ДАРРО КУШО, САРВИНОЗ МЕОЯД16-01-2019, 09:07
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Дари хонае дар яке аз қабатҳои бинои баландошёнаи истиқоматӣ кӯфта шуд. Пушти он ҷавонзане интизор меистод дар ҳолати ҳаяҷон бо қиёфаи парешон ва чашмони маҳзун. Интизор буд, ки дарро ба рӯяш кушоянд. Се рӯз пеш ӯро дар ин хона қабул накарданд. Ҷавонмарди соҳибхона ӯро дилпур карданӣ мешуд, ки завҷаи ҳомилааш билкул сиҳату саломат аст ва ба муоинаву маслиҳати духтури акушер-гинеколог эҳтиёҷе надорад. Агарчи чеҳраи ранҷур, чашмони чукидаю зери абрӯвонаш фурӯрафта ва пайкари лоғари занаш, ки дар роҳрав аз пушти ӯ меистод, чизи дигар мегуфтанд. Вай яқин дарк кард, ки ақидаи ҷавонмардро ба осонӣ дигар кардан мушкил аст, он дафъа бо ӯ баҳс карданро ҷоиз надониста, чизе ҳам нагуфта рафт ва азм гирифт, ки барои дигар кардани ақидаи ҷавонмард илоҷе ҷуста, ба ин хона дар вақту соати дигар, беҳтараш рӯзона ҳангоми дар кор будани ҷавонмард меояд. Дар ин миён вай тасодуфан дар кӯчаи калони маҳалла бо хушдомани он зани ҷавони ҳомилае, ки барои муоинаи вазъи ҳомиладориаш рафта буд, вохӯрда, аз вазъи саломатии келинаш, камхунию бекувватии ӯ гап кушод ва хоҳиш кард, то писарашро водор созад, ки ҳаёти завҷаи ҳомилааш гоҳи зоиш хатарнок аст. Ҳамсарашро барои муоинаю таҳқиқ ба маркази саломатӣ биёрад. - Хола, худатон медонед, ки келинатон фарзанди якумашро бо чӣ душворӣ таваллуд кард. Вай дар рӯихати гурӯҳи занони зояндаи зери хатар аст. Писаратонро насиҳат кунед, ки муносибаташро ба тандурустии завҷааш ва нигаҳдории насли ӯ, ки аллакай дар батнаш чормоҳҳа шуда бошад ҳам, аз инкишоф бозмондааст, дигар намояд. - Медонам, - гуфт хушдоман, - келинам гоҳи таваллуди фарзанди нахустинаш аз камқувватӣ қариб, ки сари фарзанд рафта буд. Аввал Худо, баъд шумо духтурҳо ба ӯ умри дубора бахшидед. Ман худам шаш фарзанд ба дунё оварда, гоҳи таваллуди ҳеҷ якеаш ба ин хел мушкилот дучор нашуда будам. Мо рӯзи дароз дар истеҳсолот кор мекардем, хуб мехӯрдем, хуб мепӯшидем. Имрӯз аксар ҷавонҳо зери таъсири кадом як равияи динии зарарнок ба кори арӯсони худ дар истеҳсолот монеъ мешаванд. Шояд хонашинӣ арӯсони ҳозираро заифу камқувват гардонида бошад?.. Шумо зиёд нигарон нашавед. Худи ҳамин шаб ман бо писарам ҷиддӣ гуфтугӯ мекунам… Лаҳзае пас дар боз шуд. - Дароед, апа. Марҳамат! – ҷавонзани хонадон бо табассуми малеҳ ва чеҳраи хандон ӯро ба хона таклиф кард. Бо ҳамин вай аз вазъи ҳомиладории боз як зани ҷавон воқиф гардид ва пагоҳии рӯзи дигар ҷавонзанро шавҳараш барои ташхиси озмоишгоҳӣ ба маркази саломатӣ назди ӯ овард. Оне, ки пушти дар меистод ва боз як дари хонаи зани ҳомилае ба рӯяш боз шуд, духтури занона, акушер-гинеколог, машваратчии Маркази саломатии шаҳрии рақамит 9, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт Сарвиноз Нуруллоева мебошад, ки соли 1999 баъди хатми бахши муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон инак, 20 сол ин ҷониб дар ин пешаи барояш пуршараф заҳмат мекашад. Бисёре аз аҳолии қитъаи зертобеи ӯ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – гирду атрофи автовокзал, маҳаллаи 83 ва нисфи маҳаллаи 84-и пойтахт ӯро ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳа аз наздик шинохта, ба фаъолияташ арҷ мегузоранд. -Пас аз хатми донишгоҳ ва таҳсил дар интернатура дар макони зистам - пойтахт ҷойи мувофиқи кор пайдо карда натавониста, дар таваллудхонаи марказии ноҳияи Ҳисор ба ҳайси акушер-гинеколог ба кор даромадам, - нақл мекунад Сарвиноз рӯзҳои гузаштаи худро ба ёд оварда. – Солҳои аввал кор бароям хеле мушкил буд. Ҳар рӯз субҳгоҳон аз хоб барвақт хеста ба Ҳисор рафтану бегоҳӣ ба Душанбе баргаштан низ душвориҳо пеш меовард. Ду бор ба садамаи нақлиётӣ дучор шудам. Лекин устоди аввалинам дар таваллудхона Дилбар Наҷмуддинова ва падари бузургворам дар паси сар кардани ҳар як мушкилии пешомада омӯзгор, мададгор ва раҳнамоям буданд. Яке агар нозукиҳои пешаи акушер-гинекологро ба ман меомӯзонданд, дигаре сабурию пуртоқатӣ, хушмуомилагӣ ба одамонро талқинам мекарданд. Имрӯз ман аз он ҳафт соли корам дар ноҳияи Ҳисор ифтихор дорам ва хурсанд ҳастам, ки фаъолияти кориамро аз деҳот сар кардам. То имрӯз беморон ба роҳи дур нигоҳ накарда, аз ноҳияи Ҳисор барои машварату табобат ба қабули ман меоянд. Дар деҳот кор кардан душвор аст. Дар он ҷо баъзан дар зарурат акушери одии хатмкардаи омӯзишгоҳ дар таваллудхона кори мушкилеро анҷом медиҳад, ки на ҳар мутахассиси маълумоти олидор аз уҳдааш мебарояд. Сарвиноз Нуруллоева тӯли ҳафт соли кор дар таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор аз мутахассиси пуртаҷриба Дилбар Наҷмуддинова таҷрибаю малака омӯхта, пас бо талқини падар пайи сайқали дониш солҳои 2006 - 2008 дар кафедраи акушер-гинекологии таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии профессор Фирӯза Абдураҳмонова дар орденатура таҳсил кард. Дар ин ҷо роҳҳои рафъи бисёр ҳолатҳои мушкили пешазтаваллудии модарон ва тарзи ҷарроҳии бемориҳои акушерӣ-гинекологиро азбар намуд. Пас, соли 2010 ба Маркази саломатии шаҳрии рақами 9 ба ҳайси акушер-гинекологи машваратчӣ ба кор омад. - Самти асосии фаъолияти ман ҳамчун духтури қитъавӣ аз назорати пешазтаваллудии занони қобили таваллуд, диспансеризатсияи беморони гинекологӣ, расонидани ёрии тиббӣ-профилактикӣ ба онҳо ва ташкили чорабиниҳо доир ба нигаҳдории саломатии занони қобили таваллуд иборат аст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ се лаҳзаи расонидани ёрии тиббии пешазтаваллудиро таъкид мекунад: Аввалан, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки қабл аз ҳама натиҷаи он ба модарону насли оянда ба дунё меовардаи онҳо ва дар маҷмӯъ ба тамоми оила дахл дорад. Дуввум, тартиб додани нақшаи таваллуд бо иштироки зан дар оила ва тамоми аҳли оила, яъне танзими оила. Сеюм, омодасозии модар ва аъзои оилаи ӯ ба таваллуди насли нав дар оила ва нақши падару модар дар тарбияи он. Собит шудааст, ки гирифтани ёрии тиббӣ то давраи ҳомиладорӣ ва дар муҳлатҳои аввали ҳомиладорӣ барои зани модаршаванда ҳеле муҳим аст. Ин ҳақиқатест, ки бояд ба он диққати ҷиддӣ дод ва аз ҳама асосиаш барои зан ҳарчи барвақттар муроҷиат кардан ба Маркази саломатии репредуктивӣ (насл) бо мақсади назорати ҳомиладорӣ мебошад. Дар давраи аввали ҳомиладорӣ ҳама камбудиҳоеро, ки зани қобили таваллуд дорад, метавон бартараф намуд, - мегӯяд Сарвиноз Нуруллоева. «Модари солим-насли солим» шиори Сарвиноз ва ҳампешагони ӯст. Талошҳои Сарвиноз барои солим будани модарон ва насли солим ба дунё овардани онҳост. Зеро агар модар солим набошад, насли солим таваллуд карда наметавонад. Бамаврид аст зикр намуд, ки дар интихоби касб ва пешаи ҳунари табибӣ ба Сарвиноз Нуруллоева муҳити оила, хосса падараш духтури дараҷаи олӣ Айнулло Нуруллоев, ки чандин сол вазифаи муовинии сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошт, нақши муассир гузоштааст. Падари хонадон тавонистааст, ки ҳамаи ҳафт фарзандашро соҳиби маъумоти олӣ гардонад. Оилаи Нуруллоевҳоро метавон оилаи табибон номид. Се нафар аз ин хонадон касби падарро пеша кардаанд: Нисо –табиби атфол, Наргис дермантолог (духтури пуст), Сарвиноз – акушер-гинеколог. -Дар инсон хушмуомиллагию фурӯтаниро меписандам, зеро доимо насиҳати падари бузургворамро, ки «Олим шудан осон, одам шудан мушкил» мегуфтанд, ба ёд оварда, мехоҳам дар зиндагӣ тавре, ки ӯ мо фарзандонро тарбия кардааст, ростгӯю ростқавлу поквиҷдон бимонам ва дар насли худ ҳамин хислатҳои некро парвариш диҳам,- изҳор медорад Сарвиноз. Сарвиноз Нуруллоева вазифаи ба уҳда доштаашро бо ҳисси баланди масъулият, аз таҳти дил ба ҷо меорад. Аз ин рӯ, фаъолияти хуби ӯ ҳамчун беҳтарин табиби қитъавӣ соли 2015 бо Ифтихорномаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шудааст. Ҳар рӯз даҳҳо занони қобили таваллуд ба Маркази саломатии шаҳрии рақами 9 барои таҳқиқи ҳолати ҳомиладориашон ба дафтари кории ӯ дар ошёнаи дуюми маркази саломатӣ меоянд ва ё ӯ мувофиқи реҷаи корӣ ҳамчун машваратчӣ масофаи зиёдеро тай карда, ба назди онҳо меравад. Неъматулло Худойбахш |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.