Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Фетишизм ё бовар кардан…

Фетишизм ё бовар кардан…

10-10-2019, 11:15
Хабарро хонданд: 3056 нафар
Назарҳо: 0
Фетишизм ё бовар кардан… Боре ба хонаи амакам, ки дар ноҳия воқеъ буд, меҳмонӣ рафтам. Дар сари дастурхон хеле суҳбат кардем. Нохост ягона духтари қадрасаш Анора аз дар даромада ба мо салом дода, ба дигар хона гузашт. Баъди рафтани духтар зани амакам шикоятро шурӯъ кард:
-Худо занад душманони маро, корашон танҳо ҷоду кардан аст, аз дасташон духтари яккаву ягонаам шавҳар намеёбад. Бовар кунед, ҳар ҷо равам мегӯянд, пеши роҳаш бастагӣ. Аз як муллои зӯр тумори бахткушояш гирифтам, на ҷанги уқоб монду на дандони гург, аммо фоида накард. Ҳатто ба назди ҷодугарону фолбинон рафтам, аммо натиҷае надод, ба назарам бахташро сахт бастаанд.
-Янга-гуфтам-о духтаратон нав ба 19 даромадааст, ҳоли зиндагияш дар пеш, ҳатман шавҳар меёбад,-аз содагӣ ва нофаҳмии зани амакам дар ҳайрат афтода.
Мутаассифона дарде, ки дар боло зикр кардем барои иддае аз занону духтарони мо дарди ҳарина шудааст ва то ҳол онҳо ба сеҳру ҷоду, чанголи уқобу дандони гург ва ҳар гуна бозӯбандҳои «сеҳрнок»-у туморҳои «аз ҳама баду балоҳо наҷотдиҳанда» боварӣ доранд.
Чунин бовариро дар арсаи илм фетишизм меноманд. Фетишизм аз калимаи франсузӣ (fétichisme) гирифта шуда, мазмунаш бовар кардан ба чизе аст. Он дар шакли тумор, бозубанд, устохони ҳайвон, пӯсти дарахт, санг, пораи нигин, чӯб, мура ва дигар предметҳое, ки инсон ба онҳо ҳамчун муъҷиза ва кумакрасонӣ худ менигарад, зоҳир мегардад.
Фетишистҳо ақида доранд, ки дар дунё офаридаҳое ҳастанд, ки дорои қувваи махсуси таъсиррасонӣ буда, муқаддасанд ва ин гуна чизҳо метавонанд одамро аз ҳама баду балоҳо наҷот бахшанд.
Масалан иддае аз қабилаҳои ҳиндӣ гов, фил, аждаҳоро парастиш мекунанд. Дар қисмати ҷанубии Африка бошад қабилаҳое ҳастанд, ки тимсоҳро наҷотбахши худ дар ҳолатҳои вазнини рӯзгорашон медонанд.
Аслан намунаҳои нахустини фетишизм ҳанӯз дар асри 15 дар байни мардуми Африкаи Ҷанубӣ аз ҷониби саёҳатчиёни португалӣ мавриди назар қарор гирифта бошад ҳам, аммо ин мафҳумро дар асри 18, олими голандӣ Виллем Босман расман ба забонҳои аврупоӣ ворид сохтааст.
Фетишизм дар тамоми динҳои дунёӣ дида мешавад, агарчи онро ислом рад кунад ҳам, аммо дар байни намояндагони тамоми мазҳабҳои исломӣ ба назар хеле зиёд мерасад. Дар баъзе ҳолатҳо онро мусулмонон ҳамчун хурофот истифода мебаранд.

Бозубандамро бидеҳ…

Суруди машҳури фолклории «Бозубандамро бидеҳ»-ро мо борҳо дар толорҳои консертӣ, радиову телевизион дидаему шунидаем. Аммо бозубанде, ки дар ин суруд васф мешавад, ороишӣ ҳаст, вале бозубанде, ки дар борааш алъон гуфтанием, ба қавле «сеҳрнок» аст. Чунин бозубандҳо аз ҷониби ашхоси алоҳидаи қаллоб, ки худро муллою ояндабин меҳисобанд навишта мешаванд. Инчунин дар дохили чунин бозубандҳо саргини «саги ҷумъагӣ», сангпушт, пашми гург, чанголи уқоб, пари булбул, чӯби туғ ва боз чандин чизҳои ҳалолу ҳаром ҷой дода мешаванд.
Чуноне дар боло иброз доштем, фетишизм дар ислом мамнуъ ҳаст, аммо иддае шояд аз сабаби камхирадӣ ва ё зудбовариашон бошад, ки то ҳанӯз ба сеҳри чунин фетишҳо боварӣ доранд. Борҳо шоҳиди он будам, ки зумрае аз шаҳрвандони мо бо бозубанди дар оринҷашон буда намоз мегузоранд. Мутаассифона чунин бозубандҳо, на танҳо дар дасти мардумони содабину зудбовар, балки дар дасти иддае аз мансабдорон, муаллимон, донишҷӯён ҳатто табибон низ дида мешавад, ҳатто дар бозорҳо ҷилдҳои ҳархелаи чунин бозубандҳо фурӯхта мешавад.
Зумрае барои пешрафти кор, эмин мондан аз ҳама баду балоҳо, даҳони шавҳарро бастан, соҳибмансаб шудан, ба манзалати баланде расидан ва боз барои амалӣ шудани чандин мақсаду мароми худ ба назди фолбину «мушкилкушоҳо» мераванд. Тумору бозубандҳои ба қавле барои худ мувофиқ мегиранд. Гарчанде чунин қаллобон борҳо аз дасти кормандони сохторҳои қудратӣ дастгир шуда бошанд ҳам, то ҳанӯз қаллобиашонро идома дода истодаанд. Маҳз онҳо бо сухану ваъдаҳои пучу холии худ домани шаҳрвандони зудбоварро пур карда, маблағ мерӯёнанд. Иттифоқан баъзан чунин ҳолатҳое рух медиҳад, ки бо саъйи худи шахс тасодуфан мақсади доштааш амалӣ мешавад ва шахс фаромӯш мекунад, ки бо талоши худаш ба мақсадаш расидааст. Имрӯз гарданбандҳо бо навиштаи сураҳои Куръони Маҷид, дастпонаҳо, бозубанду мураҳои чашмӣ ва боз даҳҳо чизҳои дигаре ҳастанд, ки иддае аз мардуми мо истифода мебаранд.

Хурофот ва боварӣ

Баъзан ба гуфтаҳою ҳаракатҳои иддае аз мардумони зудбовар ҳайрон мешавам.Зан ва ё марди солоре, ки ақл, заковат ва фаросати хуб дорад, ба чизҳое борвар мекунад, ки барои инсони закифаҳм хандаоваранд. Масалан саргини сангпушт, сагро тумор карда бо худ мегиранд, гӯё одамро аз ҳама сеҳру ҷодуҳо нигоҳ медорад. Ё испандро дар назди дукони савдо дуд кардан, гӯё ба тоҷир баракати кор меорад ва савдояш меафзояд. Дуруст аст, ки ҳазорсипанд хосияти табобатӣ дорад, майнаи касро ором карда, ҳар гуна вирусро нест мекунад, аммо барои ба савдо рафтани моли савдогар манфиате оварда наметавонад.Фетишизм ё бовар кардан…
Инчунин дигар хурофотҳое ҳастанд, ки ҳанӯз аз даврони қадим байни халқи мо маъмуланд. Масалан мардуми кӯҳистони ҷануб ақида дорад, ки агар пиронсоле дарахти чормағз шинонад, ҳангоми бор овардани он соҳибниҳол мефавтад. Агарчи нодуруст будани ин ақида борҳо исбот шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз ҳам одамон ба он боварӣ доранд. Ё дарахтеро муқаддас эълон дошта ба он латта мебанданд ва хурду калон ба зиёрати ҳамон дарахт омада, барои осон шудани мушкилашон мадад мепурсанд.
Дар ҷемеаи муосири мо новобаста ба халқияту миллат, дину оин боварии мардум ба сеҳру ҷоду зиёд шудааст. Фалониро ҷоду кардан, зан гирифта наметавонад ва ё духтарамро ҷоду кардан шавҳар карда наметавонад, ҳамин гуна баёнияҳое ҳастанд, ки борҳо мо аз забони хешу табор ва дигар наздиконамон мешунавем. Мувофиқи таълимоти исломӣ сеҳру ҷоду ғайришариат ҳаст, аммо иддае аз пайравони динни ислом ба он сахт боварӣ доранд ва пайваста аз паи ҷоду кардани касе ҳастанд. Пас куҷост мусулмонии мо?
Имрӯз хурофотпарастӣ чунон зиёд шудааст, ки бо тавсия як фолбин ва ё ҷодугар мо ба пораи қанд, як мушт намак, чанд дона тухм, пусти мор, қулфу калид ва боз ба чандин чизҳое эътиқод мекунем, ки ҳам хандаовар ҳастанду ҳам ҳайратовар…
Дигар масъалае, ки мехоҳам андешаҳоямро иброз намоям, ин насибу тақдир аст, ки ба онҳо мардуми мо сахт эътиқоду этимод доранд. Масалан инсоне ба ҳодисае дучор шуда ҳалок мегардад ва маъмултарин сухани мо «хайр, насибаш ҳамин будааст, тақдирашро аз рӯзи азал ҳамин хел навишта будаанд» ва ба ин монанд боз садҳо гуфтаҳои дигаре ҳастанд, ки таскинбахши қалбамон мешаванд. Аммо банда ба ин комилан розӣ шуда наметавонам, охир офаридгор бароямон ақл, заковат, нигоҳ, андеша, фаросат ва боз чандин эҳсоси волои инсонӣ ато кардааст ва агар мо онҳоро аз рӯйи ақлу заковату фаростамон ба кор бурда тавонем, пас насибу тақдир пушти сар мемонанд.
Охирсухан

Дар ҷамъбаст гуфтаниям, ки инсон танҳо ба неру ва тавоноии ақлонӣ ва ҷисмонии худ бояд бовар кунад, зеро бузургмардони гузаштаи мо мо бе тумору «бозубандҳои сеҳрнок» ба қуллаҳои баланди ному шарафи инсонӣ расидаанд ва номи худро абадзинда гардонидаанд. Агар инсон заковати баланд ва нигоҳи хуб дошта бошад, худ ояндабин мешавад ва роҳи ҳаёташро бе таъсири тумор, бозубандҳои сеҳрнок ва бе ёрии қувваҳои беруна аз монеаҳо рањої меёбад. Барои ин бояд дар дил азму љасорат ва барои ояндаи худ эътимоду эътиқод дошта бошем.
Агар бо тавассути «тумору бозубандҳои сеҳрнок» соҳиби мансаби баланд шудан мумкин мебуд, аз ҳама баду балоҳо наҷот ёфта метавонистем ва ба қуллаи мақсуд мерасидем, пас дар олам инсони бадбахте намемонд. Магар барои одамӣ манзалате болотар аз одамият ҳаст? Нест!...

Т. Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: