Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (Солномаи Пешвои миллат – 2018)

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (Солномаи Пешвои миллат – 2018)

18-01-2019, 09:44
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (Солномаи Пешвои миллат – 2018)
СИЁСАТИ ДОХИЛӢ
(давомаш)

Сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъди боздид аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” - и шаҳри бостонии Самарқанд ба анҷом расид.

Аз 2 то 5 октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Япония қарор доштанд.

Дар доираи ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Япония Акихито, Сарвазири Япония Синдзо Абэ, Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадамори Ошима, Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока, бо доираҳои соҳибкории Япония ва дар шаҳри Киото бо Волии музофот Такатоши Нишивакӣ мулоқотҳои судманд анҷом дода, вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Синдзо Абэ маросими имзои ҳуҷҷатҳо сурат гирифта, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрҳои Хиросима ва Киото боздид ба амал оварданд. Дар шаҳри Киото ва дар боғи Шинҷукуи шаҳри Токио Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот дар Донишгоҳи Тсукуба бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба” сарфароз гардонда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ дар назди устодону донишҷуён дар бораи санаҳои асосии таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла таҷрибаи нодири сулҳофаринии он ва доир ба масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ибрози андеша карданд.

Соли 2018 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва мизбони сарони давлатҳои кишварҳои хориҷ буд, ки бо мақсади анҷоми сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

1 феврал Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

9 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидошти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқаҳои дар рафти музокирот бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки тайи ду даҳсолаи охир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам овард. Қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд. Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳила ба марҳила барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад.

Аҳамияти барқарорсозии ҳаракат аз тариқи роҳи оҳани қитъаи Ғалаба - Амузанг махсусан таъкид гардид. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хоҳад шуд, ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада ҳамчунин барои дар вақтҳои наздик барқарор кардани иртибототи ҳавоию автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи заруриро ба вуҷуд меоранд.

Ҳамаи ин натиҷаҳо рафтуомади мутақобили шаҳрвандонро ба таври назаррас сабук гардонида, ҳамзамон ба минбаъд ҳам наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамояд.

Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори боварӣ намуданд, ки сафари имрӯза марҳалаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар раванди рушди мусбату созандаи онҳоро дар масири болоравии бебозгашт таҳким мебахшад.

Дар фарҷоми музокирот бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Изҳороти муштараки ҷонибҳо дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.

Дар доираи сафари давлатии сарвари кишвари ҳамсоя, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон иштирок карда, бо маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳачми гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг”-ро ифтитоҳ намуданд. Ин гузаргоҳ вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Баъди солҳои тулонии баста будани қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг” роҳи пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз бо шарофати сиёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Имрӯзҳо мардумони мо ба марҳилаи нави муносибатҳои некбинона байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд. Ин иқдоми хирадмандонаи Сарони ҳарду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб бо табиати нотакрори ин мавзеъ ва дар шаҳри Душанбе толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи Кохи боҳашамати Наврӯзро тамошо карда, шоми 9 март дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” иштирок намуданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми ду рӯз 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.

Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” аз тадбирҳои муҳиму хотирмони фарҳангӣ буд, ки дар он Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев самимитарин суханонро дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум, инчунин кушодани дилҳо, дарҳо, сарҳадҳо ва оғуши гарми якдигар барои идомаи равобити ҳасана баён доштанд.

Барномаи рангину пурмуҳтавои консертии тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳо бошад, муждаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарорро ба мардум расонд.

Рӯзҳои 14 то 16 май Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои васеъи расмии Тоҷикистону Белорус баргузор шуда, маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Дар фарҷом аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд.

Руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Белорус, Афғонистону Ӯзбекистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Белорус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Белорус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.

18 июн Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Баъди муҳокимаи робитаҳои ҳамкорӣ аз руи натиҷаҳои он барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн Изҳороти муштарак дар бораи “Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба имзо расониданд.

27 сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” ифтитоҳ гардид. Сарони давлатҳо аз Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” боздид намуда, корхонаи муштараки “ТАЛКО-КРАНТАС”-ро ифтитоҳ карданд.

Дар шаҳри Турсунзода сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Боғи Сомон”, “Ватан” ва “Ҳоҷӣ Неъмат” бо таҷрибаи пешқадами боғдорон барои парвариш ва нигоҳубини ангур шинос шуданд.

8 октябр дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шри Рам Натҳ Ковинд вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои идоракунии офатҳои табиӣ, истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд, ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон, дар соҳаи энергияи барқароршаванда, соҳаи кишоварзӣ ва соҳаи тибро танзим менамояд.

Соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе 50 маротиба бо сарони давлатҳо, роҳбарону намояндагони воломақоми кишварҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки бо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрию суҳбатҳои судманду созанда анҷом доданд.

Аз ҷумла, бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салини, Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин, Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии созмон Владимир Воронков, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто, Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар, Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ, Фармондеҳи Фармондеҳии марказии қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Вотел, 30 май бо Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин, гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса, бо Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаока, Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруя, Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилян, прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас, роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, мулоқот карданд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба моҳҳои апрел ва ноябр аз 17 сафири навтаъиншуда эътимоднома қабул карданд.

13 апрел дар Қасри миллат 5 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ, сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов, Ҷумҳурии Арабии Миср Иҳаб Аҳмад Талат Наср, Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Ҷумҳурии Куба Эмилио Певида Пупо ва 20 ноябри соли 2018 сафирони фавқулодда ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ - Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карданд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ баргузор шуд.

14 март Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии “Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об”-ро нашр намуд, ки тавсияҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст. Бо назардошти нақши фаъол ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешниҳоди мушкилоти вобаста ба соҳаи об ба Рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуд, ки аъзои ин Панел гардад ва саҳми арзишманди худро дар масъалаҳои таъмини роҳбарии сиёсӣ барои пешбурди роҳи рушд ва идораи захираҳои обии ҷаҳонии ба ҳамкории муштарак асосёфта гузорад.

4 май дар Кохи Сомон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Дар кори конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз иштирок карданд.

Конфронс бо ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар баргузор гардида, нишонаи омодагии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии хатарҳо ва амният дар ҳамаи сатҳҳо мебошад.

Баъди анҷоми кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Эъломияи Душанбе қабул гардид.

20 июн дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард.

Барои иштирок дар ин конфронс сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Мавриди зикр аст, ки даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи ҷониби Тоҷикистон мебошад ва аз рӯйи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории амиқи кулли кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қабул шудааст.

Дар кори Конфронс иштирокчиён - роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, коршиносони байналмилалӣ, сарони як қатор кишварҳои хориҷ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд доданд.

30 август дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ - 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон - Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II, Ордени “Шараф” дараҷаи I, Ордени “Дӯстӣ” ва унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, сарфароз гардониданд.

27 сентябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Шоми дӯстӣ” ташкил карда шуд.

Дар “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

28 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзуъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко масоили муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ карданд.

12 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

12 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки барои иштирок дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳамметкалӣ Абилгазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Белорус Сергей Румас, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, намояндагони кишварҳои Эрону Муғулистон ва дигарон, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Соли 2018 чун солҳои пешин бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз руйдодҳои фараҳбахш буд.

Месазад бори дигар ёдовар шавем, ки оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” - ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ба фаъолият оғоз кардани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз руйдодҳои намоёну арзандаи сол мебошанд, ки Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бунёдкор ва ботадбир муаррифӣ кард.

Аз нав ва дар сатҳи баланди дӯстию ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ ба роҳ мондани муносибатҳои бародарию ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон, баргузории конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ ва таҷлили 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои хотирмони соли 2018 маҳсуб меёбад.

Шуруъ аз соли 2018 ба хотири истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил мегардад, бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе бунёди даҳҳо адад иншооти таъиноти гуногун оғоз шуд.

Соли 2018 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омад.

Умед аст, ки соли 2019 низ мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти кишвари азизи хеш талошҳои бунёдкоронаро бо садоқат ба давлату миллат, идома медиҳанд.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
Самариддини АЙНИДДИН

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: