Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалингро расман ифтитоҳ намуданд7-08-2019, 11:44
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
7 август дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутиро расман ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар мутахассисон ва коргарон аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти Лоҳутӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар таҳхонаи бинои Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутӣ таҳлилгоҳ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи дандонпизишк ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хатна, муоинаи ултрасадоӣ, ҳуҷра барои ташхиси бемориҳои занона ва қайдгоҳ мавҷуд мебошанд. Инчунин ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, табобати рӯзонаи калонсолон ва кӯдакон бо 13 кати хоб дар ошёнаи 2-юми бино пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ин деҳаро шоистаи таҳсин хонда, аз кормандони соҳаи тиб даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва шароите, ки дар ин беморхона муҳайё карда шудааст, хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монанд ва дар таъмини солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.