Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихобот тараннумгари суботу амният ва озодии баён

Интихобот тараннумгари суботу амният ва озодии баён

4-03-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 36 нафар
Назарҳо: 0
Интихобот  тараннумгари  суботу амният ва озодии баён
«Миллати тоҷик ҳар гоҳе заррае имкон ёфт, боз мисли мурғи самандар аз зери хокистар ба осмон бол кушод»
Попов А., олим рус

Мудирияти волои касбии роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, ки интихоботи парламентиро дар сатҳу сифати посухгӯи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намуд, шоистаи таҳсин ва ситоиш аст. КМИР аз он ҷиҳат набзи вазъияти ҷумҳуриро ба инобат гирифта, раванди интихоботиро тавре ташкил ва баргузор намуд, ки дар он ҳам эҳтироми хоса ба суннатҳои миллӣ ва ҳам тамоми дастовардҳои технологияи муосир дар соҳаи ҷараёни интихоботи ҷахонӣ дар мадди назар гирифта шуда буданд. Ин ҳамоҳангии комили унсурҳои таъсиргузори миллӣ ва ҷаҳонӣ ҳамовозии комилро дар зеҳни ҳар як интихобкунанда ба вуҷуд овард. Ҷойизи таъкид аст, ки масъулони КМИР талаботи илми муосир «public relations» (афкори мардумӣ)-ро дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамчун маҳаки асосии фаъолият қарор доданд. Тибқи қонуни меҳварии «public relations» сухану шиорҳо танҳо дар сурате муассир ва мафкурасозанд, ки ба таври мутавозин бо натиҷаи мушаххаси пӯшиши амалӣ ороста бошанд. Аз ин бармеояд, ки кормандони КМИР ҳамқадами замон буда, шаҳрвандони ҷумҳуриро ба иштироки фаъол ташвиқ кард.
Лозим ба ёдоварист, ки шӯру шавқи фаъолияти сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар ташкили раванди интихобот на камтар аз дохили ҷумҳурӣ буд. Издиҳоми шаҳрвандони иштиёқманд, ки новобаста аз боду ҳавои сард бо риояи тартибу низоми истисноӣ дар назди дарвозаҳои намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистони азиз навбат мепоиданд, то овози худро ба шахс ва ҳизби мавриди назар бидиҳанд, сазовори ҳама гуна арҷгузорист.
Ба андешаи нависанда Абдулҳамид Самадов «Нодиртарин арзиши давлату давлатдории навини мо – Истиқлолият, ки 25 (30-сола) мешавад, ба мо имконият фароҳам овард, ки нарму бафурсат роҳи тайкардаи миллатамонро биомӯзем, аз нокомиҳоямон дар таърих сабақ бигирем, дар сангари ҳимояи манфиатҳои миллат, ҳифзи сарзамин, ободу зебо кардани Ватан ва рангину пурнеъмат сохтани рӯзгори бошарафона зираку ҳушёр ва дилсӯзу фидокор бошем. то ки озодиву Истиқлоли Тоҷикистон чун кӯҳсоронамон то абад устувору пойдор бимонад».
Дар ҷаҳони пурталотуми муосир сиёсатмадор касеро ном мебаранд, ки дар шинохти масъалаи сиёсати дохилӣ ва ҷаҳони муваффақ аст ва дар таъмини амнияту субот ва беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии миллати хеш саҳмгузор мебошад. Ҳамчунин, сиёсатмадор касест, ки ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ ва давлатдории Ватани хеш, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷи кишвараш, ҳимоят мекунад.
Интернет-оппозитсия, ки гардонандаи он гурӯҳҳои бегона ва парокандаи фирорӣ ҳастанд, дар муборизаи иттилоотӣ, ки дар мавзӯи интихобот доғ шуда буд, пурра бохт. Бозанда будани ин доираҳои кӯтаҳфикр дар ин мубориза дар асоси чанд омилҳо сурат гирифт: 1, Набуди кормандони ҳирфавӣ дар таркиби наҳзат. Бо тафаккури нақши кулух ва эзор намешавад, кореро анҷом дод; 2. Бесаводии саросарии аъзои роҳбарӣ ва қатории наҳзати фирорӣ; 3. Адами эҳсоси баланди миллӣ; 4. Бо даъватҳои душманона дар зеҳни шаҳрвандон, хотираи солҳои ҷанги шаҳрвандиро зинда карданд. Мардум дар симои наҳзат душманро мебинад ва ин масъала дар моҳи охир, боз ҳам афзалият пайдо кард; 5. Қарор доштан дар хориҷи кишвар, наҳзатро бо мардум дур карда, фосиларо афзоиш додааст ва 6. Охируламр наҳзат амалан, ҳоло як қувваи хориҷии комилҳуқуқ аст, ки бо ин миллат ҳеҷ умумият надорад.
Шаҳрвандон аз бархӯрди ифротгароёна ва таҳрикомези ҳалқаҳои ҷангандоз безоранд. Шаҳрвандон кишвари ором ва босубот мехоҳанд, на гӯш додан ба ёвасарони ҳизбе, ки заминаи муноқишаро муҳайё месозанд. Чун барои хонанда сухан мегӯем, бо равшанӣ бояд гуфт, ки наҳзат аз тамоми имкониятҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ маҳрум гардида, амалан (де факто) ба бахши аврупоии ДИИШ табдил ёфтааст. Онҳо рӯз то рӯз бинобар дар шароити сангини муҳочират, ифротитар шуда мераванд. Ин гурӯҳи пароканда аз мушкилоти ҷузъии маишатӣ сӯистифода мекунанд. Тоҷикияти ин ҳизб ба сирф баробар шудааст. Онҳо ба тағйироти ҳувиятӣ дучоранд, ҷангҷӯ ҳастанд ва оштинопазир.
Ҳамин тариқ, бо ҷамъоварии ҳамаи ин омилҳо ва таҳлили иттилооти рӯз, ба хулосае омадан мумкин аст, наҳзат моли таърих шуд.

Озодии судманд он бошаду бас,
К-аз вай нарасад зиён ба озодии кас.
Шодон Султон, корманди телевизиони Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: