Дар сиёсати Пешвои миллат содиқем ва содиқ мемонем6-02-2019, 11:07
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
02/06/2019 - 10:53 ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримов” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд, хеле муфид анҷом пазируфт. Аъзои ҲХДТ баромади мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҷамолиддин Қаюмовро оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо диққат гӯш намуда, дар охир ба ӯ ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Сайҷалол Сатторов оид ба вазифаҳои аз Паём бароянда, вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла роҳҳои асосии мубориза бо терроризм, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, дар бораи ҷаҳонишавӣ, ВНМО, рушди соҳибкорӣ суолҳо дода, ҷавоби қаноатбахш гирифтанд. Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал Азизулло Муродов сухан карда, қайд намуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дигар кормандони хоҷагӣ–ҷонибдорони ҳизб дар сиёсати Пешвои миллат содиқанд ва содиқ мемонанд. Онҳо барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода менамоянд. Бо фаро расидани фасли гармо -об шудани барфу яхбандӣ дар асоси Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар баробари шинонидани навниҳолон дар талу теппаҳои ҳудуди хоҷагӣ дар нақша дорем, ки бинои идорарро аз таъмири пурра барорем. Дар ҷамъбаст ба таври тантанавӣ се нафар корманди ҷавони хоҷагӣ ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.