Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сафир Элис Уэллс: Пешрафти Тоҷикистон шигифтангез ва хушҳолкунанда аст

Сафир Элис Уэллс: Пешрафти Тоҷикистон шигифтангез ва хушҳолкунанда аст

8-01-2020, 18:00
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Сафир Элис Уэллс: Пешрафти Тоҷикистон шигифтангез  ва хушҳолкунанда аст
акс аз сомонаи ВКХ

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ сафир Элис Уэллс ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Номбурда аз омаданаш ба Тоҷикистон болидахотир буда, пешрафти кишварро ҳайратовар тавсиф кардаст:
«Бозгашт ба Тоҷикистон боиси хушнудии ҳақиқист. Тақрибан 28 сол қабл, ману шавҳарам кӯшиш ба харҷ додем, ки аввалин сафорати ИМА дар Душанберо кушоем. Дидани пешрафти Тоҷикистон ҳайратовар ва хушҳолкунанда аст. Аммо чизе, ки ҳамеша пойдор асту маро бештар ҳайрон мекунад, - ин зебоии мамлакати шумо ва меҳмоннавозии мардуматон мебошад. Инак, бори дигар ташаккур барои пазироии самимиатон».
Дар давоми сафарои корияш хонум Сафир Элис бо як қатор мансабдорони воломақоми Тоҷикистон гуфтугӯ ва вохӯриҳо анҷом дода, доир ба ҳамкориҳои мустаҳкам байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон сӯҳбат мекунад. Ӯ ҳангоми ташрифаш бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вохӯрӣ намуда, ҳар ду ҷониб ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи амният табодули назар карданд. Зимни баррасии мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Гуфта мешавад, ки мавсуф инчунин ба Маркази амрикоӣ дар шаҳри Бохтар сафар карда, бо толибилмоне, ки забони англисиро тавассути барномаи Access Microscholarship Program меомӯзанд, вохӯрд. Бо дастгирии сафорат ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Бохтар, Хоруғ, Ғарм, Панҷакент, Исфара ва 20 барномаҳои омӯзишии забони англисӣ Access дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ин барномаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконият медиҳанд, то ки забони англисии худро такмил диҳанд, филмҳои амрикоиро тамошо кунанд, дар маҳфилҳои мубоҳисавӣ ва дар як қатор чорабиниҳои дигар иштирок кунанд.
Сафир Элис Уэллс аз сафари ба Тоҷикистон анҷомдодааш изҳори хушнудӣ карда, муносибати ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Амрико хеле хуб арзёбӣ мекунад.

Г. Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: