ҶАНБАЪҲОИ РАВОНИИ ТЕРРОРИЗМ (Ё ТЕРРОРИЗМ АЗ НИГОҲИ РАВОНШИНОСӢ)11-12-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
То имрӯз дар ҷаҳон назарияи илмие, ки тамоми ҷанбаъҳои психологии терроризмро фаро гирад, вуҷуд надорад. Ин аст, ки сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ пурра муайян нашудааст, зеро ба равоншиносон ва ҷомеашиносон омӯхтани ҳолати гурӯҳҳои номатлуб хеле мушкил аст. Равоншиносон ба омилҳои равонӣ, шахсӣ ва иҷтимоӣ-равонӣ бештар аз омилҳои ҳуқуқӣ-ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. С. Рошин қайд мекунад: “Равоншиносӣ бештар на ба ҷанбаи ҳуқуқӣ ва маънавии ин масъала, балки ба омилҳои равонӣ, шахсӣ ва иҷтимоӣ-равонӣ таваҷҷӯҳ мекунад, зеро маҳз ҳамин омилҳо инсонҳоро ба ин амал равона мекунад, ки он боиси марг ва ё маъюбии одамоне мегардад, ки аксари онҳо гуноҳе надоранд”. Шахсоне, ки амалиётҳои террористиро иҷро менамоянд, аз нуқтаи назари психологӣ чӣ гуна мебошанд? Маромҳои равонии амалиётҳои террористон ва сабабҳое, ки террор қобилияти баланди худистеҳсолиро нигоҳ медорад, кадомҳоянд? К. Г.Сурнов ва В. А. Соснин ба он андешаанд, ки омӯзиши шахсияти террорист кори бениҳоят мушкил мебошад; террористон барои вохӯрӣ бо хабарнигорон бо мақсади тарғибу ташвиқоти ақидаҳои худ омодаанд, аммо муносибат бо равоншиносонро қабул надоранд, барои он ки равоншиносон аз ҳолати равонӣ ва ҳатто саломатии онҳо хабар меёбанд. Д. В. Олшанский асосҳои фаъолияти террористиро ба ҳафт навъ тақсим кардааст: -маромҳои манфиатпарастона. Барои шумораи муайяни одамон, ин роҳи пул кор кардан мебошад; -идеологӣ (ғоявӣ). Чунин маром ҳамчун натиҷаи дохил шудани инсон ба ҷомеаи дорои равияи ғоявӣ-сиёсӣ баромад менамояд; -аз нав сохтан ва тағйир додани олам. Ин маром ба асли беадолатонаи бунёди олам вобаста буда, кӯшиши ислоҳи он дар асоси фаҳмиши адолати субективӣ ба вуҷуд меояд; -ҳукмронӣ ба одамон. Ба воситаи зӯроварӣ террорист шахсияти худро иқрор менамояд. Тарсро дар одамон ба вуҷуд оварда, ҳукмронии худро мустаҳкам мекунад; -шавқу ҳавас ва ба майл ба террор. Террористонро шавқу ҳавас, майл ба террор ва фаъолияти бо таваккалӣ алоқаманд ба коркарди нақшаҳо ҷалб менамояд; -рафиқӣ ва дилбастагӣ ба гурӯҳи террористӣ. Ин маром метавонад бо мақсади қасос гирифтан барои дӯсти ҳалокшуда, ба хотири шомил будани наздикон ба вуҷуд ояд; -худифодакунӣ. Ин мақсади пародоксалӣ мебошад. Аз як тараф худифодакунӣ - қисмати одамоне мебошад, ки рӯҳияи қавӣ доранд. Аз тарафи дигар, ин гуна худифодакунӣ - эътироф кардани маҳдуд будани имкониятҳо, муқаррар кардани нотавонии одамон, надоштани дигар тарзи таъсир ба олам ба ҷуз зӯроварӣ мебошад; Хусусияти шахсияти террорист дар он аст, ки ӯ тамоми оламро ба гурӯҳи худ, ташкилоти худ, барои мақсадҳои фаъолияти худ вобаста медонад, зеро ташкилот талаботи сахтеро назди ӯ гузоштааст, ки он ба озодии интихоб роҳ намедиҳад. Д. В. Олшанский менависад, ки шахсияти террористро норасоиҳои психологӣ, таъсироти манфии ҳаётӣ ташкил менамояд, ки решаи он аз давраи кӯдакӣ сар мешавад. Террористон одамоне мебошанд, ки дар рафтор ва ҳаракати онҳо ҳассосият нисбат ба ақл афзалият дорад, баъзан ин ҳассосият ҳатто ба дараҷаи аффективӣ мерасад. Дар ин гуна муносибат рӯҳияи террорист ба рӯҳияи тӯдаи одамон наздик мешавад. Сатҳи пасти маърифат ва ғалатфаҳмиҳо оид ба олами атроф ба он ки танҳо зӯроварӣ ва таҳдид воситаи беҳтарини таъсирнокӣ барои табдил додани олам ба шумор меравад, шахсияти террористро ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ намудор месозад. Вобаста ба ифодакокии ҳиссиётҳо ду типи террористҳо фарқ карда мешаванд. Типи якум аз ҳад хунсард тавсиф шудааст. “Надоштани ҳиссиёти баланд,хунсардӣ, хусусияти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти террористӣ ва паст намудани хатар, хоси террорист мебошад”,-менависад Олшанский Д.В. Ба типи дуюми террористон ҳаёти баланди эмотсионалӣ хос аст. Онҳо ниҳоят пурҳассос ва аз ҳад пурфаъол мбошанд. Одатан, мавриди иҷрои амалиётҳои террористона ин гуна одамон муташаккил ва ботамкин мебошанд, аммо дар ҳаёти муқаррарӣ онҳо ҳиссиёт, ғазаб, агрессивнокӣ ва майлҳои худро нигоҳ дошта наметавонанд. Ба аксарияти террористон аломатҳои содагӣ, нодонӣ хос аст, ки ин монеаи асосӣ барои ҳалли масъалаҳои мураккаби ахлоқӣ ва маънавӣ мегардад. Барои ин хусусиятҳоро нест кардан гуруҳу созмонҳои терророристӣ аз равоншиносони ботаҷриба истифода бурда истодаанд, ки ин хатари ҷиддие ба ҷомеаи ҷаҳонист. Имрӯз зиёда аз 10 ҳазор сомонаҳои иҷтимоии интернетии террористиву экстремистӣ вуҷуд дорад, ки дар паси ҳар яке аз онҳо як-ду нафар равоншиносони соҳибкасб барои ҷалб кардани одамони гумроҳ, содда ва камсавод машғуланд. Ин равоншиносон дар сомонаҳо ролику видео, навиштаҷоти кӯтоҳеро барои ҷалби шаҳрвандон, хусусан ҷавонон истифода мебаранд, ки аз тамошои он шахс дар ҳайрат мемонад. Охир ҳамаи мо медонем, ки террорист аз батни модараш террорист таваллуд намешавад, балки ӯро шахсони алоҳида дар давраи гуногун террорист ё экстремист мекунанд. Ин нозукиро давлатҳои абарқудрат дарк карда, барои мубориза бо терроризму экстремизм аз равоншиносон бештар истифода карда истодаанд. Онҳо дар мулоқоту суҳбатҳои худ бо шаҳрвандон ва шахсоне, ки аз гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ фирор кардаанд ё аз ҷангҳои Ироқу Сурия баргаштаанд, равоншиносонро бо худ мегиранд. Аммо мутаассифона, дар ҷумҳурии мо бо сабаби норасоии мутахассисон аз хидмати равоншиносон камтар истифода мешавад. Абдураҳмон ХОНОВ, раиси дастгоҳи Кумитаи иҷроияи маркази ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳамзамон коршиноси масоили ҳаёти ҷавонон вобаста ба проблемаи мазкур чунин андеша дорад: “Имрӯз мо дар ҷомеа равоншиносону ҷомеашиносони ботаҷриба ва касбӣ бояд дошта бошем, ки байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро бештар амалӣ намоянд. Кишвари мо солҳои охир ба равоншиносу ҷомеашинос бениҳоят эҳтиёҷ дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин аз неруи равоншиносону ҷомеашиносон бисёр хуб истифода мебаранд ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Дар баробари тоҷирони боқувват, техникаву технологияи замонавӣ мо бояд равоншиносу ҷомеашиноси ихтисосманд дошта бошем, ки онҳо набзи ҷомеаро донанду дарк кунанд ва ба мардум фаҳмонида тавонанд”. Омӯзиши саривақтии ин мушкилот имконияти истифодаи чораҳои пешгирикунӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиро таъмин менамояд. Имрӯз замоне расидааст, ки Вазорати маориф ва илм дар андешаи тарбияи равоншиносони соҳибкасб ва ботаҷриба бошад. Агар мо хоҳем бо терроризм ва экстремизм мубориза барем, бояд ин масъаларо аввалиндараҷа ҳисоб намоем, зеро терроризм хатарест, ки ҳастии инсониятро зери суол бурдааст. Ҳасан Азизов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.