Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

23-07-2019, 10:39
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тағйироти кадрӣ ба амал овардандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо роҳбарони кордону масъулиятшинос ва дорои нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: