Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Парвиз Шаҳчароғӣ: Нагузоред, ки Дар Тоҷикистон низ «тақя» кунанд…

Парвиз Шаҳчароғӣ: Нагузоред, ки Дар Тоҷикистон низ «тақя» кунанд…

26-09-2018, 09:30
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Парвиз Шаҳчароғӣ: Нагузоред, ки  Дар Тоҷикистон низ «тақя» кунанд…

НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ…

Суҳбати ҷолибе доштем бо шахси соҳибмаърифат ва озодандеша, шаҳрванди Канада ҷаноби Парвизи Шаҳчароғӣ, дар мавриди сиёсат ва дин, пайдоиши решаҳои ифротгароӣ ва раҳ ёфтани андешаҳои таассубӣ ба зеҳни мардум, ки чакидаеро аз ин манзури хонандагони ҳафтанома мегардонем.

-Ҷаноби Парвиз Шаҳчароғӣ, хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нахуст мехоҳам таассуроти Шуморо дар бораи Тоҷикистон бифаҳмам. Ёд дорам даҳ сол қабл аз ин ба кишвари мо ташриф оварда будед, имрӯз онро чӣ гуна мебинед?
- Воқеан дуруст мегӯед, 10 сол қабл ба Тоҷикистон омада будам. Ин даҳ соли дигар моҳшуморӣ мекардам, ки кай фурсат даст бидиҳад, ки боз ба Тоҷикистон оям. Чун Тоҷикистонро порае аз сарзамини бузурги ниёгони мо медонам. Бо мардумаш ҳамеша муҳаббат меварзидам ва ҳамчунин ҳам ҳаст. Вақте аз Ванкувери Канада тавассути Франкфурти Олмон ба ҳавопаймои «Сомон-Эйр» нишастам, шояд барои Шумо боварнокарданист, садои тоҷикиро шунида, ашк дар чашмонам ҳалқа мезад, мисли ин, ки ба хонаи худ мерафтам ва бастагонамро (пайвандон) медидам.
Барои ман ва ҳамаи мо меҳанпарастон ҳавзаи тамаддуни ориёии форс муқаддасу бузург аст. Ман бо вуҷуди он, ки бо баъзе иллатҳо Эронро тарк намуда, чанд соли ахир шаҳрвандии Канадаро пазируфтаам шунидани ҳарфи ниёгон ҳамеша хуш аст.
Ман ба ҳайси як эронии Канада гоҳо фикр мекунам, ки чаро Эрон ба ҷои дастгирии размандагони мазҳабӣ дар кишварҳои даргир сармояи худро барои рушди кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабонаш мисли Тоҷикистон ва Афғонистон сарф намекунад. Бубинед, ки агар сармояҳои Эрон чанд соле қабл барои пуружаҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон равона мешуданд, имрӯз ба манфиати тамоми минтақа, бахусус Афғонистон буд. Ин танҳо назари ман нест, балки назари кулли меҳанпарастон аст, ки ба умеди дер ё зуд ба ҳувияти мардумӣ расидани Эронанд. Бар ин боварем, ки рӯзе захираҳои бузурги нафту гази Эрон барои ободии ҷумҳурии ҳамсояву ҳамзабон мисли Тоҷикистон ва аз чанголи ҷангу хушунат ва фақр раҳо ёфтани Афғонистон равона хоҳад шуд.
Чаро ба ин мутмаинам? Бубинед, ки имрӯз дар ҷомеаи Эрон, ки фарҳанги қадима ва ориёи дорад ифротгароӣ кам ва шояд комилан ба назар намерасад. Он чӣ, ки Шумо мебинед ин ғолибан хушунати давлатӣ ва ҳукуматӣ аст, ки эътибори Эронро дар ҷомеаи башарӣ паст мезанад.
- Яъне барои мардуми одии Эрон ин эҳсос бегона аст?
- Бале, бубинед, ки имрӯз ба Эрон гардишагарони (сайёҳони) зиёде аз кишварҳои Амрико, Аврупо ва Чину Ҷопон ташриф меоранд ва ман то ҳанӯз нашунидаам, ки мардуми одӣ бо онҳо муомилаи дурушт дошта бошанд. Баръакс мисли мардуми Тоҷикистон хеле меҳмоннавозу таҳаммулпазиранд. Имрӯз беш аз шаст ҳазор хонавода дар Эрон сабт шудаанд, ки ҳамасола гардишгарони хориҷиро ба таври ройгон пазироӣ мекунанд. Назири ҳамин чиз дар Тоҷикистон низ зиёд ба мушоҳида мерасад.
Мехоҳам ба посухи нахустсуоли Шумо баргардам. Даҳ соли қабл, ки ба Тоҷикистон омада будам камбуди барқу газ ва мисли ин ба назар мерасид. Он рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд яке аз дӯстонам нақл кард, ки дар баъзе рустоҳо фасли зимистон ҳатто то ду соат барқ медиҳанд. Роҳҳо ноҳамвор ва хатарнок буданд. Ҳавопаймоҳои куҳнаи шӯравӣ парвоз мекарданд, ки хеле тарсовар буд. Имрӯз мебинам, ки фурудгоҳҳо хеле зебо ва замонавӣ шудаанд, ҳавопаймоҳо ҳама «Боинг», ки аз (сервиси) хизматрасонӣ кишварҳои Ғарб ҳеҷ фарқе надорад.
Шаҳрсозӣ, ки ин чанд соли охир рух додааст, барои ман боваркарданӣ набуд. Бо ҳамаи он сармояе, ки Эрон дорад, дар Теҳрон ин қадар хиёбону иншооти нав бунёд нашудааст. Ин сохтмонҳое, ки тӯли даҳ сол Шумо бунёд кардед дар Теҳрон ба муддати чиҳил сол насохтаанд. Як масҷид, ки бо унвони «Масҷиди Мусаллои Теҳрон» маъруф аст, ки аз «Кохи Наврӯз»-и Шумо бештар нест, вале онро беш аз сӣ сол месозанд ва маблағи бамаротиб бештаре ҳам сарф кардаанд, вале ҳанӯз тамом нашудааст. «Кохи Наврӯзро», ки ба ин зудӣ сохтаед ва меъмории беназири он, ки ҳувияти миллӣ дорад, ҳазор раҳ беҳтар аз сохтмонҳои ошуфтаву на классик ва на мудерни Теҳроншаҳр аст, ки инро ба шумо ба ҳайси мудири як ширкати сохтмони шаҳрсозӣ арз мекунам. Биноҳое, ки дар Душанбе дидам, ҳама дар доираи санъату ҳунари миллӣ бо омезиши модерн сохта шудаанд. Кайфияти сохтан хеле арзишманд буда, асари ҳеҷ меъмории бегона ба назар намерасад. Ба лиҳози покизагии шаҳрӣ ва рафтори иҷтимоӣ ҳамаи инҳо воқеан ҳам нишони пешрафтагист.
-Лутф кардед…
-Ман ин ҳарфҳоро на ба хотири хушоянд будан ба Шумо мегӯям. Бовар кунед, ман рушди кишвари Шуморо ба даврони шоҳони Паҳлавӣ дар Эрон муқоиса кардам ва ба баъзе дӯстони тоҷики худ гуфтам, ки ҳаргиз носипосӣ накунед. Бубинед, ки чӣ гуна Эрони давраи Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавиро, ки обод буд, озод буд ва рӯҳияи пешрафта дошт, мазҳабиён дар як лаҳза ба хоки сиёҳ нишонданд.
Ҳамин гуна афроди носипос, бо вуҷуди он, ки зиндагӣ хуб буду мардум эҳсоси амният мекарданд, дар давраи Шоҳ низ дар Эрон ба назар мерасид. Бубинед, ки мардум ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиндагии хубтару беҳтар аз бударо мехоҳанд. Имрӯз агар дар Ванкувери Канада аз мардум суол кунед, ҳамин шикоятеро мешунавед, ки музд кам аст, шуғл нест… Дар Канада беҳтарин хадамот ба ниёзи мардум ҳамеша расидагӣ мекунад, як соати кор ҳади ақал 12 доллар аст, вале боз ҳамин ҳарфҳоро мешунавед…
-Яъне носипосӣ гоҳе метавонад ба вазъи бадтаре замина гузорад?
- Бале. Манзури ман аз ин ҳарфҳо ин аст, ки мехоҳам мардуми тоҷикро ҳушдор диҳам: -Ун иштибоҳе, ки мо солҳои 1979-и қарни гузашта кардем, шумо накунед. Ҳамаи ин мушкилоти иҷтимоӣ ҳал шуданист. Нагузоред, ки аз ин вазъ муллову диндорони шумо истифода баранд. Инҳо, ки сари қудрат омаданд на танҳо мол, балки илму фарҳанг, мактаб, зеҳн, андеша, имон ва виҷдони шумо ва ҳатто шодиву хурсандии шуморо ҳам хоҳанд бурд…
Вале барои ман ин чиз шигифтовар аст, ки ҳанӯз даҳ сол пеш ҳангоме ки бо мардуми шумо гуфтугӯ мекардам, номи онҳо бештар ориёӣ буд. Имрӯз вақте дар ҷодаҳо бо ронандагони ҷавони токсӣ, ки беш аз 20-22 сола нестанд суҳбат мекунам, исми ҳамаашон арабӣ аст. Шояд ибтидо ба назар расад, ки ин ҳеҷ айб надорад. Аммо… Ба фарзанд гузоштани номи бегонаи арабӣ ва ор кардан аз номи зебо ва пурмаънои тоҷикӣ худ нишонаи мазҳабӣ будани андеша ва афкори волидайн аст, ки хатар дорад.
Шумо имрӯз як испониёӣ ё инглисро намебинед, ки ба фарзандаш номи миллати бегона, мисли туркӣ, арабӣ ё олмониро гузорад ва ё ҳадди ақал ин амал сартосарӣ нест. Порсизабонон ягона мардуманд, ки таърих, фарҳанг ва кеши онҳо бо номашон пайбанде надорад. Имрӯз, вақте ки дар Аврупо номамонро мегирем, моро бо араб яке мебинанд, яъне фарқ намегузоранд. Ин яке аз нишона ва намунаҳост, ки аз мазҳабӣ шудани зеҳни мардум дарак медиҳад.
-Имрӯз дар Тоҷикистон феҳристи номҳо тоҷикӣ тартиб дода шудааст, ки бояд шаҳрвандон ҳангоми номгузорӣ аз он истифода кунанд…
- Ин ба унвони ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ва муқобила бо бегонагароӣ хеле хуб аст. Ин кор ҳатто дар баъзе кишварҳои Аврупо низ ҳаст.
-Хуб, ба унвони дигар нишонаҳо чӣ далел доред?
- Нишонаи дигар давлатгурезӣ аст. Чизе, ки дар Эрон рух дода буд, яъне ҷудоии миёни давлат ва ҷомеаву миллат… Имрӯз бояд хеле нигарон буд, ки ҳизбҳо ва ҳаракати диниву мазҳабӣ бо таблиғоти нарм миёни мардум ва давлат ҷудоӣ наандозанд. Бубинед, таълимоти онҳо ҳарчанд хилофи сохти демократӣ аст, онҳо бештар аз демократия ва озодиҳои ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, мардумро фирефта мекунанд. Имрӯз мушкили Тоҷикистон демократия нест. Қувваҳои радикал мехоҳанд бо истифода аз демократия ва боварии мазҳабии мардуми тоҷик сари қудрат биёянд ва мутмаин бошед, ки баъд аз як моҳи қудрати онҳо дигар нишоне аз демократия нахоҳад монд.
Сохти демократӣ низ бо ҳамаи хубиҳош баъзе мушкилоти ҷиддӣ дорад. Имрӯз дар Канада ва ё як кишвари дигари аврупоӣ онҳоеро, ки ба ДИИШ ҳамроҳ шудаву даст ба қатлу куштор задаанд, аз Сурияву Ироқ бозмегардонанд ва гоҳе мешавад, ки як ҳимоятгари варзида онҳоро аз додгоҳ озод мекунад ва боз пайи ҳамун кори наҳсашон мераванд.
Нагузоред, ки мисли Эрон мардумро бо ҳамаи он, ки донишманду соҳибилм буданд, гумроҳ кунанд. Беш аз чиҳил сол аст, ки аз ун демократияи ваъдашуда танҳо зоҳир боқӣ мондааст…
-Бале, ҳамин сохтори демократӣ боиси сари қудрат омадани шахсиятҳое мисли Мусолинӣ ва Ҳитлер дар ҷомеаи пешрафтае мисли Аврупо гардид… Суоли дигари ман ин аст, ки сохти давлати моро ба унвони дунявӣ ва секулярӣ мешиносанд. Яъне мо ин мувозинатро ҳамеша нигаҳ медорем, ки дин аз давлат ҷудо бошад. Назари Шумо дар ин маврид?
- Роҳи интихобкардаи Шумо сад дарсад дуруст аст. Ин бузургтарин арзиш аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар шароити Тоҷикистон аз сохти демократӣ ҳам афзалиятҳои бештаре дорад. Дар кишварҳои Ховар бояд дин ҳеҷ гоҳ ба умури давлат ва ҳукумат дахолат накунад. Ин на танҳо назари ман, балки назари бузургони андеша аст, ки ҳамеша таъкид мекунанд. Агар мо ба дарозои таърихи худ назар андозем, ҳатто беш аз ду ҳазор сол қабл, ки подшоҳони мо аз мафҳуми демократия огоҳ набуданд, ҷудо будани динро аз умури давлатӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд. Ҳамин раводорӣ, ки дар сарзамини бостонии мо динҳо паҳлӯи ҳамдигар бо муросову оштӣ қарор доштанд, гувоҳи ин аст. Агар давлат динӣ мебуд, яҳудиён ҳанӯз дар давлати Куруш ба сарзамини мо роҳ намеёфтанд ва ба осоиш зиндагӣ намекарданд. Худи Куруши бузург яке аз маъруфтарин секюлорҳо дар замонаш буд. Агар ин тавр намебуд, вақте Куруши Кабир ба Бобул ворид мешуд, худои онҳо Мардукро ситоиш намекард ва эҳтиром намегузошт. Дар давлати ӯ бобулиён бо дини худ, яҳудиён бо дини худ ва форсҳо бо дини худ буданд ва ӯ ҳамаи инро гиромӣ медошт. Ҳатто дини Зардуштиро, ки аксарияти мардум ба он эътиқод доштанд намегузоштанд, ки бар дигар динҳо ғолиб бошад, бартарият дошта бошад. Пас ин идеяи ҷудоии дин аз давлат дар фарҳанги ниёгони мо ҳамеша будааст. Пешвои муаззами Шумо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориси Куруши Кабир аст, ки ба қадри ин арзишҳои бунёдӣ мерасад.
Шояд ҳамин ҳувияти фарҳангӣ аст, ки имрӯз мардуми эронӣ даст ба тазоҳурот мезананд. Мехоҳам қиссаеро ба Шумо нақл кунам. Чанде қабл ҳангоми Наврӯз дар Эрон будам. Ба руфтагаре (ҷорӯбкаш), ки ҳар субҳ роҳ мерӯфт, ба хотири ҷашни Наврӯз чизе туҳфа кардам. – Чӣ рӯзи баде расидааст, -мегуфт бо таассуф руфтагар. Чӣ шуд? -суол кардам аз ӯ. Сар такон медод ва мегуфт, ки рӯзе нест, ки даруни ин ашғол (партов) чанд китоби мазҳабиеро пайдо накунам. Чун рӯфтагар мӯйсафеди мутаассибе буд, чизе нагуфтам, вале андеша кардам, ки бубин кор то куҷо расидааст. Бо вуҷуди он, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз субҳ то шом бо охундҳои худ таблиғи дину мазҳаб мекунанд, мардум китоби эшонро дар партовгоҳҳо меафкананд.
Чаро ин тавр шуд? Ҷомеаи имрӯз ҷомеаи сад соли пешин нест. Мардум гуфтор рафтори рӯҳониёнро муқоиса мекунанд ва ба хулоса меоянд.
-Пас чӣ омилҳо сабаб гардид, ки ҳукумати шоҳӣ сарнагун шуд?
- Яке аз мушкилии ҳукумати шоҳӣ дар он буд, ки хондану таҳқиқи рисолаҳои динии Оятуллоҳ Ҳумайнӣ дар ҷомеа мамнуъ буд. Касе намедонист, ки оқои Ҳумайнӣ дар китобҳояш чӣ навишта буд. Касе намедонист, ки аввалин шахси мухолифи ҳаққи райъи занон дар интихобот ҳамин оқои Ҳумайнӣ буд. Охундҳо ба майдон фурӯ рехтанд, давлат онҳоро саркӯб кард, вале асли аъмоли эшонро ошкор накард. Мардум чун аз назару андешаҳои аслии Ҳумайнӣ огоҳ набуданд, китобҳои ӯро хонда ва таҳқиқ накарда буданд, фиреб хӯрданд. Олимон ва сиёсатмадорони Шумо бояд гуфта ва навиштаҳои мутаассибони диниро таҳқиқ ва ташреҳ кунанд ва ба гӯши мардум бирасонанд, то ҷомеа аз хатари эшон огоҳ бошад. Ҳумайнӣ китобҳое дошт бо унвони, «Кошиф-ул хитоб», «Кашф-ул-асрор», ки дар онҳо тамоми идеологияи давлати исломиро ташреҳ карда буд. Ин китобҳоро ҳатто рӯшанфикрони мо нахонда буданд, ки вакилон, ҳуқуқдонҳо, сиёсатмадорон аз ҷабҳаи миллӣ то ҷангароён буданд ва аз соири кишварҳои мутараққии ҷаҳон пушти ӯ гирд омаданд. Китобҳои Марксу Ленинро хонда буданд ва метарсиданд, ки идеологияи коммунистӣ дар Эрон ғалаба накунад, вале аз идеологияи мазҳабӣ ғофил монданд. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон таълимоти марксистӣ нуфуз пайдо кард ва хуб, ки вазъи он мисли Афғонистону Эрон нашуд. Бубинед, ки имрӯз дар Афғонистон на амният аст, на оромӣ ва на озодӣ. Таассуб то ҷое кашидааст, ки бонуи бегуноҳеро мисли Фархунда бо иттиҳоми ҳарфи беҳудае ваҳшиёна дар хиёбон сангсор карданд.
Манзури ман ин аст, ки ба ҳарфҳои зоҳирии ашхосе мисли Кабирӣ ва ҳизби ӯ фирефта нашавед. Вақте аз Ҳумайнӣ пурсиданд, ки ҷомеаи исломӣ чӣ гуна мешавад, посух дод, ки мисли ҷумҳурии Фаронса. Пурсиданд, ки озодии исломӣ чист, гуфт, ҳама озоданд ва ҳатто коммунистон. Вале вақте ки вориди Эрон шуданд, нахустин коре, ки даст заданд, куштори коммунистон ва дигарандешон буд. Дар соли 1367 хуршедӣ чанд ҳафта танҳо ҷавононе, ки бисёре синнашон зери 30 буд, беш аз чаҳор ҳазор нафар дар зиндонҳо ба дор кашида шуданд. Ҳатто беморонеро, ки ба по намеистоданд, аз дасташон мебардоштанд, то сарашон ба ҳалқаи дор расад. Ин гуфтаҳои тахайюлии ман нест, балки ҳар яки ин санад, аксҳо ва филмҳо дорад. Ман ҳанӯз дар бораи қатли нахустин вазири зан Фаррухрӯ Порсо, ки вазири омӯзишу парвариш буд, сарфармондеҳу афсарони артиш, ки сарсупурдаи Ватан буданд ва онҳое, ки бенишон нопадид шуданд чизе нагуфтаам. Инро занони мо намедонистанд. Вақте сӯи хиёбон раҳпаймоӣ мерафтанд ва нидои «Дуруд ба Ҳумайнӣ» мезаданд, рӯсариву ҳиҷоб надоштанд ва касе аз охундҳо намегуфт, ки аввал рӯсарӣ кун, баъд ба тазоҳуроти мо ҳамроҳ шав. Аммо Ҳумайнӣ, ки ба Ватан баргашт рафтанд ба дидораш, гуфтанд ҳар кас, ки ҳиҷоб надорад, роҳ надиҳед ва муҷозот кунед.
Имрӯз, ки Кабирӣ ва атрофиёни ӯ ҳарфи зебо мезананд, чун ба қудрат расанд, аз охундҳову толибон ҳеҷ фарқе нахоҳанд дошт. Дар мазҳаби шиа истилоҳе ҳаст бо унвони «тақия». Инҳо тақия мекарданд, ки маънии он то замоне, ки сари қудрат нестӣ нияти аслии худро пинҳон дор. Яъне дурӯғ гуфтану фиреб карданро фатво доранд. Шумо нагузоред, ки онҳо дар Тоҷикистон низ тақия кунанд. Нагузоред, ки нияти аслии онҳо аз назари мардум пинҳон монад.
Агар чаҳор нафари онҳоро ба телевизион даъват бикунеду як рӯзноманигори қавии забондон суол диҳад, ки Бобои мулло оё чаҳор зан гирифтан дар ислом дуруст аст? Оё дуруст аст, ки духтарон дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил накунанд? Оё дуруст аст, ки духтари ноболиғро ба шавҳар диҳанд? Метавонад, ки инкор кунад? На! Болотар аз ними ҷамъияти Тоҷикистон, яъне беш аз чаҳор миллион зан аст ва вақте хостаҳои аслии онҳоро фаҳмиданд, бовар дорам, ки ҳатман ба даҳонашон мезананд.
-Боз кадом кори муассиреро бояд анҷом диҳем, ки ифротиён дар ҷомеа нуфуз пайдо накунанд?
- Шумо дидед, ки як рӯҳонӣ бо кори манфиатоваре дар ҷомеа даст зада бошад? Аввалин коре, ки бояд карда шавад онҳоро аз манобеи молиашон ҷудо бикунед. Бояд ҳамеша пайгирӣ шавад, ки пул барои онҳо аз куҷо меояд. Бояд ҳисоби бонкии онҳо таҳти назорат бошад. Бубинед, ки имрӯз мову шумо агар мехоҳем, ки коре бикунем, душвории маблағгузорӣ пеш меояд, вале дар Аврупо дар ихтиёри Кабирӣ ва монандҳои ӯ садҳо ҳазор евро гузошта шудааст. Имрӯз чаро як нафар коргар барои пайдо кардани ғизо мушкилӣ мекашад, вале инҳо, ки ҳеҷ ҷо кор намекунанд, имкон доранд, ки ҳар сол барои ҳаҷ ба Макка раванд? Чаро, ки бозориёну мардуми мутаассиб, ки бехудона аз думболашон медаванд, эшонро аз лиҳози пул таъмин мекунанд. Аз таассубу бесаводии мардум аст, ки худашон дар тиҳидастиву бечорагӣ қарор доранд, вале аз ҳисобашон мулло ду се зан дораду зиндагии хонаводагиаш аз ҳама имконот бархурдор аст. Худашон намедонанд, ки ин эътиқоду муҳаббати кӯр-кӯронаашон рӯзе ба сарашон бало меорад. Шумо бояд дар ин замина кор баред, ки таассуб аз замири мардум решакан шавад.
Хуб ин, ки мақомоти қудратӣ ифротиён ва террористонро пайгирӣ ва ҳабс мекунад, ҳанӯз мисли даравидани рӯи алаф аст. Яъне мисли буридани як гиёҳи ҳарза, ки ҳанӯз решааш дар замин пинҳон аст, мақомоти амниятӣ вазифаи худашонро анҷом медиҳанд, ки дуруст аст, яъне ҷомеаро безарар мегардонанд. Вале зери ин реша бояд тамоми риштаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор кунанд, то ин гиёҳи мурдор дигар сабз нашавад.
Дигар коре, ки дар ин замина муҳим аст, ҳар ифротгароеро, ки дар дохили ҳукумат аст бояд берун кард. Дастгоҳи давлативу девону артишу амният бояд аз ҳар одаме, ки назару андешаи ифротӣ дорад, пок шавад. Касе, ки занаш рӯсарӣ мекунаду намегузорад, ки духтараш дар донишгоҳҳо таҳсилашро идома бидиҳад, ӯ дунявӣ ва ё ба истилоҳи дигар секюлорӣ нест, балки боварманд аст.
Дар Қуръон ҳарфе дар мавриди ҳиҷоби мутаассибонан фарогир нест. Агар касе мехоҳад, ки дар ин маънӣ ба Қуръон истинод кунад, наметавонад далеле пайдо кунад. Ҳиҷоби фарогирро ифротиён оварданд, чунки абзори контроли мардум аст. Ман аз чанд охунди шинохта суол кардам, ки оё дар Қуръон ояте ҳаст, ки ҳиҷоб гирифтанро барои ҳамаи бонувон ҳатмӣ шуморад? Ҳама инкор мекарданд, вале иддао мекарданд, ки гарчӣ далели нақлӣ надорад, ҳароина ақлӣ аст. Яъне гарчанде, ки дар китобҳо зикраш нарафтааст, инҳо ба «ақл» дарёфтаанд, ки беҳтарин василаи контрол аст.
Ҳиҷоб барои ифротиён мисли парчам аст. Чун парчамашон аз даст рафт, дигар қудратро ҳам аз даст медиҳанд. Метавонанд дар ҳолати зарурат аз ҳама чиз гузашт кунанд, аммо ҳиҷобро раҳо нахоҳанд кард. Дар байни вакилону вазирону мудирон набояд онҳое бошанд, ки дузанаву сезанаанд ва ё муҳити хонаводагиашон сатрпӯш бошанд. Чун шахси давлатманд кормандумақом (масъул), ки дузана аст, чӣ гуна метавонад аз ҳуқуқи зан дифоъ кунад, ки аз шартҳои муҳими давлати дунявӣ ва демократӣ аст?
- Ҳарфҳои Шумо дар боби парчам ва ҳиҷоб, воқеан ҳам ҷолиб буд…
- Бубинед, ки агар ин ҷо сад зани саркушода муқобили як зани ҳиҷобдор қарор бигирад, занҳои саркушода дарҳол бо эҳсоси хатар худро ҷамъ мекунанд. Чун афкори онҳо ифротӣ нест ва мағзашон олуда нашудааст. Вале зани ҳиҷобдор агар касе ташхис диҳад, ки занҳои саркушода мурдору муртаданд омода аст, ки ҳамаи инҳоро пора-пора бикунад. Дар сари ӯ ҳамеша ин андеша ҳаст, ки ман бартарам, ҷойгоҳам назди Худо болотар аст ва ҳақ дорам, ки ҳамаи мардумро довар бошам. Ислом чун ба сиёсат омехт аз намодҳое (рамзҳо) мисли таблиғу ҳуҷум иборат хоҳад буд, ки пайравони худро аз дигарон тафовут медиҳад.
Вақте мо динро ба унвони як мавзӯи фардӣ нигоҳ мекунем, ниёзе ба тазоҳур надорем. Ман метавонам бо ҳар дину оине, ки дорам равам дар хона намоз гузорам ва бо Худои худ бо оромиш ниёиш кунам. Вале исломи радикалӣ мехоҳад қудрати худашро нишон бидиҳад. Фаразан дар Истамбули Туркия, ки аслан на кишвари аврупоисту на осиёист, масҷидҳои зиёде ҳаст. Аммо теъдоде аз мусалмонон ба ҷои он, ки бираванд дар масҷид намоз гузоранд, бештари вақт дар сари роҳу хиёбонҳо ин корро анҷом медиҳанд. Чаро? Мехоҳанд қудрати худро ба намоиш бигзоранд, мехоҳанд ки заҳри чашм бигиранд, дар дили мардум тарсу ваҳшат эҷод мекунанд, то дар онҳо эҳсоси озодӣ набошад, ҳарфи дилашонро гуфта натавонанд.
-Чаро вақте ки бо аз ин диндорони мутаассиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мекунӣ, дарҳол бо ҳарфи дурушт ва алфози қабеҳ посух медиҳанд?
- Усули баҳси инҳо ҳамин аст. Тавре ки дар боло гуфтам, онҳо ҳеҷ баҳсро қабул надоранд. Аслан ба дин ҳам эътиқод надоранд ва онро ба ҳайси як абзори зиндагӣ истифода мекунанд. Дар байни мусалмонони одӣ мардуми поке низ ҳастанд, ки ҳатто мӯреро озор намедиҳанд. Ба зиндагӣ ва эътиқоди касе ҳам кор надоранд. Вале ифротиҳо бо ин ҳама дигаронро наҷасу муртад эълон доштаанд, омодаанд, ки даст ба куштору қатл зананд.
Чаро мо мисли онҳо, ки шеваи ваҳҳобиро пеш гирифтаанд ба дуруштиву лафзи қабеҳ баҳс намекунем. Мисли онҳо таҳдид ба қатлу сар задан намекунем. Чунки касеро ва ҳатто ҷонвар ва ё дарахтеро ба хотири зинда буданаш озор надодан ҷузъе аз омӯзаҳои куҳани фарҳанги ниёгонамон будааст. Ба хотири ин, ки зерсохти фикрии мардуми тоҷик, ҳофизаи таърихии он аз азал гиромӣ ва пок доштани чаҳор унсур обу хоку боду оташ аст. Чӣ ҷои баҳс, ки инсон ва ё ҷонвареро озор диҳад? Хӯи меҳрубонӣ ҳазорсолаҳо дар хуни мардуми тоҷик парвариш ёфтааст. Бубинед, ки теъдоди ҳамаи ифротгароён дар Тоҷикистон як дарсад ҳам нест. (Онҳо ҳам, ки мағзашон шустушӯ шудааст ва дигар аслу насаби худро фаромӯш кардаанд, дигар тоҷик нестанд, балки як ваҳҳобиву салафиву таҳрирӣ ҳастанд, ки бо вуҷуди кам будани теъдодашон хеле хатарноканд).
- Пас барои шустушӯи мағзӣ нашудани ҷавонон бояд чӣ кард?
- Барои ҷомеа бештар ун касоне хатарноканд, ки аз кӯдакӣ шустушӯи мағзӣ мешаванд. Чаро аксари интиҳориёни афғон мардуми пушту ҳастанд? Чаро, ки онҳоро аз хурдӣ дар мадрасаҳои Покистон ба ин кор омода мекунанд. Чаро як марди бузургсол аз ин фирқа даст ба интиҳор намезанад, вале ҷавононро ба ин кор раҳнамоӣ мекунад? Чаро ки бовар надорад, ки худро тарконаду муҷиби куштори чанд одами бегуноҳ шавад, биҳишт меравад. Ин корро танҳо ба хотири сарвату қудрат мекунад. Толибон дар Афғонистон пойгоҳҳо доранд, ки дар онҳо кӯдаконро аз хурдсолӣ ба террор таълим медиҳанд. Ҳатто дар Сурия ҷангиёни ДОИШ курдону эзидиҳоро мекуштанд ва кӯдакони онҳоро дуздида дар ӯрдугоҳҳо бомба бастану сар задану кушторро меомӯхтанд. Дар мағзи онҳо хушунату бадбиниро нисбати дигарон ҷо мекарданд. Илми равоншиносӣ собит намудааст, ки ҳар қадар инсон ҷавонтару содаву камақлтар бошад, шустушӯи мағзии он кори сахте нест.
Мо кӯдакони худро аз кӯдакистонҳо чунин тарбия диҳем, ки дурусту бадро бо хирад санҷад. Бояд илму дониш омӯзад. Ҳар қадар инсон аз хурдӣ ба донишу маърифат алоқамандӣ пайдо кард, ҳамон қадар рушд мекунад, аз таассубу ҷаҳолат дур мешавад. Яъне мо бояд ба фарзандони худ шеваи дуруст андешиданро биомӯзем. Ҳар андешае, ки то синни ҳафт-ҳаштсолагӣ ба мағзу зеҳни кӯдак ҷой кардед, то охири умр ба он содиқ мемонад. Пас дуруст нест, ки ба ҷои мазҳабу хурофоту чизи дигар, ба кӯдак илму маърифат омӯзем?
Имрӯз гумон мекунам Тоҷикистон ба фаъолияти як ниҳоде ниёз дорад, ки шояд ба унвони як Созмони парвариши андеша роҳандозӣ шавад. Ин созмон бояд аз тариқи расонаӣ кардани ормонҳои миллӣ, андешаҳои солим, суханрониву шеъру суруд, филмҳои ҳунариву мустанад ба афкори мардум роҳ ёбад. Ҳамбандон, яъне узви ин созмон метавонанд олимон, сиёсатмадорон, устодони дабистонҳо бошанд. Гирди ин созмон бояд шахсиятҳои шинохта, донишварону андешамандон ҷамъ шаванд ва пеши мардум бираванд ва бо забони содаву фаҳмо, бо забони коргару кишоварз бо онҳо суҳбат бикунанд. Бубинед, чи аҳзоби ғайридинӣ дар тамоми навоҳиву шаҳристонҳо дафтари (сохтори) худро дорад. Вале мутаасибони динӣ аз ҳар минбари масҷид, ки дар шаҳраку рустоҳо ҳаст, ба унвони дафтару ситоди худашон истифода мекунанд. Бояд Шумо нагузоред, ки масҷидро инҳо ба унвони як пойгоҳи сиёсӣ, ҳизбии худ истифода кунанд. Мо дар шаҳру рустоҳо бояд анҷуманҳое, ки тавонанд мардум ҷамъ шаванду ҷойгузини масҷидҳо бошад, дуруст кунем. Масҷид ҷои ибодат аст на баҳсу сиёсат. Ин бархӯрдҳое, ки Ҳукумати Шумо имрӯз бо масҷидҳо дорад, яъне маҳдуд кардани мавъизаҳои сиёсии динӣ комилан дуруст аст ва хилофи ҳеҷ қавонини башарӣ нест.
- Сипос барои як суҳбати фарогир ва самимӣ.
- Банда низ посгузорам, ки як имкони мусоид барои баёни назару андешаҳоям фароҳам овардед.

Суҳбатнигор
Бахтиёр Ҳамдам

Бознашр аз ҳафтавори "Фараж"
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: