Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония барқия ирсол намуданд2-05-2019, 09:14
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Нарухито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат, Бо камоли сарфарозӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон Шуморо дар робита ба сари тахти Императори Япония нишастанатон самимона табрику таҳният мегӯям. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Япония яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Изҳори итминон менамоям, ки дар давраи ҳукмронии Шумо тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии кишварҳои мо ба пояҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ барои тақвият бахшидан ба равобити ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҳамаи талошҳоро хоҳем кард. Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комил ва дар фаъолияти минбаъдаатон дастовардҳои рӯзафзун, барои кишвари дӯсти Япония ва мардуми он рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзумандам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.