Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд

Пешвои миллат оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд

11-09-2019, 14:05
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат  оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алӣ Ҳамадониро зиёрат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.

Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар маркази шаҳри Кӯлоб мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.

Тибқи маълумоти масъулин, танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: