯяд,“эҳтимолан достони Ҳеродот сохтагӣ аст, чаро, ки Осиёи Миёна ба дасти Куруш афтод ва шаҳри Соирсчото (Курушшаҳр, Соирупулис ба юнонӣ) дар дурдасттарин ҷои сотропии Суғд буда, ки пирӯзиҳои ховарии вайро бар сакоиҳо исбот мекунад (Фрай: 1995). Саввум, раванд рӯйдодҳои пасин нишон медиҳад, ки бар хилофи иддаои муаррихи юнонӣ Куруш дар набард бо Таҳмряш пирӯз шуда буд: Камбуҷия танҳо се сол подшоҳӣ кард ва дар ин замон низ танҳо ба набард бо мисриён машғул буд.
Пас аз вай низ Дориюши бузург дар замон се сол бо шӯришҳои паёпай рӯбарӯ буд ва билофосила дар ёдкарди ин шӯришҳо аз ором сохтани сакоиҳо ва дастгирии Сукунхо фармондеҳи шӯришиёни сакої мегӯяд, ки массагетҳо низ яке аз гурӯҳҳои онҳо ба шумор мерафтанд (чеҳраи эронии Сукунхо фармонравои сакоҳо дар Бесутун ошкор аст). Аз гуфтаи Дориюш дар катибаи Бесутун пайдост, ки сакоиҳо пеш аз вай дар густараи Ҳахоманишиён буданд ва ин замон танҳо метавонад ба рӯзгори Куруш бозгардад, зеро дар ин се сол Дориюш замоне барои марзкушоӣ надошт. Вай дар сангнигоштаи Нақши Рустам аз ҳарсе гурӯҳи сакоиҳо, ки ҷумлагӣ аз табори эронӣ буданд, ёд мекунад: «сакоиҳои тезхӯд (тигрохуто), ҳум ошом(ҳоъумоворго), фародарё(Породароё)». (Варстондик:12)
Бо ин ҳама дар посух ба пантуркҳо, ки сакоиҳоро аз тираи турк медонанд ва Таҳмряш (Томирис)-ро низ ба гунае музҳик маликаи туркон менамоёнанд(!!!), чанд гувоҳ ва санади генитикиро аз сарзамин ва табори сакоиҳо оварда мешавад, ки рӯшан мекунад сакоиҳо ориёӣ ва умуман баланд ва чашмобӣ будаанд: пажӯҳиш генетики бостонӣ дар сайтҳои Зиунг-нав(Ҳиун нав) ва Огинкул дар шимоли Муғулистон нишон медиҳад, ки нахустин нишонагони бошандагии зардпӯстҳои чашмбодомӣ дар ин манотиқ ба 2300 сол пеш ва ба сурати омехта бо ориёҳо (бо муҳоҷират аз марзҳои шимолитар) мерасад ва то пеш аз ин, сарзаминҳои ахир дар ҳавза нишемани ориёҳои сакоӣ будааст(Киср-тароку:2003). Вазъияти таборӣ дар миёни сокинони сарзамини Лекён дар шимоли Чин ва марзи ховарии биёбони Губӣ низ дар он замон чунин будааст. (Чойнодили:2100).
Ҳамин тавр, озмоиши генетикӣ ва таборшиносӣ бар рӯй пайкарҳои пайдошуда аз кӯҳистони Олтой дар Қазоқистон номвар ба мумиёиҳои сакоӣ, ки фартури он дар зер меояд-, сойтҳои Новосибирск ва Авлун-Курин-кул дар ҷануби Русия ва Тотористон нишон аз он дорад, ки мардумони ин сарзаминҳои густурда аз замонҳои дур то ду ҳазор сол пеш аз ориёҳои сакоӣ бо мӯҳои балванду чашми обӣ будаанд (Коре:2008). Ҷудо аз пажӯҳишҳои ёдшуда, баррасиҳои ёдшуда бар рӯйи сойтҳои канори рӯдхонаи Торем дар Синкиёнги Чин баёнгари чирагии сакоҳои ориёӣ аст (Чун-зиёнг ва ҳамкорон:2010).
Акнун агар тамоми пажӯҳишҳои генетикӣ дар сарзаминҳои шарќ ва шимолу шарќи фалоти Эрон, Фарорӯдон (Мовароуннаҳр), ҷануби Русия, биёбони Губӣ, Марказ ва Бохтари Чин то рӯзгори Ашконӣ дар чирагии гурӯҳҳои ориёии тахорӣ, сакоӣ ва балвандҳои Наврудик будааст ва дар давраи Ҳахоманишӣ ва оғози Ашконӣ кӯчактарин радди пое аз зардпӯстҳои муғулӣ ва тираҳои пасини Ҳун ва турк дар ин навоҳӣ набудааст. Бинобар ин, ончи аз сӯи пантуркистњо дар бораинабарди Куруш бо сакоиҳо ёд мешавад, бисёр кӯдакона ва ношӣ аз таблиғоти таҷзияталабонаи касонест, ки аз ҳар василаи беарзише барои таблиғоти идеологї ва фирқаии хеш суд меҷӯянд.

Фотима Раво
Баргардонанда С.Алиев
Таҳияи А. Суруш.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: