Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДИИШ: БАРГАШТ БА ЗИНДАГИИ АСРИМИЁНАГӢ

ДИИШ: БАРГАШТ БА ЗИНДАГИИ АСРИМИЁНАГӢ

16-01-2020, 15:30
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
ДИИШ: БАРГАШТ БА ЗИНДАГИИ АСРИМИЁНАГӢ
Чанде пеш дар сайтҳҳои иҷтимоӣ ду наворе бо номҳои «Занони шиканҷагари ДИИШ» ва «Мазлума бо ҷаллод рӯ ба рӯ шуд», пахш гардид, ки ҳар ду ваҳшонияти гӯшношуниди сарбозони «ДИИШ»-ро фош мекунад. Тамошо ё шунидани ин достонҳо ҳатто одами солимро ба риққат оварда, нафрати беандозаро нисбати чунин симоҳои дар сурати одамӣ, вале дар сират ваҳшӣ бедор месозад. Достони якум – «Занони шиканҷагари ДИИШ» аз забони Ойиша-пулиси занонаи ДИИШ ва дувумӣ– «Мазлума бо ҷаллод рӯ ба рӯ шуд»- аз забони Шивоқ-духтари эзидӣ садо медиҳад.
«ЗАНОНИ ШИКАНҶАГАРИ ДИИШ»

– Исми мустаъори Ман-Ойиша аст. Дар шаҳри Раққаи Сурия ба дунё омадаам. Замоне ки шаҳр ба дасти ғайриҳукуматиҳо афтод, шавҳари ман ҷиҳодӣ буд. Дар яке аз ҷангҳо алайҳи артиши Башор Асад шавҳарам кушта шуд, ман бо се фарзандам бесаробон мондем. Зиндагӣ рӯз то рӯз бароямон мушкил мешуд, кӯдаконам гуруснагӣ мекашиданд. Ба шаҳр бидуни маҳрам баромадану кор ҷӯстан мумкин набуд, пулиси мазҳабӣ дастгир мекард ва шаллоқ мезад.
Як рӯз эълоне дар шаҳр пахш шуд, ки ДИИШ занонро ба артиши худ мегирад, тавассути зане ман ҳам ба пулисхонаи шаҳр ворид шудам. Сарпулиси шаҳр, ки марди хашин ва ришу мӯйи дарози сиёҳ дошт, дар ҳузури ду зани ҳиҷобпӯш ман ва он занро аз Қуръон имтиҳон гирифт. Ман, ки бесавод будам, аз имтиҳон нагузаштам, вале мард ба қадду басти ман нигоҳ карда гуфт, ки «ба мо мисли ту занони қадбаланд ва боқувват лозиманд, то аз уҳдаи шаллоқ задан бароянд». Ҳамин тавр, ман баъди се моҳ, ки савод баровардаму каму беш бо қироати Қуръон ошноӣ пайдо кардам, ба сафи пулиси мазҳабии занонаи шаҳри Раққа пазируфта шудам. Тӯли ин се моҳ пулиси шаҳр ба ман кумак мекард.
Дар қитъае, ки мо панҷ нафар занон ба ҳайси пулиси мазҳабӣ иҷрои вазифа доштем, сардори дастаамон Умми Уқбо ном дошт. Вай зани хеле бераҳму ҷарроре буд. Мо-занони ба якдигар бегона аз Умми Уқбо сахт тарс доштем, зеро ӯ дар ҳар лаҳза метавонист моро аз хидмат берун кунад, ин бароямон марг ҳам буд. Мо ҳар рӯз 5-10 ва то 20 нафар занонро, ки назмро вайрон мекарданд (онҳоеро, ки ҳиҷобашон кӯтоҳ буду мӯяшон намоён, либоси танг пӯшида ҷаззобият доштанд, нохунҳояшон рангкарда ва ғайра) ба қитъа меовардем. Умми Уқбо бо он бераҳмии фавқулода фармони ҷазоро содир мекард, занон зери шаллоқ қарор гирифта,ДИИШ: БАРГАШТ БА ЗИНДАГИИ АСРИМИЁНАГӢ то беҳолу аз ҳуш рафтанашон латукӯб мешуданд. Агар зан ҳомила ҳам мебуд, фарқ надошт, шаллоқ мехӯрд ва бачаашро дар ҳузури мо аз шикамаш мепартофт. Агар ранги нохуни занони дастгиршуда сиёҳ мебуд, мо бо анбӯр нохуни эшонро мекандем. Намудҳои ҷазои мо иборат аз неш задан тавассути сӯзан ба ҳар қисмати бадан, газгирӣ (газидани сина) ва бо тасма шаллоқ задан буд. Ҳар зане, ки мавриди ҷазои мо қарор мегирифт, шояд то охири умр он латукӯбро фаромӯш накунад.
Мо ҳар кадом кори худро иҷро мекардем, аз якдигар тарс ҳам доштем, зеро аз ду як нафари мо хабаркаши сарпулиси шаҳр, шахсе бо исми Абӯ Умар буд. Вай марди миёнақади мӯйи сару ришаш ба ҳам омада, кас аз ҳайбати вай метарсид. Ин ҷаллод баъзан ба қитъаи мо омада, иҷрои ҷазоро тамошо мекард. Аз вай бӯйи алкул (шароб) ва сигор меомад. Бояд бигӯям, ки аксари мардону занони пулиси Раққаъ пинҳонӣ шароб менӯшидану сигор мекашиданд. Абӯ Умар марди бадахлоқ ҳам буд, аз миёни занони дастгиршуда агар нафаре «писандаш» меомад, ӯро интихоб мекард ва бо худ мебурд ва мегуфт, ки ӯро никоҳ мекунад. Аз он ҷое, ки ман медонам, Абӯ Умар беш аз дусад занро ба никоҳи худ дароварда буд.
Тирамоҳи соли 2017 Раққаъро русҳо ва ҳукуматиҳо озод карданд. Ман либоси пулиси мазҳабии «ДИИШ»-ро партофта, зиндагиро бо кӯдаконам дар ҷойи дигар интихоб намудам. Ман он қадар тарс надорам, зеро ҳангоми иҷрои вазифа сару рӯйи мо-занони пулиси мазҳабӣ зери чодир буд, танҳо даҳону чашмонамон кушода, номҳои мустаъор доштем. Ҳоло ки он рӯзҳои мудҳишеро, ки ба ҷаҳаннам шабоҳат дошт, қисса мекунам, ҷисму ҷонам меларзад, ман, зане, ки ба қавле отифааму чи тавр ба як ҷаллод табдил ёфта будам, ба он ҷавоб меҷӯям. Ба занон муроҷиат карда мегӯям: зан набояд ҷаллод шавад, вай пас аз Кирдугор дар руйи замин дувумин холиқ аст. Худованд маро бубахшад.
«МАЗЛУМА БО ҶАЛЛОД РӮ Б А РӮ ШУД»

Шивоқ-духтари эзидӣ , ки имрӯз бистсола аст, шаш сол боз оромӣ надорад; рӯҳан азоб мекашад, мехоҳад худро ҷамъу гир намояд, қалби пора- пораашро марҳаме бахшад, аммо наметавонад. Он рӯзҳои даҳшатбор ҳанӯз пеши рӯяш аст.
Ҷаллодони бо ном «Давлати исломӣ» шаҳраки Санҷарро, ки дар ҷануби Ироқ воқеъ аст, ишғол карда, чун гургону шағолон сокинони оташпарсти онро шикор карда, зери шаллоқу латукӯб ва азобҳои алим қарор медоданд. Шивоқи 14-солаи соҳибҷамолро ҷиҳодии хуношоми қатарӣ ба канизӣ гирифт. Коре, ки ин ҷавони ба сурати ҳайвон анҷом дод, дар рӯзи аввал ба Шивоқ таҷовуз кард ва ӯро зиндонӣ сохт. Шивоқ ҳис кард, ки зиндагӣ бо ӯ падруд мегӯяд, вай барои ин ҳайвон арзише надошт, ҳар вақт мавриди таҷовуз қарор мегирифт, диишӣ нохунҳояшро канд, чанд ҷойи баднашро чок-чок кард. Ҳамин тавр, Шивоқ муддати беш аз як сол яке аз канизони хуношоми диишӣ буд.
Шаҳри Санҷар баъди ду соли тасарруфи ҷаллодони «ДИИШ» тавассути амрикоиҳо ва артиши Ироқ озод гардид. Шивоқ фавқулода зинда монда буд. Яке аз созмонҳои байналмилалӣ Шивоқ ва чанд нафар духтари дигари эзидиро, ки мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта буданд, ҷиҳати муолиҷа ба Олмон интиқол доданд. Дар он ҷо Шивоқ хонаводаи худро пайдо кард, падару модар ва амакаш тасодуфан зинда монда буданд.
Баъди ду сол Шивоқ бо аҳли хонаводаи хеш ба Ироқ баргаштанд. Шивоқ ҷисман шифо ёфта буд, аммо рӯҳан не. Мехост аз он ҷаллоди хуношоми диишӣ интиқом бигирад. Як бегоҳ телевизиони Бағдод лаҳзае аз пурсуҷӯ ва тафтиши асирони дииширо намоиш дод. Шивоқ ҷаллодеро, ки ӯро таҷовуз карда буду асир, шинохт. Хост ин ҳайвони одамсуратро аз наздик бубинаду ба чашмонаш бингарад ва як саволеро, ки пеш аз таҷовуз шуданаш ба вай дода буд, онро такрор кунад: «Ман хоҳарат ҳастам, духтарат ҳастам, ба ман раҳм кун, маро бадбахт насоз»
Муроҷиати Шивоқро пулиси Бағдод дастгирӣ кард. Акнун Шивоқ-духтари 19-солаи эзидӣ чун шахси воқеӣ, мазлума ва таҷовузшуда дар муҳокимаи яке аз парвандаҳо ва баровардани ҳукми одилона шоҳид аст. Шивоқ бо роҳнамоии додгустари (вакил) ботаҷриба Тариқ роҳи зиндонро пеш гирифт. Ҷавони 30-солаи қатарӣ, ҳамоне ки Шивоқро таҷовуз карду ду сол азобу шиканҷа дода буд, дасту по дар завлона дар муқобили Шивоқ қарор гирифт. Шивоқ, бо вуҷуде, ки риши ин ваҳшӣ тарошида шуда буд, ӯро шинохт. Шавоқ дар ҳоле, ки аз дарду алам меларзид, садо кашид; «Эй ҷаллоди ваҳшӣ ба чашмони ман нигоҳ кун, ман Шивоқ ҳастам, ҳамоне ки маро дар 14-солагӣ таҷовуз кардӣ!» Аммо диишӣ сар баланд намекард, наметавонист ба чашмони духтаре, ки он замон мисли парандаи кучаке зери пояш пару бол мезад, нигоҳ кунад. Шивоқ хост саволашро бори дигар такрор намояд, вале аз ҳуш рафт... Суди ҳарбӣ ҳукми одилона- эъдоми ҷаллоди диишӣ М. Л.-ро барои қатли оммавии эзидиҳо ва таҷовуз ба номус баровард.
Бурҳон Салмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: