Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳамовозӣ ба Паём

Ҳамовозӣ ба Паём

4-01-2019, 08:43
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамовозӣ ба Паём
Тарғиби маҳсулоти ватанӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, яке аз барномаҳои муҳимтарин баҳри пешрафти мамлакат мебошад. Дар ин барномаи мукаммал Сардори давлат умдатарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илму фарҳанг, тандурустӣ, амният ва ғайраро муфассал баён намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат ба масъалаи ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дахл карда, чунин гуфтанд: «Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд ва доир ба вазъи иҷрои корҳо ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд».
Ба андешаи ман яке аз роҳҳои зиёд кардани ҷойҳои корӣ таблиғи маҳсулоти корхонаҳои ватанист. Ҳоло дар кишвар корхонаҳои зиёди саноатӣ фаъолият мекунанд, ки маҳсулоташон дуруст муаррифӣ нашуда, камхаридор аст. Хуб мешуд, ки намоишгоҳҳо ташкил намуда, маҳсулоти ватанӣ таблиғ шаванд. Масалан, беҳтар аст, ки ба ҷои либосҳои синтетикию қиматбаҳои хориҷӣ либосҳои пахтагину абрешимини истеҳсоли ватаниро тарғибу харидорӣ кунем.
Президенти ҷумҳурӣ зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ якуми сентябри соли 2018 таъкид намуда буданд, ки ҳоло дар кишвар 32 корхонаи хурду калони истеҳсоли доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахш фаъолият мекунанд. Дар ин корхонаву коргоҳҳои соҳа ҳамагӣ 242 номгӯйи маводи тиббиву доруворӣ истеҳсол мешавад.
Ба андешаи ман на ҳама табибон аз доруҳои истеҳсоли ватанӣ огоҳӣ доранд. Масалан, нӯшдоруи «Авитсенна», ки онро дорусози ватанӣ Сайидвалӣ Ҳикматов ихтироъ кардааст, аз 26 намуд гиёҳ тайёр шуда, пурқувваткунандаи масуният ва давои дарди меъдаю гурда, баҳаморандаи захмҳо ва оромкунандаи асаб мебошад. Вале онро танҳо дар пойтахт метавон дарёфт кард. Дар дигар минтақаҳо табибон дар бораи он огоҳӣ надоранд.
Хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати ҳамон 242 номгӯй маводи тиббиву дорувории ватаниро, ки Пешвои миллат зикр карданд, дар феҳрасте гирдоварӣ намуда, пешкаши муассисаҳои тандурустии мамлакат гардонад. Дар он сурат табибон ба беморон на доруҳои истеҳсоли хориҷӣ, балки истеҳсоли ватаниро тавсия медоданд.

Қутбиддин КАРИМОВ,
устоди Коллеҷи тиббии
шаҳри Ҳисор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: