Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҒЗҲО ТАРҲРЕЗӢ ШУДААНД, НА ТЕРРОР

МАҒЗҲО ТАРҲРЕЗӢ ШУДААНД, НА ТЕРРОР

13-11-2019, 15:39
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
МАҒЗҲО ТАРҲРЕЗӢ ШУДААНД, НА ТЕРРОР
Мантиқ - илмест доир ба қонунҳои тафаккур. Ба истилоҳи дигар дар ҷомеаи мо ба унвони «логика» бештар маъруф аст. Фаразан агар шахсе жожхойи ва ё сафсаттагӯӣ кард, мегӯянд ҳарфҳош аз мантиқ дур аст ва ё сӯҳбаташ мантиқ надошт.
Яке аз устодони фарҳехтаи мо низ дар курси донишҷӯӣ ҳамеша таъкид мекард, агар хоҳед, ки мардум ба суханатон бовар кунанд ва шармандаву мунфаил нашавед мантиқӣ ҳарф занед. Сухане, ки мантиқ надорад дурӯғи маҳз аст.
Аммо… Ҳодисаи мудҳиши дарафтодани чанд ҷангиёни мутаассиб ба дидбонгоҳи марзии «Ишқобод» -и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе онлайн-расонаҳо шӯру мағал ва тахминҳои зиёдро барпо кард, боз дар саҳифаҳои хотиротам суханони устоди зиндаёдро рӯшан кард. Мояи ҳайрат ин буд, ки баъзе «корбарон»-и шабакаҳои иҷтимоӣ ва «коршиносону таҳлилгарони варзида» то андозае побанди «фарзияҳои» бепояву мояи худ шуданд, ки ба назарашон ҳама дар ин террор муҷрим буданд, ба ҷуз худи террористон.
Аҷаб! Вақте ин «фарзия»-ҳоро мехондам ривояте аз осори ниёгон ба хотирам расид, ки нақли онро дар ин матлаб хеле бамаврид меҳисобам.
Шахсе асп мехарад ва шаби дигар онро шабравон медузданд. Қазия ба гӯши раису, қозиву миршаб мерасад. Субҳ ин бузургон барои таҳқиқ ба ҷои ҳодиса мешитобанд. Нахуст раис баъд аз дидани ҷои ҳодиса бо мазаммат ба ҷабрдида хитоб мекунад: -О мемурди, ки деворатро каме баландтар бардорӣ, то ки дузд надарояд. Худи ту аблаҳ айбдор, ки аспатро бурданд! Қозӣ низ валвала мебардорад: - Намешуд, ки аввал дарвозаи нав хариву баъд асп, нокас! Миршаб низ аз думболи онҳо дӯғ мезанад: -Ту худозада худат айбдорӣ, агар ба дарвозаат як қулфи оҳании мустаҳкам меовехтӣ, дузд ҷуръат мекард, ки аспатро барад?! Ҳамин вақт як ҳамсоя аз паси девор сар мебардорад: -Дупа-дуруст гуфтед тақсир, ин мардак худаш гунаҳкор аст, агар хар мехарид шояд намедузиданд, вале бар қасди сӯзонидани мо ҳамсояҳо асп харид, хуб шуд! Бечора ҷабрдида аз чунин оҳанг гирифтани кор дасту по мехӯрад ва мегӯяд: - Каме инсоф кунед ҷанобон, агар ба ҳамаи ин ҳодиса ман гунаҳкор бошам, пас айби падарлаънати аспдузд дар чист?
Гумон мекунам хонандаи закифаҳм дарк кард, ки чаро ин ривоятро ёдовар шудам…
Бармегардем сари мантиқ. Дар яке аз матлабҳои сомонаи наҳзатии «Ислоҳ» чунон дар майдони воҳимаву дурӯғ раҳгум задаанд, ки чӣ тавр аз он баромаданро надониста охируламр, ба ин хулоса расиданд, ки гӯё ин амали терористӣ аз ҷониби ниҳодҳои амниятии кишвар дар ҳамбастагӣ бо «ДОИШ» тарҳрези шудааст. «Э рӯтон сиёҳ!» ба қавли момаи Сафаргул. Шояд ба истилоҳ Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ нақшаи тарҳрезишудаи Сталину Ҳитлер ва ё шояд моҷарои Сурия низ нақшаи муштараки Башор Асад бо Абу Бакр ал-Бағдодӣ буд? Аҷаб не, ки ба усули устодони либералмағзи ғарбиатон тавре, ки дар «тренинг»-ҳояшон ба шумо меомӯзанд, дар ҳоли зарурат ҳатто обу оташро оштӣ диҳед…МАҒЗҲО ТАРҲРЕЗӢ ШУДААНД, НА ТЕРРОР
Дигар сомонаҳои наҳзатӣ низ ҳанӯз ҷузъиёти ҳодиса рӯшан нашуда, бо ҳамин оҳанг «таронахонӣ» мекарданд. Ин нақшаи тарҳрезишудаи ҳукумат аст! Ин ба хотири фалону беҳмадон кор тарҳрезӣ шудааст! Куҷои ин ҳарфи шумо мантиқ дорад?! Кадом шахси солимфикр ба «жожхойи»-и шумо бовар мекунад?! Куҷо дидед, ки як Роҳбари Давлат ба хотири ҷалби сармоя ба кишварҳои аврупо сафар мекунаду, ҳамзамон дар кишвараш нақшаи террорро пиёда мекунад? Шарм намедоред аз ин фарзияҳои подарҳаво? Наход надонед, ки аз муҳимтарин шартҳои сармоягузорон амният ва оромии кишвари мавриди назар аст? Шумо, ки сафари Пешвои миллатро дар кишварҳои аврупо беш аз ҳама пайгирӣ доштеду, дар паси ҳар кӯчаву паскӯча ҳамоишҳои чаҳор-панҷ нафараи эътирозӣ баргузор мекардед, хуб медонистед, ки аксари мулоқоти Роҳбари давлат бо соҳибкорони аврупоӣ ва ба хотири ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар баргузор мешуд. Пас то куҷо ин гуфтаҳои шумо мантиқ дорад?
Намехоҳам бо шумо зиёд баҳс карда, вақтро беҳуда талаф диҳам. Гумон мекунам ҳамин чанд далеле, ки овардам барои аҳли фаҳм кофист, ки мӯйро аз хамир ҷудо кунанд. Фақат мехоҳам дар фарҷоми сӯҳбат ин нуктаро таъкид кунам, ки баъд аз хондани плефтаҳои шумо ба хулоса омадам, ки ин ҳодисаи мудҳиш не, балки мағзи шумо тарҳрезӣ шуда аст.
Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: