Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ миёни аҳолӣ тарғиб мешавад19-03-2019, 09:38
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
![]() БОХТАР: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Телекоми вилоят» тибқи нақшаи вохӯриҳои ҳизбӣ, ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳангоми суханронии худ мавсуф доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи КИМ ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, ободониву созандагӣ ва бо дастовардҳои арзанда пешвозгирии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.