Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО

СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО

8-10-2019, 10:00
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО
Тоҷикистони соҳибистиклол зери парчами ваҳдату хамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа беҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Тоҷикистон замоне ба бунёди давлатдории хеш оғоз кард ва сиёсати хориҷии худро таҳким бахшид, ки низоми сиёсии ҷаҳон рў ба дигаргунӣ оварда буд.
Бар замми ин, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин мекард ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамуд.
Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд.
Дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон нақши Эмомалӣ Раҳмон бисёр муассир мебошад.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷўёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои дўсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани санадҳои робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои зербиноии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шуруъ намуданд.
Феълан таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавқеи махсус дорад.
Ба гуфти коршиносон зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ аз он бар меояд, ки давлати мо дар таҳкими амнияту суботи минтақа нақши муҳим дорад.
Яке аз воситаҳои муваффақи ҳамгироӣ бо иқтисодиёти байналмилалӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад.
Бино ба таъкиди иқтисоддонҳо пайвастани Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ба ин созмони ҷаҳонӣ барои кишвари мо имконияти бештари ҳамгироии иқтисодии ҷаҳониро фароҳам овард.
Албатта пайвастани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо тақозо мекард, ки кишвари мо чандин марҳилаи мушкилро паси сар намояд ва дар пайи талошҳои хастанопазири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати озоду ободи мо ба ин мақсад расид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2013 узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гардид ва қадами бузурге дар арсаи ҷаҳонӣ гузошт.
Феълан Тоҷикистон яке аз аъзои фаъоли ин созмони бонуфуз буда, дар доираи талаботи он ҳамкории иқтисодиро бо давлатҳои узв рушду густариш мебахшад.
Дар як муддати кутоҳ тибқи талаботу муқаррароти Созмони умумиҷаҳонии Савдо ба қонуну меъёрҳои амалкунандаи Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, шумораи санадҳои нави меъёрӣ қабул карда шуданд, ки ин раванд заминаи пайвастани Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба иқтисоди ҷаҳони муосир таҳким бахшид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 28 соли истиқлолияти хеш бо роҳбарии Сарвари хирадманду дурандеш - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо барқарор намудани ҳамкории судманду самарабахш бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳон устувору пойдор созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрў ва эътибори хешро боло бурд, ҳамкории судмандро таҳкиму густариш бахшид ва то имрўз бо аксар давлатҳои ҷаҳон робитаи хубу манфиатовар дорад.
Дар таҳким ва устувории сиёсати хориҷии Тоҷикистон қабули санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор гузоштанд.
Аз ҷумлаи аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо қабули ин санад ва муҳайё гардидани дигар заминаҳо барои рушди сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид, рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳадафҳои муҳими давлати ҷавони мо дониста шуд.
Новобаста аз мушкилоти аввали даврони соҳибистиқлолӣ кишвари тозаистиқлоли мо бо роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби сиёсати муваффақи хориҷӣ қадамҳои устувор гузошт.
Интихоби сиёсати «дарҳои кушода» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рўзҳои аввали истиқлол аз хислатҳои дурандешонаи роҳбари олиҳиммати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон буд.
Сиёсати «дарҳои кушода», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.
Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим дониста мешуд.
Маҳз амалӣ гардидани ин усул дар сиёсати хориҷии кишвари мо барои тавсеа ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба бо мамлакатҳои олам ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ уфуқҳои навро боз кард.
Принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон асосан ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардида буд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо оламиён аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дўстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам зина ба зина тавсеаву таҳким ёфтанд.
Бо шарофати ин сиёсати муваффақи роҳбари дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам намуда, ба доираи ҳамкории худ давлатҳои бисёрро ворид карда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин гардонд.
Сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад ва дар заминаи татбиқи бомуваффақи ин сиёсат ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад.
Тоҷикистонро ҳамчун чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрўз зиёда аз 151 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр ба расмият шинохтааст ва кишвари мо бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ дорад.
Давлати мо дар доираи сиёсати «дарҳои кушода» дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносиботи ҳасана бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ - Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона намуда, равобит бо ин давлатҳоро дар асоси дўстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда таҳкиму густариш бахшидааст.
Тоҷикистон феълан ҳамкории хориҷӣ ва равобити дўстонаро бо се кишвари ин минтақа дар асоси шарикии стратегӣ амалӣ менамояд, ки ин раванд ба манфиати мардумони ҳамаи давлатҳо мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, «Тоҷикистон тақвияти дўстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст.
Рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ўзбекистон дорои аҳамияти махсус мебошад. Тоҷикистону Ўзбекистон бешубҳа дорои фазои бузурги фарҳангӣ - гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.
Ба принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон таърих, сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ заминаи мустаҳкаму устувор гузоштааст.
Коршиносону мутахассисони масоили сиёсӣ соли 2017-ро соли рушди пойдории ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон маънидод мекунанд, зеро дар ин сол бо талошу дастгириҳои бесобиқаи роҳбарони сатҳи олии ду кишвари ҳамсоя раванди муносиботи Тоҷикистону Ўзбекистон уфуқҳои нави ҳамкориро ба худ касб намуд.
Талошу кўшишҳои сиёсии Тоҷикистону Ўзбекистон барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, мусоидат ба равандҳои минбаъдаи ҳамгироӣ пайваста ба назар мерасад.
Ду кишвар узви якчанд созмони минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ ва СҲШ буда, муносиботро дар доираи ин созмонҳо рушду густариш мебахшанд. Бо дарназардошти ҳаммарз будани Тоҷикистону Ўзбекистон тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар ҳама бахшҳои давлатдорӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисоду саноат, нақлиёту коммуникатсия ва маорифу кишоварзӣ дорои дурнамои нек арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистону Ўзбекистон имрўз ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ афзалияти бештар дода, ҳамгироии доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои тиҷоратии ду кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад. Омор нишон медиҳад, ки бо таваҷҷуҳ ба ин самт ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Ўзбекистон тамоюл ба болоравӣ дорад. Агар ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2016, 69,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 126,4 миллион доллар баробар шуд, ки аз ин 57,1 миллион доллар ба содирот ва 69,3 миллион доллар ба воридот рост меояд. Гардиши мол миёни ин ду кишвар дар нимсолаи аввали соли 2018 бошад, ба 128 миллион доллар баробар гардид.
Ҳамкории Тоҷикистону Ўзбекистон дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ дар асоси Протокол оид ба ҳамкорӣ байни маъмурияти авиатсионии ду кишвар аз моҳи ноябри соли 2016 ба роҳ монда шуда, тибқи он парвозҳо аз моҳи апрели соли 2017 расман шуруъ гардиданд.
Бо талошу дастгириҳои роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Тошкент – Душанбе, Душанбе – Самарқанд – Душанбе ва Душанбе – Бухоро – Душанбе амалӣ гардида, рафтуомади зиёди шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар сурат мегирад.
Тоҷикистону Ўзбекистон имрўз ба рушди муносибот дар соҳаи фарҳанг низ ҳавасманд мебошанд. Ҳамкории судманди фарҳангию адабии ду кишвари дўсту ҳамсоя аз қаъри таърих сарчашма гирифта, дар ҳоли рушду инкишоф қарор доранд. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо машъали дурахши дўстист, ки мутафаккирони бузурги мо Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ фурўзон карда буданд.
Дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам Ўзбекистон намояндагони зиёди ҳарду миллат кору сукунат доранд ва аз ҳаёти осуда бархўрдоранд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хислати стратегии муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам таваҷҷуҳи хоса медиҳад.
Наздик ва мувофиқ будани мавқеъҳои ду кишварро дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, инчунин мақсаду нақшаҳои давлатҳо оид ба фаъолтар сохтани ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ собит намуданд.
Умумияти фарҳангию таърихии ду халқ омили асосии рушди муносибатҳо дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар арсаҳо дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд.
Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.
Дар ин замина боздидҳои сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо гардидаанд.
Тоҷикистон ва Қазоқистон бо мақсади ҳалли самарабахши масъалаҳои аввалиндараҷа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳкурсии институтсионалии устувор - Шўрои Ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, Шўрои Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро таъсис доданд.
Феълан заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад.
Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.
Раванди густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Қазоқистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, дар ин асос муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ густариш меёбанд.
Тоҷикистону Белорус ду кишвари дўст дорои муштарокоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкории зичу босамар дар бештари соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошанд.
Сафарҳои пайвастаи сарони ду давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишварҳои ҳамдигар дар рушду густариши муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд.
Тоҷикистону Белорус дар давоми бештар аз ду даҳсолаи барқарории равобити дипломатӣ ба дастовардҳои зиёд дар соҳаҳои гуногун ноил гардидаанд.
Белорус узви СММ, ИДМ, Шўрои Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштҳо барқарор гардидааст.
Коршинососну мутахассисон рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Белорусро дар марҳалаи кунунӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунанд.
Миёни Тоҷикистону Белорус муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфти коршиносон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад.
Тоҷикистону Белорус пайравони собитқадами тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои самаранок дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва дигар созмонҳои минтақавӣ, ки ҳар ду кишвар аъзои онҳо мебошанд, мавқеи яксон доранд.
Тибқи нишондод сатҳи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус дар давоми 28 соли соҳибистиқлолии кишвари мо тамоюли мунтазами болоравиро доро буда, асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегарданд.
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Белорус ҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инчунин инкишофи муносибатҳои миёни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд.
Душанбеву Минск рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илм манфиатовар дониста, дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамкориҳо миёни ду давлат дар ин самт низ тамоюли рушду инкишофро ба худ касб кардааст.
Дар доираи ҳамкориҳои илмии миёни ду кишвар моҳи сентябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Белорус фаъолияти худро оғоз намуд.
Ҷараёни амалисозии кўшишҳои сарони ду кишвар ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои мардумони ду давлат ба назар мерасанд ва сокинони ҳар ду кишвар ба ояндаи ин равобит нигоҳи нек доранд.
Муваффақият ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон уфуқҳои навро боз намудааст.
Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои созандаи хориҷӣ бо кишварҳои гуногуни олам дар ин давра зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд.
Бештари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
Коршиносону мутахассисон ташаббусҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об дар арсаи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мекунанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд.
Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар асри XXI ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.
То имрўз чор ташаббуси ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла Соли 2003 - соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтааст, ки ин иқдомоти роҳбари дурандешу хирадманди тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон дар самти рафъи мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла об ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим муҳиму назаррас арзёбӣ мегарданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013, мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркибаи воқеӣ мукаммал намуд.
Ташаббуси чоруми Тоҷикистон, ки соли 2018 татбиқи он ба таври расмӣ оғоз гардид, аз рўйдодҳои муҳиму хотирмон барои миллати тоҷик дар сиёсати дохилию хориҷӣ дар ин сол дониста мешавад.
Метавон гуфт, ки соли 2018 бо рўйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар сиёсати хориҷӣ соли воқеан таърихӣ буд. Зеро 22 марти соли 2018 дар “Рўзи байналмилалии захираҳои об” татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Сарвари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Чун дар мавриди ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар доираи татбиқи босамари сиёсати хориҷӣ таъкид рафт, бояд зикр дошт, ки пешниҳодҳову ташаббусҳои кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи об маҳдуд нагардидааст.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори волоназари сатҳи ҷаҳонӣ дар мавриди мушкилоти дигари сайёра низ ташаббусҳое дорад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамовозии зиёде пайдо кардаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти табодули мол, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ғайра соли 2002 ташаббуси тозатаре дар сиёсати «дарҳои кушода» -ро эълон намуданд.
Пўшида нест, ки даҳаи аввали Истиқлолият дар Тоҷикистон асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Бо гузаштан аз ин марҳила, ки давраи аввали пас аз истиқлол буд, Тоҷикистон дарҳои худро ба рўи ҳамаи кишварҳои олам кушод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар ба роҳ монд, ки ин сиёсат имрўз муваффақиятҳои зиёдеро ба миён оварда, идома дорад.
Душанбе - пойтахти Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии Ватан борҳо мизбони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардида, таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳо, роҳбарони давлатҳо ва созмонҳою ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳониро дар доираи сиёсати муваффақи хориҷии хеш ба ҳалу фасли масоили умдаи ҷаҳонӣ ҷалб кардааст.
Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июни соли 2019 дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ин созмони минтақавӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таваҷҷуҳи кишварҳои аъзоро ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатару чолишҳои замони нав, аз ҷумла терроризму эктсремизм ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб намуданд.
Таҷрибаи пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Тоҷикистон дар давраи истиқлоли давлатӣ, ба вижа баъди расидан ба мусолиҳаи миллӣ, нишон дод, ки тавсеаи равобити дўстона ва мутақобилан судманди дуҷониба бо кишварҳои гуногун ва роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо онҳо дар чаҳорчўби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои рушди бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, таъмини амнияту суботи миллӣ, инчунин ҷойгоҳи муносиб ва шоиста касб кардани кишвар дар раванадҳои ҷаҳонӣ нақши муассир доштааст.
Дар ҳамин замина Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии бисёрсамтаи хеш ба таъмини ҳамкорӣ бо созмону ниҳодҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва ниҳодҳои минтақавию байналмилалии молиявӣ афзалияти бештар медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дўстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баробари рушди ҳамкориҳо бо дигар созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ ба густариши муносибот бо Созмони Ҳамкории Шанхай низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро равон намуд.
Дар ин давра таҳким ва рушди муносибот бо Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 15 июни соли 2001 бо имзои расидани Эъломияи таъсиси «Созмони Ҳамкории Шанхай» арзи ҳастӣ намудааст, дар мадди аввал қарор гирифтааст.
Ин созмон аз рўи нуфуз ва захираҳои иқтисодӣ, демографӣ, ҳудудӣ ва табиӣ бузургтарин дар минтақаи АВРООСИЁ дониста мешавад ва муассисони ин созмон асосан Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон мебошанд.
Дар кишварҳои узви ин созмон зиёда аз 3 миллиард аҳолӣ, ки тақрибан 61 дарсади нуфузи АвроОсиёро ташкил медиҳад, зиндагӣ мекунанд ва аз ҷиҳати ҳудуд бошад, фарогири бештар аз 20 миллиард километри мураббаъ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои узви ин созмон мушкилот ва чолишҳои муосирро воқеӣ арзёбӣ мекунад.
Вобаста ба ин яке аз авлавиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Созмони Ҳамкории Шанхай фаъолияти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ мебошад.
Ба гуфти мутахассисон рушди равобит бо Созмони Ҳамкории Шанхай барои Тоҷикистон на танҳо густариши равобити бисёртарафа аст, балки заминаест барои пешрафти муносибатҳои дуҷониба.
Ҳамчунин донишмандону сиёсатшиносон мегўянд, ки СҲШ барои Тоҷикистон механизми мусоидест дар самти густариши равобити густурда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳандозии сиёсати хориҷии худ рушду тавсеа бахшидани ҳамкориҳоро бо кишварҳои ИДМ ба ҳайси яке аз самтҳои муҳимтарин ва авлавиятнок медонад ва дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ муносибатҳоро бо ин давлатҳо дар асоси ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба густариш бахшида, ба дастовардҳои зиёде дар ин самт ноил гардидааст.
Миёни ҳамёрони асосии Тоҷикистон дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, дар даврони 28 соли Истиқлолият муносибот бо ин кишвар дар ҳама самтҳо рушду густариш пайдо намудаанд.
Феълан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Россия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дўст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Россия аст ва чунин хоҳад монд.
Аз ин рў, ҳифзи муносибатҳои ҳасанаи анъанавӣ, агар аз як ҷониб, афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар, риояи манфиатҳои олии миллӣ дар ниҳояти кор муайянкунанда хоҳад буд.
Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба рушд ва таҳкими муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба дар сиёсати хориҷии хеш бо кишвари ҳамсояи Чин, ки феълан дар сиёсати ҷахонӣ мақом ва нуфузи хоссаро соҳиб аст, таваҷҷуҳи махсусро равона намуда, муносиботро дар тамоми бахшҳо бо ин кишвар таҳкиму тавсеа бахшидааст.
Дар солҳои Истиқлолият тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақом ва ҷойгоҳи хоссаро ба худ касб намуд.
Феълан танҳо мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин, ки аз асосгузорони асосии СҲШ дониста мешаванд, аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зиёд буда, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвари мо шомил мебошад.
Ширкатҳои зиёди бонуфузи чинӣ дар самтҳои мухталифи кишвари мо фаъолият карда истодаанд ва ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳо дар ҳоли рушду густариш қарор доранд.
Давлати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият бо дарки воқеии ҷойгоҳи созмонҳои байналмилалӣ дар назми навини ҷаҳонӣ, равобити созандаеро бо ин созмонҳо ба роҳ монд ва ин раванд то имрўз идома дорад. Тоҷикистон дар ҳеҷ даврае бо ҳеҷ яке аз созмонҳои байналмилалӣ мушкиле надошт.
Ин албатта, бозгўи сиёсати барномарезишудаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ дар пиёдасозӣ ва густариши ин сиёсат нақши меҳварӣ дорад.
Тоҷикистон созмонҳои байналмилалиро майдони муносибе барои ҳамкорӣ бо кишварҳои мухталиф, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои гуногунҷанба ва наздикии фарҳангҳову тамаддунҳо медонад.
Аз ин ҷиҳат густариши равобит бо ин созмонҳо барои кишвари мо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои гуногунсамта бо кишварҳои минтақаи АвроОсиё низ мақом ва нақши шоистаро соҳиб аст.
Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Япония, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия ва дигар кишварҳои дўсти ин минтақа сол то сол таҳким ёфта, муносибот дар соҳаҳои бунёди инфрасохтори иртиботиву нақлиётӣ, иншооти гидроэнергетикӣ ва монанди инҳо амалӣ карда мешаванд, ки аз рушди онҳо тамоми мардумони кишварҳо манфиатдоранд.
Ҳамкориҳои гуногунсамти берунии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки дар сиёсату иқтисоди дунёи муосир нуфуз ва нақши бузург доранд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо талошу пайгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду густариши ҳамаҷонибаро касб намудаанд.
Сафарҳои расмию кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва роҳандозии музокироту муколамаи роҳбарони сатҳи олии давлатҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносиботи дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин давлатҳоро таҳкиму тавсеа бахшидаанд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат беҳтару хубтар ба роҳ мондани барномаҳои мавҷудаву таҳияшаванда доир ба ҳамкории судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз вазифаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «Мо дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо ин кишварҳо ҳамкории босамар доштем ва вусъату тақвият бахшидани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои мост».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии худ ба рушди ҳамкорӣ ва тавсеаи равобити дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои олами араб ҳам таваҷҷуҳи дучанд зоҳир намуда, давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ бо талошу пайгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт низ дастовардҳои назаррас ба миён омадааст.
Имрўз Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои мутараққии олами араб, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар ва мамлакатҳои дигари мусулмон муносибатҳои муфиди дуҷониба ва бисёрҷониба дорад.
Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир низ тавсеа ва густариш ёфтааст.
Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш дар роҳи амалисозии нақшаву супоришҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳким бахшидани равандҳои савдои озод, аз байн бурдани монеаҳои тарифӣ ва тавозуни нархгузорӣ дар савдои хориҷӣ, мусоидат ба тақвият ва тавсеаи фазои тиҷорат, ҳаллу фасли мушкилоти ҳамлу нақл ва интиқоли молу маҳсулот корҳои назаррасеро анҷом додааст.
Дар ин муддат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар намуда, зимни ба имзо расонидани созишномаҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тақвият ва рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодӣ заминаи мусоиди ҳуқуқию шартномавӣ фароҳам гардидааст.
Мутахассисон мегўянд, ки муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад.
Аз ин рў, дар комёбии дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти кишвар, самтҳои дурусти муайяннамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоқату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Тавсеа ва равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи шарикӣ асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, кишвари мо бар асоси сиёсати дарҳои кушода робитаҳои гуногунсамтаро бо тамоми кишварҳо ва созмонҳое, ки ба манофеи миллии мо эҳтиром мегузоранд, густариш бахшидааст.
Дипломатияи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масоили умдаи глобалӣ ва сулҳхоҳ эътироф гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳассосу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон сиёсати хориҷии худро ҳамчун идомаи мантиқии стратегияи бисёрҷабҳаи сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини манфиатҳои миллӣ, қабл аз ҳама истиқлолу озодӣ, амнияту субот, шароити мусоиди пешрафт ва рушди устувори кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба роҳ монда, дар ҷодаи ҳамкории минтакавию байналмилалӣ мавқеи муваффақонаро касб кард.
Бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносони масоили сиёсӣ ҳама пешравиҳои муваффақонаи робитаҳои байналмилалиро бо мавқеи устувори сиёсӣ ва дурандешию башардўстии Пешвои тавоно - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонанд.
Воқеан, Пешвои муаззами миллати фарҳангпарвари тоҷик бо пешниҳоду ҳидоят ва тарҳҳои илман асосноки фарогири манфиатҳои умумиинсонӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори созандаву башардўст эътироф гардида, кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро муваффақона ба шоҳроҳи рушду пешрафти ҳамаҷониба роҳнамоӣ карда истодаанд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода,
Садриддин Шамсуддинзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: