Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «212 нафар занону кӯдакон аз Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»

«212 нафар занону кӯдакон аз Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»

19-02-2020, 08:00
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
  «212 нафар занону кӯдакон аз Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди гуфтушунидҳо дар бораи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳҳои Сурия ба Ватан идома дорад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз доштааст.
Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷӣ, имрӯз тақрибан 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд.
«Музокирот барои ба Ватан баргардонидани 212 нафар занону кӯдакон — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳои мухталифи таҳти назорати Ҳукумати расмии Димишқ ва Қувваҳои демократии Сурия мебошанд, идома доранд», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Музокирот оид ба баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия инчунин бо ЮНИСЕФ ва Салиби Сурх ба роҳ монда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: