Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Комбинати кишоварзии «Дзержинский»-и Ҷумҳурии Беларус боздид намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Комбинати кишоварзии «Дзержинский»-и Ҷумҳурии Беларус боздид намуданд

30-06-2019, 13:00
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Комбинати кишоварзии «Дзержинский»-и Ҷумҳурии Беларус боздид намудандДар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии «Дзержинский» яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.

Таъкид гардид, ки давоми фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи навтарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсолу гӯшту шир дар бозори кишвар мақоми хоса дорад.

Яке аз дастовардҳои асосии корхона дар баробари истеҳсолот назорат ва таъмини сифати мавод, таъсиси марказҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гӯшаҳои гуногуни Беларус мебошад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти корхона ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: