Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДАР МАСИРИ БУНЁДКОРӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДАР МАСИРИ БУНЁДКОРӢ

15-02-2019, 08:32
Хабарро хонданд: 396 нафар
Назарҳо: 0
НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДАР МАСИРИ БУНЁДКОРӢ

“… Мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем”.
Эмомалӣ РАҲМОН


Паёми навбатии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, ки зери таассуроти он қарор дорем, тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар шрифта, ба рушди минбаъдаи ҷомеа далолат мекунад. Дар он аз ҷумла, омадааст, ки «Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем”. Инчунин, бо назардошти инкишофи инфрасохтори деҳот пешнҳод шуд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Баъди ин иқдоми Сарвари давлат масъалаи ободонии деҳот ба таври ҷиддӣ ба миён гузошта мешавад, амалҳои бунёдгароӣ дар ҳамин маҳалҳои аҳолинишин беш аз пеш вусъат меёбад.
Имрузҳо бо рӯҳбаландӣ аз Паёми имсолаю эҳсоси баланди масъулият-шииосӣ ба ифтихори 30-солагии ин санаи барҳақ сарнавиштсозу муқаддас дар тамоми гушаю канори ҷумҳурии азизамон-шаҳру деҳот, Ҷамоату маҳаллаҳо корҳои бунёдгароӣ ҷараён доранд. Дар ноҳияи Деваштич низ ба истиқболи ин ҷашн бо фарогирии ҳамаи деҳаҳою маҳалҳои аҳолинишин бунёди 309 иншооти маъмурӣ, таъиноти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳангию корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ба нақша гирифта шудаву дар иншоотҳои сохтмонашон оғозгардида кор бомаром идома дорад. Қобили ёдоварист, ки дар ин доира дар ҳар як деҳа бунёди сартарошхона, нуқтаҳои хатнаи кӯдакон, толори ҳусн ва ҳаммомхонаҳо, инчунин корҳои ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани кӯчаю хиёбонҳо, гирду атрофи идораҳою манзилҳои истиқоматӣ, обод намудани гулгашту мавзеҳои истироҳатӣ ва саёҳатбоб, ташкилу ҷойгиркунии партовгоҳҳо, тоза намудани манбаҳои об то насби шиору овезаҳо, зери назорати қатъӣ гирифта мешавад.
Солигузашта иҷроиши 29 банди нақшаи мазкур, яъне ҳамин қадар иншоот дар назар дошта шуда буду ба пуррагӣ иҷро гардид. Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ба ин муносибат сохтмони 45 адад иншоот ба нақша гирифта шудаасту айни ҳол дар 25 иншоот аз ҷумла: таваллудхонаи марказии ноҳия, биноҳои маъмурии нозироти андози ноҳия, раёсати молияи ноҳия, маркази адлияи ноҳия ва дигар нуқтаҳои маишиву хизматрасонӣ корҳои сохтмони идома доранд. Инчунин 5,4 км роҳи Ғончиро ба шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ мепайвандад мумфарш карда шуда, корҳо бомаром идома дорад. Умуман мувофқи Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ аз даҳ банди иҷроишаш дар соли 2018 пешбинишуда иҷроиши 8 банд таъмин гардидааст.
Дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак бошад аз 33 адад иншооти нақшавӣ дар 11 иншоот корҳои сохтмони идома дорад. Соли рафта бошад, ба ҷойи як адад иншооти дар назар дошташуда 5 иншоот ба истифода дода шудааст.
Соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак бо ташаббуси мардуми деҳа сохтмони майдони варзишӣ ба роҳ монда шудааст. Корҳои ташкилиро раиси шӯрои маҳаллаи деҳаи Ғазантарак Ҷумъабой Маъмуров ва имомхатиби деҳа Бозорбой Ҳакимов ба зимма гирифтаанд.
Соҳибкори деҳаи Зарнисори ҷамоати мазкур Тӯйчӣ Абдуллоев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 ба номи доктори илмҳои тиб, профессор Исматулло Юлдошеви деҳаро, ки соли 1983 бунёд ёфта, то ин замон таъмир нашуда буд таъмир намуд. Соҳибкор Тӯйчӣ Абдуллоев барои таъмири МТМУ. №13 наздики 300 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намуд. Аз ҳисоби кумитаи волидон ва сарпарастони деҳа дар саҳни мактаб ҳавзи об сохта шудааст. Саҳни роҳравҳои мактаб ба масоҳати 124 метри мураббаъ сафолакпӯш, дарвозаи мактаб куллан нав, гирди мактаб панҷарапӯш ва бино пурра таъмиру рангубор карда шуд.
Қобили қайд аст, ки саҳми Ҷамоати деҳоти Яхтан дар ин самт назаррас хоҳад буд. Дар ин ҷо дар 14 адад иншоот аз ҷумла: сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ, таъмири МТМУ.№17-и деҳа, Маркази саломатӣ дар деҳаи Даштикон, Маркази саломатӣ ва ҳиёбони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯрунбек Ёқубов дар деҳаи Яхтан ва чандин нуқтаҳои хизматрасонӣ идома дорад. Дар 26 адад иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бояд оғоз гардад.
Ҳамчунин, дар 8 адад нуқтаҳои хизматрасонии Ҷамоати деҳоти Муҷун, 16 адад иншоот дар Ҷамоати деҳоти Вахдат, аз ҷумла: сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Басманда, варзишгоҳ дар деҳаи Угук, 9 адад иншоот дар Ҷамоати деҳоти Росровут. Яъне таъмири роҳи даромад ба деҳаи Офтобрӯ, сохтмони синфхонаҳои иловагии МТМУ-№25, деҳаи Хишекат, МТМУ-№24, деҳаи Росровут, мувофиқи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло дар 9 адад иншоот, аз ҷумла Маркази саломатӣ дар деҳаи Далён, сохтмони 20 синфхона дар
деҳаи Далёни Боло ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ оғоз гардидаву идома
дорад. Дар деҳаи Далён аз тарафи соҳбкор Неъмат Раҳматов майдони варзишии замонавӣ бунёд шуда истодааст. Иншооти мазкур бо 200 ҷойи нишаст, дар майдони 22 ба 45 метр ва баландии 13 метр аз тарафи соҳибкор барои ба истифода супоридан омода аст.
Ба ифтихори оғоз ёфтани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» аз рафти сохтмони хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой нақл мекунем, ки барои ноҳияи мо аҳамияти бузург дорад. Он бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохтмони хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой, ки барои рушди иқтисодии ноҳия аҳамияти бесобиқа дорад, оғоз гардид. Обанбори Даҳанасой дар аторфи деҳҳаҳои Зарнисор, Зароб, Панҷбоғ, Ҳазорчашма ва Меҳробод ҷойгиршуда, ки он солҳои 70 - уми асри ХХ бунёд гашта буд ва ҳаҷми ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб аст. Дарозии хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой мувофиқи лоиҳа 33,4 километр буда, дар масофаи умумии 31 километр об бе истифодаи неруи барқ ҷорӣ мешавад. Арзиши лоиҳаи мазкур 64 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Чи хеле ки дар боло қайд кардем, баъди вазифагузорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соҳои 2019-2021 «Солҳои рушди маҳал,
сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ», бешак теъдоди иншоотҳои ҷашни низ
меафзояд. Пас, эҳсоси масъулият, талошу кӯшишҳо баҳри суръат бахшидан ба фаъолият дар ин самт низ дучанд мегардад. Фаромуш набояд кард, ки ободии диёр ин ободии рӯзгор аст. Саҳмгузорӣ дар ободии диёр қарзи шаҳрвандӣ ва
инсонии ҳар яки мост. Умед аст, ки баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои беҳтарин, комёбҳои беназир ва инкишофу пешрафти Тоҷикистони азиз ва як ҷузъи ҷудонопазири он, Деваштичи зебоманзар тамоми имкониятҳо дар масири бунёдкорӣ ва ободгароӣ мавриди истифода қарор дода мешавад ва ҷашни таърихии миллӣ 30-солагии Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
дастовезҳои арзанда, шукӯҳу шаҳомат ва файзу баракати хоса таҷлил мегардад.
Умуман, мардуми меҳнатқарину ватандӯсти ноҳияи Деваштич дар ҳар давру замон аз як гиребон сар бароварда, мекӯшиданд баҳри ободии диёр ҳиссагузор бошанд. Дар давраи Истиқлолияти Ватан низ чунин равияро идома дода истодаанд.


Пардабой КЕНҶАЕВ,
сармеъмори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич,
Маратҷон ҶАББОРОВ , Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: