Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бо мардум ҳамкорӣ мекунем, то муваффақ бошем

Бо мардум ҳамкорӣ мекунем, то муваффақ бошем

12-07-2019, 09:51
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
Ҳарчанд тибқи маълумоти расмӣ теъдоди онҳое, ки бо роҳҳои гуногун ба кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия мерафтанд, коҳиш ёфта бошад ҳам, инро набояд ба маъное фаҳмид, ки дигар набояд сари ин мушкил ҷиддӣ фикр накард. Кишварҳои дунё, ки дар онҳо низ ин ҷараён хусусияти камшавӣ дорад, аз ҳоло дар бораи тадбирҳои пешгирикунанда барои оянда иқдомҳои мушаххас анҷом медиҳанд.
Пас Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад, то мардум осуда бошанд, ки пайвандонашон зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ намемонанд?
Дар ин замина бо масъулини се бахши муҳим – руҳоният, мақомоти интизомӣ ва намояндагони фановариҳои нав, ки гуфта мешавад барои коҳиш додани ифротгароӣ нақши бориз бозида метавонанд, ҳамсуҳбат шудем ки фишурдаи онро манзури хонандагони “Минбари халқ” менамоем:
“Маърифати диниро тақвият бояд дод!”
Бо мардум ҳамкорӣ мекунем, то муваффақ бошем
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Терроризму экстремизм вабои аср, офати ҷони башарият шудааст. Мутаассифона, ин зуҳуроти нангин ҷавонони тоҷикро низ ба коми худ кашидааст. Бисёре аз ҷавонони мо, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, барои куштани бародарони мусулмони худ ба давлатҳои Сурия, Ироқ ва ғайра рафтаанд, баъзеашон кушта шуда, бархеашон беному нишон гаштаанд ва аз ин фоҷиа бештар аз ҳама падару модари онҳо ранҷ мекашанд. Онҳо то ҷасади хунуки фарзандонашонро аз пеш набинанду ламс накунанд, қалбашон ором намегирад ва то лаҳзаи охири умр месӯзанд.
Барои мубориза бар зидди ин хатари ҷиддӣ бояд тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар ва дар маҷмӯъ тамоми мардум дастаҷамъона мубориза баранд ва нагузоранд, ки дигар ҷавонони моро ашхоси ҳангоматалабу моҷароҷӯй ва ифротгаро гумроҳ созанд. Барои пешгирии ин марази иҷтимоӣ Маркази исломӣ бо Кумитаи оид ба корҳои дин ва Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар вазорату идораҳои мутасаддӣ ин масъала дастаҷамъона дар дохили кишвар ва берун аз он бо сокинон, хусусан ҷавонони кишвар, ки аз ин бештар осеб мебинанд, ба таври доимӣ вохӯрию суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Барои мисол, мо дар ҳайати гурӯҳи корӣ ба шаҳрҳои Уфа, Қазон ва дигар минтақаҳои Русия сафар карда, бо муҳоҷирон, алалхусус ҷавонон дар масҷидҳо, ошхонаву корхонаҳо вохӯриҳо анҷом дода, хатари терроризму экстремизм ва чӣ мақсад доштани гурӯҳҳои ифротиро фаҳмонидем. Зеро дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули гиромӣ фармудаанд: «Дин насиҳат ва хайрхоҳӣ аст».
Зимни мулоқот ба онҳо гуфтем, ки дин бародарӣ, раҳму шафқат, эҳтиром, дилсӯзӣ ва комёб шудани шахс дар зиндагист. Аммо дар давлатҳои мусулмоние, ки ҷанг рафта истодааст, ин аҳдоф вуҷуд надорад. Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст мешаванду ба он ҷойҳо мераванд, на танҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти волидон, бародару хоҳарони худро низ талх мекунанд. Фикр мекунам, ки натиҷаи ин мулоқоту фаҳмондадиҳиҳо буд, ки то як андоза гаравиши сокинон, хусусан ҷавонон нисбат ба солҳои пеш камтар шудааст. Ҳангоми вохӯриву суҳбатҳо баъзе ҷавононе, ки хеле мафкураи васеъ ва ҷаҳонбинии хуб доранд, бисёр хоҳиш карданд, ки ин гуна вохӯриҳо бояд зиёдтар ба роҳ монда шаванд. Бархеи онҳо гуфтанд, ки «вақте шумо намояндагони ҳукумати кишвар ва шахсони босаводу босалоҳият асли воқеиятро ошкор мекунед, андешаву шуури ҳ муҳоҷирон, хусусан ҷавонон бедор мешавад». Дар ҳақиқат, вақте шуури миллӣ, шуури мазҳабиву динӣ ва ватандӯстӣ бедор шавад, шахс аллакай дарк мекунад, ки чӣ корро бояд ба анҷом расонад ва кадом роҳи дурустеро интихоб кунад.
Дар ҷомеаи муосир роҳи ягонаи пешгирӣ ва коҳиш додани падидаҳои ифротгароию тундгароӣ ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост. Танҳо ҷавоне, ки дониши хуби илмҳои муосир дорад ва аз асосҳои дини мубини Ислом огоҳ аст, метавонад аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошад ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳад.
Маҷмӯи тадбирҳоеро бояд амалӣ кард, ки ақидаву афкори нафратовари ин гурӯҳҳо, махсусан аз минтақаҳои хатарнок ба ҷомеаи Тоҷикистон ворид нагарданд. Барои пешгирии ифрот ва тундгароӣ маърифати диниро дар кишвар беҳтар ба роҳ мондан зарур аст. Масалан, дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ҷорӣ намудани курсҳои махсус аз зарари экстремизм ва терроризм, омилҳо ва унсурҳое, ки барои ба вуҷуд омадани ин падидаҳо сабабу замина мегарданд, мавқеи дин дар давлати миллӣ, дин ҳамчун таҳкурсии ахлоқии давлатдорӣ ва ғайра...
Инчунин баргузор намудани семинарҳои доимоамалкунанда дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат дар мавзӯъҳои дарёфти роҳу усулҳои тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавонон, дар ниҳоди онҳо ҷой намудани арзишҳои миллии ватандорӣ, шавқу завқи омӯзиши илму ҳунар. Боварӣ дорем, ки агар чунин курсу семинарҳои махсус дар мактабҳои олӣ мунтазам ташкил карда шаванд, огоҳии ҷавонон аз табиати ин падидаҳо хеле амиқтар шуда, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ коҳиш меёбад. Чунонки Худованд мефармояд:
“Панду андарз деҳ, ҳароина ба мӯъминон нафъ медиҳад”. (Сураи “Зориёт”, ояти 55)
“Бо мардум ҳамкорӣ мекунем, то дар мубориза муваффақ бошем!”
Бо мардум ҳамкорӣ мекунем, то муваффақ бошем
Умарҷони Эмомалӣ, сардори Маркази матбуоти ВКД:
- Барои пешгирӣ аз ҳамроҳшавии одамон, хоса насли ҷавон ба гурӯҳҳои ифротии террористию экстремистӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои таҷаммӯи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат мегиранд. Ҳамчунин аз ҷониби Маркази матбуоти ВКД якчанд филму гузоришҳои ҳуҷҷатӣ таҳия гардида, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ пахш шуд. Дар матбуот низ очерку мақолаҳои зиёд бар зидди ифротгароӣ ба нашр расонида мешаванд. Азбаски аксарияти одамони ба ин гурӯҳҳои ифротӣ пайваста аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия буданд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ВКД ва дигар кумитаю вазоратҳо дар шаҳрҳои асосии Федератсияи Русия, ки шумораи зиёди шаҳрвандони мо ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, маҷлису суҳбатҳо гузаронида шуда ба онҳо фаҳмонида шуд, то фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
Дар натиҷа, раванди ҷалби одамон ба ин гуна ташкилотҳои аҳриманӣ коҳиш ёфт. Бо ин вуҷуд, дар ВКД роҳҳои нави тарбияи ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ҷустуҷӯ ва пайдо доранд.
Феълан дар Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти милитсияи тоҷик идома дорад, ки яке аз ҳадафҳои асосии он наздик шудан ва ҳамкорӣ кардан бо мардум аст ва аз ин фурсат истифода намуда, аз мардум хоҳиш мекунем, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо бетараф набошанд. Телефони боварии ВКД - 2212121 ҳамеша фаъол аст ва дар сурати шоҳид гардидани ягон мушкилӣ, ё дар ҳолати вохӯрдан бо одамони шубҳанок мардум метавонанд фавран ба ВКД хабар диҳанд.
Азбаски яке аз майдонҳои асосии таблиғи гуруҳҳои ифротӣ ба воситаи интернет аст, Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз фаъолияти зиёда аз 30 ҳазор саҳифаҳои дорои хусусияти таблиғотии экстремистӣ доштаро дар шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники, «Фейсбук», «Ютуб», «В кантакте» ва 23 сомонаву каналҳои интернетии ба ташвиқу тарғиби ифротгароӣ машғулбударо қатъ намуд
«Ба мардум саводи технологӣ бояд дод»
Бо мардум ҳамкорӣ мекунем, то муваффақ бошем
Асомиддин Атоев, коршиноси бахши Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушд (ТИК):
- Имрӯз, ба фикрам, касе шубҳа надорад, ки аҳолии бештарро дар олам на Чину Ҳиндустон, балки ширкатҳои фаромилии контентсозе мисли «Фейсбук» ва «Гугл» доранд. Аксари корбарон ва ё «аҳолии электронӣ»-и ин ширкатҳоро ҷавонон ташкил мекунанд.
Мутаассифона аз ин имкон гурӯҳҳои ифротӣ низ хеле фаъол истифода мебаранд.
Пас чӣ бояд кард, то ин тамоюл коҳиш ёбад?
Аввал, барои коҳиш додани инфротгароӣ ҷонибҳои гуногунро дар ҷамъият мебояд ба ҳам овард. Аз ҷумла, барои таҳия ва татбиқи чораҳои воқеӣ бояд аз воситаи технологияҳои итиллотӣ – комуникатсионӣ (ТИК) фаъолона истифода бурд. Ҳардуи ин самтҳо дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо экстремизму терроризм таъкид гардидаанд. Вале бояд ба назар гирифт, ки тадбирҳо бояд ҳам вокунишӣ бошанду ҳам боздоранда. Алалхусус барои таҳия ва татбиқи амалҳои пешгиранда ҷонибҳои гуногун ҳам аз мақомоти давлатӣ ва ҳам аз ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим бозида метавонанд. Чунки дар ин ҳолат решаи мушкилиро метавон дарёфт, ки омили муҳимаш дастрасӣ ба маълумоти дастраси (додаҳои боз) воқеӣ мебошанд. Яке аз роҳҳои боэътимоди ин дастрасӣ бошад, тадқиқот аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчун узви ҳавасманду холиси ҷамъият, метавонад онро таъмин кунад. ТИК-ро метавон ҳам ба сифати дарёфти додаҳо, ҳамчун воситаи беминнати пурсишҳои фарогири шаҳрвандон ва низ воситаи татбиқи фарогири чораҳои андешидаи созанда истифода бурд. Далели асосии муваффақ шудани ин раванд, гарчанде боиси таассуф аст, таҷрибаи худи ифротгароён мебошад. Агар мо аз онҳо донотар ҳастем, пас аз ин воситаҳо фаъолона истифода мебарему аз маҳдудкунии онҳо меҳаросем.
Давлату ҷамъият дорои низоми фарогири пешгирикунанда мебошанд, ки низоми маориф аст. Хушбахтона аз ин низом тамоми шаҳрвандон замоне мегузаранд ва имкони рушди тавонмандии худҳимоя шуданро доранд. Нақши соҳаи маориф дар ин даврони рақамӣ мудом афзоянда аст. Масалан, агар дар даврони аналогӣ (асри 20) нақши он асосан барои тарбияи 3 намуди саводнокӣ (хондан, навиштан, ҳисоб кардан) равона мегардид, саводнокиҳои рақамӣ бо шумули 3 саводнокии бобоӣ рӯзафзунанд (таҳлилӣ, медиавӣ, шабакавӣ, визуалӣ, молиявӣ). Яке аз чораҳое, ки мебояд дар ҳамин раванд дар шароити ватанӣ андешид, ин баргардонидани дастгоҳҳои мобилии ТИК ба низоми маориф мебошад. Мутаассифона, муддати 10 сол (аз соли 2009) мешавад, ки шогирдон истифодаву татбиқи дастгоҳҳои мобилиро на аз устодони расмӣ, балки аз “устодони кӯчагӣ” меомӯзанд. Сабаби асосиаш аз нигоҳи қонун манъ (барои шогирдони муассисаҳои миёнаи таҳсилот) ва маҳдуд (барои шогирдони муассисаҳои миёнаи махсус ва олии таҳсилот) кардани дастрасӣ ба дастгоҳҳои мобилӣ (телефонҳои мобилии оддӣ, ҳушманд ва планшетҳо) мебошад. Бекор кардани ин бандҳои қонун нақши муҳимро дар тарбияи ҷавонон барои худҳимоя будан ба таблиғоти сӯзандаи онлайнӣ мебошад. Ҳамзамон, дар баробари омӯзонидани ТИК ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ, истифодаи онҳоро ҳамчун воситаи омӯзиш дар тамоми фанҳои дигар ба роҳ мондан ба манфиати кор мебошад.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: