Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҚАРАТОҒИ БОСТОНӢ

ҚАРАТОҒИ БОСТОНӢ

24-03-2019, 11:00
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
ҚАРАТОҒИ БОСТОНӢ


1. ТЕШУКТОШ – МАВЗЕИ ТАЪРИХӢ

Аз нақлу ривояти пирони куҳан бармеояд, ки макон ва мавзеъҳои кӯҳии Қаратоғ дорои таърихи бостонӣ буда, яке аз онҳо кӯҳи шикофта дар гузари Тешуктош ба номи Фарҳоди куҳкан мисоли барҷастаест, ки таърихи чандинасра дорад. Фарҳод, ки ба Ширин ошиқ буд, хост ба қалъаи вай об гузаронад ва дар остонаи расидан ба мақсад аз ҳиллаву найранги Хусрав ҳалок мешавад.
Нақши дастони Фарҳод, осори ин ривояти таърихӣ дар мағзи дили кӯҳи сангин барҷост. Сатҳи оби дарёи Қаратоғ он замон баланд буда, имрӯз хеле паст шудааст.
Аз панҷарадарвозаи оҳанини ин мавзеи таърихӣ, ки атрофаш симтур кашида шудааст, бо иҷозати нигаҳбон Бибиҳанифа Хоҷаева вориди он мешавем. Аввалин бор ба зинаҳои ин даргоҳи муқаддас қадам мегузорем ва болои теппа баромада, аз пайроҳаи танге, ки дар танаи теппа часпидааст, мегузарем. Ин роҳ моро рост ба дохили сӯрохӣ мебарад. Дар пеши деворсангҳои он навиштаҷоти зиёде мебинем, ки бо рангҳои гуногун ному насаби омадагон ва дигар ишораҳо сабт гардидаанд. Дохили кӯҳи шикофта торик, вале аз ду тарафи сӯрохӣ каме равшанӣ намоён мешавад. Боду ҳавояш хушку форам ва муътадил аст. Дар ин сӯрохии пастаку танг роҳ гаштан бароямон мушкил буд, вале бо сари хаму қомати хамида аз мағзи дили кӯҳ, ки сангҳояш аллакай сайқалдидаанд, ба гӯшаи дигари он гузашта ба равшанӣ баромадем.
Боварии кас намеояд, ки ин муъҷизаи табиӣ чандин аср пеш бо дастони инсон бунёд шудааст. Аз ин ҷо тамоми манзараҳои кӯҳӣ, оби софи кабудфоми дарёи Қаратоғ, хонаву ҳавлиҳо, боғҳои сабзу хуррам, талу теппаҳо ва дарраҳо мисле дар кафи даст намудоранд.
Дар ин гӯшаи афсонавӣ гузаштагони мо низ замоне қадам ниҳодаанд, тавре ки имрӯз мо дар ин манзил ба сайру тамошо омадаем. Ин гӯшаи фаромӯшӣ хотираҳоро зинда мегардонад ва боиси ифтихори мост, ки аҷдодонамон аз хоку обу ҳавои ҳамин сарзамини бостонӣ буданд.
Қобили қайд аст, ки се соли охир Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Хуб мешуд, ки мутасаддиёни соҳаи сайёҳӣ диққати сайёҳонро ба ин мавзеи нотакрор ҷалб намоянд ва ин гӯшаи дар воқеъ бостонӣ ва тамошобоб дар роҳхати сайру саёҳати сайёҳон қарор бигирад. Аз ин ҳам гӯша обод мешавад, ҳам ин мавзеи таърихӣ ҳамеша дар мадди назар хоҳад буд.
Бояд қайд кард, ки ташкилотчӣ ва ташаббускори имрӯза сокини деҳаи Сурхии Қаратоғ Бибиҳанифа Хоҷаева буда, ин гӯшаи афсонавӣ зери назорати ӯст. Вай корманди тақсимоти оби Қаратоғ мебошад. Ба гуфти ӯ сохтмон ва ободонии ин мавзеъро соли 1971 падару амакаш Зарифбой ва Салим Хоҷаевҳо шурӯъ намуданд, вале пас аз марги падар ӯ дар танҳоӣ имконияти идома додани онро надорад. Вале ҳамеша ба тозагӣ ва озодагии он эътибор медиҳад.
Дар рӯ ба рӯйи Тешуктош, он тарафи соҳили дарё, дар гузари Тошқӯрғон деҳаи Наълбек воқеъ аст. Дар ин тарафи дарё ду деҳа- Муминобод ва Аршӣ ҷойгир буда, сокинони он ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар ин мавзеъҳои таърихӣ мазорҳои Гаҳворасанг, Ҳазрати Эшон, Апохӯҷа воқеанд, ки мардум ба зиёрати онҳо мераванд.
Аслан аҳли деҳаи Қаратоғ аз ҳунармандону бофандагон, заргарон, дуредгарон, оҳангарон, чармгарон, кулолгарон, алочабофон ва боғдорону деҳқонон иборат буда, маҳаллаҳо бо номи Заргарону Кулолгарон, Бофандагону Алочабофон ҷудо шуда, аз кадом аҳли ҳунар будани бошандагони онҳоро муайян мекунанд. Дар ин ҷо яке аз матоъҳои аслӣ ва маъмулӣ алоча ном дошта, он дар дуконҳои махсуси дастӣ бо сифати баланд истеҳсол мешавад. Талабот ба ин матои дастбоф хеле зиёданд. Алочабофони деҳаи Тошқӯрғон, аз ҷумла Остонақул Турсунов ва ҳамсараш Марзиябону касби худро ба пайвандонашон меомӯзанд.
Имрӯз мо дар ин мавзеи бостонӣ бо шахсони зикрёфта суҳбат оростем. Дар лаби дарё аз боду ҳавои тозаву форам, гӯшаи табиати зинда баҳра бурдем ва гузаштагонро ёд кардем…


БОҒ ВА ОСОРХОНАИ ТУРСУНЗОДА

Дар дохили Боғи фарҳангиву фароғатии маркази Қаратоғ бо ташаббуси омӯзгор Руҳулло Ҷӯрабой осорхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Мирзо Турсунзода бунёд ёфт, ки хеле тамошобоб ва мақбул аст. Ашёҳои осорхона ва нигоштаҳо дар онҳо хусусияти хоси миллӣ ва таърихӣ доранд. Хусусан, расмҳои Қалъаи Қара¬тоғи куҳан, ҳавлии аввалини устод Мирзо Турсунзода, китобҳо, мизи кории устод, аксҳои шахсони маъруфи деҳа, харитаи Роҳи абрешим, дастгоҳҳои бофандагиву ресан¬дагӣ, матои алоча ва асбобу анҷоми рӯзгор, либосу ороишоти занонаву мардона, кафшҳои чӯбин ва дигар нигораҳои он ниҳоят ҷолиби диққат буданд. Ин нигораҳо ҳар як бинандаро водор мекунад, ки бо таърихи гузаштагон беҳтар ва наздиктар ошно шуда, хотироту таассуроти нек бигирад.
Аслан боғ маркази илму фарҳанг, истироҳатгоҳ, ҷойи зиёрат, сайру гашти сокинон ва базмгоҳи шаҳу арӯсон мебошад. Он дар ҷойи зебои хушманзара воқеъ гардида, пули он роҳҳои даромаду баромади деҳаро бо ҳам мепайвандад. Аз баландӣ тамоми атрофи боғ намудор аст. Ана, оби каб-кабуди дарёи Қаратоғи бошитоб равон. Садову мавҷҳо ва кафкҳои сап-сафедаш аҷаб хушу гувороянд, ки ҷилобахши дидаҳо, оромиши қалбу осоиши рӯҳу тан мебошанд. Мардум аз оби сарду ширини он менӯшад, моҳиҳои болаззат ва беҳтарин дар ин ҷост. Ин табиати зиндаву фараҳбахш дар воқеъ ба кас ҳузуру ҳаловат мебахшад ва сарчашмаи илҳоми эҷодкорон аст. Дар воқеъ, худи ҳамин манзараҳои дилнишини деҳаи Қаратоғ гувоҳи гуфтаҳои болоянд (нигаред ба расм).
Мо аввалин бор ба ин осорхонаи навтаъсис омада, нигораҳои онро аксбардорӣ намудем, зеро тамоми таҷҳизоти осорхона ба мо хеле писанд афтод.
Аз нақли куҳансолони деҳа ва далелҳои осорхона бармеояд, ки: «Қалъаи Қаратоғ то охири асри ХIХ ба таври арзӣ амал мекард, шаҳри Қаратоғ соли 1907 яке аз марказҳои ҳокимнишинони бекигарии Ҳисори шодмон ба шумор мерафт» (нигаред ба расмҳо). Вале ин қалъаву манораҳои бостонӣ дар натиҷаи заминларзаи шадиди соли 1907 хароб шуда, аз онҳо осоре боқӣ намонданд.
Бо омӯзгор Руҳулло Ҷӯрабой насиби дидор ва суҳбат муяссар нашуд, то ба ин шахси ташаббускор изҳори ташаккур намоем. Мо дар ин ҷо аз таърихи Қаратоғ бештар маълумот пайдо кардем.

Махфират Игамова,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: