Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мўйи сафедро фалакаш ройгон надод

Мўйи сафедро фалакаш ройгон надод

3-05-2019, 14:08
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Мўйи сафедро фалакаш ройгон надод
«Дар солҳои ба сифати вазири фарҳанги ҷумҳурӣ кор карданаш, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (с.2005)», «Рӯзҳои Тоҷикистон Дар ЮНЕСКО, шаҳри Париж (с.2005), «2700-солагии шаҳри Кӯлоб», бо ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд, ки обрӯ ва эътибори давлати Тоҷикистон ва фарҳанги онро дар арсаи Байналхалқӣ баланд бардоштанд», ин нукта 2 майи соли равон дар маҳфили илмӣ-фарҳангии «Нури маърифат» бахшида ба 45-солагии фаъолияти ходими давлатӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ, профессор Раҷабмад Амиров, ки дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор шуда буд, садо дод.
Дар оғози ҳамоиш филми мустанад оид ба ҳаёту фаъолияти пурсамари Раҷабмад Амиров таҳти унвони «Дар пайроҳаи зиндагӣ» ба иштирокдорон намоиш дода шуд.
Сипас Усмонзода Хайридин Усмон, ректори ДДФСТ ба номи М.Турсунзода баромад карда, аз номи садорати факулта ва устодону донишҷӯён Раҷабмад Амировро таҳният гуфта, иброз дошт: «Профессор Раҷабмад Амиров аз зумраи он шахсиятҳое ба шумор меравад, ки дар татбиқи сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ин амалро ӯ замони ба фаъолияти дилписанди меҳнатӣ оғоз карданаш, дар вазифаҳои гуногуни давлатии ба зимма гузошташудааш иҷро намуда, имрӯз низ онро бурдборона идома медиҳад. Чунин сифатҳои беолоиши инсонию роҳбарӣ дар ин муддат ба эшон имкон доданд, ки дар соҳаҳои фаъолияти ба зимма гузошташудааш пайваста ба масоили ҷойдошта аз манзари диди тоза нигариста, ба пешрафти беназири ин соҳаҳо мусоидат намояд. Аз таҳлили самараи фаъолияташ дар вазифаҳои декани факултет, ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, муовини аввали вазир, баъдан вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳеҳияти чунин арзёбӣ итминон ҳосил кардан мумкин аст». Мўйи сафедро фалакаш ройгон надод
-Дар давраи роҳбарии ин марди бузург муносибатҳои байналмилалии донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пурзӯр гардида, дар заминаи он тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Федератсияи Россия ва Украина, ҳамзамон гузаронидани таҷрибаҳои истеҳсолии донишҷӯён дар Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои назди балтика ба роҳ монда шуда буд. Дигар ин ки дар ин давра як қатор ихтисосҳои нав, аз қабили «Рӯзноманигори телевизион», «Коргардони телевизион», «Рассомӣ», «Сайёҳӣ», «Менеҷмент дар соҳаи фарҳанг» таъсис дода шудаанд,-афзуд дар идомаи суханаш Ректори донишкада.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Р. Амиров дар таҳияи «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2005)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг (с. 1997)» саҳми бориз гузоштааст.
Пасон Шамсиддин Орумбекзода-вазири фарҳанг, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илм ва дигарон Раҷабмад Амировро ба ин рӯзи нек табрик намуда, оид ба корномаиҳои чандинсолаи ӯ дар соҳаи фарҳанг андешаҳои худро баён доштанд.
Бахшида ба ин рӯз аз тарафи ҳунармандони маъруфи кишвар ва устодону донишҷӯёни донишкада барономаи ҷолиби консертӣ таҳия гардид, ки ҳамагонро шод гардонд.
PS: Раҷабмад Амиров 28 апрели соли 1954 дар собиқ ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Ҳамадонӣ) ба дунё омадааст. Соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро (ҳоло ДДФСТ) хатм намудааст. Соли 1977 хизмати ҳарбиро дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон адо намудааст. Соли 1979 ба аспирантураи Институти давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н.К.Крупская дохил гардида, онро соли 1982 бо мувафаққият анҷом дод. Соли 1983 рисолаи номзадиро дар соҳаи фарҳангшиносӣ дар мавзӯи «Роҳбарии педагогӣ ба шаклҳои ғайриклубии эҷодиёти бадеии халқ» дифоъ намудааст.
Солҳои 1983-1989 декани факултети маданию маърифатӣ, 1989-1990 ноиби ректор оид ба илм, 1990-2001 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номаи М.Турсунзода фаъолият кардааст. Солҳои 2001-2004 дар вазифаҳои муовини аввали вазир фарҳанг, 2004-2006 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2014 ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ифои вазифа кардааст. Аз соли 2014 то имрӯз ноиби ректори ДДФСТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ мебошад.
Р. Амиров муаллифи зиёда аз 100 таълифоти илмию фарҳангӣ, аз ҷумла «Усули тайёр намудани сенарияи клубҳо», «Эҷодиёти дастаҳои ҳаваскорони санъат дар маишат, оила ва маҳалли зист», «Тайёр намудани кадрҳо дар давлати соҳибистиқлол ҳамчун инкишофи фарҳангӣ», «Истиқлолияти фарҳангӣ», «Бозтоби фарҳанг» ва ғайра мебошад.
Раҷабмад Амиров бо медалҳои «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон (с.1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии «Мин-он»-и Ҷопон (с.2005), «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2003) ва ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2 (с.2005) мукофонида шудааст.

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: