Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғара12-07-2019, 08:07
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Шар-Шари деҳоти Себистон бо самимияти хосса сурат гирифт. Нахуст Пешвои миллат дар деҳаи Шар-Шар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст. Барои таълиму тарбия шароити муосир фароҳам буда, тамоми синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъмин мебошанд. Бинои нави муассиса дорои 17 синфхона буда, аз ин шумора 5 адади онро синфхонаи фаннӣ ташкил медиҳанд. Синфхонаи компютерӣ бо 30 компютер ва хатти алоҳидаи интернет таъмин буда, ҳамчунин барои соҳибҳунар намудани толибилмон дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил гардидаанд. Як синфхонаи алоҳида барои омӯзонидани нозукиҳои бозии шоҳмот ташкил шуда, он бо тамоми дастгоҳ ва аёнияти зарурӣ таъмин мебошад. Бинои тозабунёди муассисаи таълимӣ ҳамзамон бо толори маҷлис бо 210 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 200 ҷой ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст таъмин мебошад. Китобхона ба адабиёти тозанашр дастрасӣ дошта, толори хониш имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дорои буғхонаи алоҳида буда, он дар асоси технологияи муосир бунёд ёфтааст ва дар фасли зимистон имконият дорад таълимгоҳро пурра бо гармӣ таъмин намояд. Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар бо назардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст. Аснои шиносоӣ ва суҳбат Президенти мамлакат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои замони муосир ҳидоят карданд. Сипас дар саҳни таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳияи Данғара мулоқот намуда, ифтитоҳи иншооти мазкурро ба онҳо табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат нишондиҳандаҳои чанд соли охирро дар тамоми бахшҳои ноҳия таҳлилу баррасӣ намуда, рушду нумуи ҳамаҷонибаи ин гӯшаи Тоҷикистонро натиҷаи ғамхориҳои пайваста ва тадбирандешиҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд. Бояд тазаккур дод, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳудуди Деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бомаром идома дошта, то ба имрӯз як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо саҳми бародарон Зубайдовҳо роҳи дохилии деҳаи Шар - Шар ба масофаи 4 километр навсозӣ гардида, мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ёфта, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ, қубурҳои обгузар пурра нав гардиданд. Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби бародарон Зубайдовҳо дар деҳаи мазкур Бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид, ки ин иқдом дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии кумаки аввалини тиббӣ беҳтар намуд. Тибқи иттилои масъулин, то таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Себистон боз чандин иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.