Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Театр»- и як актёри беҳунар

«Театр»- и як актёри беҳунар

29-11-2017, 11:21
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
«Театр»- и як актёри беҳунар
Дар ҳунари саҳнавӣ ва саҳнасозии театрӣ ин ибора як вақтҳо хеле маъмул буд. Дар шабакаҳои телевизион ва радио барномаҳои махсус таҳти ин ном вуҷуд дошт. Театри як актёр инчунин аз саҳнаҳо низ ба намоиш гузошта мешуд ва дар ҳоли ҳозир тамошои ин ҳунар фақат дар шаҳрҳои бузурги аврупоӣ мумкин аст. Бо гузашти солҳо ва ба фаромӯшӣ рафтани ин ибора интизор надоштам, ки боз бинанда ва шоҳиди чунин саҳнасозии нав мешавам. Ҳафтае зиёдтар шуд, ки дар яке аз саҳифаҳои «Фейсбук» навори намозхонии ҷавоне, ки гӯё аз Тоҷикистон аст, чарх мезанад. Ин саҳна дар яке аз майдонҳои бузурги шаҳри Кёлни Олмон, дар маҳале, ки мардум равуо мекунанд, сабт шудааст.
Дар навор ҷавоне бо рафтори хеле дурушт ва берун аз одоби намоз болопӯши худро канори як мошини полис мекашад ва рӯи майдони сангфарш ҳаво дода, гӯё намоз мегузорад.
Ҳар бинанда аз тамошои навор хеле зуд дарк мекунад, ки саҳна сенариянавис дораду ин ҷавонро дастоне аз паси саҳна идора мекунанд, то нақши намозхонро иҷро намояд. Аммо чӣ иҷрое ба қавли худашон «хашин» ва ноуҳдабароёна! Маълум мешавад, ки сенариянавис ҳам худ намозхон нест ва аз он шеваи намозхоние, ки мо медонему мешиносем, фарсахҳо дур аст. Бегонагии он ҷавон ба тарзу равиши намозгузории пайравони мазҳаби ҳанафия дар ҳамон чанд дақиқаи саҳнасозӣ равшан мешавад. Аммо ин барои ӯ ва «тим» - такягоҳаш чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки нишон бидиҳанд то чӣ ҳадде берӯй (ва ҳамзамон бефарҳанги инсонию исломӣ) ҳастанд, ки дар хиёбону майдонҳо нақши намозро иҷро мекунанд. То ба ин васила бори дигар тири маломату таънаро ба сӯи Тоҷикистон, кишваре, ки худро зодаи обу хокаш медонанд, бизананд.
Чун бори аввал ин саҳнаи беҳунаронаро дидаму хотирам озурда гашт, гумон кардам ин айби нигоҳи мӯйсафедонаи ман аст, ки аз навсозиҳо дар ибодат бехабар рафтори ҷавонро каҷ мебинад, аммо чун дидгоҳи дигаронро дар поёни видео хондам, боварам омад, ки ин шеваи намозгузорӣ дар ҳақиқат нодуруст ва берун аз одобу фарҳанги намоз аст. Бо пойфзол хондани намоз ҳам аз «кашфиёт»-и ин ҷавони «ҳунарманд» аст, ки бовуҷуди берун будан аз одоби намоз мо дар борааш чизе намегӯем.
Бинандае бо номи Суннат Ҳомидов, ки шояд ҳамсоли ин «актёр» бошад навиштааст, ки «Намоз ҳам қоида дорад ва дар мазҳаби ҳанафӣ адои намоз дар (он шароит ва) ҷое, ки ҷавон мехонад, манъ аст».
Дар идома ӯ тавзеҳ додааст, ки ин мазҳаб (ва ба эҳтимоли қавӣ мазоҳиби дигар ҳам) хондани намоз дар боми ҳоҷатхонаву оғилҳо ва инчунин ҷое, ки роҳгузарон ҳастанд, иҷозат намедиҳад.
Бинандае бо номи Таҳмина Ақназарова навиштааст, ки «Моро бузургсолон ҳамеша омӯхтаанд, вақти намоз хондан се қоидаро бояд риоя кунем… Тани пок, ҷои пок ва ҷомаи пок! Риояи ин се шарт албатта кори ҳар фард аст, вале ман чунин мешуморам, ки барои намоз ва ибодат ба Худо кас бояд танҳо ва дур аз чашми дигарон биравад. Ман тарафдори ин тарзи ибодат нестам!»
Аммо гӯё дар посух ба ин ҳарфҳо, ки албатта ба коргардонҳои саҳна хушоянд нест, Темур Варқӣ (эҳтимол яке аз дастандаркорони саҳна) навиштааст: «Ин ҷавонро ман маҳкум намекунам ва ҳеҷ бадие дар рафтораш намебинам, ки нишон медиҳад дар кишварҳое бо демократияи ҳақиқӣ касе муҳоҷир ва мусалмонро барои адои намоз дар миёни мардум муттаҳам намесозад».
Дар тақвияти суханони ӯ, нафаре, ки ниқоб дорад бо номи Ҷаҳонгири М. ва маълум нест чӣ касе аст, асли мақсадро баён мекунад: «Агар ин ҷавон дар назди ҳайкали Сомонӣ дар шаҳри Душанбе намоз мехонд, ҳолаш чӣ мешуд?» Ҳамаи гап дар ҳамин аст, ки бояд коре карда, санги маломат ба сӯи Тоҷикистон партофта шавад, муҳим он нест, ки ин амал ба одобу қоидаҳои роиҷи исломӣ ва аз ҷумла ба тартиби намозгузорӣ созгор намебошад. Ёдам ҳаст, ки моҳҳои феврал - майи соли 1992 дар рӯзҳое, ки ин ҷавону чанд дастандаркори дигари ин намози «саҳнавӣ» ҳанӯз дар ин ҷаҳон набуданд ва ё буданду дар пушти падар буданд, падарону бародаронашон дар майдони «СеКа» роҳҳоро банд карда, намоз мехонданд. Иттифоқан дар ҳамон вақт буд, ки иди яке аз моҳҳои муборак (Рамазон ё Қурбон) пеш омад. Саркардаҳои он намоишҳои майдонӣ ба хотири ин ки саҳнаи эътирозгарон пароканда нашавад (ширкаткунандагон аз сенария берун нараванд), дастур дода буданд, ки намозро аз ҷои нишасти худ дур нарафта дар хиёбони Сомонӣ (он вақтҳо Путовский) хонанд ҳам дуруст аст. Ба ин тартиб бо паҳн кардани ҷойнамоз, ки пешаш дар рости бинои Иттифоқи нависандагон буд, ҷамоати ҳозир ба адои намоз пардохтанд. Ҳоло чандон мушкил нест, ки нафареро дар яке аз майдонҳои шаҳри Кёлни Олмон ба намоз медароранд!
Вайсиддин Одинаев, масъули канали SAREZ TJ дар Ютуб, ки ин видеоро нашр кардааст, ба яке аз сомонаҳои вобастаашон гуфтааст, ки: “Ҳадаф аз нашри навор ин буд, ки озодӣ ва демократияи ҳақиқиро нишон диҳем ба мардум. Худо хоҳад, дар оянда боз мисолҳои зиёде мисли ин меорем, то мардум худ қазоват кунанд, ки демократияи тоҷикӣ аз демократияи аврупоӣ чӣ фарқ мекунад”.
Ин пойгоҳи хабарӣ поёни ин матлаб боз ҳам чанд ибораи ба истилоҳ обшуста дар мавриди эҷоди маҳдудиятҳо барои адои намоз дар маконҳои ҷамъиятӣ ва идораю корхонаҳо дар Тоҷикистонро барчасп намудааст. Онҳо боз ҳам фаромӯш накардаанд, ки ёдовар шаванд, бар асоси Қонуне, ки дар соли 2009 дар ин кишвар қабул шуд ва баъдан борҳо таҳрир хӯрд, ба масҷид барои адои намоз рафтани занҳо ва наврасони то 18 –сола манъ шуда”.
Дастандаркорони ин саҳнасозӣ бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқ (бешак худро ҳам аз он ҷумла мепиндоранд), таъкид мекунанд, ки “ин маҳдудиятҳоро монеагузорӣ дар роҳи озодии дин дар Тоҷикистон мехонанд”.
Ин гурӯҳ парвое ба он надоранд, ки бо иҷрои чунин намоишҳои беҷо заминаи нобоварии мардуми таҳҷои кишварҳоеро, ки сокинаш ҳастанд, ба вуҷуд оварда, тухми нифоқро дар он макон ҳам мекоранд.
Ва ин нукта ҳам барояшон муҳим нест, ки ҳамакнун дар ҳамон Аврупое, ки сатҳи озодии баёну демократияашро инҳо барои расидан ба ҳадафҳояшон дастак кардаанд, бо шинохтани ҳадафҳову чеҳраҳои пушти ниқобҳои рангоранги ин ҳомиёни Ислом ҳоло иқдом ба эътироз мекунанд. Ин хабари нашршуда дар расонаҳои хориҷӣ ҳам подоше ба чунин саҳнасозиҳои бемантиқу риёкорона аст.
Дар Франсия зидди намози кӯчагии мусалмонон эътироз карданд
Рӯзи 11 ноябр дар маҳаллаи Клиши, ки дар канораи Париж аст, намояндагони ҳукумат бо баргузории намоиши эътирозӣ норизоиятии худро ба намозгузории ғайриқонунии мусалмонон дар хиёбонҳои ин шаҳр ба намоиш гузоштанд.
Хабаргузории америкоии "Ассошиэйтед пресс" навишт, ки “қариб сад нафар раисон (мирон)-и шаҳрҳои Франсия, намояндагони парламент, маҷлисҳои минтақавӣ ва мунисипалии навоҳии Париж дар даст шиору плакатҳо бо тақозои “манъи адои намози ғайриқонунӣ дар хиёбонҳо” дар ин намоиши эътирозӣ иштирок карданд”.
Онҳо бо хондани суруди «Марселеза», талош карданд, ки монеи адои намози ҷумъаи мусалмонони маҳаллӣ шаванд. Баргузории намоиши эътирозӣ дар ҳоле буд, ки муддати нуҳ моҳ боз гурӯҳе аз муҳоҷирони мусалмонон рӯзҳои одина дар гузаргоҳи марказии кӯчаи Клиши ҷамъ омада, намоз мегузоранд.
Ба навиштаи ин манбаъ, Валери Пекресс як мақоми маҳаллии Париж гуфтааст, ки “ҳеҷ гурӯҳ ва қавме ҳақ надорад фазои ҷамъиятиро ғайриқонунӣ аз худ кунад”.
Дар охири намоиш шаҳрдори Клиши Реми Мюзо аз вазири корҳои дохилии Франсия хост, ки аз адои намоз дар кӯча пешгирӣ намуда, барои дақиқ ва таъини ҷои намозгоҳҳо иқдом кунад.
Ҳоло мешавад ба онҳое, ки чунин амалро дуруст мешуморанд муроҷиат кард ва гуфт: «Ками дигар ҳам сабр кунед, бо ин рафторе, ки доред, хоҳед дид, ки дар кишварҳои демократияи ҳақиқӣ бо шумо чӣ мекунанд».
Шоири хушкалом Убайди Зоконӣ дар як манзумаи барои дӯстдорони адаб маълум бо тамсил насиҳат кардааст:
Ҳар кӣ кори Худо кунад ба яқин,
Рӯзиаш мешавад фаровоно!
Дарк мекунед? Ба яқин, яъне ба сидқ, на ба риёкорӣ ва барои намоишу ҷалби таваҷҷуҳ ва фиреби назари мардум!
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: