Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сахттарин рӯзи Макка

Сахттарин рӯзи Макка

5-12-2019, 15:55
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Сахттарин рӯзи Макка
Дар бораи ин ошӯб ва қатли садҳо мусалмон мақола ва таҳқиқҳои зиёд ва китобҳо нашр шудаанд.
Аммо боз ҳам моҳияти он барои ҷомеаи имрӯз, ки зуд- зуд аз амалкардҳои терористӣ бохабару нороҳат мешаванд, хира боқӣ мемонад.
Мафҳуми рӯзи қиёмат барои ҳар яке аз мо ошност ва ҳар фарди мусалмон ба расидани он бовар дорад. Агарчи касе гуфта наметавонад ва касе ҳам намедонад, ки он кай фаро мерасад. Дар осори динӣ танҳо нишонаҳои зиёде аз рӯзи қиёмат гуфта шудааст: ғун шудани сарвати аз ҳад зиёд, ки ҷомеаро ба осият (тардид) мебарад, эътибор ёфтани фолбинҳо ва бовар ба онҳо, боридани жолаи оташ ва ривоҷ ёфтани бародаркушӣ...
Аммо он рӯз дар Макка саркардаҳои амали террористӣ дар мавъизаҳояшон мардумро бовар мекунониданд, ки қиёмат наздик аст.
20 ноябри соли 1979 дар масҷиди марказии Макка, ки дар ҷаҳони ислом бо номи ал- ҳарам машҳур аст, ҳазорҳо нафар ба мисли ҳар рӯзи дигар машғули ибодату зиёрат буданд. Вале лаҳзае фаро расид, ки таркишу тирандозиҳо ва оташ гирифтани дохили масҷид ин оромиро аз байн бурд. Зоирони ин макони муқаддас ба ҳарос афтоданд ва намедонистанд, сари худро ба куҷо халанд, то эмин бимонанд. Шояд гумонашон ин буд, ки рӯзи қиёмат фаро расидааст.
Дар солгарди ин ҳодисаи мудҳиш баъзе аз расонаҳо матолиберо нашр карда, ёдовар шуданд, ки дар он қариб 1000 нафар қурбон шуданд. Муҳимтар аз ин, муҳаққиқон бо зикри ин ҳодиса ёдовар мешаванд, ки чӣ касоне паси он қарор доштанд, сабаби сар задани ҳодиса чӣ буд ва чӣ гуна ин шӯриш ба ояндаи Ховари Миёна таъсир гузошт?
Ангезаҳо
Дар миёнаҳои асри ХХ Арабистони Саудӣ бо суръат дигаргун мешуд. Он ба як кишвари бузурги истихроҷкунанда табдил ёфта, ҷойгоҳи хосе на танҳо дар Шарқи наздик касб кард, балки дар ҷаҳон эътибораш беш аз беш меафзуд.
Шоҳ Файсал, писари сеюми хонаводаи шоҳ Абдуазиз ибни Сауд дар сари қудрат буд. Кишвар замони роҳбарии ӯ дар соҳаи истихороҷи нафт босуръат рушд карда, охири солҳои 1960 ва оғози 70-ум истихроҷи онро се баробар афзоиш дод. Чунин пешрафт ба Арабистон имкон медод, агар иродаи худро ба кишварҳоиҒарб боркарда натавонад ҳам, онҳоро метавонист водор ба шунидани суханонаш кунад. Агар ба шоҳи Арабистон чизе хуш намеомад, акнун имкон дошт таҳдид ба қатъи фурӯши нафт ба бозори ҷаҳонӣ кунад.
Чунин як иқдоми Арабистон, аллакай дар соли 1973 боиси буҳрони бузурги энергетикӣ гардида буд. Он вақт, кишварҳои ғарбӣ зуд бо саудиҳо забон ёфтанд, то ки нафташонро дубора ба бозор бароранд. Дар солҳои баъдӣ нархи ин сӯзишвории муҳим ҳамешаболо мерафт ва боиси он шуд, ки Арабистон ба яке аз кишварҳои сарватманд табдил ёбад.
Валеба гуфтаи муҳаққиқон, барои аксарияти ҷамъият, аз ин фоида чизе намерасид, бинобар ин, аҳолӣ ба ҳар дигаргуние, ки дар шоҳигарӣ мешуд, бо шубҳа нигоҳ мекарданд. Мардум кам-кам аз тарзи зиндагӣ ва рафтори шоҳзодагони саудӣ ҳам норозигӣ мекарданд, ки ба корҳои дар ислом манъшуда машғулбуданд.
Тамоюлҳои нав аз сӯйи мутакаллимон (теолог)-ҳои маъруфи кишвар ҳам ҷо–ҷо маҳкум мешуд. Хусусан, пайдо гардидани аломатҳои радикализм дар сиёсати кишвар ва амалкардҳои шоҳ Файсал саволҳои зиёдеро ба миён оварда буд.
Ин норозигиҳо буд, ки соли 1975 подшоҳ аз сӯи бародарзодааш бо зарби тир кушта шуд. Пас аз марги Файсал бародари хурдиаш Холид ба тахт нишаст ва сиёсати муътадилтарро пеш гирифт, вале ин мавҷи эътирозҳоро кам накард, зеро усули идораи оилаи салтанатӣ, истифода аз сарватҳои ҷамъшуда, коҳиши сатҳи одобу ахлоқ дар кишвар ҳанӯз ба шакли пешин давом меёфт.
Он замон, дар байни донишҷӯён ва толибони мактабҳои динӣ нафароне пайдо шуданд, ки аз сухан ба амал даъват мекарданд. Шумораи «фанатикҳо» ҳам зиёд буд, ки аксар аъзои гурӯҳи «Бародарони мусалмон»-и Миср будани худро пинҳон намекарданд. Онҳо пас аз ташкили эътирозҳо дар ин кишвар, аз тарси он ки аз суи неруҳои президенти вақти Миср Ҷамол Абдул Носир дастгир ва зиндонӣ мешаванд, ба Арабистон гурехта буданд.
Роҳбари ин гурӯҳ Ҷуҳайман ал-Утайбии 43-сола буд. ӯ солҳои 1955-1973 дар Гвардияи миллии Арабистони Саудӣ хидмат карда, баъд ба Мадина кӯчиду ба таҳсил дар донишгоҳи исломии ин шаҳр пардохт, пас аз хатми он ба шаҳри Риёз омад.
Баҳори 1978, каме пеш аз исёни ал-Ҳарам, дар чопхонаи Кувайт китобчаи Ҷуҳайман бо номи «Ҳафт паём» нашр гардид, ки дар он сулолаи Саудӣ, ки гӯё тақвои исломиро фаромӯш намуда, ба пулу сарват худро таслим кардааст, интиқод мешуд. Он дар кишвар паҳн шуд ва садҳо нафарро ба ҷонибдории ал- Утайбӣ кашид.
Дар миёни тарафдорон донишҷӯи Донишгоҳи Риёз Муҳаммад ал-Каҳтонӣ низ буд. ӯ ҷавони зебо ва табъи шоирона дошт, аммо дар якҷоягӣ бо дигар ҳамсабақон ба доми таблиғоти заҳрогини ал-Утайбӣ афтод.
Ал-Каҳтонӣ замоне шумораи тарафдоронаш афзуд, худро Маҳдиизамон эълон кард, нафаре, ки бояд, бино ба ривоятҳо, дар арафаи рӯзи қиёмат пайдо мешавад. Дар Қуръон ин мафҳум нест, балки дар ҳадисҳо – гуфтаҳое дар бораи пайғамбари ислом, ишораҳое ба он шудааст. Ба ин сабаб, пайравони ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ ва гурӯҳҳои радикалӣ ба номи Маҳдӣ ҳамчун мафҳуми наҷотдиҳанда муроҷиат мекунанд, ки гурӯҳи радикалии созмонёфта аз сӯи ал-Утайбӣ ва ал-Каҳтанӣ, ки баъдтар дар Масҷиди ал-Ҳарам исён бардоштанд, аз он ҷумла буд.
«Маҳдии замон» эълон кард, ки ҳадафи онҳо «пок кардани ислом, озод намудани кишвар азмуртадон: оилаи шоҳ ва мутакаллимон (теолог)-ҳои фурӯхташуда аст, ки танҳо дар ғами ҷою имтиёзҳои худашон ҳастанд». Ал-Утайбӣ ва ал-Каҳтонӣ салтанати Саудиро дигар ошкоро ба хиёнат ба принсипҳои исломӣ ва меҳрубонӣ ба кишварҳои ғарбӣ айбдор намуда, ба исёни зидди давлат даъват мекарданд.
Ҳанӯз дар миёнаҳои сентябри соли 1979 ба мақомоти Арабистон маълум шуд, ки дар артиш гурӯҳакҳои махфӣ созмон дода шуда, аз хориҷ ба таври қочоқ аслиҳа ворид мегардад. Сипас, варақаҳое паҳн шуданд, ки дар он барои эҳёи исломи воқеӣ даъват мешуд. Бисёриҳо хостори он буданд, ки ҳамаи хориҷиҳо аз кишвар ронда шаванд. Маъмулан дар мавъизаҳои саркардаҳои ин гурӯҳ бегонагон муртад ва тафсиргарони бардурӯғи дин дониста мешуданд.
Дар чунин шароит, Утайбӣ ва Каҳтонӣқарор доданд, ки фурсат барои эълони рӯзи қиёмат фаро расидааст. Тибқи нақша ин кор дар Макка, дар масҷиди асосии мусалмонон- ал-Ҳарам,ки дарКаъба ҷойгир аст,бояд ба иҷро мерасид.
Оғози рӯзи даҳшат
Бомдоди 20 ноябр аз50 то 100 ҳазор муъмин ба аввалин намози соли нави исломӣ ҷамъ омада буданд. Он рӯз моҳи Муҳаррам, ки аз муқаддасот дар ислом ва оғози сол аст, фаро расида буд. Тибқи шариати исломӣ дар ин моҳ муъминон наметавонанд ба куштор, ҷанг ва шикор дар наздикиҳои Макка даст зананд.
Шафақҳои аввалини офтоб акнун болои манораҳои масҷидро равшан мекард, вақте Имом Муҳаммад Абдуллоҳ Субайл баландгӯякро барои хондани намоз ба даст гирифта,ҳанӯз садо баланд накарда буд, ки дар саҳни масҷид тирандозӣ сар шуд. Ин ишорае ба оғози амалиёт ва иҷрои як нақшаи аз қабл таҳияшуда буд.
Тақрибан 500 террорист аз гурӯҳи ал-Масҷид ал-Ҳарам силоҳҳои худро бароварданд: Баъзеҳо силоҳҳоизери либосҳояшон пинҳоншударо берун кашиданд, афроде ба тобутҳои дар саҳни масҷид барои хондани намози ҷаноза овардашуда ҳамла карданд ва аз дохили онҳо силоҳҳои пешопеш пинҳоннамудаашонро берун кашиданд. Ал-Утайбӣбаландгӯро аз дасти имом кашида гирифту ба тарафдоронаш дод, ки онҳо ба сухан пардохта, дар ҳаққи хонаводаи шоҳони Саудӣ бадгӯиҳо карданд. Аз паст рафтани ахлоқ, афзоиши риёкорӣ, ки эътиқод ва имонро аз байн мебарад, гапҳое гуфтанд. Террористон мехостанд ҳозиронро бовар кунонад, ки рӯзи наҷот наздик аст. Пас аз он Каҳтониро ба мардум шинос карданд, ки ҷангиён ба вай байъат карданд. Нақши ал-Утайбӣ дар ин ҷо ба поён расид, аммо ӯ аз чизе дигар наметарсид, зеро ба гуфтааш, қиёмат аллакай расида буд.
Вақти ҳамла дуд болои масҷидро фаро гирифт
Болои Марва Сафоро вақти ҳамла ба масҷид дуд фаро гирифта буд.
Полиси Макка аз ҳамлаи террористон қариб соати 8-и саҳар бохабар шуд. Чун маъмурони полис ба масҷид наздик шуданд, мавриди тирпарронии террористони дар манораҳо буда, қарор гирифтанд. Одамон аз тарс ба ҳар тараф гурехтанд. 8 корманди полис кушта, 36 тани дигар захмӣ гардиданд.
Баъдтар манбаъҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки маҳдудаи азиме дар муҷтамаи Марва Сафо зери назорати террористон буд, дар миёни онҳо ҳатто чанде аз америкоиҳои нав мусалмоншуда ҳам буданд.
Маргталабон ду посбоне, ки фақат чӯбдаст доштанду кӯшиши муқовимат карданд, тир зада куштанд. Дар манораҳо нишонзанҳо ҷой гирифта, сӯи полис тир меандохтанд. Ҳамлаварон дарҳои муҷтамеъро маҳкам карданд ва даҳҳо ҳазор нафар ба гаравгон афтоданд.
Пас азсоате ба Макка вазири мудофиа шоҳзода Султон ва вазири дохилӣ шоҳзода Наиф омаданд. Дигар аъзои оилаи шоҳ, аз ҷумла фармондеҳи гвардияи миллӣ дар хориҷ азкишвар буданд. Ба таври таъҷилӣ аз саммити Лигаи кишварҳои арабӣ сардори хадамоти махсуси Арабистони Саудӣ шоҳзода Туркӣ ҳам баргашт.
Мақомоти шоҳи Саудӣ дар меҳмонхонаи зебое дар наздикии масҷиди
Марва Сафо ситод тасис дода, аввалин фармоне,ки ситод содир кард, ин буд, ки барқи масҷидро хомӯш кунанд.
Пас аз чанд соати ҳамла ба Макка нахустин даста аз ҷузвтомҳои артиш ва горди миллӣ омада, вориди маҳали ҳодиса шуданд. Аммо аз баландгӯякҳои ал- Ҳарам боз ҳам муроҷиати Ҷуҳайман ба гӯш мерасид. Шоми 20 ноябр шоҳ Холид дар қаср 30 тан аз шахсиятҳои исломиро даъват намуд, то роҳи ҳалли қазияро пайдо кунанд.
То он дам ҳукумати шоҳ ҳанӯз намедонист,киҳо дар ин амали террористӣ даст доранд. Дар ибтидо мақомоти Саудӣ аз Эрон гумонбар шуданд, зеро бо гузашти андаке пеш аз як сол аз сарнагунии шоҳ ва пирӯзии Инқилоби исломӣ (феврали соли 1978) дар ин кишварҳанӯз ҳам шиорҳо дар бораи содироти инқилобба кишварҳои дигари минтақа садо медоданд.
Дар Макка тамоми афроди шубҳанок дастгир ва бозпурсӣ мешуданд.
Дар навбати аввал ришдорон боздошт ва мавриди таҳқиқ қарор мегирифтанд.
Дар маҷлиси уламо вазъиятро имом Субайл, ки аз масҷид фирор карда буд,равшанӣ андохт. ӯ гуфт, ки воқеан бинои масҷид дардасти кист. Аммо мақомот он чи шуниданд,эълон накарда, махфӣ нигоҳ доштанд, радио ва телевизион тавре барнома пахш мекард, ки гӯё ҳеҷ чиз рух надода бошад. Ба берун ва азберун ба ин кишвар занг задан номумкин буд. Бо вуҷуди ин бо такя ба манобеи худ 21 ноябр рӯзномаҳои америкоӣ гузориш доданд, ки эҳтимолан размандагони эронӣ масҷиди марказии Маккаро забт кардаанд.
Мақомоти Саудӣ маҷбур шуданд, эълон намоянд, ки масҷидро афроди муртад ишғол кардаанд,аммо баёнияи расмии мақомот фақат ҳамин чанд ҷумла буду шарҳи бештаре надошт. Ин боиси он гардид, ки ҷаҳони исломро мавҷи овозаҳо фаро гирифт: баъзеҳо ба гумоне буданд, ки ин кори дасти Эрон аст, шуморе ҳам дар бораи дахолати америкоиҳо ва саҳюнистҳо гуфтугӯ мекарданд.
Дар пайи ин ҳодиса, тазоҳуроти зиддиамерикоӣ авҷ гирифт,дар Покистон ва Либия ба сафоратҳои ИМА ҳамла сурат гирифт. Дар Ҳинд, Бангладеш, Кувайт ва Туркия чандин нафар кушта шуд. Дар ҳоле ки эътирозҳо рӯ ба шиддат буд, Арабистони Саудӣ маҷбур шуд,ба таври фаврӣ расман эълон намояд,ки дар ҳамла ба масҷиди Макка ИМА ва Эрон рабте надоранд.
Вазъият дар Макка ногувор боқӣ мемонд

Кӯшиши низомиён барои рахна кардани хати муҳосираи гаравгонгирон дар масҷид бенатиҷа буд. Ҳукумат шумораи дақиқи маргталабонро намедонист, маълум шуд, ки то он вақт ҳатто нақшаи меъмории масҷидро ҳам дар даст надоранд. Шоҳзодаҳо ҳар яке мехост худ мушкилро ҳал карда, номвар шавад.
Аммо мушкил ин буд, ки сарбозони саудӣ намехостанд дар ҳамла ба террористон иштирок кунанд. Баҳона ин буд, ки Қуръон ва Ҳадис нафақат ҷанг дар дохили масҷид, балки бо силоҳ дохили он шуданро ҳам манъ кардааст.
Дар ниҳоят хонаводаи шоҳ нақшаи умумии ҳамла ба террористонро таҳия намуд ва тибқи он бояд шаби 22 ноябр азшимол ба ҳуҷум мегузаштанд. Қарибиҳои субҳ тӯпҳо ба сӯи ал-Ҳарам оташ кушоданд. Пас аз он30 низомии таъйиноти махсус ба сӯи дарвозаи шимолии масҷид ҳаракат карданд, аммо ҷангиёни камингирифта дар биноҳои муҷтамеи масҷиди марказӣ сӯи онҳо тир кушоданд. Танҳо 6 нафар зинда монданд.
Рӯзи дигар як гурӯҳи низомиёни дар Франсия омӯзишдида ба Макка омад. Онҳо ду бор ҳамла кардандва ҳатто ба саҳни масҷид ворид ҳам шуданд. Аммо ҷангандаҳо онҳоро ғофилгир намуда, сӯяшон тир андохтанд. Касе зинда намонд, ба ҷуз ду сарбозе, ки ба дасти ҷангиён асир афтода буданд.
Тарҳи нав
23 ноябр аз номи 30 рӯҳонии Саудӣ дар ниҳоят фатвои деринтизори ҷомеаи мусалмон нашр шуд. Бар асоси он ба мақомот пешниҳод шуд, ки аз ҷангиён тақозои таслимро кунанд, дар сурати иҷро нашудани ин тақозо ҳар гуна амали артиш барои озод кардани гаравгонҳо муҷоз дониста мешуд. Рӯҳониён бо истинод ба фармудаҳои Қуръон таъкид карданд, ки «Бо онҳо дар масҷиди ал-Ҳарам муқовимат накунед, то даме ки бо шумо намеҷанганд. Агар онҳо ба ҷанг даромаданд, онҳоро бикушед».
Ин фатво ба ҳукумат ва сарбозон иҷозати ҳамла ва қатли ҷангиёнро медод.
Он рӯз гурӯҳҳое бо талаби таслим шудан чанд бор гирди масҷид давр зада, фатворо мехонд, аммо посухе аз дохил нашуд.
Бомдоди 24 ноябр масҷид мавриди ҳамлаи дастгоҳҳои ракетандоз қарор гирифт. Аз оташи тир нишонгирҳои дар манораҳо пинҳонбуда кушта шуданд, неруҳои хушкигарди артиш тавонистанд ба бинои масҷид наздик шаванд ва онро ба муҳосира бигиранд. Лекин ҷангиён бо истифода аз силоҳу таҷҳизоти ҷангии дар ихтиёрашонбуда ба шиддат муқовимат нишон медоданд. Онҳо маводи таркандаи худсохт ҳам доштанд ва гӯшаҳое аз масҷидро оташ заданд.
Яке аз афсарон, ки худ иштирокчии набард будааст, нақл мекунад, ки баъзе аз шӯришиҳо дар аввал гӯё таслим шуда бошанд, даст бардошта берун мешуданд, вале бо наздик омадани неруҳои давлатӣ туфангча, човқу, норинҷаки пинҳонкардаашонро бароварда, бозчанд тан аз сарбозонро мекуштанд.
Сарфи назар аз фатвои уламои дин, сарбозони давлатӣ дар нобуд кардани афроде, ки аз номи ислом гап мезаданд, мушкили равонӣ доштанд ва дасташон пеш намерафт, ки дар дохили масҷид касеро ба қатл расонанд.
Яке аз саркардаҳои ҷангиён ал-Каҳтонӣ худ дар сафи пеши ҷангиён қарор дошт. ӯ, ки худро «Маҳдии замон» эълон карда буд, гӯё тарсе надошт ва аз дигарон хост,аз вай пайравӣ кунанд. Сарбозони давлатӣ чанд бор диданд, ки роҳбари шӯришиён норинҷаки ба сӯяш ҳавододаро ба замин наафтода медошту ба сӯи хукуматиҳо мепартофт.
Аммо 24 ноябр марги ӯ ҳам фаро расид. ӯ дар пайи таркиши як норинҷак ҷондод ва террористон ҳам ин паёмбари худхондаро аз даст доданд.
Шаб фаро расида буд, ки ҷангандаҳо муқовиматро бас карда, ба таҳхонаҳои масҷид паноҳ бурданд. Манбаъҳо навиштаанд, ки зери масҷид сохтмони зиёде иборат аз садҳо хона дар чанд ошёна ҳаст, ки одам ба осонӣ дар он наметавонад роҳ ёбад.
Террористҳо онҷо пешопеш маводи ғизоӣ ва силоҳ захира карда буданд.

Дар боло танҳо гаравгонҳо монда буданд, ки аз сӯи шуморе аз ҷангиён нигоҳдошта мешуданд. Теъдоде кушта, садҳо нафари дигар аздохили масҷидгурехта ва аммо боз миқдори зиёде аз зоирону намозгузорон дар ҳар кунҷи масҷид интизори кумак буданд.
Ниҳоят дастандаркорон нақшаи ал-Ҳарамро пайдо карданд ва низомиён чанд рӯзи дигар тарҳи ворид шудан ба таҳхонаҳои биноро кашиданд, вале натавонистанд террористонро аз он ҷо берун кунанд.
Баъзе аз фармондеҳон пешниҳод карданд, ки ба таҳхона об сар диҳанд ва сипас сими барқ пайваст намоянд, лекин ин пешниҳод қабул нашуд. Дар ниҳоят, ба ин хулоса омаданд, ки аз гази ашковар истифода шавад.
Кӯшиши аввал бар зарари худи корбарон анҷом ёфт. Газ ба боло баромада худи сарбозоне, ки ин амалиётро иҷро мекарданд, вале аз «противогаз» истифода бурда наметавонистанд, баҳалокат расонид. Бар илова газдар саҳни масҷид ва атроф низ паҳн шуда, даҳҳо нафарро беҳуш намуд. Мақомот маҷбур шуданд, ки қисме азаҳолии маҳаллаҳои гирди Маккаро ба ҷои дигар кӯчонанд.

Арабистон аз Франсия ёрӣ хост

Шаби 30 ноябр ба Риёз низомиёни гурӯҳи зудамали Жандармерияи миллии Франсия (GIGN) омад, ки ба он Пол Баррил сардори бахши корҳои зиддитеррористӣ фармондеҳӣ мекард.
Дар ибтидо ин фармондеҳи хориҷӣ ҳам хост аз гази ашковар истифода кунад, ки чанд бориистифода, бар зарари худи артишу полиси саудӣ тамом шуда буд.
Фаронсавиҳо зуд чи гуна равишу истифодаи дурусти онро ба саудиҳо омӯхта, сипас, ба амалиёт оғоз карданд.
Низомиён 3 декабр аз сӯрохиҳое, ки махсус кофта буданд, зарфҳои ин гази захрнокро ба таҳхона партофта муддате интизор шуданд ва баъд бо дастури фармондеҳи фаронсавӣ ба таҳхона фаромаданд. Он ҷо қариб ҳама заҳролуд ва беҳуш шуда буданд. Низомиёни саудиро акнун лозим буд, ки тамоми таҳхонаро гашта, терроистони беҳушу беёдро ба берун бароранд. Пас аз18 соат таҳхона пурра тоза карда шуд. Амалиёт ҳам бо ин ба поён расид.
Бино ба омори расмӣ, дар амалиёти озод кардани масҷид аз террористон 120 сарбози саудӣ кушта, 461 тани дигар захмӣ шудаанд. Даҳҳо зоири ин макони муқаддас, аз ҷумлаи шаҳрвандони Покистон, Индонезия, Ҳинд, Миср ва Бирма низ қурбон гардиданд.
Аз гурӯҳи террористии Ҷуҳайман 60 нафар дастгир шуда, ҳамаи онҳо 9 январи соли 1980 дар назди мардум ба қатл расиданд. Дар охирин сухани пеш аз марги худ ал-Утайбӣ боз ҳам бо хитоб ба мардум гуфт, ки аз кардааш пушаймон нест ва «назди ҳама гувоҳӣ медиҳад, ки мақомот ҳама фасодкор ҳастанд. Бигзор гунгаҳкоронро Худо ба сахттарин азоб мубтало кунад!». Аммо ин суханони як нафари мағлуб буд ва барои касе эътибор надошт, ҳама ба ӯ бо нафрат нигоҳ мекарданд.
Пас аз ин ҳодиса, дар артишу полис, инчунин, дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Арабистон дигаргуниҳои зиёде ба амал омад, ки гумон мекунам, барои хонандаи мо чандон аҳамият надорад.

Дар Макка ноком шуданд, аммо ҷойҳои дигар сар бароварданд

Ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бозгӯи он аст, ки андеша ва афкори террористӣ пас аз нобуд шудани саркардаҳои ин ҷараён дар Макка комилан аз байн нарафта, ба ҳар шакле инҷову онҷо зуҳур мекунанд. Ҳамон ҳолатҳои гаравгонгирии мақомоти амниятиву низомӣ ва мардумони одӣ дар шарқу дигар минтақаҳои Тоҷикистон (солҳои 1990), амалҳои харобкорӣ дар Душанбеву маҳалҳои кишварамон, амалиёти гурӯҳи террористӣ ва ба гарав гирифтани 916 нафар дар театри Дубровкаи Москва (октябри соли 2002), ҳодисаи гаравгонгирии 1128 хонандаи мактаби №1, шаҳри БесланиОсетияи Шимолӣ (3-4 сентябри соли 2004), амалҳои зиёди террористӣ дар шаҳрҳои калони Аврупо дар ду даҳсолаи охир нишонаҳои монанд ба ҳамон рӯйдодҳои Маккаро доранд. Гоҳе кас гумон мекунад, ки нақшаи ин амалҳо ҳама аз сӯи як гурӯҳ ё созмон таҳия ва бо истифода аз усули дар гузашта озмоишёфта амалӣ мешаванд. Вируси ҳамон амали террористии 40 сол пеш ҳам рӯи ҷаҳон паҳн гашта, ҷавононро дар ҳар кишвар олуда кардааст. Ҳоло мақомоти кишварҳо дарк кардаанд, ки пешгирӣ аз паҳншавии андешаҳои харобкор ва роҳ надодан ба амалкарди ин гуна гурӯҳҳо яке аз вазифаҳои асосӣ барои таъминиамният мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: