Вақтҳои охир дар нашрияҳои гуногун, шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо атрофи ҳаракати босмачигарӣ авҷ гирифтааст. Иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзноманигорон, ки ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ мебошанд, босмачиёнро чун ҳомиёни сарсупурдаи озодии миллати тоҷик муаррифӣ намуда, аз онҳо қаҳрамон сохтанӣ мешаванд.
Агар ба таърихи босмачигарӣ, амали босмачиён, саркардагони босмачиён ва ҳомиёни онҳо назар афканем, мебинем, ки ҳомиёни имрӯ заи онҳо ғ аразу ҳадафҳои муайян дошта, таърихро рӯирост таҳриф менамоянд. Зеро ба амали босмачиён ва фаъолияти онҳо бо факту далелҳои амиқ бояд назар намуда, мӯ шикофона решаҳои таърихии ин ҳаракатро бояд ба риштаи таҳқик қашид. Ба ин масъала бояд аз диди имрӯ за назар намуд. Оё босмачиён мақсади таъсиси давлати соҳибистиқлоли халқи тоҷикро доштанд?! Оё босмачиён барои манофеи миллати тоҷик мубориза мебурданд?! Оё босмачиён дорои худшиносии миллӣ буданд?! Оё босмачиён оид ба ояндаи давлати миллии мардуми тоҷик ягон барномаи амалие доштанд?! Оё босмачиён барои тақдири ояндаи миллати тоҷик андешае доштанд?! Фикр мекунам босмачиён аз саволҳои матраҳшуда фарсахҳо дур буданд.
Босмачиён бо шиорҳои маҳдуди динӣ манфиати неруҳои бегонаро ҳимоя мекарданд. Қабл аз ҳама, босмачиён бо ҳидоятҳои доираҳои муайяни пантуркизм амал мекарданд. Бесабаб нест, ки яке аз саркардагони пантуркизм генерали Туркия Анварпошшо ба ҷануби Тоҷикистон омада ба ҳаракати босмачигарӣ роҳбарӣ мекард ва охираш дар Балҷувон кушта шуд. Аз сӯ и дигар босмачиёнро султахоҳони инглис ҷиҳати ба тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна ташвиқу тарғ иб карда, бо силоҳу маблағ таъмин мекарданд. Ниҳоят, босмачиён барои барқарор кардани қудрати аморати Бухорои манғ ития бар зидди ҳокимияти Шӯравӣ сар боло кардаанд. Мардуми тоҷик аз ҳукуматдорони сулолаи манғ ития сахт ранҷ мебурданд. Бинобарин табиист, ки мардум босмачиёнро дастгирӣ накард.
Бад ин тартиб босмачиён ҳеҷ вақт барои барқарор намудани ҳокимияти миллӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯ за мубориза набурдаанд. Босмачиён бо шиорҳои маҳдуди динӣ манфиати маҳдуди шахсии худро ҳимоя мекарданд. Ин ҳаракат ҷунбиши миллӣ набуд. Онҳо аз ғ ояҳои бунёди давлати миллӣ дур буданд. Барои босмачиён манфиати миллии тоҷикон бегона буд. Барои истиқрори давлати миллӣ саъю талоше надошта, танҳо таҳти шиорҳои маҳдуду мафҳуми динӣ амал намуда, ба харобкорӣ ва талаву тороҷи мардуми бегуноҳ машғ ул буданд, ки фарсахҳо аз ҳидоёти дину имон дур буданд.
Дар бораи босмачиён дар осори адабӣ, таърихӣ ва публисистӣ маълумоти зиёде оварда шудааст. Бори дигар ёдоварӣ намудани тасвири харобкориҳои босмачиён барои имрӯз аҳамияти калон дошта насли ҷавони ҳозира бо симои ҳақиқии онҳо шиносоӣ пайдо мекунад. Босмачӣ вожаи туркӣ буда, маънои «роҳзан», «ғоратгар»-ро дошт. Дар ибтидо дастаҳои роҳзану ғоратгарро босмачӣ мегуфтанд. Устод Садриддин Айнӣ дар шарҳи «босмачӣ» навишта буданд:
«Бомачиён худро босмачӣ наноманд, зеро маънии ин сухан дузди роҳзан гуфтан аст, мардум аз дузду роҳзан нафрат мекунанд. Беҳтарини номҳо он аст, ки Анварпошшо ба босмачиён додааст: ӯ босмачиёнро лашкари ислом номида, худро амири лашкари ислом меноманд». Аз навиштаи устод Айнӣ маълум мешавад, ки дастаҳои босмачиёнро бо ғаразу ҳадафҳои муайян барои ташкили императории бузурги туркӣ дар қаламрави Осиёи Миёна Анварпошшо истифода бурд.
Дар сатрҳои зер устод С. Айнӣ бо сухани яке аз ҷонибдорони босмачиён симои онҳо ва амалиёти ноҷавонмардонаи онҳоро боз ҳам манфуртар нишон додаанд:
«Босмачиён бояд дар роҳи афтонидани ҳукумати коргару деҳқон танҳо болшевиконро ва онҳоеро, ки ба кори ҳукумат даромадаанд ва ба болшевикон ва ба ҳукумати коргару деҳқон ёрӣ медиҳанд ёфта мекушем, гуфта нагарданд, балки ҳар камбағ ал ва ҳар ятим ва чӯ понро, ки дар дасташон афтад, беибо ва мулоҳиза куштан гиранд».
Дар ҷойи дигари асарашон устод ваҳшонияти ин тӯ даи манфур ва душманони ғаддори халқро чунин образнок ба қалам додаанд: «Босмачиёни ваҳшӣ, ки муваққатан ғ олиб омада буданд, аз шароби ин ғ алаба маст гардида, тамоман девона шуданд: онҳо ба қишлоқи бенигаҳбон бо тохт ҳуҷум оварданд. Молҳои ҷондор ва беҷони қишлоқро тамоман тороҷ карданд, беморон, пирон, занон ва бачагонро, ки ба ҷанг ҳамроҳӣ карда натавониста, дар хона монда буданд, аз қишлоқ ронда бароварда дар хонае ғ ун карда ба гирдо- гирди онҳо қаровул гузоштанд. Баъд аз он қишлоқро, ки аз одам ва мол холӣ монда буд, оташ заданд. Ин як оташи зулми ваҳшиёнае буд, ки шуълаи вай бо дуди оҳи мазлумон ба фалак печида мебаромад.
Он доираҳои сиёсие, ки имруз аз босмачиён қаҳрамон сохтанӣ мешаванд, бори дигар «қаҳрамонии» ин «ҳимоятгарони миллат» - ро дар тарозуи ақлу идроки худ бар кашанд. Барои амалӣ намудани аҳдофи маҳдуди шахсӣ ва дар амал татбиқ сохтани «барномаи» хӯ ҷаинони беруниашон ба чӣ ваҳшигариҳое машғ ул мешуданд: «Босмачиён баъд аз фориғ шуданашон аз кори қишлоқ, ба сари асирони қишлоқи ғ ун шуданд: занон ва духтарони зеборо аз миёни асирон ҷудо карда, ба як канор бароварда монданд, пирон, кампирон ва занони «ба худашон нодаркор» - ро ба ҷарие андохта тирборон карданд ва дигаронро ба пеши тал ҳай карда бурданд, ки дар он ҷо ягон-ягон бузвор (лекин зиндаву зор) кӯ бкорӣ карда тозанд………».
Агар сатрҳои зерро аз ваҳшонияти босмачиён бо амалҳои террористии ҳаросатафканони имрӯ за амиқан муқоиса намоем, ҳеҷ гуна фарқе байни онҳо намебинем: «Босмачиён ба болои асири нимҷон савора тӯ да шуда, яке аз по, дигаре аз даст, саввумӣ аз гардан, чорумӣ аз миёни он асир гирифта ҳар яке ба тарафи худ мекашид ва онҳое ҳам, ки дар канортар буданд, ба сари аспи худ зада, кӯ шиш мекарданд, ки ба сари ҷасади асир расанд ва ба ягон ҷойи ӯ даст зада, ба тарафи худ кашанд ва ҳар кас зӯ р мезад, ки ҷасади асирро аз миёни тӯ да гирифта бароварда, ба пеши босмачиёни навоянда ба тариқи пешкаш партояд».
Агар саркардагони босмачиёнро дуруст ташхис намоем, мебинем, ки аксари онҳо намояндагони халқияту қабилаҳои турк буданд. Яке аз чунин қурбошиҳо Иброҳимбек буд. Устод С.Айнӣ дар тавсифи симои ӯ менависанд: «Дар баҳори соли 1931 Иброҳимбек қурбошии босмачӣ, ки дар хориҷ гуреза буд, пинҳонӣ аз сарҳади мо гузашта, дар хоки Тоҷикистони советӣ вайронкориҳоро сар кард. ӯ рӯ ба рӯи аскарони сурх ва партизанҳои сурх рӯ ирост баромада натавонад ҳам, деҳқонони камбағ али ба дасташ афтодаро мекушт, ба номуси занон ва духтарони беҳомӣ бо одамони ваҳшии худ ҳуҷум мекард…..».
Аз мисолҳои фавқ аён мегардад, ки ба босмачиён манфиати мардум бегона буд. Чулу чаповули онҳо боиси он гардид, ки пойгоҳи иҷтимоии онҳо маҳдуд гардида, аз ҳимояи манофеи мардум фарсахҳо дур шуда, нафрату адовати халқи одиро нисбати худ бедор намуданд. Шеваи бархӯ рди ин «муборизони сарсупурда» ба халқи заҳматкаш ваҳшиёна буда, дар таърих аз худ доғ и сиёҳ боқӣ гузоштаанд ва ҳеҷ неруи ба истилоҳ «дӯ стдори миллат» ин доғи сиёҳи таърихро зудуда наметавонад.
Худи воқеияти таърихӣ гувоҳ аз он аст, ки босмачиён дар тақдири халқи тоҷик чун унсурҳои бегона аз ҷониби мардум дастгирӣ наёфта, нақши созандаи таърихӣ надоштанд ва ба партовгоҳи фаромӯ шшудаи таърих партофта шуда пӯ сидаанд. Ба дараҷаи муборизони нокоми озодии миллати тоҷик бардоштани босмачиён дар шароити имрӯ за ҳеҷ аҳамияти созандае барои миллат надошта, аз ҷониби мардум пазируфта намешавад.
Назрӣ Офаридаев, доктори
илмҳои филология, устоди
ДДХ ба номи М. Назаршоев