Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

НЕКАНДЕШ

2-01-2019, 08:39
Хабарро хонданд: 16 нафар
Назарҳо: 0
НЕКАНДЕШ
Бори нахуст ӯро тахмин бисту нуҳ сол қабл вохӯрда будам. Ман ба сифати нозири шуъбаи арзу шикоятҳои Кумитаи назорати халқии ҷумҳурӣ ба тафтишу фаҳидани ҳолати арзу дархости мардум ба Идораи манзилии ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и пойтахт омадам. Котиба маро ба ҳуҷраи кории муовини сардори идора ҳидоят намуд.
Марди миёнақади чеҳрахандони хушабрӯ пушти миз бо телефон, бо садои марғуладор суҳбат дошт. Бо дидани ман гӯширо монда, ба пешвоз боло шуд. Пас аз салому алайк мизбон худро шиносонд:
- Манзурхон Додохонов…
- Инспектори…, - посух додам ман.
Ҳамин минвол бо ин фарди заҳматкаш шинос шудам. Ҳангоми хайрбод ӯ гуфт, шумо бе ташвиш бошед, ҳамааш хуб мешавад, мо доим нек меандешем. Ҳамин сон то ба чанд сол дур мондем.
18 ноябри соли 1991 Манзурхон Додохоновро муовини директори Нашриёти «Шарқи озод» оид ба тиҷорат таъйин намуданд. Ман низ, баҳори ҳамон сол дар маҷмааи ноширон – Нашриёти «Шарқи озод» ба ҳайси мудири шуъбаи мақомоти маъмурӣ ва парлумонии ҳафтавори «Наврӯзи Ватан» ба фаъолият пардохтам.
4 марти соли 1996 М. Додохоновро директори нашриёт, моҳи майи соли 1997 ин ҷонибро муовини директор таъйин намуданд. Бо ҳам 14 сол дар ҳалли масоили зиёде якҷо заҳмат ба бор доштем.
Манзурхон Додохонов дар вақту шароите роҳбарии нашриётро бар дӯш гирифт, ки кормандону мутахассисони коргоҳ зиёда аз 6 моҳ маош нагирифта буданд. Нашриёт ба қавле, қариб ба пуррагӣ аз фаъолият боз монда буд. Дар нашриёт танҳо як рӯзномаи «Садои мардум» (ҳафтае як маротиб) чоп мешуду халос.
Беш аз 30 шумораи «Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тахмин 3-4 солааш) ба таъхир афтода, рӯи чопро надида буд. Директор тамоми неру, истеъдоду малакаашро ба кор бурда, дар зарфи ду моҳ маоши кормандонро пурра пардохт. Барои нашри «Ахбор…» коғази заруриро пайдо намуда, чопи мунтазами онро ба роҳ монд. Зиндагии кормандону корхона оҳиста - оҳиста маҷрои тоза гирифт. Шоёни зикр аст, ки директори коргоҳ маҳз барои чопи «Ахбор» дастгоҳи чопӣ харидорӣ намуд…
Чӣ гуна касест ӯ? Зиндагиномаи Манзурхон Додохонов низ мисли аксар фарзандони тоҷик муқаррарист. 4 январи соли 1949 дар деҳаи зебоманзари Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, дар оилаи омӯзгор ва ходими ҷамъиятӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна се сол дар флоти Баҳри Сиёҳ адои хизмати ҳарбӣ намуд. Баъд Донишгоҳи давлатии шаҳри Горкий (Россия)-ро ба итмом расонд.
Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати муаллими кафедраи таърихи СССР-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оғоз шуда, баъдан ба сифати муовини сардори идораи манзилии комиҷроияи ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе ба кор гузашт.
Аз соли 1991 муовин ва аз соли 1996 то 7 октябри соли 2010 директори КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин миён вай ҳамзамон ба корҳои илмӣ машғул гашт. Ба унвони номзади илми таърих мушарраф гашта, мақолаҳои илмию тадқиқотии зиёде ба табъ расонд.
Дар мавзӯи аҳамияти баъзе тадқиқотҳои олимони руси асри ХIХ - аввали асри ХХ дар омӯзиши таърихи Тоҷикистон (аз ҷумла Бухорои Шарқӣ) тадқиқот анҷом дод. Яке аз рукнҳои фаъолияти М. Додохонов кори илмӣ ба ҳисоб рафта мақолаҳояш мунтазам ба табъ мерасиданд. Соли 1998 дар маҷмӯаи илмии «Россия дар қисмати таърихии халқи тоҷик» (Душанбе, 1998) оид ба хидмати тадқиқотчиёни рус Е. К. Мейендорф ва Н. В. Хаников дар омӯзиши ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва мадании Бухорои нимаи якуми асри ХIХ як силсила мақолаҳои илмӣ интишор намудааст, ки он аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтанд…
Тӯли фаъолияташ дар нашриёт М. Додохонов дар чопу истеҳсоли маводи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва давлатӣ ширкати фаъолона дошт. Саҳми мавсуф дар баргузории чорабиниҳои Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 феврали 2000), Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали 2005), Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри 2006), Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (феврали 2010), Барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сентябри 2010) шоистаи таҳсин аст.
Хизматҳои шоёни М. Додохонов бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадр гаштааст. Оиладор, ҳамсараш Бибиқанд омӯзгор буда, фарзандонаш Парвина, Бахтиёр (равонашон шод бод) Гулнора ва Заррина соҳиби маълумоти олӣ гаштанд.
Ӯ мудом дар такопӯ буд. Заҳматкашии вай касро дар ҳайрат мегузошт. Фарди қобилиятнок, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ширкати фаъолона дошт. Узви раёсати ҲХДТ, вакили маҷлиси ноҳиявии Фирдавсии шаҳрии Душанбе, аъзои ҳайати таҳририяи як қатор маҷаллаю рӯзномаҳо буд…
Акои Манзурхонро пирони соҳибтадбир, наздикон, хешу ақрабо, ашхоси масъул аз шумули ҳамватанон иззату эҳтиром мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Манзурхони мо марди некандеш аст. Вай бо хулқу одоби накӯ, хислатҳои ҳамида ва фурӯтанӣ байни собиқадорон – ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ ном баровардааст.
Тавозӯъ, фурӯтанӣ ва дилёбӣ аз зумраи хислатҳои ҳамидаи ӯст. Аз ин ваҷҳ пирони кор ба ӯ маслиҳату фотеҳа арзонӣ ва дӯсташ медоранд. Бахусус пири авлод Акобиров Ашӯр Наимович (равоншон шод бод) шахсияти шинохтаи кишвар, собиқадори ҷангу меҳнат эшонро бештару беҳтар эҳтиром менамуд ва дар сифаташ ба таъкид мегуфтанд, ки домоди мо марди некандеш аст.
Ӯ ҳамоно меҳрубон асту ғамхор, худситоиро намеписандад. Ба ниёзмандон ёрии хешро дареғ намедорад. Ҳини роҳбариаш дар табъу нашри осори адибону донишманди ниёзманд саҳм гирифта буд. Ба қисме аз хоманигорон ёрии моддӣ мерасонд. Аз ҳолу аҳволи қисмате аз собиқадорон хабар мегирифт.
Муносибати М. Додохоновро бо ҳамкорони собиқ, бахусус аҳли илму адаби донишгоҳи омӯзгорӣ, дӯстони дерин ва устодонаш дида, шодмон мегардид. Ин ҷониб борҳо шоҳиди муносибати хосаи эшон бо нафарони калонсол устодонаш Мусоят Шерғозиев, Султон Мирзошоев, Раҳим Масов, Ибод Файзулло, Домулло Муртазоев (равонашон шод бод), Ҳайдаршо Пирумшоев ва дигарон гардида, ба он ҷониб қоил мондаам.
Роҳбари вақти коргоҳ мекӯшид то кормандону мутахассисони нашриёт сари вақт маошу мукофотпулӣ гиранду нашриёт мунтазам дар фаъолият бошад. Баҳри дастрасӣ ва таъмини коргоҳ бо ранг, плёнка, коғаз, пластина ва дигар маводи ниёзи полиграфӣ худ ба хориҷи кишвар ба сафари хидматӣ мебаромад.
Ҳунари ба осонӣ барҷастан аз кулли мушкилот волотарин санъати роҳбарии ӯст. Вай масоили мубрами истеҳсолиро туфайли истеъдоди фитрӣ ба зудӣ ва осон матраҳ месохт. Тадбиркор, туфайли ин хислат нашриёт мунтазам дар фаъолият буд…
Манзурхон Додохонов солҳои 2000 - 2010 ба сифати вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои КИМ ҲХДТ фаъолияти самарбор доштанд.
Имрӯзҳо Манзурхон Додохонов дар ҳалқаи фарзандону набераҳояш давлати пирӣ меронад. Бо итминон метавон гуфт, ки ӯ дар замин нақши арзандаи хешро гузошта, бо фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, соҳиби маълумот ва хонаву дари обод гардондани фарзандони хеш аз худ нишона гузоштааст. Ин марди заҳматкаш ҳамчунон дар мазраи синаҳо тухми меҳр пошида, ки он хушбахтона самарборанд.

Манзурхон Додохонов 2000 - 2010 ба сифати вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои КИМ ҲХДТ фаъолияти самарбор доштанд.
Умари ШЕРХОН
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: