Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии «Ҳазорчашма-Ғончӣ» дар ноҳияи Деваштич

Ба истифода додани шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии «Ҳазорчашма-Ғончӣ» дар ноҳияи Деваштич

22-08-2019, 10:17
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
Ба истифода додани шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии «Ҳазорчашма-Ғончӣ» дар ноҳияи ДеваштичДар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати нави оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончӣ” -ро мавриди истифода қарор доданд.

Оби нӯшокӣ дар масофаи 8 километр аз мавзеи Ҳазорчашма то ба маркази ноҳия — шаҳраки Ғончӣ оварда шудааст, ки шаҳрак ва 7 деҳоти ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.

Оби нӯшокии худҷорӣ аз саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма тариқи қубурҳои полиэтилении қутрашон 500-миллиметра то шаҳраки Ғончӣ оварда шудааст, ки дарозии хати об 7,2 километрро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи Шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ноҳияи Деваштич аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.

Хати нави оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончӣ” дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини доимии сокинони деҳоти ноҳия бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза амалӣ карда шуда, татбиқи лоиҳа дар марҳилаҳои гуногун давоми чанд соли охир сурат гирифтааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои таъмини боэътимод бо оби нӯшокӣ дар баробари бунёди хати об дар саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма ду ҳавзи захиравии об яке бо ғунҷоиши 700 мукааб ва дуюмӣ бо ғунҷоиши 150 мукааб сохта, ҳамзамон дар ин мавзеъ хонаи безараргардонӣ, хонаи истироҳатӣ барои кормандон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидаанд. Дар баробари ин барои таъминоти сокинони деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ дар доираи лоиҳа ду чоҳи амудӣ дар чуқурии то 120 метр низ кофта шуда, бо пайваст намудани насосҳои обкашӣ ҳаҷми об зиёд карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки қаблан ба 19 ҳазор нафар сокинони шаҳраки Ғончӣ ва 6 деҳоти атрофи он оби нӯшокӣ тариқи реҷаи муайяншуда дастрас мегардид, ки сокинон аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати нави оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончӣ” ва бунёди ҳавзҳои захиравӣ беш аз 26 ҳазор нафар аҳолии шаҳраки Ғончӣ, деҳаҳои Ғазантарак, Қалъачаи раис, Қалъачаи Азим, деҳаи Гул ва деҳаи Гулобод бо оби тозаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар таъмин гардиданд.

Дар радифи сохтмону навсозии иншооти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби тоза аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ мебошад.

Иқдомҳои судманд дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дигар тадбирҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим мебошад, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: