Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

1-04-2019, 11:00
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

Муҳтарам намояндагони сокинони ноҳияи Спитамен!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Спитамен ва шумо-ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни баҳор ва сари сол, ки чанд рӯз пеш дар диёри мо фаро расид, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандиву хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Тайи ду рӯзи гузашта мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маросими ба истифода додани чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, яъне самараи заҳмати сокинони вилоят иштирок кардем.

Мушоҳида мегардад, ки мардуми заҳматписанди ноҳияи Спитамен низ бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба хотири амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дучанд заҳмат кашида, барои ободиву сарсабзии диёри хеш корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Бо истифода аз фурсат, ба мардуми сарбаланди ноҳия барои заҳмати содиқонаашон арзи сипос намуда, бовар дорам, ки онҳо барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ноҳия, афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳким бахшидани имкониятҳои содиротии кишварамон бо азму талоши бештар фаъолият мекунанд.

Кишоварзони ноҳия деҳқонони дар ҳақиқат асил будани худро, хусусан, дар самти истифодаи самараноки замин ва муҳаббату садоқат ба давлати соҳибистиқлоли худ собит карда истодаанд.

Шаш сол пеш дар ҷараёни сафари кории мо ба ноҳия дар маркази он хиёбони зебоеро бо муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен ба истифода дода, онро ба номи ин абармарди миллиамон номгузорӣ карда будем.

Имрӯз дар маркази ноҳия боз ду иншооти нав - майдонҳои Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҳусни маркази ноҳияро боз ҳам зебову дилкаш гардонидаанд.

Қомат афрохтани рамзҳои муқаддаси давлатдориамон боиси боз ҳам таҳким ёфтани эҳсоси ватандӯстиву ватанхоҳӣ ва ифтихору сарфарозии сокинони ноҳия гардида, майдони онҳо ба макони баргузории чорабиниҳои гуногун табдил меёбад.

Илова бар ин, чанд лаҳза пеш мо дар маросими ба истифода додани китобхона ва осорхонаи марказии ноҳия иштирок кардем.

Биноҳои китобхонаву осорхона бо сифати баланд ва бо дарназардошти меъёрҳои меъмории милливу муосир бунёд гардида, дар он барои дӯстдорони илму маърифат ва таърихи халқамон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Дар ин маврид, мехоҳам як нуктаро таъкид намоям.

Чанде пеш бо Фармони Президент озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид ва вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар шахсони масъул барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии муҳим вазифадор карда шуданд.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ аз эълон намудани озмуни мазкур ба мутоилаи китоб ҳарчи бештар ҷалб кардани мардум, махсусан, наврасон ва ҷавонону донишҷӯён мебошад.

Зеро тавре ки мушоҳида мешавад, баъди ба ҳаёти мардум васеъ ворид шудани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва дигар василаҳои коммуникатсионӣ завқи ҷавонон ба китобу китобхонӣ торафт кам шуда истодааст.

Албатта, наслҳои наврасу ҷавон бояд ҳамқадами пешрафти илму техника бошанд, аз навовариҳои технологии замони муосир қафо намонанд, вале дар баробари ин, фаромӯш накунанд, ки воситаҳои техникии имрӯза ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро гирифта наметавонанд.

Наслҳои калонсол хуб медонанд, ки тоҷикон аз азал бо омӯзиши илму дониш, офаридани осори илмиву адабӣ, бунёду таъсиси китобхонаҳо, марказҳои илмӣ ва маҳфилу ҳавзаҳои адабӣ машҳур буданд, ки албатта, китобу қалам дар меҳвари онҳо қарор дошт ва фикр мекунам, ки ин анъана набояд фаромӯш гардад.

Китобхонӣ ва аз худ кардани ашъори адибони классику муосири тоҷик ва мероси адабии дигар халқҳои ҷаҳон беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад.

Сокинони ноҳияи Спитамен, махсусан, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва падару модаронро низ даъват менамоям, ки наврасону ҷавононро дар ҳамин рӯҳия ба камол расонанд, то ки онҳо дар оянда ин марзу бум ва тақдири давлату Ватанро чун наслҳои сазовори мову шумо соҳибӣ ва обод карда тавонанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли равғанро, ки аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “25-солагии истиқлолият” бунёд шуда, бо хатти технологии бисёр пешрафтаи истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти бо ҷойи корӣ таъмин намудани даҳҳо нафар сокинони маҳаллиро дорад, ифтитоҳ мекунем.

Қасри фарҳанги деҳоти Куруш, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, аз ҷумлаи корҳои созандагие мебошад, ки ба муносибати истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо риояи унсурҳои беҳтарини меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Дар Қасри фарҳанг фаъолияти маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо 24 ҷойи нави корӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ ва хонаи ақди никоҳ ба роҳ монда шудааст, ки дар самти ба шуғл фаро гирифтани занону бонувони хонашин ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Толори асосии қаср бо 600 ҷойи нишаст барои баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ хеле мусоид мебошад.

Илова бар ин, дар шафати қаср аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Спитамен-текстайлз” толори пӯшидаи варзиш ва майдончаи бозии кӯдакона бунёд гардидааст, ки беҳтарин туҳфа барои кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳозирини муҳтарам!

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузоштааст.

Бовар дорам, ки сокинони ноҳияи Спитамен ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро, ки бо дастгириву пуштибонӣ ва заҳмати аҳлонаи мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад, бо дастовардҳои сазовори ин санаи воқеан таърихӣ ва бузургӣ миллӣ, аз ҷумла тавассути бунёду ба кор даровардани садҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд.

Ноҳияи Спитамен бо устодони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонони асилу пуртаҷрибаи худ шуҳрат дорад.

Шубҳае нест, ки онҳо бо заҳмати аҳлонаи хеш барои фаровонии бозори истеъмолии кишвар ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат дар оянда низ саҳми арзишманд мегузоранд.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мардуми заҳматдӯсти ноҳия ва соҳибкорони саховатманд барои иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ, аз қабили бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои дохилӣ, шабакаҳои обрасонӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамдиёрони худ минбаъд саъю талоши бештар мекунанд.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, кулли сокинони ватандӯст ва бонангу номуси ноҳияи Спитаменро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни сари сол табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.

Ҳамеша шоду сарбаланд бошед!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: