Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ И ҶТИМОӢ - ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ И ҶТИМОӢ - ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

24-06-2019, 13:32
Хабарро хонданд: 410 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ И ҶТИМОӢ  -  ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН
Проблемаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, вазъи маънавиёт ва робита бо ҷомеа ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат, махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари давлат дар ҳар як баромад ва суханронӣ доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, оид ба сари вақт бартараф кардани онҳо изҳори назар менамоянд ва дар ин самт ба роҳбарони мақомоти марказӣ ва ма ҳаллӣ дастур медиҳанд, ки ҷиҳати рафъ сохтани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушахассро роҳандозӣ намоянд. Дар асоси дастури Сарвари давлат инчунин як қатор барнома, консепсия ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки дар он ҳо соҳаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ дастгирӣ ёфта, ҳиссаҷудокунӣ дар ин самт ба маротиб боло рафтааст. Баробари ин Пешвои миллат робита бо ҷомеаи шаҳрвандиро омили муҳимми рушди демократия дониста, бо аксари ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамоянд, ки ин бесабаб нест.
Пешвои миллат, Президенти Ҷум ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъала ҳои мубрами иҷтимоӣ, махсусан боло бурдани сатҳи маънавиёт, рушди забони давлатӣ , арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни бостонии миллат, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбияи кардани насли наврасу ҷавон, проблемаҳои ҳалталаби соҳаи илму маориф, тандурустӣ, шуғли аҳоливу муҳоҷират, муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти хатарзо ба монанди терроризму ифротгаро ӣ , мушкилоти ҳалталаби ҷаҳони глобалӣ , аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат ва дар умум то соли 2021, яъне то давраи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба як кишвари пешрафтаву маданӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, дар назди масъулин дастуру супориш ҳои мушаххас мегузоранд.
Дар бисёре аз ша ҳру но ҳия ҳо ҷи ҳати и ҷрои ин супориш ҳо тадбир ҳои мушаххас андешида шуда, ба рафъи мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Махсусан, дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Ваҳдат, Турсунзода, Кӯлоб, Бохтар, Бобо ҷон Ғафуров, Данғара, Ҳамадонӣ , Рашт, Шаҳринав ҷиҳати бунёди иншооти таъминоти иҷтимоӣ диққати бештар дода шуда, барои боло рафтани сатҳи маънавию фарҳангии аҳолии корҳои назаррас ба ан ҷом расонида истодаанд.
Бо вуҷуди он ҳоло ҳам дар татбиқи бандҳои алоҳидаи баъзе нақ ша-чорабиниҳо кашолкорӣ ба мушоҳида расида, суръати таъмир, азнавсозӣ ва бунёди иншооти и ҷтимоӣ суст ба роҳ монда шудаанд. Баъзе дастурҳои Ҳукумат ва Дастгоҳии ҷроия саривақт иҷро нагардида, гузоришҳо доир ба рафти иҷрои супоришҳо мукаммал ва қонеъкунанда намебошанд. Дар самти корҳои ташвиқотӣ ва робита бо ҷомеа низ норасоиҳо мушоҳида шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ беҳбудӣ мехоҳанд. Чунончи, соли 2018 ба хотири омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» эълон гардида буд.ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ И ҶТИМОӢ  -  ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН
Ҳадафи асосии баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати муси қӣ , сарояндаг ӣ , навозандаг ӣ , ровигӣ , шоирӣ ва ба таълимоти касбӣ фаро гирифтани онҳо, ҳамчунин ҳавасманд гардонии ҳунармандони ҷавон ва баланд бардоштани масъулияти мақ омоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар пешрафти фарҳанги миллӣ мебошад.
Тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» реҷаи баргузории даври аввал дар шаҳру но ҳияҳо тасдиқ гардида, бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо равон карда шуд.
Мутобиқи ахбороти Вазорати фарҳанг даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ҷалби 3013 нафар довталаб баргузор гардида, аз ин теъдод 705 нафар ба даври дуюм ро ҳхат гирифтаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 787 довталаб дар озмун ширкат варзида, 549 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Дар вилояти Хатлон 813 нафар ширкат варзида, 249 нафар, дар ВМКБ аз 410 нафар 135 нафар, дар шаҳру ноҳия ҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 841 нафар довталаб 130 нафар, дар шаҳри Душанбе аз 133 нафар 67 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Мутаассифона, аз рӯи маълумоти мавҷуда ва ҷараёни сусти инъикос аз рафти баргузории даври якуми озмун, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо доир гардид, муайян шуд, ки аз ҷониби масъулини Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ташкил ва баргузории озмун, ҷалби тамоми табақаҳои ҷомеа дар он, махсусан ҷавонони соҳибистеъдод кам таваҷҷуҳӣ зоҳир гардидаст.
Имр ӯз дар ша ҳру но ҳия ҳои мамлакат садҳо ҷавонони ҳунарманду соҳибистеъдод мав ҷуданд, ки аз назари ҷомеа пинҳон мондаанд ва танҳо тавассути чунин озмун ҳо ба майдони санъат ворид мешаванд. Озмун бояд аввал дар сатҳи муассисаҳои клубӣ , баъдан дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот ва ноҳияҳо баргузор мегардид.
Ба озмун аксарият хонандагон ҷалб шуда, дастаҳои ҳунарӣ , оилавӣ , ансамбл ҳои тарона ва рақс, ҳунармандони театр ҳо ва клубу қасрҳои фарҳангӣ кам ҷалб гардидаанд. Аз теъдоди умумии довталабоне, ки дар даври аввали озмун ширкат варзидаанд, 1200 нафарашон хонандагон мебошанд.
Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мавҷудияти 400 муассисаи клуб ӣ , 228 қасру хонаи фарҳанг ва 102 ансамблҳои тарона ва рақс бо фарогирии 3695 корманд натавонистанд, оммаи васеи мардумро ба озмун ҷалб намоянд.ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ И ҶТИМОӢ  -  ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН
Дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар як номинатсияи муқарраргардида иштирокч ӣ таъмин нашудааст, махсусан дар жанри оҳангсоз теъдоди иштирокчиён ни ҳоят кам ба назар мерасад. Ҳоло он ки дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияо ҳангсозони ҷавону боистеъдод кору фаъолият дошта, бинобар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани корҳои омодагӣ ба озмун, онҳо аз назар берун мондаанд. Дар давоми 5 соли охир муассиса ҳои таҳсилоти олӣ ва касбии соҳаи фар ҳангро 1175 нафар мутахассиси соҳавӣ , аз ҷумла, сарояндагон ва навозандагон хатм кардаанд.
Аз ин бармеояд, ки масъулин иҷрои ма қсаднок ва босамари амри Президенти Ҷум ҳурии То ҷикистонро дар сатҳи зарурӣ таъмин накардаанд. Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, муассисаидавлатии телевизиони «Сафина» муваззаф шуда буданд, ки дар ҷараёни даври якуми озмун фаъолона ширкат варзида, рафти баргузории онро бояд тавассути шабака ҳои телевизионӣ васеъ инъикос мекарданд.
Гур ӯ ҳои кории Вазорати фарҳанг бошанд, бояд рафти иҷрои ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳо сан ҷида, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг мавриди муҳокима қарор медоданд. Мутаассифона, намояндагони Вазорати фарҳанг, ки бевосита масъули чорабинӣ ба ҳисоб мерафтанд, дар ягон шаҳру ноҳия рафти озмунро аз назар нагузаронидаанд. Дар натиҷа даври якуми озмун дар сат ҳи паст баргузор шуд. Ба навъҳои санъат ва жанрҳои асосӣ кам эътибор дода шуда, талаботи низомномавӣ , ки бо амри Президенти Ҷум ҳурии То ҷикистонтасдиқ гардидааст, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо риоя нагардидааст.
Аз ин лиҳоз Бахши Ёрдамчии Прзиденти Ҷум ҳурии То ҷикистон бо дарки муҳим будани масъала ма ҷлиси комиссияро даъват намуда, ҳисоботи муовини вазири фарҳангро шунид. Комиссия ба хулоса омад, ки аз сабаби дар сатҳи лозима доир нагардидани озмун ва инъикос нашудани баргузории чорабинӣ аз тариқи телевизион даври якуми он дар шаҳру ноҳия ҳои ҷумҳурӣ аз нав такроран баргузор карда шавад.
Кумитаи телевизион ва радио, муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” вазифадоранд, ки даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва телевизиони «Ба ҳористон” озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ ”- ро пурра сабт карда, пешкаши мардум намоянд.
Дар доираи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, №АП-1165 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯ ғи субҳи доноӣ ...” ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ , тақ вияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ , тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни ҳама қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла хонандагону дониш ҷӯёни та ҳсилоти гуногун, магистр ҳо ва докторант ҳои кишвар ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати огоҳии хонандагону донишҷӯён бо озмуни мазкур ва баргузории даври аввали он дар муассиса ҳои таълимӣ чораҳои дахлдор андешида, фазои мусоиди мутолиаи китоб ҳои бадеӣ ва тарғиби хониши китоб ҳои бадеиро миёни омӯзгорону хонандагону дониш ҷӯён ба роҳ мондаанд. Аммо дигар қишр ҳои ҷомеа, новобаста ба синну сол ба ин озмун кам ҷалб шуда, талаботи он пурра риоя нашуда истодааст. Мебоист, ки ба ин озмун наслҳои гуногун ҷалб мешуд ва доираи иштирокчиён васеъ мегардид. Ботаассуф ин талаботи низомномавӣ дар баъзе но ҳияҳо ва шаҳрҳо риоя нашуда, танҳо бо хонандагон иктифоъ кардаанду халос.
Тартиби баргузории озмуни ҷум ҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ ...” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи китобча нашр ва ба ҳамаи муассиса ҳои таълимӣ ҳамроҳ бо шакли электронии он дастрас карда шудааст. Аммо дар бисёр шаҳру ноҳия ҳо ин тавсия о истифода нагардидаанд ва ин санади меъёрӣ ба инобат гирифта нашудааст. ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ И ҶТИМОӢ  -  ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН
Дар гузоришҳое, ки ба Дастгоҳи иҷроия ворид гардидаанд, оид ба иштироки калонсолон ва миёнсолон маълумотпешни ҳод нашудааст. Аз ин бармеояд, ки қ ишр ҳои гуногуни а ҳол ӣ ба ин озмун ҷалб нагардидаанд. Ҳол он ки ин озмун новобаста ба синну сол ба ҳамаи хоҳишмандон дахл дорад ва дар Низомнома ин масъала возеҳ шарҳ дода шудааст. Ба ғайр аз ин тибқи таҳлилҳои гурӯҳи корӣ рӯйхати адабиёти пешни ҳодшуда дар бештари китобхона ҳо нокифоя буда, он ҳо ба китоб ҳои нав ниёз доранд. Мутаассифона, нисбати масъалаи мазкур аз ҷониби масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беэътиноӣ зоҳир шуда, гузориш то ҳоло ирсол нагардидааст.
Аз ин рӯ, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои фарҳанг ва маорифро зарур аст, ки вобаста ба таъмин намудани китобхонаҳо бо адабиёти зарурии барои озмуни “Фур ӯ ғи субҳи доноӣ ...” пешниҳод гардида, таъҷилан ҷораҷӯӣ намоянд.
Дар соҳаи татбиқи Қ онуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо барои амалӣ шудани Қонуни мазкур мусоидат менамоянд. Махсусан, дар мавриди ба арзишҳои неки фар ҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва иҷрои талаботи протоколҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат саҳлангорӣ мушоҳида шуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки як ҷо бо Кумитаи истилоҳот ва забон ҷи ҳати ичрои ин супориш ҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Таҳлилу омӯзиши 10295 номи ҷуғрофӣ муайян намуд, ки дар вилояти Суғд 275 номи ҷуғрофӣ , Хатлон 783, ВМКБ 160 ва но ҳияҳои тобеи марказ 328 номи ҷуғрофӣ – дар ма ҷмӯъ 1546 ном ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии То ҷикистон» ва меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқат намекарданд. Қисме аз ин номҳо дигар шуда бошанд ҳам, ҳоло низ дар ин самт камбудӣ ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи маълумот зиёда аз 957 адад номи маҳалҳои аҳолинишин (маҳаллаҳо, деҳаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шаҳру ноҳияҳо) ғайримеъёрӣ буда, ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва суннати номгузории миллӣ ҷавобгӯ намебошанд.
Дар ин давра, бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 236 номҳои ғайримеъёри шаҳру ноҳия ва дигар маҳалҳои аҳолинишини вилояти Суғд иваз карда шуда, санаи 30-юми апрели соли 2019, №872-1/5 дар шакли ҷамъбастӣ ба унвони Ҳукумати Ҷум ҳурии Тоҷикистон қарорҳо дар бораи иваз намудани номҳои ғайримеъёрии 39 маҳали аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Суғд дар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии То ҷикистон ирсол карда шудаанд. Аммо, мутаассифона, қисми зиёди ма қомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ надода, ба супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътиноӣ зоҳир намуда истодаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (28): Мурғоб (29), Шу ғнон (1), Рошт қалъа (4), Ишкошим (3) ва Хору ғ (3); вилояти Хатлон (499): Ховалинг (7), Хуросон (22), Ҷайҳун (18), Кӯшониён (70), Муъминобод (9), Балҷувон (16), Фархор (17), Шамсиддини Шо ҳин (13), Панҷ (28), Ёвон (27), Қубодиён (19), Восеъ (16), Носири Хусрав (14), МирСаид Алии Ҳамадонӣ (19), Вахш (11), Дӯстӣ (15), Темурмалик (17), Дан ғара (16), Ҷалолиддини Балхӣ (66), Абдура ҳмони Ҷом ӣ (29), Шаҳритуз (15), Кӯлоб (5), Норак (16), Бохтар (4), Левакант (5) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (251): Ваҳдат (60), Турсунзода (24), Роғун (3), Ҳисор (13), Файзобод (12), Нуробод (8), Сангвор (7), Тоҷикобод (9), Лахш (40), Варзоб (15), Рӯдакӣ (28), Рашт (18) ва Шаҳринав (14) номҳои маҳалҳои а ҳолинишини ғайримеъёрӣ ошкор гардиданд, ки дар маҷмӯъ 778 номи ғайримеъёриро ташкил меди ҳанд.
Дар ин давра (аз соли 2016 то 2018) аз мақомоти дар боло зикршуда бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо номҳои ғайримеъёрии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат (14), Ёвон (11), Ҷалолиддини Балхӣ (10), Бобоҷон Ғафуров (10), Истаравшан (9), Варзоб (8), Панҷ (7), Панҷакент (7), Конибодом (5), Спитамен (2), Ашт (2) ва Ховалинг (1) – дар ма ҷмӯъ 86 ном иваз шудаанду халос.
Омори мазкур ба таври возе ҳ нишон меди ҳад, ки ро ҳбарони ша ҳру но ҳия ҳои болозикр дидаву дониста ҷи ҳати ивази ном ҳои ғайримеъёрии ма ҳал ҳои а ҳолинишин тадбир ҳои зарур ӣ намеандешанд ва то кунун ин кори ни ҳоят му ҳимми сиёсиву фар ҳангиро ба таъхир гузоштаанд.
Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳот як ҷо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, кидар ин самт корро беҳтар намуда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ гиранд. Илова бар ин Кумитаи забон ва истилоҳот, як ҷо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маънии номи ма ҳал ҳоро дар қавсайн низ нишон диҳанд, то ин ки мардум ва сайёҳон аз мазмуни аслии онҳо бохабар бошанд. Ҳамзамон, номи маҳалҳои аҳолинишин (маҳаллаҳо, деҳаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо), ки бо номи ашхос номгузорӣ шудаанд, аз ҷониби ма қомоти шаҳру ноҳияҳо тибқи суннати номгузории миллӣ бознигарӣ шуда, ҷиҳати иваз ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод карда шаванд.
Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти ма ҳаллии давлатӣ насб ва дуруст навиштани шиору овезаҳо мебошад, ки ба меъёр ҳои муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Ҳол он ки ба тамоми шаҳру ноҳияҳо шиорҳои дахлдор аз паёмҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат вобаста ба ҷашнҳои сегонаи Сада, Наврӯз ва Меҳргон, масъала ҳои глобалии об, истиқлолияти давлатӣ , рушди деҳот ва ғайра омода гардида, ирсол шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин самт кор ҳо бе ҳбудиро талаб карда, қ ариб дар ҳамаи шиору овеза ҳо хатои имлоӣ ё техникӣ ву ҷуд доранд.
Ма қомоти ма ҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки аз ин дастур ҳои тайёр дар вақти омода намудани шиору овезаҳо дуруст ва самаранок истифода намоянд ва Кумитаи забон ва истилоҳот тибқи имлои забони тоҷикӣ навишта шудани онҳоро пайваста зери назорат қарор диҳад.
Ғайр аз ин, аксари баннерҳо ва навиштаҷоте, ки бо санг дар талу теппа ҳо ҷойгир шудаанд, сари вақт таъмиру тармим карда намешаванд, рангпаридаву офтобзада мебошанд ва дар ҳолати бисёр ногувор қарор доранд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳамаи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба вазъу ҳолати баннеру навиштаҷот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, камбудиҳоро саривақт ислоҳ намоянд.
Маориф ва илм яке аз самт ҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ буда, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Вобаста ба му ҳимияти масъала Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ишора карданд, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ , баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технология ҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.
Дар асоси ин таъкиди Сарвари давлат дар соҳаи маориф пешравиҳо ба назар расида, ба сифати таълим диққати бештар дода мешавад. Бо вуҷуди пешравиҳо дар ин соҳа мушкилоти ҳалталаб, ки таваҷҷуҳи пайвастаи масъулини соҳаро тақозо менамояд, ба мушо ҳида мерасанд.
Ҳоло дар ҷум ҳурӣ 66 мактаб-интернат мав ҷуд аст. Дар онҳо кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳа ҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҳолати буду бош ва вазъи санитарӣ , таъминот бо либосу хӯрокворӣ беҳ шуда бошад ҳам, азхудкунӣ ва сифати таҳсилот боиси нигаронист. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда аз таҳсил дур мондани хонандагони синфҳои 9 мебошад.
Мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки як ҷо бо ма қомоти ваколатдор дар соҳаи маориф ҷиҳати рафъи ин мушкилот тадбир андешанд ва ҷалби наврасонро ба касбомӯзӣ , ҳунаромӯзӣ ва гирифтани та ҳсилоти миёнаи умумӣ бо шакли фосилавӣ бештар намоянд. Аз соли таҳсили 2017-2018 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина ба ҳамаи он ҳо дастур дода шуда буд, ки барои омода кардани барнома ҳои таълимии электронӣ чораҳои ҳатмӣ андешида, на қшаю барномаҳои таълимии такмилёфтаи худро ба Вазорати маориф ва илм пешни ҳод намоянд. Мутаассифона, дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз таҳия ва тасдиқи нақшаҳои таълимии низоми таҳсилоти фосилавӣ ва харидории қисме аз таҷҳизот то ҳол ба татбиқи низоми мазкур шурӯъ накардаанд ва ё карда бошанд ҳам, ба талаботи имрӯзаи фосилавӣ ҷавобгӯ нестанд.
И ҷрои қарори Ҳукумати Ҷум ҳурии То ҷикистон аз 01.03.2019, №103 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2019» зери назорат ва иҷрои Вазорати маориф ва илм қарор дошта, дар робита ба талаботи он фармоиши вазири маориф ва илм аз 19.03.2019, №1696 вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019, №103 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” ба тасвиб расида, тибқи феҳрист ба сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.
Тибқи ин фармоиш таъкид гардидааст, ки то 20-уми майи соли 2019 корҳои сохтмонӣ, таъмиру тармим, таҷҳизонидани бино, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозию шиноварӣ , кабудизоркунию ни ҳолшинониро дар истироҳатгоҳҳо ба ан ҷом расонида, бо мақсади таъмин намудани истиро ҳатгоҳҳо бо мутахассисон ҷиҳати ҷалби омӯзгорони дорои собиқаи зиёди корӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ чораҳои ҳатмӣ андешанд.
Таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ташкили таътили тобистонаи мактаббачагон ҳамаи маводи дар боло номбаршуда дар истиро ҳатгоҳ мавҷуд бошад ҳам, фаъолияти роҳбарон ва мураббиёни истироҳатгоҳҳо ба таври рӯякӣ ташкил карда мешавад ва аз он истифода бурда намешавад.
Рафти омодагӣ ба истироҳати тобистона дар ноҳияҳои Кушониён, Вахш, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Айнӣ , Кӯ ҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор аз тарафи кормандони дастгоҳи Вазорат мавриди санҷиш қарор дода шуда, натиҷааш қаноаткунанда нест.
Дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда коре дар самти таъмир, тармим ва ободонии истиро ҳатгоҳҳо ба анҷом расонида нашудааст. Аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағ ба на қша гирифта шуда бошад ҳам, ин маблағҳо ҷудо нашуда, боиси қафомонии кор дар ин истироҳатгоҳҳо гардидааст. Ҳамчунин, аз таҳлил ҳо бармеояд, ки тиб қи нақша имсол бояд 2252 лагери истироҳатии беруназшаҳрӣ ва наздимактабиву варзишӣ -беҳдоштӣ ташкил карда шавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 адад зиёд мебошад.
Дар самти фаҳмондадиҳӣ оид ба раванди бақайдгирии такрории довталабон дар нуқта ҳои Маркази миллии тестӣ мушкилоти муайян ву ҷуд дорад. Тибқи рӯйхати тасдиқ гардида, дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2019 вобаста аз ша ҳруно ҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон барои номнавис кардан дар марҳалаи асосии ба қайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрели соли 2019) дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии ба қайдгирӣ ва дар 27 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри ба қайдгирӣ ташкил карда шуд. Тибқи тартиби муқарраргардида шахсоне, ки марҳалаи иловагии ба қайдгир ӣ ё азнавбақайдгириро мегузаранд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – рӯз ҳои 18-ум ва 19-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд. Вобаста ба ин, аз рӯйи на қша даъватномаҳои шахсони зикргардида то 5-уми июл омода карда мешаванд.
Маркази миллии тестиро зарур аст, ки кор ҳои фа ҳмондади ҳиро дар байни падару модарон ва довталабон вобаста ба мар ҳалаи қ айди иловаг ӣ барои дохилшав ӣ ба муассиса ҳои та ҳсилоти ол ӣ ҷоннок намояд.
Дар со ҳаи илми кишвар низ проблема ҳои ҳалталаб зиёданд. Фаъолияти Академияи илм ҳо, академия ҳои со ҳав ӣ ва раванди кор ҳои илм ӣ -та ҳ қ и қ от ӣ дар муассиса ҳои та ҳсилоти олии мамлакат бе ҳбуд ӣ мехо ҳад. Теъдоди ҳимоякунандагони диссертатсия ҳо ва дорандагони диплом ҳои дара ҷа ҳои илм ӣ меафзояд, аммо олимони ҳақиқӣ , мутаассифона ангуштшуморанд. Вазъ ва рушди илм дар ҷум ҳурӣ таҳлилу муҳокимаи алоҳидаро хоҳон аст.
Ҳоло мехо ҳам қайд намоям, ки яке аз ни ҳодҳои муҳими илмӣ -тадқиқ отии кишвар, ки вазифаи он таҳлил ва муайян намудани вазъу набзи ҷомеа мебошад, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт Маркази тадқиқоти стратегиро зарур аст, ки корҳоро беҳтар намояд ва бо омода намудани пурсишномаҳои гуногун вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ мунтазам тадқиқоти сотсиологӣ гузаронад.
Дар со ҳаи тандурустӣ беҳбудӣ ба мушоҳида расида, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо бунгоҳҳои тиббӣ , марказҳои саломатӣ , беморхонаҳо, дармонгоҳҳо сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Шиддати бемори ҳои сироятӣ паст рафта, фавти модару кӯдак кам шуда, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маротиб боло рафта истодааст. Дар ин бора Пешвои миллат дар Паёмашон ба Ма ҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Дар со ҳаҳои иҷтимоӣ тамоюл ҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид”. Дар ҳақиқат ин нишондиҳандаҳои мусбат моро муаззаф менамоянд, ки боз ҳам бештар фаъолият намоем ва ба комёбиҳои бештар насиб гардем. Бо вуҷуди он яке аз масъалаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад, вазъи ташвишовари вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад. Аз шумораи умумӣ 64,8 фоизро мардон ва 35,2 фоизро занон ташкил дода, бо роҳи гузариши алоқаи ҷинсӣ 54,9%, бо роҳи тазриқӣ 33,0%, аз модар ба кӯдак 4 фоиз, бо роҳи номаълум 8,1 фоиз сироят ёфтаанд.
Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии а ҳолиро зарур аст, як ҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳоро дар ин самт боз ҳам таҳким бахшанд ва ҷиҳати пешгирии ин бемории сироятӣ тадбирҳои иловагиро ро ҳандозӣ намоянд. Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла корҳои иттилоотонии шаҳрвандон дар ин самт нокифоя мебошад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи и ҷтимоии аҳолӣ бояд як ҷо бо Кумитаи телевизион ва радио ҷи ҳати ба навор гирифтани роликҳо ва пахши мунтазами он ҳо тавассути шабака ҳои телевизион ӣ тадбир андешад.
Дигар аз проблема ҳои соҳаи тандурустӣ , ки таваҷҷуҳи масъулинро мехо ҳад, вазъи ташвишовари бемории нашъамандӣ ба ҳисоб меравад. Дар нати ҷаи та ҳлили ҳисобот ҳои пешни ҳоднамудаи муассиса ҳои табобатӣ маълум карда шуд, ки шумораи умумии нафарони гирифтори бемории нашъамандӣ , ки дар қайди тахассусӣ меистанд, дар се мо ҳи соли 2019, дар ҷумҳурӣ 5808 нафарро ташкил дода, 64 ҳолати он бори аввал ба қайд гирифтани бемории нашъамандӣ мебошад.
Дар ин самт низ кор ҳои тар ғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотонии а ҳолӣ оид ба оқибат ҳои манфии нашъамандӣ , алалхусус байни ҷавонон кам ба назар мерасанд. Вазорат бояд як ҷо бо кумита ҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио дар ин самт тадбир ҳои мушаххас андешад.
Масъалаи му ҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз масъала ҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он паст намудани сат ҳи бекор ӣ ва му ҳо ҷирати ме ҳнат ӣ ба хори ҷи кишвар ма ҳсуб ёфта, мунтазам та ҳти назорати Ҳукумати Ҷум ҳурии То ҷикистон қарор дорад.
Тавре та ҳлил ҳо нишон меди ҳанд, давоми сол ҳои 2014 – 2018 ва семоҳаи якуми соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашма ҳо 382567 адад ҷой ҳои кории доимӣ , таъмин карда шудааст. Тайи сол ҳои 2012 - 2017 захираҳои меҳнатии кишвар бо суръати миёнаи ҳарсолаи 1,8 то 2,0 фоиз афзоиш ёфта, аз 4796 ҳазор нафари соли 2012 ба 5326,0 ҳазор нафар дар соли 2017 расидааст. Дар ин давра захираҳои меҳнатӣ 530,0 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, ки он 11,0 фоизро ташкил медиҳад.
Барои таъмини ин қувваи корӣ ба бозори меҳнат воридгардида проблемаи асосӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Вобаста ба ин, ма қомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идора ҳои дахлдор ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Табиист, ки дар шароити имрӯза мо ба интиқоли қисме аз қувва ҳои кории мамлакат ба хориҷи кишвар эҳтиё ҷдорем. Бо назардоштиин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо мақсади истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар хориҷи кишвар ва таъмини диверсификатсия (гуногунсамтӣ )-и муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлат ҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида истодааст. Санад ҳои баимзорасида ба та қвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди давлат ҳои хориҷӣ будубош ва фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ҳамчунин тақвияти робита ҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ равона гардидаанд.
Бинобар ин зарур аст, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо корро дар ин самт идома дода, ба касбомӯзӣ ва омодасозии пешазсафари муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти асосӣ дода, раванди бо кор таъминсозии муташаккилонаи му ҳоҷирони ме ҳнатиро дар хориҷа тақвият диҳад.
С ҳаи муҳо ҷирати меҳнатӣ ҷанбаи му ҳими дигар низ дорад, ки бояд аз мадди назари масъулин дур набошад. Ин проблемаи дар алоқаи доимӣ будани падару модарон бо фарзандони дар муҳо ҷирати меҳнатӣ қарордоштаи худ мебошад. Маълум аст, ки аксари ҷавононе, ки сатҳи худшиносии миллиашон заиф буда, дониши кофии сиёсӣ надоранд, маҳз дар қаламрави Федератсияи Россия, яъне ҳангоми муҳо ҷирати меҳнатӣ ба доми табли ғоти ифротгароёни динӣ афтода, ба Сурия рафтаанд ва ба гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ҳамроҳ шудаанд. Аз ин рӯ, робитаи доимии падару модарон, аҳли оила ва умуман хешовандон бо ҷавонони ба му ҳо ҷирати меҳнатӣ рафта хеле муҳим буда, аҳамияти сиёсиву идеологӣ дорад. Вобаста ба ин мақомоти дахлдори марказӣ ва мақомоти ма ҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ба ин проблема тава ҷ ҷу ҳи ҷидд ӣ зо ҳир намуда, онро зери назорати қатъӣ гиранд.
Фар ҳанг ҳамчун василаи камолоти маънавии инсон ҳамеша зери тава ҷ ҷу ҳи Ҳукумати кишвар қ арор дорад. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмашон ишора намуданд, ки “Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ , муттаҳидсозандаи нерӯ ои зеҳнӣ , баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем”. Дар ин асос барои рушди соҳаи фарҳанг замина ҳои воқеӣ фаро ҳам омада, дар шаҳру ноҳияҳо теъдоди муассиса ҳои фарҳангӣ рӯ ба афзоиш доранд. Дар ин самт инчунин замина ҳои ҳу қ у қ ии рушди соҳа муҳайё шуда, як қатор санадҳои меъёрию ҳу қ у қ ӣ ва зиёда аз 10 барномаи соҳавӣ қабул гардиданд.
Новобаста ба ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар таъмиру азнавсозии муассиса ҳоифар ҳангӣ камташаббус мебошанд. Имрӯз 103 бинои муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ ва 454 дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд.
Гузашта аз ин, супориши Сарвари давлат оид ба ташкили мактаб ҳои муси қ ӣ дар назди қасрҳои фарҳанг ноиҷро монд, ки вобаста ба ин Вазорати фар ангро зарур аст, ки тадбир ҳои амалӣ андешад.
Саҳми кормандони китобхона ҳои оммавӣ дар тарғиби китоб ва китобхонӣ назаррас нест. Фонди китобии китобхонаҳо заиф буда, китобҳои тозанашр бо теъдоди кам харидорӣ мешаванд.
Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳими сохтор ҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ хеле хуб из ҳор доштанд, ки “Моро зарур аст, ки ёдгори ҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати ку ҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».
Мутаассифона имрӯз аксари ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Махсусан шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, Саразм, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун ва ёдгори ҳоиводии Вахон, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфт ҳои “Хазинаи Амударё” ҳамчун мероси нодири фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба ҳифзу ниго ҳдошт ниёз доранд. Аз ин ли ҳоз Вазорати фар ҳанг дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҷиҳати нигоҳубин ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тадбир ҳои иловагӣ андешад.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори умум, махсусан наврасону ҷавонон, аҳамияти хос акасб намуда, таъмини амнияти иттилоотӣ ба масъалаи муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Ин аст, ки Роҳбари давлат ба ин проблема таваҷҷуҳи ниҳоят ҷиддӣ зоҳир карда, соли ҷорӣ ду маротиба - дар маҷлиси Кумитаии ҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократӣ ва дар мулоқот бо намояндагони ВАО-и давлат ӣ ба таври муфассал ибрози ақида намуданд ва дар назди масъулин соҳа вазифа ҳои мушаххас гузоштанд.
Вобаста ба ин ҳоло мехоҳам ба чор ҷанбаи фаъолияти ВАО-и кишвар дахл намоям.
Якум, оид ба вазъ ва сатҳу сифати нашрия ҳои маҳаллӣ . Сатҳу сифати маводҳои нашрияҳои ма ҳаллӣ дар сат ҳи паст қарор дошта, мавзӯъҳое матраҳ карда мешаванд, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ нестанд. Масалан, рӯзномаи но ияи Балҷувон дар саҳифаҳои худ ҳадису оятҳоро чоп мекунад, ҳол он ки барои хонандаи имрӯза бояд бештар проблема ҳои рӯзмарраи ҳаётӣ инъикос карда шаванд.
Имрӯз, мутаассифона, дар нашрияҳои маҳаллӣ проблемаҳои зиёде, аз қабили нарасидани мутахассисони маҳаллии ҷавон, беҳтар кардани шароити базаи моддиву техникӣ , нарасидани маводи чопӣ ва ғайраҳо мавҷуданд, ки роҳи ҳалли худро мехоҳанд.
Дуюм, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор ҳастанд, ки иҷрои фармони рақами 622 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мавод ҳои тан қидӣ ва таҳлилии ВАО” –ро таъмин созанд. Аммо дар аксари маврид ҷиҳати иҷрои он камтаваҷҷуҳӣ зо ҳир мешавад.
Сеюм, вазъи фиристандаҳои мавҷпахшкунанда бояд ҳамеша дар мадди назари, на танҳо Кумитаи телевизиону радио, балки қабл аз ҳама мақомоти ма ҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад. Тавре омӯзиш ва таҳлили вазъ нишон медиҳад, бояд мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нисбат ба пахши барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ диққати махсус дода, ҷиҳати ҷалби таваҷ ҷуҳиа ҳолии минтақаҳои наздисар ҳадӣ ба барнома ҳои телевизион ва радиои давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.
Феълан дар ҷумҳурӣ 585 истгоҳҳои таҷҳизоти қабулкунанда ва фиристандаи мавҷҳои телевизион ва радио фаъолият доранд, ки аз он ҳо 286 дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар, аз ҷумла 148 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 109 дар вилояти Суғд, 19 дар вилояти Хатлон ва 10 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Дар истгоҳҳои мазкур 1372 фиристандаҳои мавҷҳои телевизиониву радиоӣ насб карда шуда, аз он ҳо 1180 барои пахши барнома ҳои шабака ҳои телевизион ҳои давлатии ҷумҳуриявӣ , 14 барои телевизион ҳои давлатии маҳаллӣ , 154 барои радиоҳои ҷумҳуриявӣ , 2 барои радиоҳои давлатии маҳаллӣ ва 22 барои пахши рақамӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки на ҳамаи ин фиристандаҳо дар шароити мусоид ҷойгир карда шудаанд, ки ин ба вазъи техникии он ҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Ба таври мисол, истго ҳҳои радиотелевизионии деҳаҳои Дашти ҷуми ҷамоати деҳоти Даштиҷум, Кафтар ва Шаҳри барбари ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки масъулияти таъмири онҳо ба ма қомоти маҳаллӣ вогузор гардидааст, умуман ба талаботи истифодаи техникӣ ҷавобгӯй набуда, чунин ҳолат боиси зуд-зуд аз кор мондани фиристандаҳо мегардад.Дар но ҳияи Носири Хусрав фарогирии а ҳолӣ аз истго ҳи радиотелевизионии Ба ҳор ба роҳ монда шудааст. Дар истго ҳи мазкур 4 фиристандаи пахши телевизион ва як фиристандаи пахши радио насб гардидааст. Сатҳи фарогирӣ дар ҷамоати деҳоти Фирӯза хуб буда, ҷамоат ҳои Наврӯз ва Истиқлол ташвишовар боқӣ мемонад. Чунин вазъро дар дигар ша ҳру но ҳия ҳои ҷум ҳур ӣ низ мушо ҳида кардан мумкин аст. Дар умум барои ислоҳи вазъи нигоҳдории фиристандаҳо ду проблемаи асосӣ вуҷуд дорад: сохтани биноҳои махсус ва кашондани хатти барқ.
Аз ин рӯ, мақомоти и ҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дар шароити мусоид нигоҳ доштани фиристанда ҳо биноҳои техникиро тибқи талаботи муқарраргардида сохта ва ба истифода дода, ҷиҳати кори бетаваққуфи фиристандаҳо он ҳоро бо хатти барқи доимӣ таъмин намоянд.
Чаҳорум, проблемаи обуна ба нашрияҳо ва махсусан дастрас намудани рӯзномаву маҷаллаҳои марказӣ ба шаҳру ноҳияҳо. Обунана танҳо ба нашрияҳои маҳаллӣ , балки ба нашрияҳои соҳавӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва шу ғли аҳолӣ дар маҳалҳо бояд васеъ ба роҳ монда шавад, то ин ки мутахассисони маҳаллӣ аз онҳо барои худ маълумоти наву тоза гирифта, сатҳи касбияти худро баланд намоянд. Масъалаи дигари ташвишовар дастрас намудани нашрия ҳои марказӣ ба ша ҳру но ҳия ҳо мебошад. Дар ин самт фаъолияти Почтаи то ҷик, ки масъули сари вақт дастрас кардани маҷаллаву рӯзномаҳо ба муштариён мебошад, тамоман қаноатбахш нест. Аз ҷониби Почтаи тоҷик нашрияҳо хеле дер ба шаҳру ноҳияҳо мерасанд, ки ба талаботи имрӯзаи суръати паҳншавии иттилоот куллан ҷавобгӯ нест. Дар замони кунунии зудта ғйирёбанда мавод ҳои имр ӯз чопшуда, аллакай пагоҳ куҳна шуда, моҳият ва таъсири худро аз даст медиҳанд.
Роҳбари давлат ба рушди варзиш ва оммавигардонии он эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 9835 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 69 91 майдончаҳои варзишӣ , 1766 толорҳои варзишӣ , 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 791 ма ҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клуб ҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд. Мутаассифона, кам будани шумораи марказ ҳои ҷавонон дар ҳудуди кишвар, надоштани шароити корӣ ва имконият ҳои худтаъминкунӣ фаъолияти марказ ҳои ҷавонон ба таври дахлдор ба ро ҳ мондана шудааст.
Мавз ӯи зан ва оила ҳамеша дар маркази тава ҷ ҷу ҳи Ҳукумат қ арор дошта, ба ин масъала ди қ қ ати хос дода мешавад. Аммо дар ин самт проблема ҳо ву ҷуд доранд, ки вазнинтарини он ҳо фо ҷиаи худкушӣ ба шумор меравад. Дар соли 2018, 542 худкушӣ р ӯй додааст, ки нисбат бо соли 2017 (498 ҳодиса) 44 ҳодиса афзоиш ёфта, дар се мо ҳи соли 2019 137 ҳодиса ба ву қ ӯъ пайвастааст. Дар 4 мо ҳисоли 2019дарумум191 нафар худкушӣ кардааст, киазин шумора 88 нафарро занон ташкил меди ҳанд. Аз он ҷумла:ВМКБ- 1 нафар зан; Хатлон – 30 нафар зан; Су ғд – 42 нафар зан;ша ҳри Душанбе- 2 нафар зан;НТ Ҷ- 13 нафарзан. ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ И ҶТИМОӢ  -  ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН
Сабаб ҳои ҳолат ҳои худкушӣ дар 3 мо ҳисоли 2019 вазъи мушкили иқтисодӣ, хушунатихонаводагӣ, бемории рӯҳӣ, муно қишаи оилавӣ арзёбӣ гардида, он бо роҳи худовезӣ , истифодаи силоҳ ва корд, заҳролудшавӣ, худсӯзӣ , ғарқшавӣ ва дигар роҳҳо амалӣ гаштааст. Дар ин росто дастгирии ҳама ҷонибаи ма қ омоти и ҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ҳо ва фаъол гардонидани кори Кумитаи кор бо занон ва оила зарур аст. Мавзӯи мазкур ба амалӣ намудани тадқиқоти алоҳидаи сотсиологӣ бо ҷалби мутахассисони со ҳаи тандурустӣ , равоншиносон ниёз дорад.
Ҷойи зикр аст, ки “Дастурамали тавсиявии либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бо қ арори Вазорати фар ҳанг тасди қ шудааст) ва “Дастурамали либос ҳои тавсияв ӣ барои хонандагону дониш ҷ ӯён ва ом ӯзгорони муассиса ҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷум ҳурии То ҷикистон аз 25 июни соли 2018, №14/32 тасдиқ шудааст) дуруст риоя карда намешавад.
Вобаста ба ин Кумитаи кор бо занон ва оиларо зарур аст, ки як ҷо бо мақомоти иҷроияи ма аллии ҳокимияти давлатии вилоят ҳо ва ша ҳру но ҳия ҳо кор ҳои ташви қотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба шакли фарогир ва пайваста як ҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо пурзӯр намояд.
Ҳамзамон пешни ҳод менамоем, ки “Дастурамали тавсиявии либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ма қомоти и ҷроияи ма ҳаллии ҳокимияти давлатӣ риоя карда шавад.
Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ҳои 2019-2021-ро Сол ҳои рушди сайё ҳӣ ва ҳунар ҳои мардум ӣ эълон намуданд, ки ҳадаф аз он ҳо на тан ҳо тараққӣ ва густариши самт ҳои мазкур, балки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ мебошад. Ҷиҳати ба ин ҳадафҳо расидан, пеш аз ҳама сохтор ҳои зарурии соҳаи сайёҳӣ бояд фаъол бошанд, вале таҳлилҳо нишон меди ҳанд, ки ҳоло дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшҳо ё шуъбаҳои сайёҳӣ вуҷуд надоранд. Ҳамзамон, Кумитаи рушди сайёҳӣ як ҷо бо мақомоти ма ҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд харитаҳои сайёҳии мавзеъ ҳои таърихӣ ва тамошобоб, инчунин макони дақиқи ҷойгиршавии меҳмонхонаҳоро бо нишон додани тамоми маълумоти мушаххас оид ба он ҳо та ҳия мекард. Мутаассифона ин супориш то ҳол дар сатҳи зарурӣ иҷро нашудааст.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориши иловагӣ дода мешавад, ки ҳар чи зудтар харитаҳои сайёҳии ҳамаи шаҳру но ҳияҳои ҷумҳуриро омода намуда, ҷи ҳати паҳнкунӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод намоянд. Инчунин, барои тақвияти фаъолият мебояд аз тамоми воситаҳои тарғиботӣ : сомонаҳои интернетӣ , шабакаҳои телевизион ва радио, нашри маҷаллаҳои махсус барои сайёҳон ва буклетҳо истифода намуд.
Яке аз васила ҳои муассири оммавикунонӣ ва таблиғу ташвиқи ҳунар ҳои мардумӣ, аз ҷумла дар байни сайёҳони хориҷӣ , баргузор намудани фестивалу озмун ҳо бо иштироки қишрҳои васеи ҷомеа мебошад. Бинобар ин 13 декабри соли 2018 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сол ҳои 2019-2021 “ Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмун ҳои мардум ӣ ” ба тасвиб расид, ки тибқи он дар муддати як сол, дар рӯзҳои шанбеву якшанбе 30 фестивалу озмун ҳо гузаронида мешаванд.
То имрӯз низомномаҳои қариб ҳамаи фестивалу озмун ҳо ба тасвиб расида, бо Дастгоҳи иҷроия мувофиқа гардидааст ва ба ҳолати имр ӯза 13 чорабинӣ гузаронида шудааст. Ҳамзамон бояд қ айд кард, ки се давраи фестивалу озмун ҳо дар сат ҳи зарурӣ баргузор нашуда истодаанд, ки вобаста ба ин ҳам мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам мақомоти дахлдори ҳокимияти марказӣ кам таваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд.
Фестивали атласу адрас, ки 2 июни соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии То ҷикистон аз ҷониби Вазорати саноат ва технология ҳои нав баргузор гардид, бисёр сатҳӣ , бе иштироки намояндагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ , муассисаҳои касбӣ -техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир карда шуд. Тан ҳо намояндагони вилояти Суғд дар фестивал ширкат варзида, бе ра қобат қариб тамоми диплому ифтихорномаҳоро соҳиб шуданд. Бояд хотирнишон сохт, ки ҳадафи Сарвари давлат аз баргузории ин фестивалу озмун ҳо рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маънавиёти омма аст. Аз ин лиҳоз, ба ин фестивалу озмун ҳо бояд мо ба таври ҷиддӣ муносибат намоем ва дар иҷрои самараноки амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбир ҳои заруриро амалӣ созем.
Соли 2021 кишвари мо ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамояд. Вобаста ба ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 қабул шудааст, ки тибқи он ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ кор ҳои ободониву созандагӣ дар саросари мамлакат беш аз пеш вусъат меёбанд. Лозим ба ёдоварист, ки аксарияти иншооти бунёдшаванда хислати и ҷтимоӣ дошта, ба хизмати омма ҳои васеи мардум гузошта мешавад.
Аз ин рӯ, вазорату идора ҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлат ӣ ба хотири амалӣ намудани ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбир ҳоро бояд андешанд, то супориши Роҳбари давлат сари вақт ва бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расад. Бояд хотирнишон сохт, ки дар моддаи якуми Конститутсияи кишвар дарҷ шудааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фаро ҳам меорад”.
Барои ба ин мақсади наҷибу созанда расидан мо бояд а ҳлона за ҳмат кашем, тамоми мушкилоту монеа ҳоро дар роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ собитқадамона ҳаллу фасл намоем. Зеро ҳадафи аслии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон му ҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зебо намудани Тоҷикистони азиз ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани некӯаҳволии кулли ша ҳрвандони мамлакат мебошад.
Бовар дорем, ки мо якҷоя бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо аз уҳдаи ин супоришу ҳидоят ҳои Сарвари давлат мебароем ва Тоҷикистони азизро ба як кишвари пешрафта табдил медиҳем.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: