Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

8-05-2019, 09:07
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 74-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш сардори Академияи Вазорати мазкур Файзалӣ Шарифзода зимни суҳбат иброз намуд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти Ватани азизи хешро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободиву оромии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, сабақ ва намунаи ибрат аст. «Ба шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки таърихи пуршарафи миллату давлати хешро хубтар омӯхта, ифтихори миллии худро тақвият бахшем, нагузорем, ки фазои ором ва сулҳу суботи Ватани моро абрҳои сиёҳ тира созанд. Ҷангу ҷидол инсониятро ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасонад, балки сабаби харобиву бадбахтиҳо мегардонад»,-афзуд ӯ.«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

Дар идома аз ҷониби меҳмонон зикр карда шуд, ки барои насли имрӯзаи мо Рӯзи Ғалаба на танҳо ба таври муқаддас пос доштани хотираи бобоён ва падаронамон аст, ки барои шараф ва номуси халқу диёрамон ҷони худро нисор намудаанд, балки санаест, ки ҳар яки моро водор месозад муборизони ҳақиқии сулҳи пойдор байни халқҳои ҷаҳон бошем ва ба ҳаракати қувваҳои ҳангоматалабу ҷангхоҳ дар ҳар шакле, ки зоҳир нашавад, сари вақт хотима гузорем.

Ҷанг дар таърихи инсоният ҳамеша ҳодисаи даҳшатнок ва нанговар ба шумор меравад. Ин аст, ки ҳар халқи соҳибтамаддун ва бофарҳанг бояд аз ҷангу ҷидол бипарҳезад ва бо маслиҳату андеша барои сулҳу салоҳ мубориза барад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: