СУЛҲУ СУБОТ-КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА2-10-2019, 09:52
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Сулҳу субот, амнияту оромӣ, ормонҳои миллӣ аз саодати рӯзгори мо гувоҳӣ медиҳад. Инсоният дар ҳама даврузамон дар орзуи сулҳ ҳастанд, то ба мақсадҳои наҷибашон шарафёб гарданд.
Зеро зиндагии ширину нотакрор ва шоиставу гуҳарбор танҳо дар замони осоиштагӣ ва айёми ваҳдату якдилӣ ба кас муяссар мегардад. Бузургтарин сармояи миллатва рӯйдоди таърихии фаромушнопазир рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули Аҳдномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистони азизи мо ба осонӣ ба даст наомад, чунки дасисаву душмангароии бархе аз афроди дохиливу хориҷӣ миллати бофарҳангу мутамаддини моро бо ду сангари оштинопазир ҷудо карда буд. Бар асари ин ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ҳазорон-ҳазор мардуми тоҷик кушта гардид ва миллиардҳо сомонӣ зарари моддӣ ба иқтисодиёти кишвар расонд. То ҳанӯз даҳшати ин ҷанг, аз дилу дидаҳои мардуми ҷафокашида берун нарафтаву дарду доғи он дар қалбҳои мардум нуҳуфта аст. Хушбахтона, бо азму иродаи азалии бузургтарин чеҳраи арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ чун беҳтарин ва нодиртарин армуғон ба ин мардуми азияткашида ҳадя гардид. Ҳамин тавр ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшида шуд. Ин лаҳзаи деринтизору хотирмони тоҷикро аҳли сухан хеле самимӣ, ба риштаи қалам кашидаанд: Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ, Ба даҳон қанди сухан омадаӣ. Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо? Сар-сари дидаи ман омадаӣ. Амнияту оромӣ, истиқрори сулҳ ба номи шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавию ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ба кору пайкори созандаву сулҳпарваронаи Сарвари давлат ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бо арҷгузорию самимияти бепоён баҳои арзандаи сиёсӣ дода шудааст. Ҳамин аст, ки бо пешниҳоди мардуми шарафманди Тоҷикистон ва бо ҳамовозӣ ва дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа ба Пре¬зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- унвонҳои Олии Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дода шуд. Ин унвонҳои олӣ бо самимияту меҳрубониҳои халқ ва арзёбӣ ба сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи ин чеҳраи нотакрори таърих аст, ки дар ягон давру замон ба ягон сарвари тоҷикон насиб нагардидааст. Маҳз сулҳу ваҳдат заминаҳои боэътимоди марҳилаҳои рушдро дар ҷомеа оғоз бахшид. Бо ташаббусу ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ шурӯъ гардида, ҳоло истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ зина ба зина ҳаллу фасли худро меёбад. Ҳадафи чорум саноатикунонии кишвар бошад собитқадамона аз соли 2019 оғозгардидааст. Татбиқи нақшаҳои бузург дар ҷумҳурӣ сатҳи иқтисодиро рушду нумӯъ бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешрафта ва муваффақ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Дастовардҳо ва комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту фарҳанг, илму маориф, равобити хориҷӣ вазъи кишвар ва симои Ватани ҷоноҷони моро ба куллӣ дигаргун сохтаанд. Дар таърихи ватандории милла¬ти куҳанбунёди тоҷикон ин арзёбиҳо ва натиҷаҳои зиндагии шоиста назир надоранд. Бинобар ин мо, мардуми бофарҳанги тоҷикро зарур аст, ки сулҳу оромиро чун гавҳараки дида муҳофиз бошем. Нагузорем, нохалафе, нопоке, дасисабозе, номарде, ҳасуде дар доми фиребу найрангҳои гурӯҳҳои иртиҷоию ифротгароӣ бо тафаккури бегонаву заҳролудаш ба ам¬нияти кишвар ва осудагии мардум раҳна ва халал ворид намояд. Аз ин рӯ, ҷавонону наврасонро бояд дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва гу¬манизм тарбия намоем. Аз айёми кӯдакиву наврасӣ дар ниҳоди кӯдак меҳри Ватан, дифоъ аз марзу буми онро парвариш диҳем. Зеро муҳаббат ба Ватан аз гӯшаи имондорӣ аст. Мутаассифона, дар замони муосир як хатари бузурги сатҳи байналмилалӣ терроризм ва экстеримизм доман паҳн мекунад. Ин гурӯҳҳои тахрибкору ифротгаро мехоҳанд ба тафаккури ҷавонону наврасон ақидаҳои нодурусти номатлубро ҷой намоянд, ба ақидаву иғвоҳои бепояву бебунёд дар ҷомеа таҳлукаву бадбиниҳоро роҳандозӣ намоянд. Бештар бо роҳи фиребу найранг ва дахолати душманони дохиливу хориҷӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ фардҳои ноогоҳ ва ҷавонони зудбовари аз олами маърифату ахлоқ бехабарро ба гуруҳҳои худ шомил менамоянд.Аз ин рӯҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза алайҳи ин гурӯҳҳои ифротгаро ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд: Бигзор ҷавонони фаъолу масъул ҳамчун пайравони Пешвои муаззами мил¬лат бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва эҷоду эъҷозҳои нав дар рушди рӯзафзуни Тоҷикистони азиз нақши калидӣ дошта бо-шанд, зеро мо ба ин неруи бузург эътимоди комил дорем. Файзулло АБДУРАҲИМОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.