Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили фарорасии Соли нав муқобили шариат нест!

Таҷлили фарорасии Соли нав муқобили шариат нест!

27-12-2019, 13:07
Хабарро хонданд: 29 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили фарорасии Соли нав муқобили шариат нест!Таҷлили фарорасии Соли нави мелодӣ, агар ба дин муносибат дода нашавад, муқобили шариати Ислом нест. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Тавре котиби матбуотии Кумита Афшини Муқим гуфт, Соли нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба сифати як ҷашни тақвимӣ таҷлил мешавад. Яъне, тоҷикистониён низ дар қатори миллионҳо нафар мусулмонон дар саросари дунё дар радифи дигар иду ҷашну маросим аз Соли нав ҳам истиқбол мекунанд.

«Мутаассифона, гурӯҳу афроде ҳастанд, ки аз таҷлили Соли нав ҳангомаҷӯӣ карда, бо ҳар баҳонае мехоҳанд ба эҳсоси диниву мазҳабии мардум нохун бизананд. Аммо воқеият ин аст, ки дар ҷомеаи мо Соли нав ҳамчун ҷашни диниву мазҳабӣ пазируфта нашуда, балки он як ҷашни тақвимӣ ё ба истилоҳ ҳисоботист, ки аз бурду бохти соли гузашта натиҷагирӣ ва барои як соли баъдӣ барномарезӣ сурат мегирад»,-таъкид намуд ӯ.

Бино ба ақидаи котиби матбуотии Кумитаи дин, танзимит анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ, далели воқеан ҷашни тақвимӣ будани Соли нав он аст, ки дар ҷомеаи мо ҳамдигарро бо ифодаи «Соли нав муборак!» самимона табрику таҳният мегӯянд ва изҳори орзуҳои нек мекунанд. Таъбири «мелод муборак» ё ҳар ифодаи марбут ба мелоди Паёмбар Исо аслан дида намешавад. Гузашта аз ин, ба мақоми ваколатдор ҳам аз ҳеҷ гуна ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ барои баргузории ба истилоҳ ҷашни диние дар арафаи соли нав муроҷиат нашудааст.

«Аз ин лиҳоз, — мегӯяд Афшини Муқим, — додани ҳар гуна тобиши динӣ дар масъалаи таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон ба манфиати кор набуда, баръакс, сабаби ба миён омадани фитнаву ҳангомаҳо мегардад».

Хотиррасон мешавем, ки қаблан Раиси Шӯрои муфтиёти Федератсияи Россия шайх Равил Гайнуддин ва Роҳбари Маркази тамаддуни исломии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шайх Абдулазиз Мансур низ дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон иброз намуданд, ки таҷлили Соли нави мелодӣ муқобили шариати Ислом нест.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: