Пешвои миллат рамзи «Хӯшаи гандум»-ро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд12-09-2019, 13:50
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум»-ро ифтитоҳ намуданд.
Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсис ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст. Ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешаванд. Маҳз ба ин хотир рамзи «Хӯшаи гандум» ба истифода дода шуд ва қомат афрохтани он дар даромадгоҳи ноҳия нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад. Рамзи «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо тарҳи ҷолиби диққат аз ҷониби меъморон ва сохтмончиёни маҳаллӣ дар як давраи кӯтоҳ сохта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат хонданд ва ифтитоҳи ин иншоотро дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод намуданд. Масоҳати умумии майдони рамзи «Хӯшаи гандум» ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони хамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст. Атрофи майдони иншоотро дар шаб 30 адад чароғакҳои ранга равшанӣ мекунанд, ки ба атроф зебоии дигар зам менамоянд. Дар заминаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳамзамон роҳи шафати рамзи «Хӯшаи гандум» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи замон пурра таҷдиду навсозӣ ва як пули бо дарозии 18 ва паҳноии 13 метр сохта шудааст, ки иқтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад. Тадбири мазкур дар самти ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт замина фароҳам меорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.