«Памиретс» ҳам тоҷик аст10-05-2019, 13:31
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
Солҳост, ки дар атрофи таърихи ҳастии миллати тоҷику вожаи «тоҷик» баҳсу мунозира меравад. Қисмати зиёди олимону адибони ватанию хориҷӣ, алоҳида нафарон ба ин мавзӯъ даст дода, оқилонаву орифона, бо далелҳои раднашаванда маводҳои ҷолибро дар расонаҳо мунташир намуданд. Чанд китоб рӯи чоп омад. Имрӯз ҳам мавзӯи зайл тадқиқоти ҷиддии чуқури таърихии худро тақозо дорад, зеро бадхоҳони миллат бо ҳар васила мехоҳанд, қадру қимат, таъриху аъмоли миллатҳои куҳанбунёдро паст зада, таъриху тамаддуни сохтаи миллати худро боло гузоранд.
Чанде пеш дар рӯзномаи «Минбари халқ», (27 феврали соли 2019, № 9 (1198) маводеро бо номи «Устурасозӣ ба нафъи кист?» ки ба қалами рӯзноманигор Азамат Дӯстов таалуқ дорад, хонда, фикру ақидаи олими қазоқ, профессор Кайрат Закиряновро оид ба шубҳа бурдани таърихи расмӣ дар хусуси намояндагони бузурги дунё мисли Ҳазрати Муҳаммад (с) ва дигар шахсони таърихиро аз табори турк хондааст, водорам кард ба як масъалаи ҷиддию хатарзо фикру андешаамро баён намоям. Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» низ маводи нигоранда Аламут- Помир - Москва бо номи «Мои жизненные строки» - ро мутоила кардам. Дар он қиссаи муҳаббати як ҷавони тоҷик бо духтари тотортабори паричеҳраи сокини Москва ва аз муҳаббати гарми ин ду ҷавон ба дунё омадани фарзанде бо исми Амина ва оқибати ҷудоии ин ду дилдода қисса мешавад. Дар як сатри ин мавод омадааст, ки Люся чун фаҳмидааст, помирӣ (памиретс) ҳам тоҷик будааст, дилаш аз шавҳари дӯстдоштааш хунук шуда, байни ишон ҷудоӣ афтодааст. Ин мавод боз дар худ чанд ҷанбаи дигарро касб кардааст, вале матлаби банда тамоман чизи дигар аст. Арзи дили Аламут-Помир – Москва дар маводи «Мои жизненные строки» маро водор намуд оид ба як суҳбат бо ҷавоне аз муҳоҷирати меҳнатӣ, аз Федератсияи Россия омада, дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ, ки ҳамсафарам буд нақл кунам. 7 нафар ҳамсафар дар мошинаи тамғаи «Ландкрузер» будем. Дар шаҳри Кӯлоб, дар ошхонаи «Бадахшон» сари хони нимрӯзӣ бо соҳибаш Сафар ном марди ҳалиму хоксор ва саховатпеша аз ҳар боб суҳбат доштем. Чун суҳбатам ба Сафар маъқул омад, даст доду аҳди дӯстӣ бастем. Рақами телефонҳои ҳамдигарро гирифтем. Мавзӯи суҳбат оид ба муносибатҳои нохуби баъзе аз ҷавонони помирию кӯлобӣ дар даврони Шӯравӣ буд. Аз лутфу марҳамати ҳақиқию холисона Сафар ҳаққи хароҷоти ғизои 7 нафар мусофирро бар зимма гирифту бароям тӯшаи роҳро низ омода кард. Чун нақлиёт ба роҳ баромад, ҷавони аз Федератсияи Россия омада, суол кард, ки амакҷон оё гапи Шумо дуруст буд, ки помириҳо тоҷикони асиланд? Агар ин хел бошад, амакҷон, ба ман гӯед, ки тоҷикии мо дар чӣ чизҳо маълум аст, ҳол он ки моро помирӣ мегӯянд, забони мо тоҷикӣ нест, мазҳабамон дигар аст, сурати мо ҳам тамоман дигар…? Пурсидам, ки ному насабатон чист? –Номам Алидоду исми падарам Худодод, номи бобоям Сахидод. - Бинед, Алӣ номи мубораки халифаи чоруми дини мубини Ислом аст, дар Тоҷикистон ин ном маъмулу машҳур аст. Ҳиссаи «Дод», яъне Ҳазрати Алӣ шуморо ато кардааст. Номи Худодод ҳам ҳамин маъноро дорад. Худо додааст. Сахӣ нафаре, ки саховатманд аст. Номҳои насабатон тоҷикианд, аз ин мебарояд, ки асли аҷдодони Шумо тоҷик аст. Ҳаким Носири Хусрав худро аз Қубодиён, Ҳофизу Саъдӣ худро аз Шероз, Камоли Хуҷандӣ аз Хуҷанд, Шамси Табрезӣ аз Табрез, Абдураҳмони Ҷомӣ аз Ҷом, Қудрати Шуғнонӣ худро аз Шуғнон… мегуфтанд. Барои муаррифии исми худ номи маҳалли тавлиду зист меоварданд. Адибону олимон ва мусофирону ношиносон худро низ аз ҷои зист ё зодгоҳ муаррифӣ мекарданд. Бо ин васила одамонро аз рӯи маҳал мешинохтанд. Сабаби ба помирию кӯлобӣ ва хуҷандию раштӣ ном бурдани тоҷикони як сарзамин ҳам дар ҳамин аст. Гуногунзабонӣ омили он нест, ки миллат ягона набошанд. Инро дар мисоли тоҷикони Вилояти Мухтори Кӯҳистон дидан мумкин аст. Забонҳои язғуломӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, ғоронӣ, ринӣ, вахонӣ ҳастанд. Яғнобиҳо дар вилояти Суғд сукунат доранд, ки забони онҳо низ дигар аст, аммо онҳо тоҷиканд. Намояндагони ин забонҳо ҳама тоҷиканд. Ҳамаамон устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Сино, Носири Хисрав, Шамси Табрезию Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Ширин Бунёдро …. аз они худ медонем, ашъорашонро дар маросимҳои ғаму шодӣ мехонем, замзама мекунем, ки тоҷикони асиланд. Мехостам пайванди якдигарии хешу табории ин забонҳои мардуми муқими кишварро аз рӯи тадқиқоти илмӣ ва категория гуфта диҳам, аммо аз дарки ҳамсафари ҷавон пай бурдам, ки ба ин чиз фаҳмаш камӣ мекунад. Нишонаҳои тоҷикии помириёнро дар мисоли сода барояш чунин баён доштам: Ҳаким Носири Хусрав аслан тоҷики асил буд. Худро аз насли Қубод мегуфту асарҳои ҷаҳонмаънояш «Саодатнома», «Сафарнома», «Зод –ул-мусофирин», «Ҳикматмутаҳирин», «Ваҷҳи дин»-ро …, ки барои ҳар як тоҷик муқаддасанд ва махсусан барои тоҷикони муқими болоби Панҷ табарруканд, тоҷик буду бо забони тоҷикӣ рӯйи коғаз меовард. «Қандилнома»-и «(Чароғнома)» Ҳаким Носири Хусрав, ки дар маросими даъват Носир ба номи навгузаштаи хок хондаю равшан мешавад, низ бо забони тоҷикист. Чанд дуоро ба ҳамсафарам қироат кардам, ки сар то по бо забони тоҷикӣ буданд. Қисм – қисм матни нигоҳи пешинаро хонда додам, он ҳам пурра ба ин забон иншо шудааст. Ҳамзамон аз рӯи намунаи хун (ДНК), қиёфаю сурат, симои тоҷикона ва чанд намуди сару либоси ягонаи тоҷиконаро низ мисол овардам. Баробари ин ба ҳамсафарам тавсия додам, ки китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, «Тоҷикони водии Хуф»-и Андреев, «Шугнанцы»-и Ҳ. Қаландаров, «Тоҷикони ҷаҳон» ва чанд асари дигарро хонад, ки дар онҳо заминаи худшиносии миллӣ зикр шудааст. - Устод,- гуфт ҳамсафари ҷавонам, - китобҳои дарсиро бо зарби калтаки падарам базӯр хондам. Ба мазмуни асарҳои тавсиядодаи Шумо сарфаҳм намеравам. Аз ин лутф маълумам шуд, ки аз далелу бурҳони овардагии ман дар хусуси тоҷик будани помириҳо пурра қаноатманд нашудааст. Пасон суол кардам, ки номи падару модари бобои Шумо киҳоянд? - Намедонам, ҷавоб дод ӯ. -Шарти охирин ҳамин ба деҳаи Шумо, ки расидем, қабри бобо ва момои худро ба мо нишон медиҳед, ки ба хотири рӯҳи покашон як каф дуо хонем. - Муаллим, - гуфт ӯ, - меҳмони ман албатта мешавед, аллакай тайёриҳо дар хона омодаи қабул ҳастанд. Аммо гӯри бобою моморо дар қабристони деҳа пайдо карда наметавонам. Фикр мекунам, қабри падари худораҳматиамро пайдо карда наметавонам. Ду сол аст, ки дар Россия будам. Шумо маро дар вазъи ногувор мондед. Дигар ҳоҷати пурсидан надорам. Насиб бошад рӯзҳои наздик ба наздатон меоям. Оид ба чанд масъалаи дигар аз Шумо маълумот мехоҳам. Ман барин одамони ҷавони камфаҳм дар муҳоҷират бисёранд натанҳо аз аслу насаб, балки аз пешрафти Тоҷикистони имрӯза дарак надоранд. Ягона чизе, ки истифода мекунем, интернет аст. Дар сайтҳои интернет фақат ғайбату туҳмат, сиёҳкунии ҳамдигар, бадбинии байни ҳамдигарию қавмию миллатҳост... Ду бор ба «стройка» - и мо дар Одинствои назди Москва одамони доро бо мошинҳои боҳашамат омада, дар хориҷа кори сердаромадро ваъда карданд. Ду нафар ба боварии онҳо даромада, рӯзи дуюм ҳаққи кори худро нагирифта, ғайб заданд. Прораби мо арманӣ буд. Аз бенишон гум задани ин ду нафар коргар асабӣ шуда, ному насаб, сурати дар телефони мо будаи онҳоро гирифта, ба политсия хабар дод. Баъди ду моҳ хабар расид, ки онҳоро бо ному насаби нав дар фурӯдгоҳи Озарбойҷон дастгир карданд. Ҳар дуи онҳо ман барин маълумоти миёнаи нопурра доштанд. Забони кӯчагии русиро каме аз худ карданду халос. Ману ҳамдеҳагонам аз ҳамшаҳрии солҳо дар Россия буда оид ба ин кор маслиҳат пурсидем. ӯ моро қатъиян таъкид кард, ки «ба сухани касе бовар накунед, ҳатто наздики онҳо нашавед, онҳо Шуморо ба Сурия ё ягон давлати ҷангзада равон мекунанд». Фикр мекунам, дар Ватан будану ба аҳли оила хизмат кардан аз ҳама роҳи хубтар аст. Ҳозир дар вилояти мо ҳам корро пайдо кардан мумкин аст. Рости гап бисёр масъалаҳои ҳаётан заруриро намедонем. Ба мо лозим аст, ки бештар хонем, ҳунар омӯзем ва ба Ватан хизмат кунем. Ин буд хулосаи дурусти дӯсти ҷавони ман баъди суҳбатҳои тӯлонӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ. Ҷонибеки Қозибек, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.