Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд

23-03-2020, 17:26
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидона орзу карданд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ доир ба шукуҳу шаҳомати ҷашни хусравонӣ, эҳё ва риояи анъанаву суннатҳои неки аҷдодон, тадбирҳои созандагӣ, тозагию озодагии муҳит ва хонадон, иҷрои корҳои саховатмандона бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд, ки аз рукнҳои хоси наврӯзи ниёгон аст, андешаронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми вилоятро дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ неку назаррас арзёбӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ватандӯсти вилояти Суғд дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ мондаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо бомаром идома дорад.
Дар охир бори дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни ҷашни наврӯзиро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат аҳли ҳунар ва устодони санъати кишвар барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзӣ карданд, ки хеле хотирнишин буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: