ДУШАНБЕ, 24.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.
Мақсад аз ин рӯз эҳё намудани анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони ҷумҳурӣ ба гулпарварӣ, ниҳолшинонӣ ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад.
Гул зеботарин моли табиат буда, парвариши он аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Гул бо зебоӣ ва ҷаззобияти худ инсонро мафтун менамояд. Имрӯз нафаре нест, ки ошиқи гул набошад. Он туҳфаи дӯстдоштаи занҳо мебошад. Гулро бештар занҳо дӯст медоранд ва кӯшиш мекунанд, ки дар хона ва назди ҳавлии худ беҳтарин навъҳои онро парвариш кунанд. Имрӯз ба парвариш ва нигоҳубини гул бештар шахсони калонсол машғул мешаванд ва ин шуғлро воситаи ором намудани асаб меҳисобанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷавонтарин гулпарвар, хонандаи синфи 9 мактаби миёнаи № 24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафар Шамсиев ҳамсуҳбат гардид, ки ӯ ба наврасии худ нигоҳ накарда, ба парвариши гулҳои хонагӣ бо номи бунафша машғул мебошад. Ӯ дар ду соли ба ин кор машғул шудан шумораи гулҳояшро ба беш аз 200 адад расонидааст, ки ҳар яки онҳо навъҳои мухталиф ба ҳисоб мераванд.
Тавре номбурда зимни суҳбат иброз дошт, ӯ ба парвариш ва селексияи гули бунафша аз синни 14 машғул шуд. Маҳз зебоӣ ва рангорангии гулҳо сабаб гардид, ки Сафар ба зиёд намудани он шавқманд гардад ва дар натиҷаи селексия навъҳои нави онро рӯёнад.
«Ҳангоми ба мактаб рафтан ман аз назди бозори «Саховат» мегузарам, ки дар он ҷо навъҳои гуногуни гулҳои хонагӣ ба фурӯш бароварда шудаанд. Ман ҳар рӯз ду маротиба аз назди он гулҳо гузар карда, аз зебогии онҳо ҳаловат мебурдам. Рӯзе ман аз он ҷо гул харидорӣ карда, онро дар хона парвариш кардам ва дарк кардам, ки аз уҳдаи нигоҳубин кардани гул мебароям. Аз ҳамон лаҳза муҳаббати ман нисбат ба гул зиёд шудан гирифт. Баъдан ман ба парвариши гулҳои бунафша машғул шудам. Парвариши онро аз барг оғоз кардам. Аввалҳо баргҳои шинонидаам нашъунамо накарда, баръакс мепӯсиданд. Баъдан тарзи дурусти нигоҳубини бунафшаро аз интернет омӯхтам. Тариқи интернет бо селексионерҳои машҳури Россия, Украина, Беларус, Туркия ва Қирғизистон шинос шуда, ҳамкорӣ ба роҳ мондам. То имрӯз аз онҳо бисёр чизҳоро мепурсам ва маслиҳат мегирам»,- гуфт Сафар.
Имрӯз Сафар танҳо ба селексия ва парвариши гулҳои бунафша машғул мебошад. Ӯ ин навъ гулҳоро аксар вақт аз як ва ним барг парвариш мекунад. Ба гуфтаи Сафар, ӯ аксаран навъҳои гули бунафшаро тавассути дӯстонаш аз хориҷ дастрас мекунад.
«Дар оянда нақша дорам «Хонаи гулҳои фиалка» таъсис диҳам, то дар он ҷо дӯстдорони ин навъи гул ҷамъ омада, атрофи парвариши он мубодилаи афкор кунанд. Ҳоло ман бунафшаҳои «Ле-Людмила», «Ле-Оксана», «Ле-Лейла», «Ле-Полина Виардо», «Ле-Малахитовая Роза» ва дигар навъҳоро парвариш намуда истодаам. Навъи нави бунафшаро соли 2019 ба номи модарам «Ле-Шоира» номгузорӣ намудам. Мехоҳам минбаъд ба гулҳои навъҳои наве, ки дар натиҷаи селексия мерӯянд, номҳои тоҷикӣ гузорам»,- илова намуд Сафар.
Сафар Шамсиев ҳамарӯза баъд аз дарс беш аз 2 соат вақти худро ба нигоҳубини гулҳо мебахшад. Ӯ дар мактаб низ бо баҳои аъло таҳсил намуда, дорои чандин ифтихорнома ва сипоснома мебошад.
Бояд гуфт, ки 25 феврали соли равон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» қарор ба имзо расонид. Ҳадафи асосии он густариш додани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳия, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ мебошад. Дар ин асос имрӯз дар кӯчаву роҳравҳои пойтахти кишвар аз тарафи ободкорон гулҳои рангоранг шинонида шудаанд, ки он ба ҳусни шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам намудаанд.