Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Пешвои миллат ҳангоми ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Данғара

Суханронии Пешвои миллат ҳангоми ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Данғара

13-09-2019, 09:34
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат ҳангоми ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Данғара
12.09.2019, ноҳияи Данғара

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти имрӯзаи мо дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 28 — солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон, ки се рӯз пеш дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлолу пойдории сулҳу субот таҷлил гардид, баргузор шуда истодааст.

Ба ин муносибат, сокинони заҳматқарини ноҳияи Данғараро бори дигар ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллиамон табрик гуфта, ба хонадони кулли мардуми ноҳия ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромӣ фазои орому осуда, файзу баракат ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳоло дар тамоми қаламрави мамлакат ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии истиқлол корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат доранд, ки ин раванд ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳру деҳоти кишвар ва албатта, боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Баъди эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар қаламрави ноҳияи Данғара даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки имрӯз дар онҳо садҳо нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар ин гӯшаи зебоманзари Ватанамон бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони 124 иншоотро ба анҷом расонидаанд ва бунёду навсозии боз садҳо иншооти дигарро босуръат идома дода истодаанд.

Дар ноҳия худи ҳамин рӯз, яъне ба муносибати 28 — умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон 20 иншоот, аз ҷумла рамзи ноҳия, майдончаи варзиш бо ҷойи бозии кӯдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Данғара, литсейи касбҳои техникӣ барои 320 нафар толибилм дар деҳоти Баҳор, ду муассисаи таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Розиён ва Баҳор, хобгоҳи литсей бо 100 ҷойи хоб, 4 километр роҳи асфалтпӯшгардидаи деҳаи Баҳор, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Корез ва Лоҳур, бинои Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия ва маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамин ба истифода шупорида шуд.

Чунонки медонед, чанде пеш ман зимни сафар ба ноҳияи Данғара — дар деҳоти Пушинг, Қули Сӯфиён, Себистон, Оқсу ва Ғарғара дар маросими ба истифода додани муассисаҳои таълимиву тиббӣ, марказҳои хизматрасониву майдончаҳои варзиш, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок карда, изҳор дошта будам, ки самараи заҳмати ватандӯстонаи соҳибкорони ҳимматбаланди деҳоти зикршуда барои дигарон намунаи ибрат мебошад.

Бояд гуфт, ки аксари иншооти таъиноти гуногуни дар ноҳия ва деҳаҳои Данғара бунёдшуда низ гувоҳи равшани дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” обод гардидани боз як гӯшаи Ватанамон, бо шуғл таъмин намудани сокинон ва дастҷамъона амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Илова ба бунёди муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ноҳия бунёди 10 корхонаи истеҳсолӣ, ки ба муҳайё намудани садҳо ҷойи нави корӣ мусоидат менамоянд, бомаром идома дорад.

Ҳоло корҳои сохтмон дар ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда муташаккилона ва бо азму талоши ватандӯстонаи мардум идома доранд ва умед аст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлол ҳамаи ниятҳои созандаи сокинони ноҳия пурра амалӣ мегарданд.

Бо бунёди иншооти аз тарафи соҳибкорони саховатпеша оғозгардида бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ осон гардида, барои зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони ноҳия шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда мешавад.

Дар иртибот ба корҳои ободониву созандаи зикршуда ба хурду бузурги сокинони ноҳияи Данғара, ҳамаи фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланд барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёрамон сипосу миннатдории самимии худро изҳор менамоям.

Дӯстони азиз!

Ҳукумати мамлакат солҳои охир дар баробари бунёди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, инчунин, ба таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ диққати ҷиддӣ дода, дар онҳо тамоми шароити зарурии таълиму тарбияро фароҳам оварда истодааст.

Дар натиҷаи маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети давлат ва саҳми соҳибкорону афроди саховатманди мамлакат ҳар сол дар кишварамон садҳо муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуда, мактабҳои таъмирталаб ва дар шароити номусоид фаъолияткунанда таъмиру азнавсозӣ мегарданд.

Чунонки дар суханрониҳои қаблӣ таъкид карда будам, маблағгузорӣ ба таълиму тарбия муҳимтарин амалест, ки самараи он ба пешрафти давлат ва ояндаи неки кишвар нигаронида мешавад.

Вобаста ба ин масъала, хотирнишон месозам, ки дар ин кори хайр ва ба фардои ободи Ватанамон равонашуда дар баробари Ҳукумати кишвар, инчунин, ҳар фарди бонангу номус, аз роҳбарони соҳаи маориф ва устодону омӯзгорон сар карда, то соҳибкорону тоҷирон, падару модарон, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеа бояд саҳми худро гузоранд.

Ноҳияи Данғара дар гузашта ва имрӯз низ бисёр фарзандони бонангу номус ва соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду саховатпеша дорад, ки метавонанд дар ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ бо роҳи таъсис додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти варзиш, таъмири роҳу пулҳо ва дигар амалҳои хайр барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба ҳамдиёрони хеш саҳми ватандӯстона гузоранд.

Самараи амалисозии нақшаву барномаҳои қабулшуда ба истифода додани силсилаи иншооти таъиноти гуногуни имрӯза мебошад. Ҳоло мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Данғара – ифтитоҳи Қасри фарҳанг гардидем. Қасри мазкур бо тарҳи бисёр зебо ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморӣ бунёд шудааст.

Сохтмони қаср соли 2007 оғоз гардида, бо истифода аз санъати аҷдодии гаҷкорӣ ва ойинабандӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.

Қасри фарҳанг аз се ошёна иборат буда, дорои толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст, китобхона, толорҳои омӯзиши асбобҳои гуногуни мусиқӣ, технологияҳои муосир, толори ҷаласаҳои корӣ, утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар яке аз толорҳои қаср осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил карда шудааст.

Ҳамчунин, дар бинои қаср толори акди никоҳ ҷойгир гардида, тавре ки ҳар яки шумо мебинед, атрофи бино хеле ободу зебо ва назаррабо оро дода шудааст.

Бунёди чунин кохи зебои фарҳанг туҳфаи беҳтарин ба мардуми заҳматдӯст ва бонангу номуси ноҳияи Данғара ба муносибати 28 — солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва сокинони ноҳияро ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри фарҳанг табрик гуфта, ба бинокорону масъулони ин иқдоми ободгарона миннатдорӣ баён менамоям.

Бовар дорам, ки наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавонони ноҳия бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва фазои орому осудаи Ватан дар ҷодаи ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

Шубҳае нест, ки Қасри фарҳанги имрӯза ба макони баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ табдил ёфта, ба мардуми ноҳия дар роҳи шинохти асолати миллӣ, омӯзиш ва тарғиби фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзу эҳтироми истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва сулҳу суботи ҷомеа хизмат менамояд.

Бори дигар тамоми мардуми меҳмоннавози ноҳияи Данғараро ба ифтихори ҷашни истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи обод, иқболи баланд ва дар ҷодаи ободкориву пешрафти кишвари азизамон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: