Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно мулоқот намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно мулоқот намуданд

19-05-2019, 09:53
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Япония” Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коноро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушду таъмиқи робитаҳо бо Япония таваҷҷуҳи хоса дорем ва барои густариши ҳамкории судманд дар ҳама сатҳу ҳайат талош меварзем.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмии сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави робитаҳо дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва туризм, табодули андеша карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Муколамаи “Осиёи марказӣ + Япония”, Агентии байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ “Ҷайка” ва дигар барномаҳои ояндадори муносибатҳо баррасӣ шуд.

Таъсиси маркази бизнес-инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳои хуштамъи Тоҷикистон ба бозори Япония, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдан, фармасевтика, таъсиси корхонаҳои коркарди пахта, пилла, истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз онҳо, самтҳои дигару судманди ҳамкорӣ маънидод гардид.

Масъалаҳои ҳамкории амниятӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: