ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД…7-12-2017, 09:25
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
(тарҳи мазкур бо дастгирии КВД «Роҳи оҳани тоҷик» ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон амалӣ шудааст) АЗ ТОҶИК БУДАН ИФТИХОР ДОРАНД… Дар хотир дорам, як бародар, ки соли 1994 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карда буд, сарнавишти талхашро ба ман қисса кард: «Падарам субҳи сарди моҳи декабри солҳои навадум ба кор рафту дигар барнагашт. Ҳарчанд ҷустуҷў кардем, ғайр аз гумону тахминҳо, ки ҳадафи тири кадом нохалаф шудааст, дигар асарашро пайдо накардем. Модарам, ки рус буд, дигар роҳи наҷотро тан о дар муҳоҷират ба Русия медид. Маҷбур шудем тақдирро ба таваккал ҳавола карда, ба ватани бобоии модар кўч бандем. Ҳарчанд, ки беҳтарин ва рўшантарин хотираҳои тифлиам бо Душанбе рабт доштанд, баъд аз беному нишон шудани падар дилам аз Душанбеи ҷангзада, ки садои ханда аз он рахт баставу танҳо навҳаи модарон ба гўш мерасид, сард шуд. Чеҳ раҳ ои шукуфтаи мардумро, ки бо ришҳои тоза тарошидаву атрзада, либосҳои тозаи аврупоӣ ва дар даст гулдаста ё китоб ба мулоқот ё меҳмонӣ мешитофтанд, дигар дар хоб медидӣ. Кўчаҳои ша ҳрро акнун одамони бадҳайбати ришдор, ки дар сар латтаҳои сабз баста, бо пакулҳои афғонӣ, ё дар тан ҷомаву либосҳои варзишӣ ва дар даст аслиҳаи маргбор доштанд, соҳибӣ мекарданд. Солҳои аввали зиндагӣ дар хоки Русия, ҳадалимкон кўшиш менамудам, ки ҳамсабақҳоям тоҷик буданамро эҳсос накунанд. Вақте мепурсиданд, ки чаро ному насабам мусалмонист, мегуфтам падарам тотор аст. Модарам шояд ин ҳолати маро дарк менамуд, ки пайваста таъкид мекард, ки падарат инсони наҷиб буд ва ифтихор дошт, ки аз насли Хайёму офиз аст, дар шарёни ту низ хуни тоҷикӣ ҷорист, ҳаргиз аз тоҷик буданат ор накун… Хуб, - мегуфтам, вале вақте тоҷиконро дар кўчаву бозорҳо медидам, ки чӣ вазъи бад доранду, барои пайдо кардани як пора нон ба пасттарин кор омодаанд, чӣ гуна мавриди таҳқир қарор мегирифтанду, ҳатто аз ноилоҷӣ садо баланд намекарданд, худро аз онҳо дур мекашидам. Чашмони ваҳ шатзадаву чеҳраҳои маҳзуни онҳо ба ҳамсояҳои душанбегиам, ки симои дилпуронаву чеҳраҳ ои хушбахт доштанд, еҷ шабоҳате надоштанд. Вале ҳарфҳои модар дуруст будаанд, ҳаргиз аслу насаби инсонро тағйр дода намешудааст. Оҳ иста-оҳиста ҷавҳари тоҷикӣ дар ниҳ ди ман ғолиб омад. Бо мардуми муҳоҷир дўст шудам, дубора дарк намудам, ки бо вуҷуди ҳамаи сангиниҳои зиндагӣ то кадом андоза дили софу меҳрубон доранд. Имрўз, баръакс агар пурсанд, ки чеҳраи аврупои дорӣ магар тоторӣ, бо ифтихор мегўям: «На, тоҷикам!»» Имрўз ҳамин истилоҳи «Ман тоҷик!» дар байни ҷавонони ҳаммиллати мо дар Русия мояи ифтихор шудааст. Дар шаҳри Пермь ҷавононеро мушоҳида намудам, ки дар пероҳанашон (футболка) навиштаҷоти «Союз таджиков Пермского края» (Иттиҳоди тоҷикони кишвари Перм) ба назар мерасид. Китоби бузургҳаҷмеро низ ба ман туҳфа намуданд, ки «Таджики Пермского края» ном дошт ва муаллифаш публитсисти тоҷик буд. Ростӣ ин иқдоми ҳамватанон ба ман хеле таъсир кард. Агар ин одамони наҷиб ба таърихи миллати дар мусофират оғоз гузоштанд, решаи миллати тоҷик дар ғарибӣ низ ҳамеша сабз хоҳад буд… КОРЕ КУНЕМ, КИ ЭЪТИБОРИ МИЛЛИРО ПАСТ НАЗАНЕМ… Вақте ки дар фурудгоҳи Домодедово аз назорати гумрукӣ мегузаштем, як ҷавони тоҷик бо либоси варзишӣ, кӣ дар навбат меистод , оҳиста аз остини ман кашид: – Ака,- бо авзои парешон ба онҳое, ки бо марзбонон ва кормардони гумрук суолу ҷавоб мекарданд, ишора намуда, пурсид ў,- ҳоло инҳо чӣ савол медиҳ анд ва ман чӣ посух диҳам? - Ҳеҷ душворӣ надорад, - ҷавоб додам ба ў, -мепурсанд, ки мақсади сафарат ба Русия чист, ҷавоб медиҳ ӣ, ки барои кор, та сил ё меҳ монӣ. - Ба тоҷикӣ мепурсанд? - Албатта не,- бо ҳайрат посух додам, - ба забони давлатии худашон, яъне русӣ ва ё забони байналмилалӣ-англисӣ… -Ваҳ , Худо зад,- бо даҳшат гуфт ў,-охир ман забони русиро намедонам, чӣ ҷавоб диҳ ам. Маҷбур шудам дар қоғазаке ба забони русӣ тахминан саволу ҷавоберо, ки дар хатти убури гумрук сурат мегирад, навишта диҳам… Итминон дорам, ки дар ҳавопаймое, ки ба шаҳ рҳои марказии Русия парвоз мекунад, ҳатман ду-се нафар ҷавононе, ки комилан забони русиро намедонанд, сафар мекунанд. Шояд хонандаи азиз фикр кунад, ки ин мушкилоти худи ҷавон аст, ки забони русиро намедонад ва азобашро низ худаш мекашад. Аммо… Агар амиқтар андеша ронем, бесаводии ҳамин гуна ҷавонон боис мегардад, ки муносибати мардуми рус нисбат ба миллати мо сард шавад ва образҳ ои Равшану Ҷамшуд ба саҳ на оянд. Чунин ба назар мерасад, ки мо барои ба муҳоҷират омода намудани ҷавонони тоҷик дар кишвар кори бояду шоядеро анҷом намедиҳем. Имрўз зарурати ҷорӣ намудани меъёри атмие, ки бояд сатҳи савод, огоҳ будан аз қонун, рафтор ва фарҳ ангу тарзи либоспўшии ҷавононеро, ки ба муҳ оҷират мераванд муайян намояд, пеш омадааст. Дар ин замина хуб мешуд илова бар касбомўзӣ вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш як барномаи мукаммали давлатиеро роҳ андозӣ намоянд, ки гирифта аз масъалаи забономўзӣ то фарҳ анги либоспўшии ҷавононро фаро гирад. Агар аз лиҳози фарҳ анги либоспўшӣ назар андозед, шинохтани ҷавонони мо дар Русия хеле осон аст. Аз чӣ бошад, ки чанд сол қабл либоси варзишӣ ва кроссовкаҳ ои тамғаи adidas (се хат) дошта ба либоси анъанавии муҳоҷирони мо табдил ёфта буд. Имрўз шояд тамғаи ширкатҳои тавлиди либос каме тағйир ёфтаанд, вале боз ҳамон либосу кроссовкаи варзишӣ ҷавонони моро аз дигар миллатҳо «тарҷеҳ » медиҳад. Пас чаро мо қонунеро ба тасвиб нарасонем, ки ба фурудгоҳ ҳо ворид шудани мардум бо либос варзишӣ қатъиян манъ бошад. Дар баъзе кишварҳ ои Ғарб ворид шудан ба муассисаҳ ои фарҳангӣ бо либоси кўчагӣ ё варзиши ғайриимкон аст. Дар донишгоҳу мактабҳои мо низ низоми либоси донишҷў ё талабаи мактаб ҷорист, вале аз дигар тараф иҷоза медиҳем, ки бо ин гуна либосҳо озод ба кишвари аврупоӣ, ки маркази тамаддуни башар аст, сафар кунанду миллати моро бо ин навҳ муаррифӣ намоянд… ТОҶИКОНИ РОССИЯ ЧӢ ТАВСИЯ МЕДИҲ АНД? Ҳангоми суҳ бат бо роҳ бари ҷамъияти тоҷикони Перм Хуршед Сайидов ба утоқи кории ў як нафар марди миёнсол ворид шуд: - Шунидам, ки намояндагони ҲХДТ аз ватан омадаанд, мехостам чанд пешниҳодамро арз намоям,- гуфт ў бо табассум. - Ин кас акаи Ҳуснидин, чанд сол аст, ки дар Русия аз пешаи ронандагӣ нон мехўранд,- ўро муаррифӣ намуд Хуршед Сайидов. - Маълумоти олӣ надошта бошам ҳам, чун дар мактаби Шўравӣ таҳсил кардаам, забони русиро хуб медонам, -ба суҳбат ҳамроҳ шуд акаи усниддин,- вале ба ҷавонони имрўза дилам месўзад. Онҳо ҳатто одитарин ҳуҷҷатро пур карда наметавонанд. Маҷбур мешаванд, ки маблағҳои зиёд сарф намуда, баъзе ҳуҷҷатҳ ои заруриро бо дасти дигарон пур кунанд. Чӣ мешуд агар дар барномаҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар барои хатмкунандагон соатҳои иловагии пур кардани баъзе санадҳои муҳим, кортҳои мигратсионӣ ва ё патент ҷорӣ намоянд? Бубинед, - бо таассуф гуфт ў, - ҷавонони мо ба андозае бесаводанд, ки ҳангоми вуруд ба хоки Русия дар корти мигратсионии худ ҳадафи сафарашонро меҳмонӣ ва ё таҳсил менависанд. Баъдтар вақте ки барои гирифтани иҷозаи кор ва ё патент ба Хадамоти федеролии мигратсионии Русия муроҷиат менамоянд, чун ҳадафи сафар дигар аст, ба онҳо иҷозаи кор намедиҳанд. Маҷбур мешаванд, ки дубора марзи Русияро дар самти Украина ё Қазоқистон убур намуда, корти мигратсиониро аз нав ба тарзи дуруст тартиб диҳанд. Тасаввур намоед, ки чи гуна вақту маблағи зиёд беҳуда сарф мешавад? - Мушкили дигаре низ ҳаст, - илова мекунад Хуршед Сайидов, - агар дар мисоли шаҳри Перм бигирем, худи ҳамин сол чанд нафар ҷавонони тоҷик аз рўи квота барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин шаҳр омаданд, вале қисм зиёди онҳо ба иллати надоштани саводи казоӣ ва надонистани забони русӣ, як сол ҳам таҳ сил накарда аз муассисаҳ ои олӣ хориҷ шуданд. Ҳам квота сўхт, ҳам як соли донишҷўён ба ҳадар рафт ва ҳам падару модарашон беҳуда маблағ сарф намуданд,- гуфт ў бо таассуф. Ба манфиати кор мебуд, агар қисми квотаҳоро байни фарзандони муҳоҷироне, ки дар мактабҳои Русия таҳ ил менамоянд, аз тариқи имтиҳон тақсим мекарданд ва масъулияти иҷрои онро ба зиммаи Сафорати Тоҷикистон дар Федератсия Русия, консулгариҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон вогузор мекарданд. Ба онҳо ваъда додам, ки баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳатман ин мавзўъро дар саҳифаҳои ҳафтанома пайгирӣ хоҳам кард. Итминон дорам, ки вазорату идораҳои дахлдор низ нисбати ин пешниҳодҳо бетараф нахоҳ анд буд. (давом дорад) Бахтиёр Ҳамдам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.