Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Навгониҳо дар Вазорати маориф ва илм: баргаштан ба равияи қаблӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Навгониҳо дар Вазорати маориф ва илм: баргаштан ба равияи қаблӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

5-11-2018, 10:30
Хабарро хонданд: 591 нафар
Назарҳо: 0
Навгониҳо дар Вазорати маориф ва илм: баргаштан ба равияи қаблӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ
Масъалаи муҳиме, ки тӯли ин шабу рӯз мубрам аст, ин омодагии тамоми мақомоту идораҳо, аз ҷумла таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ барои зимистонгузаронӣ мебошад. Доир ба ин масъала дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, доир ба захираи кофии маводи сӯзишворию ангишт ва назорати генераторҳои барқии муассисаҳои соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мо кӯшиш намудем, бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷроиши дастуру супоришҳои додаи ҳукумати шаҳри Душанбе матлабе барои хонандагон рӯи чоп орем. Ҳангоме, ки бо онҳо доир ба вазъи маорифи кишвар суҳбат оростем, пешниҳод намуданд, ки ба суолҳо тариқи почтаи электрони ҷавоб мегӯянд ва ба мо суҳбат наоростанашонро чунин шаҳр доданд: «Айни замон қариб нисфи мутахассисони мо барои санҷиш ба вилояту ноҳияҳои дурдаст сафар намудаанд, то сатҳи омодагии муассисаҳои умумии онҳоро барои зимистонгузаронӣ аз наздик назорат намоянд». Аммо ба назари банда суҳбате, ки дар ҳузури ҳамдигар сурат мегирад чизи дигар аст ва мавзуъро метавон бештар шарҳ дод.
Мусаллам аст, ки технология муосири аудиовизуалӣ пешрафтааст ва бояд аз он мо дуруст истифода барем, на ба ҳаде, ки халли мушкилоти ҷойдошта ва дастуру супоришҳои ҳукуматӣ дар сомонаҳои интернатӣ матраҳ шавад.
Инчунин доир ба масъалаи мазкур мо тариқи телефонӣ бо масъулини раёсатҳои маорифи баъзе аз вилоятҳо суҳбат оростем. Аз ҷумла, бо Сардори Раёсати вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- Эраҷ Ҷонмирзоев ва муовини сардори Раёсати вилояти Суғд- Сайфулло Раҳматов, ки бо самимияти хосса бо мо аз бурду бохти соҳа сухан намуданд.
-“Тибқи маълумоти дастрасгардида талаботи муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ ба 44529,8 тонна ангишт, 47847,4м3 ҳезум 132359 литр сӯзишвории дизелӣ баробар буда, ба ҳолати саннаи 06.09.2018 21581,1 тонна ангишт ё 48,5 фоиз, 18093,7м3 ҳезум ё 37,8 фоиз сӯзишвории дизелӣ 12030 ё 56,2 фоиз захира карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки то ин дам дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғд аз 13750,8 тонна ангишти тибқи нақша пешбинишуда 10846,5 тонна ангишт ё баробари78,9 фоиз, Хатлон аз 9263,6 тонна ё баробари 26 фоиз, ВМКБ аз 5397 тонна ангишт 2511,7 тонна ё тобеи ҷумҳурӣ аз 10871,3 тонна ангишт 3946 тонна ангишт ё 36,3 фоиз захира карда шудааст. Муассисаҳои таълимие, ки ангишту ҳезум захира накардаанд, онҳо бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайвастанд. Бояд қайд кард, ки дар баъзе шаҳру навоиҳоии кишвар мушкилот дар раванди зимистонгузаронӣ баъди санҷиши Ситоди фаврӣ аз ҳисоби сардорони раёсат ва дигар масъулони соҳа муайян карда шуд, ки онҳо низ дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳад шуд”. Ин аст посухи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иҷрои дастуру супоришҳои дар боло зикргардида.
Доир ба ин масъала Сардори Раёсати ВМКБ- Эраҷ Ҷонмирзоев қайд намуд, ки :- “Дар тамоми муассисаҳои вилоят ангишту ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ ба қадри зарурӣ захира карда шудааст. Муассисаҳои ҳудуди вилоят пурра ба зимистони дар пешистода омодаанд”. Ба хотири мутмаин шудан бо якчанд иқоматкунандагони шаҳру деҳоти дурдасти вилояти мазкур аз вазъи муассисаҳо пурсон шудем. Вазъиятро истиқоматкунандагони ноҳияҳои дурдасти ин вилоят хело хуб гуфтанд ва қайд намуданд, ки:-“Гармии муассисаҳои таълимӣ хело хуб буда, барои таҳсили толибилмон созгор аст”.
Муовини сардори Раёсати вилояти Суғд- Сайфулло Раҳматов низ ба ин назар аст. Ӯ танҳо доир ба нарасидани мутахассисони зарурӣ дар муассисаҳои таълимӣ нигаронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки:- “Ҳар сол Донишгоҳҳои соҳавӣ миқдори муаяни мутахассисонро ба мо равон мекунанд. Аммо боз ҳам талаботи соҳаро қонеъ карда наметавонад. Мо умедворем, ки ин мушкилиҳо дар солҳои минъбада ҳалли худро меёбанд”.
Мушкилии дигаре, ки дар соҳаи марбута ташвишовар аст, ин паст будани саводнокии толибилмон мебошад. Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханрониҳо дар ҷаласаҳои оммавию сӯҳбату мулоқотҳои сершумор доимо таъкид менамоянд, ки «Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, имрӯз сифати таълим ҳатто дар муассисаҳои таълимии номдор ба талаботи давру замон ҷавобгӯ нест ва дастовардҳои имрӯза моро қаноат кунонида наметавонанд». Ин нигаронии Пешвои миллат, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад, барҷост. Масъулини Вазорати маориф ва илми кишварро мебояд сари ин масъала фикр намуда, ҷораандешӣ намоянд.
Баъзе аз намояндагони маорифи кишвар одоб ва дониши наврасону ҷавононро паст гуфта, дар мавриди беодобӣ ва камсаводии онҳо бовиқор дар ВАО-и кишвар, дар сомонаҳои интернетӣ изҳори ташвиш мекунанд, аммо ин ҷо суоле ба миён меояд, пас натиҷаи кори ин мутахассисон куҷост? Чаро наврасону ҷавонон беодоб ё камсавод ба воя расида истодаанд? Оё наврас ё ҷавон ниҳолӣ наве нест, ки ба парвариш эҳтиёҷ дорад? Мутасаддиёни соҳа куҷоро назорат мекунанд, ки ниҳолҳо дарахти бебор, яъне наврасон бузург гашта, аз одобу рафтори намунавӣ ва донишҳои замони муосир то андозае дур мондаанд? Ин ҳама масъалаҳои мубраме мебошанд, ки сари онҳо Вазорати маориф ва илми кишвар бояд андеша ва чораҷӯӣ кунанд. Зеро дастандаркорони таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва чӣ гуна шахсият ба воя расидани онҳо маҳз Вазорати маориф ва илми кишвар мебошанд.
Соҳаи маорифи Ватанӣ дар самти таълиму тарбия ва дигаргуниҳои соҳавӣ ниёз дорад, дар самти таълиму тадрис: -«Воқеан, соҳаи маориф соҳаест, ки ҳамарӯза ба дигаргуниҳои нав ниёз дорад. Соҳаест, ки он бояд ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, то тавонад ба насли наврас донишҳои наву замонавиро диҳад. Маҳз бо ин мақсад дар назди Вазорати маориф ва илм сохторҳои алоҳида фаъолият мекунанд, ки вазифаи онҳо ҳамарӯза омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар, дарёфти роҳҳои наву муосири таълиму тадрис ва ғайраҳо мебошад. Маҳз масъулини ин сохторҳо бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар роҳҳои нав ба нави рушди соҳаро пешниҳод мекунанд ва пешниҳоди онҳо мавриди омӯзишу татбиқ қарор дода мешавад», ин аст посухи Вазорати маориф ва илми кишвар ба ин масъала. Аммо маҳсули он куҷост…..
Сабаби дигари хостори суҳбати мо бо масъулини Вазорати маориф ва илм ин навгонии дигар яъне бо усули чоряк баргаштани соҳаи маориф мебошад. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, тақрибан даҳ сол қабл таътиле, ки пас аз ҳар як чоряк ба толибилмон пешбини гардида буд, ба сабаби сардии ҳаво 1-ум то 31-уми январ муқарар гардид. Сабабҳои бозгашт ба равияи қаблиро намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шарҳ доданд:-«Ин низоми тадрис муваққатӣ буд. Акнун тавре мебинем, ба буҷаи вақти муассисаҳои таълимӣ тағйирот ворид гардид ва низоми таълим ба низоми чаҳорчорякӣ баргашт».
-“Хело хуб шуд, ки низоми таълим ба низоми чаҳорчорякӣ баргашт. Хонанда баъди ҳар як чоряк мудати муаян истироҳат намуда, қувваи зеҳнии онҳо барои илмомӯзӣ барқарор мегардад”, гуфт Сардори Раёсати ВМКБ- Эраҷ Ҷонмирзоев.
Аксар волидон имрӯз ба он назаранд, ки баъзан олимони соҳа китобҳои фанние менависанд, ки фаҳмидани матни онҳо барои фарзандонашон мушкил аст. Чун солҳои пеш бо як китоби фаннӣ чанд фарзандамон муассисаро хатм менамуд, имрӯзҳо ин дида намешавад. Зеро тақрибан ҳар сол китобҳои фаннӣ иваз мешаванд. Борҳо дар ин бора дар матбуоти даврӣ низ навиштаанд, аммо мутаассифона то ҳол мушкилиҳо дар ин самт ба чашм мехӯрад ва чунон ба назар мерасад, ки гӯё касе масъулият ҳис намекунад. Ба ин нигаронии қисми зиёди волидони имрӯза Вазорати маориф ва илм чунин посух гардонд:-«Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як матлабе, ки дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад, посухи мушаххас ва қонеъкунанда гардонида мешавад. Бинобар ин «… касе дар ин боб масуълият ҳис намекунад» гуфтан чандон дуруст нест. Барои аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ба талаботи хусусиятҳои синнусолии хонандагони муассисаҳои таълимӣ мувофиқ будани китобҳои дарсӣ, онҳо аз ҷониби коршиносони соҳа экспертиза мешаванд. Инчунин, дар ҷаласаҳои Шӯрои миллии таҳсилот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа баррасӣ гардида, баъди таҳриру тасҳеҳи ҷиддӣ ба чоп тавсия мешаванд. Вале ҳанӯз баъзе аз паҳлуҳои масъала шояд то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ монда бошанд. Бинобар ин хоҳишмандем, ки ҳам омӯзгорон ва ҳам онҳое, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ доранд, эродҳояшонро дар шакли хаттӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Бигзор он эродномаҳоро дар шакли аноним пешниҳод бикунанд, аммо мушаххас - саҳифа ба саҳифаи китобҳоро нишон диҳанд, то мо низ дар ҳамбастагӣ баҳри ислоҳи вазъ чора андешем”.
Қариб дар тамоми сомонаҳои иҷтимоии ҷомеаи имрӯза доир ба ин масъала баҳсҳо ба назар мерасад. Ҳатто дар солҳои таваллуду вафоти шоирону нависандагон низ ғалат дида мешавад. Пушида нест, ки тамоми оммаи имрӯза дастрасӣ ба интернетро доранду мушкилиҳои ҷойдоштаи ҷомеаи имрӯзаро онҷо баъзан ба самъи масъулин мерасонанд. Вазорати маориф ва илм ё ин баҳсҳоро намебинад ё мебинаду хомӯш аст....
Мушкилии дигаре, ки метавонад зарарашро ба саводнокии толибилмон расонад дар он аст, қисме аз мактабҳои деҳот дар фасли сармо баста мешаванд. Дар ин гуна ҳолатҳо чӣ гуна нақшаҳои таълимӣ пурра иҷро гардида ва чорякҳои фаннӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Доир ба ин дастандаркорон чунин посух гуфтанд:-«Воқеан ҳам, дар баъзе деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон ба назар мерасад, ки дар фасли зимистон барфи зиёд меборад ва барои рафтуои хонандагон мушкилӣ эҷод мекунад. Танҳо бо назардошти он ки дар роҳ ягон воқеа рух надиҳад, дар сурати пешниҳод шудани хулосаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин ё он деҳа барои якчанд рӯзи муайян дарс қатъ мегардад. Дар муассисаҳои таълимие, ки хонандагон дар як баст таҳсил мекунанд, аз ҳисоби зиёд кардани соатҳо ва дар муассисаҳои таълимии дубаста аз ҳисоби зиёд кардани рӯзҳо дарсҳо муқаррар карда мешаванд ва барномаву нақшаҳои таълимӣ иҷро мегарданд». Аз посухи намояндагони Вазорати маориф ва илм бармеояд, ки барномаву нақшаҳои таълимиро ҳатман ба иҷро мерасонанд новобаста аз он сарборие, ки ба толибилм бор менамоянд. Оё хонанда қобилияти қабули ин сарбориро дорад ё не инҷо ба назар гирифта нашудааст. Ба бехатарии хонанда таваҷҷуҳ намудан бисёр хуб аст, аммо ба бехатарии маънавии ӯ низ таваҷҷуҳ мебояд.
Мо умедворем, ки тамоми мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа дар баробари таваҷҷуҳ ба саломатии толибилмон вазъи донишандӯзию ҳолатҳои равонии хонандагон дар ояндаҳои наздик роҳҳои ҳалли худро меёбад. Масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар бо назардошти дастуру супоришҳои Ҳукумат ва Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани сатҳи дониши хонандагон ва омодагӣ ба мавсими зимистон чораҳои мушаххас андешида, дар тайёр намудани ҷавонони лаёқатманд ва бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ дар рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам месозад. Инчунин мо умедворем, ки мутахассисони соҳа дар таҳлилҳои минъбада доир ба вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои умумӣ бо мо ҳамкорӣ намуда, моро аз вазъи муассисаҳо аз наздик шинос менамоянд. Чи хеле, ки мегӯянд: «шунидан кай бувад монанди дидан». То мо дар навбати худ рисолати касбии худро иҷро намуда, аз рафти иҷроиши нақшаҳои нав ба нав, рафъи мушкилиҳо ва рӯ ба тараққӣ ниҳодани ин соҳа ба омма матолибҳои диққатҷалбкунада пешкаш намоем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: